Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Типҳои психологии шахсияти одам рафти муоширати касбӣ

Ба равияи шахс хосият, системаи талаботҳои бо ҳам таъсиркунанда, шавқу ҳавасҳо, тамоилҳои uоявию амалиро дохил кардан мумкин аст. Масалан, баландбардории фаъолияти маърифатӣ ба ҳолати идеяви. эмотсионалӣ таъсир мебахшад ва ин, дар навбати худ, фаъолияти ақлиро фаъол мегардонад.ТипҲои психологии шахсияти одам рафти муоширати касбӣ

Мақсад: Ба донишҷӯён додани маълумоти васеъ аз рӯи масъалаҳои: сохти психологии шахсияти одамон, ташаккули худшиносӣ образи «Ман» зоҳиргардии хусусиятҳои гуногуни одамон дар фаъолияти касбӣ ва сохтори муоширати касбӣ.
Ба равияи шахс хосият, системаи талаботҳои бо ҳам таъсиркунанда, шавқу ҳавасҳо, тамоилҳои uоявию амалиро дохил кардан мумкин аст. Масалан, баландбардории фаъолияти маърифатӣ ба ҳолати идеяви. эмотсионалӣ таъсир мебахшад ва ин, дар навбати худ, фаъолияти ақлиро фаъол мегардонад.
Қисмати дуюми сохти шахсро имкониятҳои ӯ дар бар мегиранд ва он чунин қобилиятҳое мебошанд, ки иҷрои бомуваффақияти фаъолиятро таъмин менамоянд. ҳамаи қобилиятҳо бо ҳам алоқаи зичи дутарафа доранд ва ба якдигар таъсир мебахшанд. Одатан, яке аз қобилиятҳо мавқеи доминантиро дар фаъолияти шахс соҳиб мешаванд ва дигарашон ба он тобеъ мегарданд. Маслаан, дар Абӯалӣ ибни Сино қобилияти шоирию нависандагӣ мавқеи доминантиро дошт, ҳарчанд ӯ таърихшинос, олим, табиб, мунаҷҷим ва uайра низ буд. Умуман, қобилиятҳои тобеъшуда қобилияти асосию пешбарандаро мустаҳкам устувор мегардонанд.
Қисмати сеюми сохти шахсро характер ё худ тарзи рафтори ӯ дар муҳити иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Характер – ин гуногунии фаъолияти психикии шахс, ки дар хусусиятҳои рафтори иҷтимоии шахс ва пеш аз ҳама, дар муносибати ӯ ба одамон, ба кор ва ба худаш зоҳир мешаванд. ҳамаи ин, ягонагии мазмун ва шакли ҳаёти маънавии шахсро ташкил медиҳанд. ҳанчанд характер ба таври куллӣ шахсро тавсиф дода натавонад ҳам, аммо системаи мураккаби хосиятҳо, равияю ирода, сифатҳои ақлию иродавӣ, хусусиятҳои индивидуалиро, ки дар мизоҷ зоҳир мешаванд, ифода карда метавонад.
Дар системаи характер хосиятҳои асосии онро ҷудо кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, ба он хислатҳои ахлоқӣ (муносибати меҳрубонона ба одамон, бомасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳо), хислатҳои иродавӣ, (қатъият, устуворӣ, мардонагӣ ва худдорӣ) дохил мешаванд, ки тарзи рафтор ва роҳи ҳалл кардани масъалаҳои амалиро таъмин менамоянд. Аз ин рӯ, сифатҳои ахлоқию иродавӣ асоси воқеии хаарктерро ташкил медиҳанд.
Қисмати чорумро системаи идоракунӣ ташкил медиҳад, ки онро бо мафҳуми «Ман» – ташаккули худшиносии шахс ифода мекунанд ва рафти худтанзимшавиро ба вуҷуд омеварад. Фаъолияти шахс амали мураттабу мақсаднок аст. Ин дар аосси идоракунии фаъолияти маърифатию амалӣ ба даст оварда мешавад. Шахс он вақт мақсаднок амал мекунад, ки агар дониши ӯ бо таҷрибааш мувофиқат намояд. Ин ташаккули худидоранамоиро дар шахс талаб мекунад. Худтанзимнамоӣ бо мафҳуми «Ман» ифода ёфта, он ниҳоят ба ташккули худшиносӣ мебарад. Хурдсол ҳоло дар бораи худ тасаввурот надорад, яъне мафҳуми «Ман»-и ӯ шакл нагирифтааст, чунки ҳанӯз зери таъсиру ҳукми қувваҳои берунию дохилии шароитҳои ҳаёт аст. Кӯдак оҳиста-оҳиста худро аз муҳити одамон ва олами моддӣ ҷудо кардан мегирад ва дар ҳолатҳои алоҳида худро ба таъсироти онҳо муқобил мегузорад. Минбаъд, ӯ туфайли инкишоф ёфтани системаи худтанзимнамоӣ такомул меёбад ва соҳиби қувваҳои худ мегардад.
Худтанзимнамоӣ ва сифати «Ман» ба тарбия ва тарзи ҳаёти кӯдаку калонсол вобаста аст. Мафҳуми «Ман» ҳамчун системаи худтанзимкунӣ дар кӯдакӣ зери таъсири баҳодиҳии клаонсол ва фаҳмидагирии микониятҳояшон ташаккуул меёбад. Чунин хусусияти ташккулёфта дар ҳаёти шахс мудом вуҷуд дорад ва дигаргун сохтани он зери таъсири бевоситаи одамони баобрӯ ба амал омада метавонад.
Ҷаҳонбинӣ ва идеал унсурҳои дигари сохти шахс мебошанд. Ҷаҳонбинӣ-системаи назариёти шахсро ба табият, ҷамъият ва тафккури инсонӣ ифода мекунад. Ҷахонбинӣ ба маънии танги калима – ин системаи назариёти шахс ба ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне ба принсипҳои ахлоқию сиёсие мебошад, ки ҳастии ҷамъиятии одамонро инъикос менамояд.
Бояд ҷаҳонбинии синфро (ё ҷамъиятро билкулл) ва ҷаҳонбинии шахси алоҳидаро, ки ба ҳамин синф мансуб аст, фарқ намуд. Ҷаҳонбинии синф дар идеология, дар шуури ҷамъиятӣ системаноку ҷамъбастшуда ифода меёбад. Ҷахонбинии шахс асоси равия ва муносибати ӯро ба тарафҳои гуногуни ҳаёт ташкил медиҳад. Шуури ҷамъиятии синф ва шуури шахс аз рӯи моҳияташон мувофиқат мекунад, вале аз рӯи ҳаҷм, амиқӣ ва дараҷаи амалиётнокиашон аз якдигар фарқ менамоянд.
Ҷаҳонбинии шахс на танҳо ҳастии шахсӣ, балки ҳастии синфи муайёнро инъикос мекунад, инчунин психологияи ин синфро (гурӯҳҳои иҷтимоӣ, миллат, ҷамъиятиро билкулл) таҷассум менамояд. Ҷаҳонбинии шахс зери таъсири идеологияи муайян ташаккул меёбад. ҳар чӣ қадаре, ки ҷамъият инкишоф ёфта бошад, ҳамон қдаар роли идеалогия дар ташаккули шуури омма баланд мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми дида баромадани ҷаҳонбинии шахс, бояд таъсири идеалогияро дар ташаккули ақидаҳои шахси алоҳида ба эътибор гирифт.
Ҷаҳонбинии шахс пеш аз ҳама ҳастии ҷамъиятиро инъикос мекунад. Ин инъикос дар ҷараёни ҳаёт, дар муносибатҳои реалии одамон ва дар фаъолияти онҳо мукаммал мегардад.
Инъикоси ҳастии ҷамъиятӣ туфайли дар ҷараёни таълиму тарбия аз худ намудани идеяҳои ҷамъиятие, ки тавассути синфи муайян ҳосил гардидааст, мукаммал мешавад. Идеяҳои пешқадами ҷамъиятӣ метавонад аз ҳастии ҷамъиятӣ пеш гузаранд ва инсонро ба навзосию дигаргунсозии ҳастӣ пешравӣ кунанд. Илова бар он, дар сурати инъикоси бавоситаи ҳастӣ, инъикоси ӯ низ бевосита такмили дурустро мебинад.
Ҷаҳонбинии шахс характери синфиро дорад ва аз ин рӯ ҷаҳонбинии шахс характери синфиро дорад ва аз ин рӯ, ҷаҳонбинии синфҳои гуногун аз якдигар мувофиқи шаклу мазмунашон фарқ мекунанд.
Ҷаҳонбинӣ равтор ва амалҳои шахсро ба низом медарорад ва ба он муайянияту устувориро мебахшад.
Ҷахонбинӣ на танҳо равияи умумӣ, мақсаднокии шахсро муайян мекунад, балки ба симои одам, ба маҷмуи рафтору амал ва одату майлҳои он бетаъсир намемонад. Сифатҳои ҷахонбинӣ аз рӯи чунин нишонаҳо муайян мешавад: а) илмӣ бадан; б) системанокӣ ва яклухтӣ; в) пайдарпайии мантиқӣ ва исботшавандагӣ; г) дараҷаи ҷамъбастӣ ва конкретӣ; u) алоқамандӣ бо рафтру фаъолият.
Илмӣ будани ҷаҳонбинӣ онро ифода мекунад, ки шахси дорои донишҳои амиқу бой буда, корро оқилона иҷро менамояд ва ояндаю оқибатҳои рафтору амалҳои худро мебинад. Фақат ҷаҳонбинии илмӣ шахсро аз хавфу хатар, ноумедӣ ва аз беқудратӣ дар назди қувваҳои табиату ҷамъият мераҳонад. Ин сифат онро тасдиқ мекунад, ки шахс на танҳо идеалро дарк намудааст, балки онро амиқ таҳқиқ кардааст ва ботинан ба масъалаҳои воқеии ҳаётӣ такя карда асоснок намудааст ва ба ҳақиқати он эътимод пайдо кардааст. Чунин одам барои назарияю ақидаҳои худ қобилияти мубориза бурданро дорост.
Ҷаҳонбинӣ дар он сурат системаноку яклухт мешавад, ки агар шахс доир ба масъалаҳои аоссии ҳаётӣ, ҳаёту фаъолият ақидаҳои муайянро ҳосил карда бошад, агар ақидаҳо аз рӯи масъалаҳои муайянро ҳосил карда бошад, агар ақидаҳо аз рӯи масъалаҳои алоҳида байни худ мувофиқат пайдо кунанд ва муносибатҳои методологиро ташкил диҳанд. Шахси дорои чунин ҷаҳонбинӣ буда, мавқеи устувори ҳаётиро соҳиб аст ва баҳри иҷрои мақсадҳои гузоштааш собитқадамона пеш меравад.
Ҷаҳонбинӣ ҳамчун системаи назарияҳо доимо характери ҷамъбастиро дорад. Шахс тавассути ин нишона ба моҳияти ҳоисаҳои гуногуни ҳаётӣ сарфаҳм меравад ва оқибатҳои дури онро пешбинӣ мекунад. Шахсе, ки назариёташ конкретист, ӯ тамоюлоти инкишофи ҷамъиятиро фаҳмида метавонад.
Ҷахонбинӣ боз аз он ҷиҳат зарур аст, ки шахс тавассути он мавқеи худро дар инкишофи ҷамъиятӣ муайян мекунад ва орзую омол, идеяҳояшро дар ҳаёт амалӣ мегардонад. Пас, ҷаҳонбинии бо рафтор ва фаъолияти шахс алоқаманд аст. Дар сурати мувофиқат намудани назариёти шахс ба амалиёташ, симои ҳақиқии ӯ маълум мешавад ва ин нишонаи аз ҳама муҳими ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад.
Дар сурати якҷояшавии ҳамаи сифатҳои мусбӣ ҷаҳонбинӣ ба интиқоди шахс табдил меёбад, ки унсури дигари сохти шахс аст.
Эътиқод ин боварии амиқ ва асосноки одамро ба принсипу идеалҳое ифода мекунад, ки онҳоро дар ҳаёти худ ҳамчун сарчашма қабул кардааст. Мӯътақид шахсеро гӯянд, ки афкору ақоидаш бо ҳиссиёту иродааш як аст. Шахсест, ки рафтору фаъолияташ ба принсипҳояш мухолиф нест.
Эътиқод тавассути муносибати фаъоли шахс ба ҳақиқат, туфайли муносибати мустақилонаю амиқфикрӣ ба донишҳо, ба фазли муносибати масъулиятноки шахс ба вазифаҳои худ ташаккул меёбад.
Мӯътақид одами устувору мақсаднокест, ки қобилияти маъқул кунонидани ақидаҳо, корҳои худро дорад ва баҳри адои қарз ба ҳама гуна қурбониҳо тайёр аст. Одатан чунин одамон дар ҷамъият соҳиби обрӯю эътиборанд ва маҳз онҳо ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд.
Идеал дар сохти психологии шахс мавқеи хосаро дорад. Дар заминаи ҷаҳонбинӣ идеалҳои ахлоқӣ ташаккул меёбанд ва онҳо мааром ва нақшаҳои асосии ҷараёни худтарбияи шахсанд. Дар идеали ахлоқӣ эътиқод ва мавқеи ҳаётии шахс инъикос меёбад. Идеал ин образест, ки онро шахс дар шароити ҳозира ба роҳбарӣ мегирад ва он нақшаи худтарбияи ӯро муайян мекунад. Мавҷудияти идеалӣ баланди ахлоқӣ дараҷаи баланди инкишофи шахсро ифода мекунад ва мақсаднокию андешаҳои наҷиби ӯро тавсиф медиҳад.
Идеали баркамоли шахс – образи ҷамъбасткардашудаи мукаммал, аст, ки барои дигарон ҳамчун намуна хизмат менамояд.
Идеал ҳаётро инъикос мекунад. Идеалҳои мусбӣ дар натиҷаи ҷамъбаст кардани ҷиҳатҳои хуби ҳақиқат ба амал меоянд. Илова бар он, шахси конкретӣ таърихӣ, ё худ шахси ҳозиразамон низ идеал шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки ҳар гуна идеали ҷамъбаст кардашуда образест, ки ояндаро ифода мекунаду аз ҳаёт пеш мегузарад. Дар идеал доимо унсури фантазия ҷой дорад.

Идеал дар шахс таассуротҳи гуногунро ба амал меоварад, ӯро фаъол мегардонад, хоҳиши аз болои худ бисёр кор карданро бедор мекунад, то ки ба идеалаш наздик шавад. Пас, идеал ба сифати нақшаи ҳаёт хизмат мекунад ва протсесси кор карданро аз болои худ ташкил медиҳад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.