Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ташаккулёбии шахсият ва давраҳои синнусолӣ дар психологияи тафриқавӣ

Дар замони ҳозира психология шахсиятро ҳамчун таълимоти иҷтимоии психологӣ, ки дар давоми ҳаёти инсон дар ҷамъият ташаккул меёбад, меомӯзонад. Инсон ҳамчун маҳсули ҷамъиятӣ ба сифатҳои нав доро мешавад.Мақсади дарс – лексия: ба донишҷӯён дар хусуси донистани муқаддастоти миллӣ, таъриху фарҳанги Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумитбашарӣ, ифтихори ватандорӣ, инчунин аз боби донишандӯзӣ, инкишоф ва ташаккули шахсият, хусусиятҳои хоси психологияи тафриқави ва синнусолӣ, рафтори шахсият таълим дода дониши онҳоро баланд бардоштан.
Мафҳумҳои асосии мавзӯъ: тарбия, инкишоф ва ташаккули шахсият, моҳият ва маънии давраҳои психология.

Ташкили дарс-лексия: аз назар гузаронидани риояи сару либоси донишҷӯён, воситаҳои таълимӣ, вазъи санитарию гигиении синфхона, ҳозиру ғоиби донишҷӯён ва қайди дарс дар ҷурнал

Нақша:

Ташаккулёбии шахсият дар ҷомееа.
Сохти статистикӣ ва динамики шахсият.
Давраҳои психологияи тафриқавӣ ва синнусолӣ
Роли омилҳои биологӣ ва иҷтимои дар инкишофи психикӣ.
Дар замони ҳозира психология шахсиятро ҳамчун таълимоти иҷтимоии психологӣ, ки дар давоми ҳаёти инсон дар ҷамъият ташаккул меёбад, меомӯзонад. Инсон ҳамчун маҳсули ҷамъиятӣ ба сифатҳои нав доро мешавад. Дар индивид, ки вай нав ба дунё омадааст, ҳоло чунин сифатҳо вуҷуд надоранд.
Мувофиқи таълимоти Р.С. Немов шахсият ин одамест, ки ба чунин хислатҳои психологӣ доро аст, ба монанди:
– алоқамандии ӯ бо муносибатҳои байнишахсӣ
– рафторҳои ахлоқӣ
– мавқеъ доштан дар ҷамъият.
Ҷараёни ташаккулёбии шахс хеле мураккаб ва дуру дароз буда, он хусусияти таърихӣ дорад. Вақте ки шахс маҳсули тараққиёти ҷамъият бошад, онро бисёр илмҳо ба монанди фалсафа, сотсиология, педагогика, психология, тиб ва ғайраҳо меомӯзад.
Таърих шахсиятро дар омма, синф ва ҷамъият меомӯзад. Бо баробари мафҳуми \”шахсият\” инчунин калимаи \”инсон\” \”индивид\” «инфирод» истифода бурда мешавад. Мазмуни ин калимаҳо ба якдигар наздиканд ва омехта мебошанд. Лек ҳар яки мафҳумҳо хусусиятҳои худро доранд, ин калимаҳо сохти психологии шахсиятро инъикос мекунад.
Одам – ин мафҳуми ҷинсӣ буда, мавҷудоти тараққӣ кардани табиати зиндаро, ки он ба одам хос аст, мефаҳмонад. Дар мафҳуми \”одам\” сохти генетикии тараққиёти инсон, сифат ва хусусиятҳои он ба назар гирифта мешавад.
Одам пеш аз ҳама мавҷудияти биологӣ буда, ба синфи ширхӯрҳо тааллуқ дорад. + аз дигар ҳайвонот бо доштани шуураш фарқ мекунад, ки туфайли қобилияти донистагирии олами беруна табиати худашро соҳиб мешавад. Одам ҳамчун мавҷудияти биологӣ дорои сохти махсуси бадан аст, ки аз аломатҳои муҳими зерин иборат аст: қобилияти рост истода гаштан, вуҷудияти дастон, ки ба меҳнат мувофиқ шудаанд, майнаи олиташкил, ки қобилияти дар мафҳумҳо инъикос намудани олам ва мувофиқи талабот, шавқу ҳавас ва идеалҳои худ тағйир додани онро дорост.
Дар мафҳуми индивид мансубияти насли одамӣ инъикос ёфтааст. Мо зимни индивид метавонем навзод ё калонсол, мутафаккир ё ноқисулақл, намояндаи ягон қабилаеро, ки дар зинаи ваҳшоният аст, фаҳмем. Навзодии инсон ҳамчун индивид ба дунё меояд ва аз ҳамин давра ба системаи таърихан ташаккулёфтаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ шудан мегирад.
Дар натиҷаи иштирок дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва меҳнати одамон дар худ қобилиятҳои махсусро ташаккул медиҳанд. Ҳамчун мавҷудоти зинда инсон ба қонуниятҳои асосии биологӣ, физиологӣ ва қонуниятҳои тараққиёти ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ тобеъ мешавад.
Инфирод-ин зеҳни ягона, ҳамчун индивид одамон аз якдигар на танҳо бо хусусиятҳои морфологӣ (ба мисли қад, сохти тан, ранги чашму мӯй) инчунин бо хусусиятҳои психологӣ (қобилият, хислат, ҳиссиётнокӣ) фарқ мекунанд.
Фардият ин шахси якка ва такрорнашаванда мебошад, сохти хоси психофизиологии ӯ намудҳои мизоҷ, хусусиятҳои физиологӣ ва психологӣ, ақл, ҷаҳонбинӣ, таҷрибаи ҳаёт мебошад.
Мафҳуми фардият дар мадди аввал сифатҳои маънавии одамро нишон медиҳад. Асоси мафҳуми фардият бо худтасдиқкунии индивид, хусусияти мавқеи худро ёфтан, мустақилияти ӯро инъикос мекунад. Фардият ва шахсият ҳастии одамро муайян мекунад. Ташаккули шахс, ин ҷараёни иҷтимоии инсон буда, асосҳои ҷамъиятӣ ва ҷинсиро аз худ мекунад. Шахси ташаккулёфта ин субъекти озод, мустақил ва масъули рафтор дар ҷамъият аст. А. Г. Ковалёв гуфтааст: «Шахсият-субъекти фаъолият аст.»
Мафҳуми \”шахсият\” ва «фардият» дар тарафҳои гуногунии маънавиёти ӯ зоҳир мешавад. Бо калимаи \”шахсият\” мо асосан калимаҳои \”ҷасур\”, \”фаъол\”, \”мустақил\” – ро аз рӯи фаъолияташ баҳо медиҳем. Дар бораи фардият бошад бештар калимаҳои \”аҷоиб\”, \”нотакрор\”, \”эҷодкор\”-ро аз рӯи мустақилияташ истифода мебарем.
Психологияи шахсият ҳамчун илм ба наздикӣ ба вуҷуд омадааст, лекин ҳамчун объекти тадқиқот солҳои тӯлонӣ давом карда истодааст. Муаммои асосии психологияи шахс дар давраи фалсафӣ-адабӣ масъалаҳои дар ахлоқ, табиати иҷтимоии инсон ва рафторҳои ӯро дар бар мегирад. Аввалин мафҳум дар бораи шахсият хеле васеъ буда, он чизе, ки дар инсон вуҷуд дошт, дар бар мегирифт.
Аз байни ҳамаи назарияҳои додашуда се назарияи амалиро ҷудо намудан мумкин аст: ин биогенетикӣ, сотсиогенетикӣ ва шахсӣ.
1. Равияи биогенетикӣ асоси инкишофи шахсро дар ҷараёни биологии пухтарасии организм мебинад. Мувофиқи ин равия тараққиёти одам ҳамчун дигар организми зинда ин онтогенез (ҷараёни инкишофи индивидуалии организм) буда, дар он нақшаи филоганетикӣ (тараққиёти таърихӣ) вуҷуд дошта, қонуниятҳои асосӣ ва хусусиятҳои он якхела мебошанд.
Дар ин консепсия (на танҳо дар психология) назарияи таҳлили психологии З.Фрейд ҷои асосиро ишғол мекунад. + чунин меҳисобид, ки танҳо қисми ночизе, ки дар руҳияи инсон ба вуҷуд меоянд, ӯро ҳамчун шахс шарҳ медиҳад, азхуд мешавад. Танҳо баъзе рафторҳои худро одам дуруст фаҳмида ва шарҳ дода метавонад. Қисмҳои асосии таҷрибаи ҳаёти инсон ва худи шахс берун аз шуур вуҷуд дорад, танҳо машқҳои махсус ки таҳлили психологӣ онро кор карда баромадааст, имконият медиҳад, ки ҳолати ғайришууриро фаҳмад.
Сохти психологии шахсият мувофиқи таълимоти З.Фрейд аз се ақида (принсип) иборат аст. \”Вай\”, \”Ман\”, \”Болотар аз ман».
Ақидаи мафҳуми \”Вай\” – қисми бешуурии руҳӣ буда майлҳои инстинктии биологии ирсӣ мебошад. \”Вай\” бо қувваҳои шаҳвонӣ пурра таъмин мебошад. Инсон системаи қувваҳои сарбаста мебошад, ки шумораи қувваҳо дар ҳар як одам доимо баланд шуда меистад, мафҳуми \”Вай\” ҳаловат, хушбахтӣ ва мақсадҳои асосии инсон мебошад (ин дараҷаи аввалини рафтори инсон аст).
Ақидаи мафҳуми «Ман» ин нигоҳдории баробарии дохилӣ мебошад. \”Ман\” ақидаи шуурнокӣ ва ҳақиқӣ аст. Ин чун қоида худшуурнокии одам буда, ба рафтори худ баҳо дода метавонад.
Ақидаи \”Болотар аз Ман\” дараҷаи баланди шуурнокӣ буда, он бо тасаввуротҳои идеалӣ роҳбарӣ карда мешавад, ки он аз тарафи ҷамъият қабул карда шудаааст.
Майлу хоҳиши ғайришуурнокӣ, ки он аз \”Вай\” бармеояд, акси – \”Болотар аз Ман\” буда, доимо онҳо дар мухолифат мебошанд. Яъне меъёрҳои ахлоқии рафтори иҷтимоиро аввалин шуда инкор мекунанд, дуюмин шуда дасттирӣ менамояд. Мухолифат бо ёрии \”Ман\”, яъне шуурнокӣ, ки он ақидаи ҳақиқӣ мебошад, бояд ҳал намуд.
2. Равияи сотсиогенетикӣ тараққиёти шахсиятро дар ҷараёни иҷтимоикунонӣ ва омӯзиш бо маънои васеи он мебинад. + таълим медиҳад, ки дигаргуниҳои психологии синнусолӣ аз болоравии вазъияти ҷамъиятӣ аз тартиби нақшҳои иҷтимоӣ ва умуман аз сохти фаъолияти иҷтимоии инфирод вобаста аст.
Мувофиқи таълимоти бихевиоризм, нақшҳои иҷтимоии одамон ва намудҳои рафтори иҷтимоии шахсият дар натиҷаи мушоҳидаи намунавии иҷтимоӣ мегузарад, ки онро волидайн, омӯзгорон, рафиқон ва дигар аъзоёни ҷомеа пешниҳод мекунанд. Фарқиятҳои инфиродӣ дар рафтори одамон, мувофиқи назарияи омӯзиши иҷтимоӣ, натиҷаи муносибат ва фаъолияти байниҳамдигарии одамони гуногун мебошанд. Шахсият дар чунин ҳолат натиҷаи муносибати байни фардият ва қобилиятҳои он аст.
3. Равияи шахсии марказонидашуда дар мадди аввал шуур ва худшуурнокии субъектро пеш мегузорад, ки асоси тараққиёти шахсиятро дар ҷараёни ташаккули қобилияти бадеӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани он дар назар дорад. Ин равия ҳамчун равияи инсондӯстӣ ҳисобида шуда, он бо олимон К.Родҷерс, А.Маслоу ва дигарон алоқаманд аст. Равияи инсондӯстӣ аз рафтори қаллобона даст кашида, ба хусусиятҳои хоси шахс такя намудан, ҳамчун мавҷудоти баланди иҷтимоӣ қабул кардан аст. Муносибати инсондӯстӣ барои муайян кардани имкониятҳои шахсият ёрӣ мерасонад, ки онро бо ёрии муносибати байнишахсӣ гузоштан лозим аст. Дар натиҷаи чунин муносибат шахс имконияти худ ва шахсияти худро зоҳир мекунад, ки он изҳор намудани ҳиссиёти худ ва даст кашидан аз муҳофизати психологӣ мебошад.
Ҳамаи талаботҳои шахс табиати иҷтимоиро доранд ва инкишофи онҳо ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тақсимоти онҳо вобаста аст.
Талабот қувваи асосию водоркунандаи фаъолияти маърифатӣ ва амалии инсон аст. Фард барои он, ки талаботи худро қонеъ созад, бояд воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ намояд.
Талаботи инсон гуногун аст. Пеш аз ҳама талаботҳои табииро фарқ мекунанд, ки мавҷудияти инсонро таъмин менамояд: талабот ба хӯрок, либос, хоб, истироҳат, хона чун воситаи муҳофизати одам аз таъсири номусоиди ҳарорат ва ба вуҷуд овардани шароитҳои мувофиқи зиндагӣ эҳтиёҷоти одамро ба моддиёт ифода мекунад ва он моҳиятан аз талаботи ҳайвонот фарқ мекунад.
Фаъолии шахс ба талаботи ӯ алоқаманд аст. Талабот асоси пайдоиши маромҳост. Агар маромҳо қонеъ гардонида шавад, он гоҳ онҳо ҳамчун зуҳуроти аниқии (конкретии) талаботи шахс баромад мекунанд. Масалан, ҳангоми омӯхтани рафтори хонанда бояд маромҳои рафтори ӯро таҳлил кунем.
Маромҳо устувор ва тезгузаранда, фаҳмида шуда ва фаҳмиданашуда мешаванд, ки дар ҳар ҳолат онҳо ба шароитҳои ҷамъиятию таърихии инкишофи шахс вобастаанд, «маром-водоркунандаи ангезаест, ки фаъолии организмро ба амал меоварад ва муайянкунандаи он аст».
Шавқу ҳавасҳо дар асоси талабот ба амал меояд, вале як чиз нестанд. Талабот заруратро ифода мекунад, аммо шавқу ҳавас таваҷҷӯҳи шахсро ба ягон фаъолият ифода менамояд. Шавқу ҳаваси устуворшудаю мустахкам- гардида ба талабот табдил мегардад. Шавқу ҳавасро аз рӯйи мазмун, васегӣ, амиқӣ, устуворӣ ва таъсирнокиашон тавсиф медиҳанд.
Баҳодиҳӣ ва худбаҳодиҳи аз масъалаҳои психологияи шахс ба шумор рафта, бештар тадқиқ шудаанд ва тарафҳои муайяни худшиносии шахсро ифода мекунанд. Худбаҳодиҳӣ ин худро, имкониятҳои худро, сифат ва мавқеи худро дар байни дигарон баҳо додани шахс аст. Дар асоси худбаҳодиҳӣ танзими рафтори шахс ба амал меояд.
Ҳар як шахс «манометри дохилӣ»-еро дорост, ки нишондоди он дараҷаи ба худ баҳо додани шахс, ҳолати рӯҳӣ ва аз худ қаноат будан ё набудани ӯро ифода мекунад. Вобаста ба ҳамин худбаҳодиҳии дараҷаи баланд ва паст ба амал меояд.
Худбаҳодиҳии баланд онро мефаҳмонад, ки шахс майли аз будаш зиёд ба худ дар вазъиятҳои гуногун баҳо доданро дорад.
Худбаҳодиҳии паст онро ифода мекунад, ки шахс ба худ нобоварии ноустуворро дорад, аз ташаббус даст мекашад, имкониятҳои худро пурра дарк намекунад ва нисбати шахсияти худ қадрношиносӣ менамояд.
Худбаҳодиҳӣ ба дараҷаи иддаои шахс зич алоқаманд аст. Дараҷаи иддао гуфта, дараҷаи дилхоҳи худбаҳодиҳии шахсро мегӯянд, ки ба дараҷаи душвориҳои мақсади шахс вобаста аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.