Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Шавқу ҳавас ва инкишофи қобилияти наврасон

Дар ҷараёни таълиму тарбия ва дар рафти аз худ намудани асосҳои илм ва дар баробари бой гардонидану васеъ шудани ҷаҳонбинӣ шавқу ҳаваси наврасон, пеш аз ҳама ба соҳаи гуногуни илм, техника ва санъат ташаккул меёбад.Дар ҷараёни таълиму тарбия ва дар рафти аз худ намудани асосҳои илм ва дар баробари бой гардонидану васеъ шудани ҷаҳонбинӣ шавқу ҳаваси наврасон, пеш аз ҳама ба соҳаи гуногуни илм, техника ва санъат ташаккул меёбад.
Ҳисси кунҷкобӣ, донишомӯзӣ ҳаваси бештар дониста гирифтани олами иҳотакарда, ки ба наврасон хос аст,баъзан боиси бемақсадона, пароканда ва ноустувории шавқу ҳаваси онҳоро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷаи ба якчанд фаъолият ҳавас пайдо кардани наврасон фаъолиятҳо чуқур, шуурона ва ҷиддӣ аз худ карда намешаванд ва боиси рӯякӣ азхудкунии онҳо мегардад. Ё ба ягон фаъолият ҳавас пайдо карда, ҷиҳатҳои аз ҳама муҳим ва зарури он фаъолиятҳо аз маркази диққаташон дур мешавад. масалан, ба расмкашӣ мароқ зоҳир карда нисбати дигар фанҳо; риёзӣ, физика ва ё адабиёт бе эътиборӣ зоҳир мекунад.
Яке аз воситаҳои ташаккули шавқу ҳаваси наврасон ба тартиб додан ва ба нақша даровардани ҳаёти ояндаи худ мебошад, ки ба ин синнусол хос аст. сабаби ба миён омадани нақшаи наврас ба оянда дар он аст, ки ба вай барои ягон соҳаи илм бештар дониш гирифтан мекӯшад, ки он дониҳо аз барномаи таълимии мактабӣ берун бошад. Бо ин мақсад онҳо ба кофтану хондани адабиётҳои лозимӣ, аз шахсони ба ин фаъолият машғул буда маслиҳатҳо мегиранд ва роҳу воситаҳои аз худ кардани онро меҷӯянд. Барои сохтани қолабҳои ягон хели техника, кашидани расмҳои гуногун, кандакорию наққошӣ ба музей, намоишгоҳҳо рафта илҳом мегиранд ва бештари вақти холигии худро ба он сарф мекунанд.
Мустақилона аз худ намудани донишҳо барои худтакмилдиҳии наврас воситаи хеле муҳим мебошад. Гарчанде, ки фаъолияти мустақилонаи наврасон ҳоло характери эҷодкорӣ надошта бошад, ҳам барои донистагирӣ ва бою ғанӣ гаштани протсессҳои маърифатии онҳо аҳамияти калон дорад, барои фаъолияти минбаъдаи эҷодии онҳо замина тайёр мекунад.
Ба ягон соҳаи фаъолият пайдо шудани шавқу ҳавас худ ба худ ба миён меояд. Масалан, хонандаи синфи 7-ум нисбат ба касби ҳавопаймоӣ ҳангоми тамошои кинофилм ҳавас пайдо кард ва барои соҳиби ин касб шудан дар ӯ ҷустуҷӯи адабиётҳое, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳавопаймоён нақл ва ё ҳикоят мекунанд пайдо шуд. Барои ба ин касб соҳиб шудан ва ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои касби ҳавопаймоии мунтазам ва варзиш машғул шуда, худро ҷисман обутоб медодагӣ шуд. Дар вақти сӯҳбат бо калонсолон кӯшиш мекард, ки риштаи суханро дар бораи касби ҳавопаймоӣ барад, рафтори худи ҳавопаймоёнро назорат ва мушоҳида карда, бо ҳавас ба онҳо нигоҳ мекард, худро ба ҷои онҳо тасаввур намуда, онҳоро мақсади олии худ меҳисобид.
Барои ташаккули шавқу ҳавас ва рағбати наврасон ба ягон соҳаи фаъолият саҳми чорабиниҳои тарбиявии мактаб; вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногун, шабҳои саволу ҷавоб, конфронсҳои хонандагон, бамаҳфилҳои фаннӣ иштирок кардани хонандагон, ба музей, кино, намоишгоҳҳо рафтан ва омӯхтани адабиёти зарурӣ аҳамияти калон дорад.
Дар хонандагони синфҳои 7-8-ум кӯшиши баланд бардоштани дараҷаи маданият ва оид ба ин соҳаҳо дониши зиёд гирифтан;
Адабиёт, мусиқӣ, асарҳои рассомӣ, тиётур, кино ва ғайра пайдо мешавад.
Дар ин синнусол духтарон бештар ба хондани асарҳои бадеӣ, шеъру достонҳо мароқ зоҳир мекунанд. Онҳо бештар шунидану замзама кардани сурудҳои зомонавӣ, мароқ дошта, ба кинофилмҳое, ки дар бораи ишқу муҳаббат, дӯстию вафодорӣ нақл мекунад, ҳавас доранд.
Духтарони наврас ба қаҳрамонони образи занони кинофилмҳо пайравӣ карда , ба Сару либосихуд диққат медиҳанд ва мӯйҳои худро ба монанди онҳо шона карда, худро ба ҷои онҳо тасаввур намуда тақлидкорӣ мекунанд.
Санъати мусиқӣ дар ҳаёти наврасон мавоми хоса пайдо мекунад. Онҳо шеърҳоеро ба оҳанг дароварда замзама мекунанд, дар тӯю тамошоҳо бо суруду рақси худ диққати ҳозиронро ба худ ҷалб карда, дар мактаб аъзои фаъоли маҳфили худфаъолиятӣ-бадеӣ мешавад.
Дар синни навраси духтарон ба тартиб додани дафтарҳои хотира аҳамияти калон медиҳанд. Онҳо бо ин мақсад дар дафтарҳои хотира бисёртар шеърҳои шоирон ва гуфторҳои нависандагону мутафаккирони бузургро оиди ишқу муҳаббат, дӯстию дӯстдорӣ, ва вафодорию садоқат гирд оварда, ба тартиб медароранд. Инчунин, ягон лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи давраи наврасии худро ба қалам дода, расмҳои зебою дилкаш ва актёрони дӯстдоштаи худро ширеш карда, нақшу нигор мекунанд, ки ҳамаи ин бо ҳавас ва хоҳиши том иҷро карда мешавад. дар дафтари хотираи хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-и шаҳри Хуҷанд чунин мисраҳои шеърӣ ва гуфтаҳои нависандагон гирд оварда шуда буд; «Ишқро нармдил ва меҳрубон гумон накунед, вай ҳикоятест аламнок, хорест дарднок, аз дида ашк, аздил чашмаи хунин мекушояд»-В.Шекспир
Ман ошиқи он ду чашми мастат, чӣ кунам?
Ман дил ба сари зудфи ту бастам, чӣ кунам?
Гӯянд маро зи ишқи ту, тавба бикун,
Ман тавба кунам, дил накунад, ман чӣ кунам?

Дугонаи ҷон бемаломат бошӣ,
Гулҳои шукуфтаи вилоят бошӣ,
Гулҳои шукуфтаи вилоят ману ту,
Ҳар ҷо биравӣ соқу саломат бошӣ.

Шавқу ҳаваси писарон дар ин синнусол аз шавқу ҳаваси духтарон фарқ мекунад. Ҷавонписарон бештар ба техника, варзиш, фанҳои ҷуғрофия, таърих, физика мароқ зоҳир мекунанд. Диққати писаронро бештар кинофилмҳое, ки дар бораи қаҳрамонӣ, ҷасурӣ, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ нақл мекунад, ба худ ҷалб менамоянд. Қаҳрамонони дӯстдоштаи наврасон одамони фаъол, ташаббускор, кордон ва шахси эҷодкору ҷиддӣ мебошанд. Зиёда аз ин, наврасон ба кинофилмҳои фантастикӣ, техникаи тараққикарда, алоқа бо одамони кайҳонӣ ва дигар масъалаҳо ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Наврасон барои он ки ба қаҳрамонҳои дӯстдоштаашон монанд шаванд худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб дода ба намудҳои гуногуни варзиш (гӯштингирӣ, каратэ, бокс ва ғайра) машғул мешаванд.
Ба туфайли мутолиаи асрҳои фантастикӣ, бадеӣ, тамошои кинофилмҳои характери эҷодӣ дошта, фантазия ва тафаккури эҷодии наврасон бою ғанӣ гашта, дар он ҳаваси маърифатӣ ташаккул меёбад.
Дар баробари ташаккули шавқу ҳавас ва рағбат дар зери таъсири корҳои таълиму тарбия дар мактаб ва муассисаҳои берун аз мактабӣ дар наврасон қобилияти эҷодӣ Зина ба Зина инкишоф меёбад. Пеш аз ҳама қобилияти мусиқӣ, бадеӣ-эҷодӣ, адабӣ-бадеӣ мушоҳида карда мешавад. Баъдтар дар натиҷаи ҷиддӣ ва мунтазам аз худ кардани дарсҳо аз фанни риёзӣ дар наврасон қобилияти математикӣ ташаккул меёбад. Дар асоси омӯхтани фанни риёзӣ, физика, кимиё дар наврасон қобилияти муҷассамасозӣ ва ихтироъкории техникӣ оҳиста- оҳиста инкишоф меёбад ва онҳо ба сохтани ҳар гунна қолабҳо мароқ зоҳир мекунанд.
Наврасон маҳсули дасти худро ба намоишгоҳҳои мактабӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки ин дар бораи инкишофи хелҳои гуногуни қобилияти онҳо шаҳодат медиҳад.
Яке аз вазифаҳои асосии падару модарон ва муаллимон пеш аз ҳама дар он аст, ки барои ҳаматарафа ташаккул ёфтани ҳавас ва қобилияти пайдошудаи наврасон ёрӣ расонанд ва барои инкишофи шавқу ҳавас ва қобилияти онҳо шароитҳои мусоидро муҳайё намоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар синни наврасӣ шавқу ҳаваси онҳо ба ягон касби муайян шакл мегирад. Қисме аз хонандагон баъди синфи 9 ба Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, Омӯзишгоҳҳои Омӯзгорӣ ва тиббӣ ва ё таҳсилро дар мактабҳои коргарҷавонон давом дода, дар истеҳсолот кор мекунанд. Баъзе наврасон дар бораи аҳамият ва моҳияти касбҳои гуногун маълумоти казоӣ надоранд, бинобар ин касбҳои интихоб кардаашон дуруст ва шуурона нест. Аз ин рӯ, ба муаллимон зарур аст, ки бо наврасон оиди интихоби касб ҷиддӣ маслиҳат кунанд. Барои бошуурона интихоб намудани касбу ҳунар ташкили экскусияҳо ба заводу фабрикаҳо, фермаҳо, комбинатҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ, наққошию кандакорӣ, инчунин вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ташкил карда, шабҳои саволу ҷавоб ва ба лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ ҷалб намудани наврасон диққати муҳим диҳанд.
Ба синнусоли наврасӣ қадам гузоштан воситаи муҳими ташаккули сифатҳои худогоҳии хонандагони синни миёнаи мактабӣ мебошад. Наврас ба муносибатҳои олами иҳотакарда, ки ба ҳамаи калонсолон хос аст, дохил шуда худро ҳамчун шахс эътироф мекунад. + бо хоҳиши том ҳаёт, зисту зиндагии калонсолонро омӯхта, бо ҳамин мазмуни нави худогоҳиро нисбати рафтору кирдори худ ба дигарон пайдо мекунад. Баҳодиҳӣ ва худбаҳодиҳии ӯ низ мазмуни ҳақиқиро мегирад.
Тасаввуроти мактаббачагони хурдсол дар бораи худ ва худбаҳодиҳии ӯ агар дар асоси муҳокимаронии падару мода рва ё муаллим пайдо шавад, онҳо дар бораи хусусиятҳои шахсии худ фикр мекунанд. Вале дар синни наврасӣ нисбат ба донишандӯзӣ шавқу ҳавас пайдо мекунанд ва дар бораи ояндаи худ ҳавасу орзуҳои худ бештар фикр мекунанд.
Талаботи фаҳмидани камбудиҳо ва ё хатогиҳои худ, ки ба синни наврасӣ хос аст, дар тамоми давраи наврасӣ нигоҳ дошта мешавад. Наврасон дар бораи худ фикр карда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни ҳамсолон дӯст ва рафиқи наздик пайдо карда бо ҳамин обрӯю эътибори худро баланд бардоранд. Ҳамин сабаб мешавад, ки наврасон бештар дар бораи мавқеи ишғол кардаи худ фикр мекунанд. Барои шахсияти худро муайян кардан худро ба ҳамсолон муқоиса мекунанд ва ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии худро муайян карда баҳри ислоҳи хислатҳои манфии худ аз методи худтарбиякунӣ истифода мебаранд.
Дар ибтидои давраи наврасӣ ба хулқу атвор, дониш ва қобилияти худ ба азхудкунии фанҳои таълимии хонандагон баҳои ҳаққонӣ медиҳанд, вале баъдтар баҳои додаи онҳо аз имконияташон зиёдтар мешавад. дар синфҳои 5-8 дар ҷараёни таълим наврасон ба дониши худ баҳои баландтар дода, аз муаллим талаб мекунанд, ки ба ҷавобҳои онҳо баҳои баланд гузоранд. Наврасон эътирози худро ин тавр баён мекунанд; «Ман ба ҳамаи саволҳои шумо ҷавоби пурра додам, барои чӣ ба ман баҳои аъло нагузоштед». «Муаллим, шумо дуруст нафаҳмида доимо маро сарзаниш мекунед. Аввал, дуруст мушоҳида карда бароед, ки қоидаҳои талабагиро вайрон кардам ё не баъд сарзаниш кунед» ва ғайра.
Мушоҳидаҳо, нишон медиҳад, ки агар наврас аз баҳои гирифтааш норозӣ боша два ё муаллим ба ӯ баҳои ҳаққонӣ нагузорад, дар он вақт ҳолатҳои ҳаяҷоннокӣ, зудранҷӣ, нобоварӣ, шубҳанокӣ ва баъд ҳиссиёти бадбинӣ ба амал меояд.
Сари вақт ба меҳнати наврас баҳои ҳаққонӣ надодан, дуруст қадр накардани саҳми ӯ дар таълим сабаб мешавад, кинаврас дигар ба дониши худ бовар намекунад ва талаботу хоҳиши ӯ нисбат ба таълим суст мешавад.
Бояд гуфт, ки бо тағйир ёфтани хусусиятҳои синнусолӣ баҳодиҳии наврасон ба ҳақиқат наздик мешавад. онҳо ба дониш, маҳорат ва рафтору кирдори худ ва дигарон баҳои ҳаққонӣ диҳанд.
Дар синни наврасӣ муоширот ва робитаи байнишахсӣ мавқеи муайянро ишғол мекунад. Ба наврас баҳои ҳаққонӣ додаи одамони гирду атроф ва калонсолон аҳамияти калон дорад. Аз ин ҷост, ки наврасон дар муносибат бо калонсолон то ҳадди имкон кӯшиш мекунанд, ки сифатҳои манфии худро пинҳон нигоҳ дошта, баръакс сифатҳои бетаринихудро ифода кунанд. Наврасон дар вақти бо калонсолон муносибат кардан кӯшиш мекунанд, ки бемаҳоратӣ, нодонӣ, сабукфикрии худро нишон надода, дар шаклишармгинӣ ё якравӣ ифода кунанд. Ҳамин тавр, худтасдиқкунии наврасон дар шаклҳои гуногун гузошта сабаби худбаёнкунии онҳо мегардад.
Худтарбиякунӣ. Дар синни хурди наврасӣ хонандагон ба хулқу атвори худ баҳо дода, рафтори худро идора карда наметавонанд, вале дар синни калони наврасӣ ҳолати аффективӣ ва хулқу одоби худро идора карда ба тартиб дароварда наметавонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди наврасон кӯшиш мекунанд, ки аз одамони калонсол ва атрофиён кайфият, вазъи руҳӣ, нуқтаю назар ва ақидаҳои худро пинҳон доранд. Бо тағйирёбии синнусол қобилияти идора кардани хулқу атвор зиёдтар мешавад, ки он тавассути худтарбиякунӣ ба амал меояд. Наврасон ба худтарбиякунӣ машғул шуда назорат кардани рафтору кирдорашонро ёд мегиранд ва супоришҳои гирифтаашонро дар вақташ хушсифат иҷро мекунанд, инчунин, банақшадарории корҳои иҷрошавандаро ёд мегиранд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар синфҳои 7-8 хонандагон ба худтарбиякунӣ машғул шаванд ҳам, вале як қисми наврасон мунтазам аз рӯи нақшаи тартибдода амал намекунанд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи наврасон аз он иборат аст, ки объекти фаъолият худи наврасон мебошанд: дар як ҳолат наврас фаъолияташро идора мекунад ва дар ҳолати дигар объекти фаъолиятро тағйир медиҳад ва дар ҳолати сеюм онро аз нав месозад.
Дар синни наврасӣ таъсиррасонӣ ва ба касе пайравӣ кардан ва дар баробари ояндаи худ фикр кардан пайдо мешавад. ба воситаи худтарбиякунӣ ва худтакмилдиҳӣ наврас истеъдоду қобилият ва имконоти худро ҳаматарафа ташаккул дода, барои ба оянда тайёр шудани худро ёд мегиранд. Ба воситаи худтарбиякунӣ наврас дар худ як қатор сифатҳои мусбии иродавӣ ба монанди: пуртоқатӣ, ташаббускорӣ, қавииродагӣ, далерӣ, нотарсӣ, ҷасурӣ ва ғайраҳо ташаккул медиҳад.

Дафтарҳои хотиравии хонандагони наврасро дида баромада таҳлили психологӣ-педагогӣ намоед.
Баҳодиҳии байни муаллиму наврасро мушоҳида намуда, таҳлили психологӣ намоед
Фаъолияти асосии хонандагони синни миёнаи мактабӣ таълим буда, он дар ин синнусол ба куллӣ тағйир меёбад. Сабаби ин дар мураккабшавии фаъолияти таълимӣ; зиёд шудани миқдори фанҳои таълимӣ, ба ҷои як муаллим дарс додани 5-6нафар ва ҳар кадоми ин муаллимон талаботҳои махсус, хусусиятҳои фардӣ-психологӣ доранд, бо тарзу усулҳои гуногун дарс мегузаранд, ҳар кадоми муаллимон методҳои гуногуни дарсдиҳӣ доранд, бо хонандагон муносибатҳои ҳархела зоҳир мекунанд ва ғайра. Инчунин, наврасон ба шакл, усул ва тарзи корбарии нав мутобиқ шуда, мунтазам дониши худро такмил медиҳанд.
Агар дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон баёни муаллимро бо шавқи том гӯш карда мувофиқи амру хоҳиши ӯ амал кунанд, дар синни наврасӣ бошад, чунин шакли ташкили таълим хонандаро қаноатманд карда наметавонад ва ҳатто дилгир мекунад.
Агар дар синфҳои ибтидоӣ мактаббачагони хурдсол мавзӯъҳоро айнан ҳикоя кунанд, пас дар синни наврасӣ хонандагон кӯшиш мекунанд, ки мавзӯъҳоро мазмунан баён кунанд.
Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои сустшавии ҳаваси маърифатии наврасон нисбат ба таълим ба васеъ шудани алоқаи онҳо бо муҳити атрофиён ва ба васеъ шудани доираи муошироти онҳо вобаста мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки наврасон ҳамон вақт ба таълим муносибати мусбат зоҳир мекунанд, ки таълим талаботҳои маърифатии онҳоро қаноатманд карда тавонад. Ҳар як муаллим шавқу ҳавас ва ҳисси таваҷҷӯҳи наврасонро нисбат ба таълим ба вуҷуд орад.
Маълум аст, ки дар синни наврасӣ якчанд муаллимон ба хонандагон таълим медиҳанд. Аз ин ҷиҳат қобилияти кори ҳар як муаллим ба дараҷаи касбӣ, дониш, маҳорат ва тарзи корбарии ӯ, хусусиятҳои фардӣ психологии ӯ бо ҳар як хонанда вобаста аст.
Дар синни калони наврасӣ хонандагон ба муаллимон аз рӯи сатҳи саводнокӣ, маҳорат ва қобилияти педагогӣ ва ба дониши тахассусии онҳо нигоҳ карда баҳо медиҳанд. Инчунин, ҳаминро ба асос гирифтан лозим аст, ки то чӣ андоза муаллимон дар рафти фаҳмонида додани мавзӯъ аз маводҳои нав истифода мебаранд, шахсияти хонандагонро ҳурмат мекунанд ё соати барои онҳо ҷудошударо самаранок истифода мебаранд ва ба дигар сифатҳои хонандагон баҳои сазовор медиҳанд. Муаллимоне, ки эҷодкорӣ ва мустақилиятии наврасонро пахш мекунанд, онҳоро хонандагон дӯст намедоранд.
Бояд гуфт, ки нисбат ба хонандагон муносибати мусбӣ зоҳир намекунанд ва нисбат ба хонандагон серталабӣ зоҳир намекунанд, ҳеҷ гоҳ чунин муаллимон дар фаъолияти педагогиашон сазовори таҳсину офарини шогирдон намегарданд. Хонандагон фанҳоеро дӯст медоранд, ки нисбати онҳо бо осонӣ аз худ мекунанд ва душворӣ намекашанд.
Дар синни хурди наврасӣ аз рӯи сифатҳои шахсии муаллим фанҳои таълимиро ба фанҳои «шавқовар» ва «шавқовар набуда» ҷудо мекунанд, ҳатто тибқи сифатҳои касбии муаллим ба фанҳои «асосӣ» ва «дуюмдараҷа» ҷудо карда мешавад. вале ҳар як фанни нави таълимӣ ё бобби алоҳидаи он шавқу ҳаваси хонандагонро ба вуҷуд меоранд, ки он бисёртар ба маҳорати касбӣ, қобилияти муаллим вобаста аст.
Бояд қайд кард, ки идроки маводи таълимӣ ба маҳорати касбии муаллим вобаста аст. зеро ҳангоми баёни мавзӯъ хонандагон маводи таълимиро бо шавқу ҳавас идрок мекунанд ё ба корҳои дигар машғул мешаванд, вазифаи хонагиро аз рӯи виҷдон иҷро мекунанд. Хонандагон барои мавзӯъро ҳаматарафа фаҳмидан саъю кӯшиш доранд ё худ бо гирифтани баҳои мусбӣ қаноатманд мешаванду халос.
Мазмуни мафҳуми «таълим» дар синни наврасӣ хеле васеъ мешавад, чунки дар ин синнусол азхудкунии дониш аз қолаби барномаи таълими мактабӣ берун баромада барои мустақилона азхудкунии дониш муносибати шуурона, эҷодӣ ва мақсаднок зарур аст. дар ин синнусол хонандагон маҳорат ва малакаҳои мустақилона донишомӯзӣ пайдо мекунанд. Наврасон ба соҳаҳои гуногуни илм, техника, санъат, варзиш ҳавас пайдо мекунанд. Вале баъзе наврасон дар як вақт ба якчанд соҳаи илм майлу рағбат зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, дар рафти таълим раванди маърифатӣ ва қобилияти фикрии хонандагонро инкишоф додан зарур аст. наврасон ба мазмуни як қатор мафҳумҳои илмӣ сарфаҳм мераванд, онҳоро ба ҳаёт ва муҳити атроф муқоиса карда, алоқа ва муносибати байни онҳоро муайян мекунанд ва хулосаҳои зарурӣ мебароранд.
ИДРОК-яке аз равандҳои маърифатии инсон ба ҳисоб меравад. Ашёву ҳодисаҳое, ки ба узвҳои ҳисси инсон ба таври яклухт таъсир мерасонанд идрок номида мешавад. зеро ҷараёни таълимро беи дроку мушоҳида тасаввур кардан мумкин нест.
Дар ҷараёни таълим қобилияти идроки мураккаби таҳлилию таркибии ашёву ҳодисаҳо инкишоф меёбад. Идроки наврасон бомақсадона, бошуурона ва системаноку пурмазмун мешавад. наврасон на танҳо хусусиятҳои ғайримуҳими ашёву ҳодисаҳоро ба таври сатҳӣ идрок мекунанд, балки ҷиҳатҳои муҳими ашёҳо, алоқаю муносибати дохилии онҳоро ҳам идрок мекунанд. Вале дар ҳолати суст будани шавқк ҳавас ашёҳо ва маводҳои таълимиро рӯякӣ дарк мекунанд. Масалан, хонанда метавонад аз рӯи виҷдон баёни мавзӯи нави таълимиро идрок кунад, вале мазмуни онро ҳаматарафа ва чуқур дарк карда наметавонад. Аз ин ҷиҳат, идрок воситаи муҳими омӯхтани маводи таълимӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҳангоми баёни мавхӯи нав аз асбобҳои айёнӣ; нақша, кашидакорӣ, расму воситаҳои техникӣ, ашёҳои табии самаранок истифода бурдан лозим аст, чунки асбобҳои айёнӣ воситаи чуқуртару аниқтар азхуд намудани дониш ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, ба муаллим лозим аст, ки дар вақти истифодаи асбобҳои айёнӣ ба хонандагон на танҳо «дидан», балки дуруст дарк кардани онро ёд диҳад, то ки дар рафти мушоҳидаю мушоҳидакорӣ роҳу равиши донишандӯзӣ пурсамар гузарад. Барои ин дар хонандагон мушоҳидаю мушоҳидакории мақсаднок, бошуурона ва пай дар пайро инкишоф додан зарур аст.
Дар ин синнусол идроки масофа, фазо вақту ҳаракат дар наврасон ботартиб ва идорашаванда мегардад.
ХОТИРА-равнди ба хотир гтрифтан, дар хотир нигоҳ доштан ва аз нав ба хотир овардани чизҳои идрокшуда мебошад. Хотир дар синнусоли наврасӣ ба куллӣ тағйир меёбад.
Дар рафти таълим хотир хусусияти ихтиёрӣ ва бошуурона пайдо мекунад ва дар вақти лозимӣ донишҳои пештара аз нав ба хотир оварда мешавад. маълум аст, ки хотири механикӣ ва айёнӣ-образӣ ба хонандагони синни хурди мактабӣ хос аст, вале дар синни наврасӣ оҳиста-оҳиста дар хонандагон хотираи калимагӣ-мантиқӣ ва маъногӣ-мантиқӣ ташаккул меёбад. Наврасон кӯшиш мекунанд, ки мавзӯъҳои мутолиакардаро бо тарзи худ ифода карда, онро ба ҳаёт, атрофиён алоқаманд кунанд. Дар баробари ин таркиби луғавии онҳо бою ғанӣ гашта аз калимаҳои ҳаммаъно истифода бурда, бо мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ мавзӯъро пурра мекунанд.

Хотираи калимагӣ-мантиқии наврасон дар асоси хотираи айёнӣ-образӣ ва айёнӣ-конкретӣ ташаккул меёбад. Дар вақти баёни мавзӯъ ва ё ҳикоя аз рӯи расм наврасон ба системанокию паӣ дар пай риоя намуда мавзӯъро боз ҳам пурратар мекунанд. Дар синни наврасӣ хотираи дарозмаддат, кӯтоҳмуддат, хотираи калимагӣ-мантиқӣ, эмотсионалӣ, хотираи образӣ ва ихтиёрӣ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин хонандагон дар назди худ мақсади бахотиргирӣ мегузоранд ва аз усулҳои самарабахши бахотиргирӣ ва дар хотирнигатдорӣ истифода мебаранд.

ДИҚҚАТ-раванди алоҳидаи психикӣ набуда, балки вай тарафи муайяни фаъолияти психики инсон аст, ки ҷоришавии дигар равандҳои психикӣ ба он вобаста мебошад.
Ба ягон объекти муайян нигаронидан ва мутамарказонидани фаъолияти психикии инсон ва аз дигар таъсиркунандаҳо дуршавии он диққат номида мешавад.
Диққат се хел мешавад: диққати ихтиёрӣ, диққати ғайриихтиёрӣ ва диққати баъдиихтиёрӣ.
Диққат дар синни наврасӣ ботартибона ва идорашаванда мешавад. аз як таоаф диққати ихтиёрӣ ташаккул меёбад ва аз тарафи дигар, дар натиҷаи фаъолияти пуравҷу хурӯши ҳаёти наврасон ва зуд тағйирёбии имконоти психикию маънавии онҳо, фарогирии ҳиссиётҳо ва фаъолгардии онҳо ба парешондиққатии наврас сабаб мешавад.
Дар ҷараёни таълим баъзан мушоҳида карда мешавад, ки дар рафти ягон дарс (дарсе, ки онро дӯст намедорад) диққати наврас парешон шуда, ӯ бедиққатӣ зоҳир мекунад ва дар дарси дигар (дарси дӯстдоштааш) баръакс бо шавқу ҳавас диққаташро ба он пурра равона мекунад.
Воситаи хуби ташкили диққати наврасон ба маҳорати фаъолияти таълимии муаллим вобаста мебошад. Агар дар рафти таълим ба хонандагон имконоти дуру дароз бекор нишастан пайдо шавад ва ё ташкили дарс ба мақсад мувофиқ набошад, парешонфикрӣ ба вуҷуд омада, боиси дуруси дарк карда натавонистани маводи таълимӣ мегардад. Бинобар ин, ба муаллим лозим аст, ки дарсро шавқовар, бо асбоби айёнӣ, таъсирбахш ва ифоданоку равшан гузаронад. Дар он сурат диққати наврас ба идроки мавзӯъ мутамарказонида мешавад ва дар заминаи ин диққати шууронаю мақсаднок ташаккул меёбад.
ТАФАККУР-раванди олитарини маърифатиест, ки тавассути он инсон дар бораи хусусиятҳои муҳими ашёву ҳодисаҳои олами атроф ва алоқаи байни онҳо маълумоти мушаххас мегирад. Дар синнусоли миёнаи мактабӣ қобилияти фикрронӣ нисбатан мураккаб мешавад. барои аз худ кардани асосҳои илм ба наврас лозим аст, ки миқдори зиёди донишҳоро аз худ намояд. Мавзӯъҳои азхудшуда аз як тараф дараҷаи инкишофи фаъолияти таълимӣ-маърифатиро талаб кунад, аз тарафи дигар, онҳо ба инкишофи равандҳои маърифатии наврасон мусоидат мекунанд. Аз ин ҷиҳат ба хонандагон лозим аст, ки системаи мафҳумҳои илмӣ ва хусусияту аломатҳое, ки барои аз худ намудани фанҳои риёзиёт, физика, кмиё, табиатшиносӣ зарур аст, аз ҷиҳати назариявӣ онҳоро азхуд намоянд.
Ҳар як фанни нав дар Айни замон душвор буда, барои азхудкунии онҳо дараҷаи баланди қобилияти ақлӣ-назариявӣ ва тафаккури мустақил зарур аст. гарчанде чунин шакли тафаккур ба наврасон хос бошад ҳам бо вуҷуди ин заминаҳои ташаккули он аз синни 11-12-солагӣ сар мешавад.
Дар ҷараёни таълим тафаккури наврасон инкишоф меёбад. Ин барои омӯхтани маводҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Зеро мазмун ва моҳияти омӯзиши фанҳои таълимӣ дар мактаб тағйир меёбад. Вай аз наврасон фаъолӣ, мустақилии фикр, муҳокимаронӣ, муқоиса, хулосабарорӣ ва ҷамъбасткуниро талаб мекунад. Минбаъд дар фаъолияти наврасон зина ба зина тафаккури мушаххаси образӣ ба тафаккури абстрактӣ ……… табдил меёбад. Бо вуҷуди ин ҷузъҳои тафаккури конкретӣ-образӣ тадриҷан ба тафаккури абстрактӣ табдил ёфта, он тамоман барҳам намехӯрад, балки инкишоф меёбад. Масалан, дар рафти таълим истифодаи айёниятнокӣ барои хубтар ба мазмун ва моҳияти мавзӯъ сарфаҳм рафтани наврасон кӯмак мерасонад.
Дар рафти таълим наврасон алоқаю муносибат ва вобастагии таносуби байни ашёҳоро муайян мекунанд. Онҳо бо ин восита сабабу оқибати ҳодисаю воқеаҳоро таҳлилу таркиб, муқоиса ва ҷамъбаст мекунанд. Дар вақти фикрронӣ ба иҷрои амалҳои фикрӣ наврасон аз шаклҳои тафаккур истифода мебаранд ва барои шарҳу эзоҳи масъалаҳо кӯшиш мекунанд. Аз ин рӯ, барои шуурона Омӯхтани фаъолияти таълимӣ лозим аст, ки дар наврасон тафаккури фаъол, мустақил ва абстрактӣ инкишоф дода шавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.