Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Психологияи давраи ҷавонӣ

Фаъолияти таълим ва инкишофи қобилияти фикрии хонандагони синни калони мактабӣ аз рӯи хислат, мазмун ва фаъолияти таълимии синни наврасӣ фарқ мекунад.Фаъолияти таълим ва инкишофи қобилияти фикрии хонандагони синни калони мактабӣ аз рӯи хислат, мазмун ва фаъолияти таълимии синни наврасӣ фарқ мекунад. Чунки нисбат ба фаъолияти таълимии хонандагони синфҳои болоӣ талабҳои мураккабтар гузошта мешавад ва табиист, ки он аз онҳо фаъолияти ақлӣ ва мустақилона фикр карданро талаб мекунад. Аз ин рӯ, барои он ки хонандагон маводҳои таълимиро азхуд кунанд, лозим аст, ки онҳо соҳиби дараҷаи баланди инкишофи тафаккури ақл бошад. Бинобар ин, хонандагон ҳамон вақт соҳиби тахассуси хуб мешаванд, ки ба таълим муносибати мусбӣ зоҳир кунанд ва донишу маҳорат ва малакаҳои кори таълимиро сари ваӣт аз бар намоянд. Аз ин нигоҳ бо роҳи тағйир додани муносибат ба таълим сазовори касбу ҳунар шудан мумкин аст. бо тағйир ёфтани синну сол дониш ва таҷрибаи ҷавонон бою рангин гашта онҳо мефаҳманд, ки дар остонаи ҳаёти мустақилона истодаанд. Ин хонандагонро ба он ворид мекунад, ки ба таълим муносибати мусбат зоҳир кунад.
Қобили қайд аст, ки хонандагони синфҳои болоӣ нисбат ба ашёҳои таълимӣ муносибати интихобӣ зоҳир кунанд. Гарчанде ки муносибати интихобӣ ба ашёҳои таълимӣ дар синни наврасӣ ба вуҷуд ояд ҳам вале ин шакли муносибат бо баъзе хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Масалан, муаллим дарсро фаҳмою шавқовар гузаронад, шахсияти хонандагонро ҳурмат кунад, худи ӯ намунаи ибрат бошад ва ғайраҳо. Хонандагони синфҳои болоӣ ашёҳои таълимиеро аз худ кунанд, ки бисёртар аз онҳо майлу ҳаваси зиёд зоҳир мекунанд ва бинобар ин бештар фанҳоеро интихоб мекунанд, ки ба касби ояндаашон мувофиқ бошад. Чунин муносибат боиси он мегардад, ки хонандагон ба 2-3 фанни таълимӣ ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, нисбати дигар фанҳои таълимӣ бетафовут муносибат карда онҳоро дуюминдараҷа меҳисобанд.
Албатта, дар ҳамин синнусол ҳаваси ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба ин ё он соҳаи илм ё фаъолият равшан ифода меёбад. Ҳамин ҳаваси маърифатии хонандагон ба ташаккули равияи таълимӣ-касбӣ ва муайян намудани касб ба ҳаёти ояндаи ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, зуҳуроти сатҳи инкишофи ҳаматарафаи хонандагони синфҳои болоиро дар рафқти иштироки онҳо дар маҳфилҳои илмӣ, дар озмунҳои физикӣ, кимёвӣ, риёзиёт, биология, забон ва адабиёт, ки дарин миқёси ноҳияҳо шаҳрҳо вилоятию ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, мушоҳида кардан мумкин аст. хонандагони синфҳои болоӣ дар конфронсҳои хонандагон, шабҳои саволу ҷавоб, викторинаҳо фаъолона иштирок карда, дар ин ё он соҳаи илм бештар имконоту қобилияти худро нишон медиҳанд.
Ҳамаи ин бо инкишофи қобилиятҳои махсус ва алоҳидаи хонандагон имкониятҳои васеъ ба вуҷуд меорад. Инкишофи ҳавасҳои маърифатӣ, муносибати шуурона ба таълим ба инкишофи минбаъдаи равандҳои маърифатӣ, диққати ихтиёрӣ, идора карда тавонистани маҳорат ва шуурона онро назорат кардан мусоидат мекунад.
Дар охирҳои синни калони мактабӣ раванди маърифатии хонандагон (идрок, хотира, диққат хаёл) инкишоф меёбад ва бештар пурмазмун ва ихтиёрӣ мешавад. аз ин ҷиҳат дар натиҷаи дуруст ташкил кардани фаъолияти таълимӣ қобилияти фикрии хонандагони синфҳои боло ба таври куллӣ тағйир меёбад. Ҳар чӣ бештар онҳо ба дарсҳои хусусияти назариявӣ, амалӣ, лабараторӣ, фардӣ дошта мароқ зоҳир мекунад ва тавассути он фанҳои тълимиро бештар азхуд мекунанд.
Хонандагони синфҳои болоӣ аз амалҳои фикрии тафаккур (муқоиса, таҳлил, абстраксия, конкретизатсия ва ҷамъбасткунӣ) ба таври васеъ истифода мебаранд. Хулосаҳои чуқур ва ҳаматарафа бароварда, маводҳои хондаашонро ба ҳаёт алоқаманд мекунанд.
Дар синни калони мактабӣ барои инкишоф додани қобилияти ақлии ҷавонон имконияти зиёд мавҷуд аст. равоншинос Н.С.Лейтес дар ин асоси мушоҳидаҳои тӯлонӣ, оростани сӯҳбатҳо, таҳлили мавзӯъҳои тарҷумаи ҳол, омӯзиши фаъолияти меҳнатӣ ва инчунин, усули озмоиш тиббӣ хусусиятҳои асосии фаъолияти ақлии хонандагони синфҳои 2, 6, 9-умро омӯхта бо ҳам муқоиса намудааст. Н.С.Лейтес дар асоси муқоисаи қобилияти ақлии ҷавонон ва наврасон ба хулосае омад, ки дар зинаи камолот тафаккури назариявӣ нисбат ба дигар хелҳои он бештар инкишоф меёбад. Аз ин рӯ, хонандагон дар рафти фаъолияти таълимӣ нисбатан фаъолӣ ва мустақилӣ нишон медиҳад ва дар онҳо хислати ба муаллим аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо додан инкишоф меёбад.
Инкишофи равандҳои маърифатӣ ва қобилияти ақлӣ дар зинаи камолот тағйироти миқдорӣ ва сифатиро аз сар мегузаронад. Тағйиротҳои миқдорие, ки дар синнусоли наврасӣ ба амал меояд нисбат ба синни хурди мактабӣ фарқи куллӣ дошта, ҷавонон комилан дар рафти ҳалли масъалаҳои таълимӣ мустақилона амал мекунанд. Лекин наврасон комилан мустақил нестанд ва ба муаллим пайравӣ мекунанд. Албатта, ҳама гунна пешравии фикрӣ дар он зоҳир мешавад, ки одам ин ё он масъаларо чӣ тавр ва бок адом роҳ ҳал мекунад. Равоншиноси намоёни швейсарӣ, ноиб-президенти равоншиносони ҷавон Ҷ.Пиаҷе бо ҳамроҳии шогирдонаш масъалаҳои инкишофи тафаккур ва нутқи бачагонро тадқиқ намудааст. Ба ақидаи ӯ дар синни 12-15-солагӣ дар бачагон мулоҳизаи фарзӣ ва хулосабарории дедуктивӣ инкишоф меёбад ва онҳо тавассути ин амалҳои абстрактӣ, моҳияти назарияҳо ва масъалаҳоро дар зер ҳал мекунанд.
Боядгуфт, ки инкишофи қобилияти ақлӣ ба қобилияти эҷодӣ алоқаманд буда, тавассути вай на танҳо ахборотҳои қабулшуда аз худ карда мешавад, балки дар рафти ҳалли масъалаҳои фикрӣ ташаббус нишон дода чизи нав ба вуҷуд оварда мешавад. Ҷан Пиаҷесе ҷиҳати омӯзиши қонуниятҳои эҷодиро аз якдигар ҷудо карда буд;
Вобаста будани маҳсули фаъолияти фикрӣ бо синнусол. Ҳамин тавр, олими америкоӣ Г.Леман ва У.Деннис ҳаёти тай кардаи олимон, рассомон ва мутафаккирони дар давраҳои гуногун умр ба сар бурдаро Омӯхта, ҷамъбаст карда, ба хулосае омаданд, ки сермаҳсулии фаъолияти эҷодии шахс ба синни 20-40-солагӣ рост меомадааст. Қуллаи баландтарини фаъолияти эҷодии олимони соҳаи риёзиёт то 23-солагӣ, олимони соҳаи кимиёвӣ то 29-30-солагӣ, олимони соҳаи физика то 32-33-солагӣ ва мунаҷҷимҳо то 40-42-солагӣрост меояд.
Инкишофи қобилият ва фаъолияти фикрӣ бо хусусиятҳои психологии шахс вобаста мебошад. Равоншиносон кӯшиш карда истодаанд, ки хусусиятҳои муҳими фаъолияти эҷодии шахсро муайян намоянд.
Ҳангоми Омӯхтани масъалаҳои фикрӣ хусусиятҳои эҷодии шахсро фарқ кардан зарур аст. равоншинос Я.Л.Пономарев дҷар он ақида аст, ки қуллаи инкишофи одам аллакай дар синни 12-солагӣ зоҳир мешавад. лекин онро ба ӣуллаи махсуси фаъолияти эҷодӣ омехта кардан чуқуру ҳаматарафа, таҷрибаи бои ҳаётӣ, мақсаднокӣ ва дигар сифатҳое, ки то ҳол наврасон ба он соҳиб нашудаанд, вобаста мебошад.
Инкишофи қобилияти ақлии хонандагони синфҳои болоӣ на танҳо аз маҳоратҳои ҳосилшудаи онҳо, балки аз тарзи ташкили фаъолияти ақлӣ вобаста мебошад. Тафаккури хонандагон ба типҳои системаи асаб вобаста аст.
Чуноне ки натиҷаи тадқиқотҳои Н.Е.Малков нишон медиҳанд, хонандагоне, ки системаи асабашон нисбатан суст аст ва дар ҳолати аз ҳад зиёд будани сарбории таълимӣ супоришҳои додашударо ба мисли хонандагонитипи системаи асаби серҳаракат дошта аз худ карда наметавонанд. Ҳатто ҳангоми аз тарафи муаллим бо суръати тез баён кардани мавзӯи таълимӣ мазмуни онро дуруст дарк карда наметавонанд.
Ҳамин тавр, дар синни 15-16-солагӣ қобилияти фикрии инсон ташаккул ёфта, ҳар чӣ бештар ба фаъолияти калонсолон наздик мешавад. зуҳуроти қобилияти фикрии хонандагонродар сатҳи инкишофи қобтлияти махсуси онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қобилияти махсус аввал дар писарон ва баъд дар духтарон ифода меёбад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.