Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Давраҳои психологияи тафриқавӣ ва синнусолӣ

Мафҳуми синнусол ё зинаҳои ташаккулёбии психикаи инсон вобаста ба синнусол бо фаҳмиши табиати дигаргуншавӣ ва таъғирёбии одам дар равандҳои ташаккулёби зич алоқаманд ва вобаста мебошад.Мафҳуми синнусол ё зинаҳои ташаккулёбии психикаи инсон вобаста ба синнусол бо фаҳмиши табиати дигаргуншавӣ ва таъғирёбии одам дар равандҳои ташаккулёби зич алоқаманд ва вобаста мебошад.
Яке аз нуқтаҳои назари асосии доимо тағирёбанда будани синнусол мебошад. Нуқтаи назари зич ин инкор намудани худи мафҳуми синнусол аст. Дар ин ҳолат тараққиёти ва ташаккулёбии психикӣ ҳамчун ҷамъи оддии донмшҳо ва малакаҳо дида баромада мешавад. Психологияи ҳозира аз нуқтаи назари Б.П. Блонский ва Вқготскийро асос карда, характери таърихӣ ва иҷтимоӣ зинаҳои синнусолиро муайян мекунад. Дар раванди тараққиёти инсон шароитҳои иҷтимоӣ, фаъолият, рафтор, донишҳо, мазмун ва методҳои таълим таъғир меёбад ва ба ташаккулёбии одамон мусоидат ва шарти зарурӣ мебошад.
Сину-сол- ин зинаи бо вақт маҳдудкардашудаи тараққиёти психикии фард буда бо таъғирёбии физиологӣ ва психики вобаста ва шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як синну сол мазмун ва сифатан таъғир ёфтани давраҳои тараққиёти психикиро дар бар мегирад.
Дар психологияи синнусоли ва тафриқавӣ чунин давраҳои синну сол мавҷуд ва қабул шудааст.
– Психологияи давраи кӯдакӣ – аз рӯзи таваллуд то як солагӣ
– Психологияи давраи бачагии барвақт – 1-3 солагӣ.
– Психологияи давраи томактабӣ- 3-6 солагӣ
– Психологияи давраи хурди мактабӣ – 6-10 солагӣ
– Психологияи давраи наврасӣ ва ё балоғатрасӣ – 10-15 солагӣ.
– Психологияи давраи якум ё аввали ҷавонӣ (давраи ҷавонии барвақт)–15-17 солагӣ.
– Психологияи давраи дуюми ҷавонӣ – 17-21 солагӣ.
– Психологияи давраи якуми камолот – 21-35 солагӣ
– Психологияи давраи дуюми камолот -35-60 солагӣ
– Психологияи давраи калонсолӣ -60-75 солагӣ
– Психологияи давраи пиронсолӣ 75-90 солагӣ
– Психологияи дарозумрон –зиёда аз 90 сол.

Психологи шветсарӣ Ҷ. Пиаҷе (1896-1980) мактаби ҷевенагии психологҳоро ташкил намуд, ки вазифаи он омӯзиши тафаккур ва инкишофи ақлӣ, интелектуалии бачагонро ба ҳисом меравад. Тараққиёт ва инкишофи интелекти бачагонро ӯ дар тадқиқотҳои худ дар асоси мушоҳидаҳо ва омӯзиши рафтори бачагон асоснок намудааст. Бачагон ба фикри Ҷ. Пиаҷе хосият ва хусусияти табии мебошад ва бо табиат ва муҳит аз рӯзи таваллуд муносибати доимӣ доранд ва ин муносибат автономи ҳамчун воҳиди фаъол, ки структураи дохилиро дорост, ба амал меояд. Асоси ин муносибатҳоро таъсироти беруна ва муҳит ташкил медиҳад. Тараққиёти ақл ва тафаккури бачагонро Ҷ. Пиаҷе ба ду давра ҷудо мекунад; давраи тоиҷтимоӣ ва иҷтимоӣ. Давраи якум то синни 6-7 солагӣ давом карда, дар ин давра бачагон бо як қатор хосиятҳо доир мешаванд, ки барои идроки предметҳо ва ҳодисаҳо сабаб мешаванд. Тафаккури бачагон аз синни 6-7 солагӣ бо таъсири калонсолон, оила, мактаб характери иҷтимои пайдо мекунад ва ин таъсиротҳо бо маҷбуркунӣ ва шиддат ба амал меоянд.
Ҷ. Пиаҷе чор зинаи ташаккулёбии интелекти одамро ҷудо намудааст.
1. Сенсомоторӣ аз рӯзи таваллуд то 2 солагӣ.
2. Тоамалиёти аз 2- то 7 солагӣ
3. Амалиётҳои мушаххас аз 7-8 то 11-12 солагӣ
4.Амалиётҳои формалӣ аз 11-12 то 15 солагӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.