Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Инкишофи психика дар синни хурди мактабӣ

Сифатҳои маънавӣ-психологии бачаи синни хурди мактабӣ дар нитиҷаи дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия шакл мегирад. Ташаккули сифатҳои маънавӣ психологии шахсияти бачагон пеш аз ҳама, ба тарзҳои муносибати байниҳамии калонсолон, ҳамсолон ва махсусан муоширати коллективию фаъолияти таълимӣ вобаста мебошад.Нақша:

Муносибатҳои маънавӣ – психологии шахсияти мактаббачагони хурдсол
Муносибати байниҳамӣ дар гурӯҳи хонандагони хурдсол
Намудҳои фаъолияти олии асаб ва мизоҷ дар хонандагони хурдсол
Сифатҳои маънавӣ-психологии бачаи синни хурди мактабӣ дар нитиҷаи дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия шакл мегирад. Ташаккули сифатҳои маънавӣ психологии шахсияти бачагон пеш аз ҳама, ба тарзҳои муносибати байниҳамии калонсолон, ҳамсолон ва махсусан муоширати коллективию фаъолияти таълимӣ вобаста мебошад.
Асосан, ҳангоми иштироки бачагондар тарзҳои нави муоширати байниҳамии атрофиён ва коллективи синф дониш ва таҷрибаи рафтори маънавии онҳо васеъ шуда, барои ташаккули характеру ирода мусоидат мекунанд. Ҳатто то мактабхон шудан шудан ҳам дар бачагон сифатҳои маънавӣ психологӣ ташаккул меёбад.
Бояд гуфт, ки дар синни хурди мактабӣ пойдевори рафтори маънавӣ ва аз бар намудани меъёрҳою қоидаҳои рафтори маънавӣ гузошта мешавад. Омӯхтани меъёрҳо ва қоидаҳои маънавӣ бачагонро ба он водор мекунад, ки рафтори худро дар оила, кӯча, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мактаб дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ риоя кунанд ва ба тартиб дароранд. Зеро муҳокимаҳои маънавӣ, ҳиссиёти маънавӣ ва рафтори маънавии бачагони синфҳои ибтидоӣ зина ба зина шакл мегирад ва бою рангин мегардад. Чунки тарбияи маънавӣ яке аз масъолоҳои муҳими психологияи синнусолӣ ба шумор меравад.
Ҷанбаҳои асосии масъалаи тарбияи маънавӣ, ташаккули дониш ва таҷрибаи рафтори маънавии хонандагон ва ҷавонон дар ҷараёни фаъолият дар тадқиқотҳои И.Арабов, А.Нуров, Т.Носиров, С.Исоев, Ф.Гулмадов, А.Пудинаев ва дигарон омӯхта шудааст.
Омӯзиши масъалаҳои психологии зуҳуроти хусусиятҳои ҳиссиёти маънавӣ, муҳокимаҳои маънавии бачагони синфҳои ибтидоӣ дар зери таъсири бевоситаи муҳити психологии оила, муоширати байниҳамии аъзоёни оила, муҳити иҷтимоӣ, маданияти падару модарон, атрофиён, ҳамсолон, муҳити психологии синф, мактаб ва махсусан, маданияти муаллимон, алалхусус, муаллимони синфҳои ибтидоӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, ҳиссиёти маънавӣ ва муҳокимаҳои маънавии хонандагон ба шуурнокии ахлоқии онҳо вобаста мебошад. Минбаъд дар заминаи шуурнокии ахлоқӣ дар хонандагон эътиқоди ахлоқӣ ҳосил мешавад. Хонандагон дар асоси эътиқоди ахлоқӣ такя карда, рафтору амал ва феълу атвори худро ба тартиб медароранд. Ҳиссиёти маънавӣ ба шуурнокӣ ва эътиқоди ахлоқӣ такя мекунад.
Ҳангоми бо ҳамсинфон муносибат кардан олами ҳиссии бачагон, махсусан, ҳиссиёти ахлоқии онҳо торафт васеъ машавад. Бачагон ба он одат мекунанд,ки эмотсияҳо ва ҳиссиёти худро идора кунанд ва ба тартиб дароранд. Эмотсия тез дар қиёфаи бачаҳо зоҳир шуда, муддате вазъи руҳии онҳоро фаро мегирад, вале он тез аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад. Зимни ин дониш ва таҷрибаи рафтори маънавии бачагон васеъ мешавад. Онҳо хуб мефаҳманд, ки қоидаҳои талабагиро риоя кардан лозим аст.
Бачаҳо ҳиссиёти худро нисбат ба амалиёт ва рафторҳои ҳамдигар изҳор мекунанд, ҷиҳатҳои мусбату манфии онро шарҳ медиҳанд. Дар асоси ҳиссиёти ахлоқӣ дар бачагон характер шакл мегирад, вале он ноустувор, мавқеънок буда, тағйир меёбад. Нисбат ба ҳаёт, олами ҳастӣ ва рафтори одамон ақидаи муайян доранд. Ҳамин тавр, мусақилияти бачагон инкишоф меёбад.
Қобили қайд аст, ки дар синни хурди мактабӣ чор намуди фаъолияти олии асаб ва мизоҷи бачагон хеле равшан зоҳир мешавад. Физиолог ва психологи машҳури рус И.П.Павлов дар асоси тадқиқотҳои илмӣ намудҳои зерини фаъолияти олии асаб ва мизоҷро муайян карда буд, ки ҳар яки онро ба таври зайл тавсиф медиҳем.
Намуди якум (сангвиник) – намуди зӯр ва дар мувозинат буда. Қувваи ҳаяҷон ва боздорӣ дар қишрҳои мағзи сари хонандагони мизоҷи сангвиникӣ, бо суръати тез ҷорӣ мешаванд. Аз ин ҷиҳат ба хонандагон мизоҷи сангвиникӣ тезии фикр, қувваи ҳофизаи хуб, қобилияти хуби муҳокимаронӣ, фаъолӣ ва ташаббускорӣ хос аст, лекин бачагони мизоҷи сангвиникӣ баъзан ба фориғболӣ ва бепарвоӣ роҳ медиҳанд. Ба қувваю ғайрат ва имконоти худ баҳои аз ҳад зиёд дода, нисбат ба худ фориғболӣ зоҳир карда, ба ҳодисаю воқеаҳо ҳаваси зиёде пайдо карда ва бо тезӣ аз онҳо дилхунук мешаванд. Ба ин қабил хонандагон, бачагони зиндадил, бо одамони дигар зуд забон меёфтагӣ, қиёфаи руҳиашон баланд дохил мешаванд.
Намуди дуюм (холерик) – намуди зӯр ва дар мувозинат набуда аст. Ба ин намуд хонандагони мизоҷи холерикӣ дохил мешаванд. Дар холерикҳо қувваи протсессҳои ҳаяҷон нисбат ба боздорӣ бартарӣ дорад. Бинобар ин , дар холерикҳо хусусиятҳои бо тезӣ оташинӣ, беқарорӣ, зудранҷӣ, бетамкинӣ, ноустуворӣ, бесуботӣ, талқинпазирӣ ва ғайра мансуб аст. лекин холерикҳо ба мисли сангвиникҳо хеле ташаббускору фаъол мебошанд. Ҳисси таваҷҷӯҳи онҳоро ҳама чизҳо ба худ ҷалб мекунанд.
Намуди сеюм (флегматик) – ин намуди зӯ рва дар мувозинат буда аст. Ба ин намуд хонандагони мизоҷи флегматикӣ дохил мешаванд. Протсесси асабӣ: ҳаяҷон ва боздорӣ дар қишри мағзи сари флегматикҳо суст ҷорӣ мешаванд. Флегматикҳо бачаҳои ботамкину устувор буда, кори сар кардаро оҳиста саросема нашуда ҳал мекунанд. Ҳар як фаъолиятро оҳиста сар кунанд ҳам, вале сермаҳсул онро ба субут мерасонанд. Хусусиятҳои шитобкорӣ, ҳавобаландӣ, мағрурӣ, бемасъулиятӣ ба онҳо хос нест. Ҳол он ки сангвинику холерикҳоба кибру ғурур, бетамкинӣ ва шитобкорӣ роҳ медиҳанд.
Намуди чорум (меланхолик) – намуди суст ва дар мувозинат набуда аст. Ба ин намуд бачагони дорои мизоҷи меланхоликӣ дохил мешаванд.қувваи ҳаяҷон нисбат ба боздорӣ дар қишрҳои мағзи сари меланхоликҳо бартарӣ дорад. Меланхоликҳо бисёр ҳассос буда, бо тезӣ мутаассир мешаванд ва ҳисси ғаму андӯҳро бо осонӣ аз сар намегузаронанд. Қобилияти ақлии онҳо суст аст лекин дар шароити муқаррарӣ кори саркардаро сермаҳсул иҷро мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳмонии корҳои тарбиявӣ, аз нав тарбия кардан ва тағйир додани баъзе хислатҳои мизоҷи бачагон имконпазир аст. Масалан, дар холерикҳо хусусияти худдорӣ кардан, дар флегматикҳо фаъолнокӣ ва тезкорӣ, дар сангвиникҳо устуворӣ, пуртоҳатӣ ва дар меланхоликҳо шаклҳои дурусти муносибат ва боварию эътиқодро нисбат ба қувваю ғайрати худ тарбия кардан мумкин аст. Бинобар ин, агар муаллим дар бачагон иродаю характерро тарбия намояд ба ӯ муяссар мегардад, ки мизоҷи онҳоро ҳам идора карда ба тартиб дарорад.
Дар ташаккули шахсияти бачагон шаклгирии муносибатҳои коллективӣ аҳамияти калон дорад. Чунки, тарбияи бача дар коллектив сурат гтртфта, ба воситаи коллектив ба амал бароварда мешавад ва ниҳоят ба манфиати коллектив равона карда мешавад. Коллектив ҳамон вақт барқарор мешавад, ки агар муаллимбарои ташкили он кори тарбиявӣ барад. Ҳамчунин, дар байни аҳли синф дӯстию тифоқӣ, ёрии байниҳамиро бедор намояд. Дӯстӣ ва тифоқӣ талаботи табии одам аст. Аз ин ҷиҳат, одам бед ӯстӣ ва тифоқӣ зиндагӣ карда наметавонад. Дӯст бояд ростқавл, поквиҷдон, ҳақиқатгӯй, боинтизом ва дар байни шарикдарсон ҳам аз ҷиҳати интизом ва ҳам аз ҷиҳати хониш намунаи ибрат бошад.
Дӯсти ҳақиқӣ, дӯсти хуб ҳамон гуна хонандае шуда метавонад, ки вай айби дӯсташро пинҳон надошта, ҳамоно дар иштироки ӯ гӯяд.
Дӯстиро бузургон ҳам ситоиш карда буданд. Ҷомӣ ва Саъдии бузург қайд карда буданд, ки риштаҳои дӯстии байнишахсӣ се масъалаи асосиро дар бар мегирад;
Дӯсти забонӣ – дӯсти ноустувор буда, да Сухан дӯст буданашро зоҳир мекунаду дар амал ӯ дӯсти ҳақиқӣ нест,
Дӯсти нонӣ – ба сарват, боигарӣ мансаб асос меёбад. Ин гунна муносибатҳои дӯстӣ ноустуворанд. Бачаҳое, ки бо шарикдарсонаш барои он дӯстӣ мекунад, ки волидайни ин қабили хонандагон ашхоси мансабдор буда, дар ягон ҷои сердаромад кор мекнанд ва табиист, ки баъзе бачагон ба ин хотир бо шарикдарсаш дӯстӣ мекунад то ки волидайни дӯсташ ӯроб о шириниҳо зиёфат кунад ё ба сайру гашт бара два ҳоказо.
Дӯсти ҷонӣ – дӯсти ҳақиқӣ буда, шахси вафодор, шарики дарду ғами ҳамдигар буда, дар ҳама лаҳзаҳои ҳаёт ба ӯ содиқ мемонанд, аз вазъи якдигар бохабар шуда фикру ҳиссиёт ва майлу хоҳишашон бо ҳам мувофиқ меояд, дар кору зиндагӣ ва таҳсил мададгори ҳамдигар мебошанд, камбудию норасогиҳои якдигарро сари вақт ислоҳ мекунанд ва дар ҳолатҳои душворӣ кашидан аз аҳволи якдигар бохабар шуда меистанд. Дар урфият мегӯянд, ки «дӯстон оинаи якдигаранд».

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Ҳамин тариқ, дар синни хурди мактабӣ дар зери таъсири таълиму тарбия як қатор тағйиротҳои муҳим дар инкишофи психики бачагон ба вуҷуд меояд ва ин баро тадриҷан ба давраи бисё душвори ҳаёт зинаи хеле масъулиятнок, яъне ба синнусоли наврасӣ омодашуавии бачагон мусоидат мекунад.

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ

Сифатҳои маънавӣ-психологии бачаи синни хурди мактабӣ чӣ гунна шакл мегирад?
Омӯхтани меъёрҳо ва қоидаҳои маънавӣ бачагонро ба чӣ водор месозад?
Омӯзиши масъалаҳои психологии хусусиятҳои ҳиссиёти маънавӣ чӣ гунна ташаккул меёбад?
Эмотсияҳо ва ҳиссиёти бачагон чӣ гунна ба тартиб дароварда мешавад?
Дар синни хурди мактабӣ чор намуди фаъолияти олии асаб ва мизоҷ чӣ гунна тавсиф дода мешавад?
Намуди якум-сангвиник чӣ гунна тавсиф дода шудааст?
Намуди дуюм-холерик чӣ гунна шарҳ дода шудааст?
Намуди сеюм-флегматик чӣ гунна аст?
Намуди чорум-меланхолик чӣ?
Тарбияи мизоҷи хонандагон оё имконпазир аст?
Дар ташаккули шахсияти бачагон шаклгирии муносибатҳои коллективӣ чӣ гунна аҳамият дорад?
Бузургон оиди риштаҳои дӯстии байнишахсӣ кадом масъалаҳои асосиро нишон додаанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.