Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Муносибати ҷавонон бо ҳамсолон

Яке аз вазифаҳои асосии давраи наврасӣ ва овони ҷавонӣ аз ташаккулёбии муоширати байниҳамии ҷавонону волидайн, муаллимон ва бо ҳамсолон иборат аст. Омӯхтани тарзҳои муоширот ба дӯстӣ муайян кардани мавқеи ҳар як ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар тарзҳои муносибати ҷамъиятӣ вобаста мебошад.Яке аз вазифаҳои асосии давраи наврасӣ ва овони ҷавонӣ аз ташаккулёбии муоширати байниҳамии ҷавонону волидайн, муаллимон ва бо ҳамсолон иборат аст. Омӯхтани тарзҳои муоширот ба дӯстӣ муайян кардани мавқеи ҳар як ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар тарзҳои муносибати ҷамъиятӣ вобаста мебошад.
Бояд гуфт ки талаботи бо ҳамсолон муносибат кардан дар синни 4,5-солагӣ (аз ин ҳам барвақттар) пайдо мешавад ва оҳиста-оҳиста устувор мегардад, ки мавқеи онро падару модарон ва ё дигар шахсони калонсол гирифта наметавонанд.
Аз ин нигоҳ, ҳолате, ки дар синни томактабӣ ба бача тарзи бо ҳамсолон муносибат карданро ёд надода бошем, пас ин ба муносибатҳои минбаъдаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин , аз хурдсолӣ сар карда барои дӯст барқарор шудани муносибат бо ҳамсолон шароитҳои муҳим ба вуҷуд оварда, онро зина ба зина такмил додан зарур аст. Зимни муоширот ҷавонон аз ҳамсолони худ ахборотҳоеро мегиранд, ки онҳоро аз волидайн ва ё дигар шахсони калонсол шояд гирифта натавонад. Масалан, наврасон ва ҷавонон аз ҳамсолони худ дар бораи масъалаҳои ишқу муҳаббат, масъалаҳои муносибатҳои ҷинсӣ, табиист, ки падару модар онҳоро дода наметавонанд, мегиранд.
Муносибати ҷавонон бо ҳамсолон дар ҳолати дигар дар фаъолияти якҷоя, вай аввал дар бозии кӯдакона ба вуҷуд омада буд, баъдтар дар амалҳои байниҳамии онҳо идома меёбад. Ин имконият медиҳад, ки кӯдак ба коллективи ҳамсолон дохил шуда ба интизом ва қоидаҳои бозӣ риоя менамояд, мавқеи худро дар коллектив муайян кунад, шавқу ҳаваси шахсии худро бо шавқу ҳаваси ҷамъиятӣ мувофиқ созад. Дар рафти муносибат намудан, алоқаҳои эмотсионалӣ барқарор мешаванд ва одамонро бо ҳам ҳисси рафоқат ҳамраъӣ муттаҳид мекунад. Чунин тарзи муносибат дар ҷавонон ҳисси меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамсолон, рафиқон ва нисбати худ зиёд мекунад.
Бо тағйир ёфтани синнусол дар наврасон ва ҷавонон хоҳиши беҳтар бо ҳамсолон муносибат кардан ба вуҷуд меояд. Хонандагонро коллектив бо ҳам муттаҳид мекунад, ки вай дар ташаккули шахсияти онҳо саҳми калон мебозад. Дараҷаи ҳаётии муносибатҳои коллективии хонандагони синфҳои болоӣ нисбат ба синни наврасӣ баландтар буда, онҳоро ягонагии иҷтимоӣ ва мазмуни фаъолияти якҷояи коллектив бо ҳам муттаҳид мекунад. Махсусан, дар ин синнусол меъёрҳои ахлоқӣ, баҳои рафиқон, худбаҳодиҳӣ мавқеи муайянро ишғол мекунад.
Хонандагони синфҳои болоӣ дар баробари фаъолияти таълимӣ ба ташкили истироҳат ва фароғати худ мекӯшанд ва ба ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Онҳо бо ҳамин мефаҳманд, ки на танҳо барои худ, балки ба дигарон низ фоида овардан лозим аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳаёти хонандагони синфҳои болоӣ натанҳо дар чорчӯбаи мактабӣ маҳдуд мешавад. онҳо на танҳо ба як коллективи синф, мактаб, балки ба якчанд коллективҳои гуногун (гурӯҳи варзишгарон, аъзои ягон клуб, маҳфилҳо, гурӯҳҳои бачагони як маҳалла) тааллуқ дошта метавонад. Онҳоро он каллектив бештар ба худ ҷалб карда метавонад, ки барои худогоҳӣ, худтакмилдиҳии онҳо шароитҳои фароҳамро ба вуҷуд оварда метавонад.
Аз рӯи тадқиқотҳои Б.Н.Волков хонандагони синфҳои болоӣ ваҷҳҳои муносибати худро аввал аз рӯи сифатҳои; бовиҷдонӣ, дар вақти зарурӣ дасти ёрӣ дароз карда тавонистан, дар ҷои дуюм сифатҳои иродавӣ; далерӣ, ҷасурӣ, нотарсӣ дар ин ҷои саюм сифатҳои ақлӣ-интеллектуалӣ рафиқонашонро мегузоранд.
Вале тадқиқотҳои А.Н.Лутошкина баръакс нишон медиҳад, ки хонандагони синфҳои болоӣ дар муносибат бо ҳамсолон ва рафиқон дар ҷои аввал сифатҳои ақлӣ, дар ҷои дуюм сифатҳои меҳрубонӣ, ахлоқӣ, иродавӣ, кордонӣ ва дар ҷои сеюм намуди зоҳирии онҳоро; дилрабоӣ, маҳорати худро нигоҳубин карда тавонистанро мегузоранд.
Дар ташаккули шахсияти хонандагони синфҳои болоӣ саҳми калонро созмони ҷавонон мебозад. Ҷавонон ба ин созмон дохил шуда, худро аз ҷиҳати ахлоқӣ, сиёсӣ, психологӣ ва маънавӣ такмил медиҳанд ва ба ҳаёти ҷамъиятӣ бештар ҳавас пайдо мекунанд.
Коллективи муташаккиле, ки дар мактаб ташкил карда мешавад гурӯҳҳои асосиест, ки хонандагони синфҳои болоро бо ҳам муттаҳид мекунад. Ин ягона гурӯҳ нест, инчунин ҷавононро ҳавасҳои ягона дилхушиҳо ва ақидаҳои гуногун ба гурӯҳҳои дигар ҷалб мекунад, ки ба ду шакл ҷудо мекунад.
Ба гурӯҳи якум, ки берун аз мактабӣ ташкил мекунанд, коллективи гуногунсин буда, ҳавасҳои ягона; варзиш, санъат, адабиёт, техникӣ ва ғайраҳо , ки дар қасрҳо, хонаҳои эҷодӣ ташкил карда мешавад, дохил мешаванд.
Ба гурӯҳи дуюм, ки ин гурӯҳҳо таври стихиявӣ ташкил мешаванд, аз назари педагогӣ дур буда дар маҳаллаҳо ташкил меёбад. Дар ин гурӯҳи стихиявӣ бештар наврасон ва ҷавонони гуногунсини (80-85 фоиз) бачагони маҳалларо бо ҳам муттаҳид мекунад, ки шумораи онҳо аз 5 то 15 нафар мерасад. Дар ин гурӯҳҳо бештар хонандагони синфҳои болоӣ коргарҷавонон, хонандагони Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ дохил мешаванд, ки 3\\1 қисми онҳоро ҷавонони оиладор ва боқимондаашонро ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ дар ҳавлиҳо, маҳаллаҳо ва дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҷамъ мешаванд.
Гӯрӯҳи стихиявӣ албатта худ ба худ дар маҳаллаҳо ташкил мешаванд, ки дар ҳама ҷойҳо ва дар ҳама давру замонҳо вуҷуд дошт. Аз рӯи равияи худ онҳо илова ба коллективи ташкилшуда вуҷуд доранд. Ин гурӯҳҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд; а) гурӯҳи нисбатан мусбии иҷтимоӣ; б) гурӯҳи бетараф; в) гурӯҳи ғайрииҷтимоӣ.
Гурӯҳи мусбии иҷтимоӣ дар атрофии худ ҷавонеро муттаҳид мекунад, ки ҳавасҳои ягона онҳоро ба ҳам якҷоя мекунад. Ин гурӯҳ дар аъзоёни худ сифатҳои мусбӣ иҷтимоӣ-маънавиро инкиғоф дода, натанҳо якҷоя вақт мегузаронанд, инчунин як ҷой фаъолиятеро иҷро мекунад. Масъалаҳои гуногунро муҳокима карда онҳоро ҳаллу фасл мекунанд, ки онҳо боиси васеъшавии ҷаҳонбинӣ, худтакмилдиҳии онҳо мегардад.
Дар гурӯҳи дуюм ҷавононе муттаҳид мешаванд, ки нисбати ҷамъият, сиёсат ва иқтисодиёт бетарафӣ зоҳир намуда, онҳоро дилхушӣ бо ҳам якҷоя мекунад. Дар ин гурӯҳ барқароршавии муносибатҳои байнишахсӣ ва ҳолатҳои эмотсионалӣ аз рӯи мазмуни худ маҳдуд ва рӯякӣ мебошад. Ин гурӯҳи ҷавонон вақти холигии худро якҷоя мегузаронанд; «Манн 16-сола мебошам ва дар синфи 9-ум мехонам. Ҳамаи рафмқони манн ба монанди манн лақаб доранд. Гурӯҳи мо лақаб дорад; «Оворагард.»ҷавонони ин гурӯҳ ҳар бегоҳ болои хонаи 9-ошёна ҷамъ мешавем. Дар нигоҳи аввал ба назар менамояд, ки мо бачаҳои гумроҳ бошем, вале диққати Моро чизҳои наву ғайримуқаррарӣ ба худ ҷалб мекунад. Мо дар бораи кинофилмҳои нав, мӯдди нав, ҳодисаю воқеаҳои дидаю шунидаамонро ба ҳамдигар нақл мекунем. Дар баробари ин ҳар кадоми мо ба ягон чиз шавқу ҳавас ва дилбохтагӣ дорем. Диққати якеро ҳайвонҳо ба худ ҷалб мекунад, дигареро ягон ҳодисаю воқеаҳои нав. Манн бошам, суратҳои актёрони машҳури киноро ҷамъ мекунам ва филмҳои офаридаи онҳоро бо завқи калон тамошо мекунам. Дар рӯзҳои ид якҷоя ҷамъ мешавем, суруд мехонем, ва рӯзи дигар боз дар ҷои ҳаррӯза ҷамъ мешавем.»Бояд қайд кунем, ки баъзан ин гурӯҳҳо ба гурӯҳҳои ғайрииҷтимоӣ табдил ёфта рафторҳои ғайрииҷтимоӣ (майнӯшӣ, авбошӣ, ҳазлу шӯхиҳои бемаврид) зоҳир мекунанд.
Гурӯҳи сеюм, гурӯҳи ғайрииҷтимоӣ буда, рафторҳои онҳо ба зарари ҷамъият буда, онҳо ба майнӯшӣ, авбошӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ машғул буда, баъзан одамкушӣ ҳам содир мекунанд. Қисми зиёди ин гурӯҳро ҷавонони вайронкунандагони тартиби ҷамъиятӣ ташкил мекунанд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ҷиноят содир мекунанд. Сардор ва ё сарварии ин гурӯҳро наврасони душвортарбия ё шахсони вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ба ӯҳда доранд.
Қобили қайд аст, ки бештари наврасони душвортарбия аз қобилияти ақлӣ қафомонда мебошанд ва мавқеи худро дар коллективи синф намеёбанд ва худ ба худ, номаълум ба чунин гурӯҳҳо дохил мешаванд. Аз рӯи нишондоду делаҳои ҷиноятӣ маълум мешавад, ки наврасоне, дар ягон ҷой кор намекунанд ва таҳсил намекунанд нисбати наврасоне, ки дар мактаб таҳсил мекунанд 24 маротиба зиёдтар ҷиноят зоҳир мекунанд.
Тарафҳо ва паҳлӯҳои гуногуни ошкор сохтани гурӯҳҳо аз тарафи як қатор олимон; Аркин Е.А., Блонский П.П,, Залуҷнқй А.С., Смирнов А.А., Шаӣкий С.Т., Штерман С.П. ва дигарон омӯхта шудааст.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи синни айёми ҷавонӣ ин ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Масъалаи ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда, худмуайянкунии касбӣ ва интихоби бошууронаи касбу ҳунар солҳои охир ҳисси таваҷҷӯҳи як қатор педагогу равоншиносонро ба худ ҷалб карда меояд. Масъалаҳои психологию педагогии майлҳои касбии хонандогон дар тадқиқотҳои Арискина К.А., Голомшток А.Е., Климова А.Е., Лебедов Г.А., Чисякова С.Н., Чебқшева В.В. масъалаи интихоби касб шавқу ҳавас ба касбҳои хоҷагии қишлоқ дар корҳои Амиршоев Р., Барабаш Ю.Г., бандаревский В.Б., Василев Ю.К., Василева Г.А., Сахаров Б.Ф., Шабанова А.А., Табаров М. ва чанде дигарон омӯхта шудааст. Онҳо паҳлӯҳои гуногуни ин муамморо тадқиқ намуда қайд кардаанд, ки интихоби касб дар синфҳои болоӣ бо хусусиятҳои мақсаднокӣ ва бо шуурии худ аз синнусоли наврасӣ ба кули фарқ мекунад. Аз як тараф нақшаҳои ҳаётии хонандагони синфҳо болоӣ ин натиҷаи ҷамъбасткунӣ ва мақсадҳои калоне, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд, бошад аз тарафи дигар раванди аниқкунонӣ ва тафриқаи мақсаду сабабҳо мебошад.
Аз орзуҳои дастнорас ва идеалҳои тахаюлоти ҷавонон ба амалҳои фаъолӣ ба ҳақиқат наздик омада мерасад. Нақшаҳои ҳаёти хонандагонро дар як вақт ҳам ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва ҳам ҳодисаҳои ахлоқӣ фаро мегирад.
Акнун саволе ба миён меояд, ки «худмуайянкунии касб чӣ гуна бошад?» ва «худмуайянкунии ахлоқӣ чӣ маъно дорад?»-дар овони инкишофи наврасӣ аниқ муайян карда намешавад.
Наврасон дар зери мафҳуми нақшаҳои ҳаётии худ ҳамаи он орзуҳое, ки дар ҳақиқат ва амалҳои ҳаётӣ дуранд, мефаҳманд. Хонандагони синфҳои болоӣ дар нақшаҳои ҳаётии ояндаи худ беҳтару хубтар дониш гирифтан, ба корҳои шавқовар машғул шудан, дӯстони бовафо пайдо кардан, бештар саёҳат карданро дохил мекунанд.
Дар овони наврасӣ нақшаҳои гуногунро кашидан мушоҳида карда мешавад, вале дар бораи роҳу воситаҳои дар амал иҷро шудани ин нақшаҳо фикр намекнанд. Чунки наврасон ба натиҷаҳои охирини он такя карда, ҷоришавии ҷараёни онро ба эътибор намегиранд. Наврасон дар нақшаҳои худ худашонро дар мавқеи ҷамъиятӣ тасаввур карда, фаромӯш мекунанд, ки барои ба мақсад расидан танҳо орзу кардану ба худ тасаввур кардан кифоя набуда, боз кӯшиш кардан лозим аст, ки шахс ба мақсади гузоштааш расад.
Наврасон дар тасаввуроти худ даштҳои ташналабро обёрӣ мекунанд ва ба бӯстон табдил медиҳанд, худашонро санҷишгари техникаи навин тасаввур карда, ҷарроҳи моҳир меҳисобанд ва одамонро аз марг наҷот медиҳанд, муҳандиси болаёӣат шуда иморатҳои зебою бошукӯҳ месозанд, корманди кумитаи умури дохила тасаввур намуда, чусту чолокона ба муқобили дуздону авбошон мубориза мебаранд ва ғайра. Наврасон худро дар симои қаҳрамониҳои кинофилмҳои дидаашон тасаввур намуда, мехоҳанд,ки ягон корнамоӣ намоянд. Барои амалӣ гаштани орзуҳои наврасон қобилият, роҳу воситаҳои ба мақсад расидан ва аз имкониятҳо истифода бурда тавонистан лозим аст, ки наврасон онро дуруст дарк кунанд.
Нақшаҳои ҳаётӣ аз орзуҳои фаъол ва орзуҳои пухта бо он фарқ мекунанд, ки нақшаҳои ҳаётӣ бо ин интихоби бошууронаи касб алоқаманд мебошанд. Интихоби касб барои наврасон ва ҷавонон масъалаи маънавӣ низ ба ҳисоб меравад. Ин ваҷҳи иҷтимоӣ-маънавӣ буда, ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарон хос мебошад. Дар боби 4-уми Қонуни асосии мо гуфта шудааст, ки ҷавонписарон ва ҷавондухтарон натанҳо ба меҳнат, инчунин ба интихоби касб машғулияти дилхоҳ корҳое, ки қобилияти тайёрии касбӣ, маълумот ва ба ҳисобгирии талаботи ҷамъиятӣ дошта, ҳуқуқ доранд.
Худмуайянкунии ҷавонон дар як вақт худмаҳдудкуниро ба вуҷуд меорад. Ҷавонон ягон касберо интихоб карда бо ҳамин аз дигар намудҳои фаъолият худро дур мекунанд. Худмуайянкунии касбӣ дар шароити кунунӣ ҷараёни бисёрсоҳа буда, ҷанбаҳои гуногуни он омӯхта мешавад.
Дар психологияи синнусолӣ худмуайянкунии касбӣ ба якчанд давраҳо ҷудо карда шудааст;
Давраи якум фаъолияти бозӣ буда, кӯдакон дар рафти бозӣ ба худ касбҳои гуногунро интихоб намуда, нақшаеро иҷро мекунанд, ки дар рафтори онҳо ин касб ифода мешавад. масалан, к-дак ронанда шуда мошинро меронад, табиб шуда ба беморон сӯзандору мегузаронад, фурӯшанда шуда маводи хӯрокӣ медиҳад ва ғайра.
Давраи дуюм фантазияи (муҳоботӣ) наврасон буда, онҳо худро дар симои қаҳрамонҳои кино ва ё театр тасаввур карда орзуҳои зиёде ба ин ё он касб мекунанд. Масалан, орзу мекунанд, ки ҳавопаймо шуда парвоз карда истодааст ё баҳрнавард шуда дар баҳрҳои калон шинно мекунад, ё ба монанди кӯҳнавардӣ машҳуре ҳамеша дар ҳаракат аст.
Давраи сеюм синнусоли наврасӣ ва қисман айёми ҷавониро дар бар гирифта дар ин давра наврасон ва ҷавонон касбу ҳунари гуногунро тахминан интихоб мекунанд. Намудҳои гуногуни фаъолият ҳаваси касбии наврасонро ба вуҷуд меорад. Масалан, онҳо изҳори ақида мекунанд, ки «Ман риёзиётро хуб медонам ва ба Омӯзиши он ҷиддӣ машғул мешавам.» «Барои он ки соҳиби пули зиёд шавам, ягон касберо интихоб кардан лозим аст, ки ин кадом касб бошад?» ва ғайра.
Давраи чорум давраи қарори қатъӣ қабул кардан буда, ҷавонон он касбҳоеро интихоб мекунанд, ки он аз ду ҷузъиёти асосӣ иборат аст; муайян намудани дараҷаи таснифи фаъолияти меҳнатӣ, ки дар оянда даркор мешавад ва ба ҳаҷму давомнокии фаъолияти меҳнатӣ худро тайёр намудани ҷавонон. Дар ин давра ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аввал соҳаи фаъолиятро (табиб шудан мехоҳам) муайян мекунанд ва баъд дараҷаи онро бо гурӯҳҳо ҷудо мекунанд (табиби муолиҷаи соҳаи чашм ё дандон мешавам) ё баръакс аввал дараҷаи фаъолиятро муайян намуда, баъд касбро нишон медиҳанд (ба донишкадаи тиббӣ меравам, баъд ягон касби махсусро интихоб мекунам.)
Барои дуруст интихоб намудани касб, ки он ба шавқу ҳавас вобаста аст, ҷиҳатҳои иқтисодии оила, дараҷаи тайёрии таълимӣ ва ҳолати саломатӣ ва ғайраҳо саҳми муҳим мебозад. Он хонандае, ки таълимро дар мактабҳои махсуси касбӣ давом додани аст ё ба кор ба истеҳсолот рафтанӣ аст, бояд пешакӣ муайян намояд, ки ба кадом мактаби касбӣ ё ба кадом кор машғул мешавад.
Аз ин ҷиҳат, барои минбаъд баланд бардоштани тайёрии меҳнатӣ ва ба касбу ҳунар шавқмандгардонии хонандагон дар консепсияи мактаби миллии тоҷик гуфта шудааст, ки: «Дар комбинатҳои таълимӣ –истеҳсолии байнимактабӣ ташкил намудани тамоилҳои физикаю математика, физикаю техника, техника ва технологияи меҳнат ва ғайра Айни муддаост».
Ҳамчунин барои Рушду камоли истеъдод ва маҳорату малакаҳои касбии хонандогон дар соҳаҳои гуногун дар консепсияи мактаби миллии тоҷик аҳамияти калон дода шудааст. Мувофиқи он хонандагон метавонанд аз таълим ҷудо нашуда донишу маҳорат ва малакаи касбии худро дар рафти таълими фанҳо дар мактаб баланд бардоранд. Аз тарафи дигар, хонандагон метавонанд берун аз соатҳои дарсӣ, яъне дар вақтҳои холигӣ барои Рушду камоли қобилияти касбии худ дар мактабҳои зерини хусусӣ таҳсил намоянд:
А) мактабҳои хаттотӣ; б) мактабҳои кандакорӣ; в) мактабҳои наққошӣ; г) мактабҳои гилкорӣ ва кулолӣ; д) мактабҳои мусиқӣ; е) мактабҳои шашмақомхонӣ, фалаксароӣ, роғ, гӯрӯғлихонӣ; ё) мактабҳои заргарӣ; ҷ) мактабҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ; з) мактабҳои муолиҷаи халқӣ ва ғайра.
Албатта, дар сурати амалӣ шудани нуқтаҳои асосии консепсияи мактаби миллии тоҷик барои эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва аз бар кардани онҳо имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад. ин дар навбати худ тарбияи меҳнатӣ ба интихоби касбу ҳунари хонандагон мусоидат мекнад.
Интихоби касб ба наврасон ва ҷавонон имконият медиҳад, ки онҳо дар бора иолами касбҳо, нисбат ба ин касбҳо чӣ гунна талаботҳо ҳастанд, касби интихобкардаи онҳо ба халқ чӣ гунна фоида меорад, маълумот гирифта дар бораи худ, ҳавасҳо ва қобилиятҳои худ чуқуртар фикр кунанд, ки оё аз ӯҳдаи иҷрои он баромада метавонад ё не.
Қобили қайд аст, ки хонандагони синфҳои болоӣ ба интихоби касбу ҳунар ба таври интихобӣ муносибат мекунанд. Шумораи зиёди хонандагони синфҳои болоӣ қиммати иҷтимоии ҳар як ихтисосро ба ҳисоб гирифта ин ё он касбу ҳунарро интихоб мекунанд. Қисми хонандагон бошанд ба қиммати иҷтимоии ин ё он ихтисос он қадар нигоҳ накарда касбу ҳунарро интихоб мекунанд.
Доир ба ин масъала В. Шубкин дар давраи шӯравӣ тадқиқот гузаронида нишон медиҳад, ки хатмкунандагони мактаби миёна ба ихтисосҳои соҳаи физика, математика, ҳавопаймоӣ, тиббӣ, кормандони соҳаи адабиёт ва санъат баҳои баланд дода онҳоро пурарзиш мешуморанд. Вале ба ихтисосҳои соҳаи хизмати маишӣ (фурӯшанда, коркунони хӯроки умумӣ, муассисаҳои коммуналӣ, дӯзандагӣ ва ғайраҳо) инчунин, ихтисоси ҳисобчӣ, ҳуҷҷатттаӣёркунӣ ва иқтисодчӣ аҳамияти кам медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки на ҳамаи хонандагон мактабро хатм карда истода ин ё он ихтисосро дуруст ва бошуурона интихоб мекунанд. Аз рӯи маълумотҳои ба даст овардаи равоншиносон маълум мешавад, ки дар нимаи соли хониш аз 65 то 85 фоиз хонандагон дар интихоби ихтисоси ояндаашон ноустуворӣ зоҳир карда, ақидаашонро дигар мекунанд. Масалан, тасаввуроти хонандагон дар бораи касбу ҳунар бисёр хира аст: «Манн намедонам кадом ихтисос хуб аст, зеро дар хусуси ихтисосҳо тасаввуроти казоӣ надорам», «Касбҳо хеле бисёранд, лекин намедонӣ кадомашро интихоб кунӣ», «Манн баъд хонданро идома медиҳам, вале дар куҷо бояд хонам, ин чиз то ҳол ба манн равшан нест», «Чӣ гунна ихтисосро интихоб кунам то ҳол барои худ муайян накардаам».
Натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон сол ба сол ба касбҳое, ки меҳнати фикриро (ақлиро) талаб мекунанд, бештар мароқ зоҳир мекунанд, вале ба касбҳое, ки меҳнати ҷисмониро талаб мекунад кам аҳамият медиҳанд. Зиёда аз 80 фоизи ҷавонон, хатмканандагони мактабҳои маълумоти умумӣ хоҳиши дар донишкадаҳои олӣ, ё мактабҳои махсуси касбӣ давом додани таҳсилро доранд.
Интихоби касб ва дараҷаи амалӣ гаштани нақшаҳои ҳаётии хонандагони синфҳои болоӣ аз шароити иҷтимоӣ, аз дараҷаи маълумотнокии падару модарон вобастагии калон дорад. Ҳар қадаре ки волидон бомаърифат бошанд, ҳамон қадар дар фарзандон имконияти таълимро дар мактабҳои олӣ ё миёнаи махсус давом доданро метезонанд ва нақшаҳои ҳаётии ҷавонон бештар амалӣ мегардад.
Интихоби касб на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, инчунин масъалаи психологӣ низ мебошад. Аввалан интихоби касб ба хусусиятҳои фардӣ-психологии шахс вобаста буда, баъдан аз қобилиятҳои шахс, ки ба кадом сифатҳо дар ӯ бештар ташаккул ёфтааст ва дар ҳолати сеюм ба ягонагии шуур ва фаъолияти шахс вобаста мебошад.
Интихоби касб ҷараёни мураккаб ва дуру дароз буда, на танҳо аз рӯи давомнокӣ, балки аз рӯи якчанд давраҳо муайян карда мешавад. мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар оилаҳои зиёиён волидон ҳар чӣ қадар барвақттар мехоҳанд, ки фарзандашон ягон касбро интихоб карда истеъдоди худро дар ҳамин соҳа такмил дибад. Чунин муносибати падару модар ба он оварда мерасонад, ки дар бачаҳо ҳаваси худмуайянкунии тахассусӣ суст мешавад, аз ҳамин гунна шуғлҳо даст мекашанд, ба ташвиш меоянд ва ихтиёрона касби дилхоҳро интихоб карда наметавонанд.
Бояд қайд кунем, ки аз як тараф интихоби барвақтии касб таъсири мусбӣ расонад ва аз тарафи дигар агар наврас барвақт ба ягон касб майл пайдо кунад аз дигар фаъолиятҳо дур шуда, фаъолияти таълимиаш суст мешавад.
Барои дуруст ва бошуурона интихоб намудани касб роли ахбротрасонӣ ба хонандагони синфҳои болоӣ аҳамияти калон дорад. Зеро ҷавонон дар бораи доираи касбҳо маълумоти мушаххас надоранд ва то чӣ андоза интихоби бошууронаи касбу ҳунар ба ҷамъият аҳамиятнок аст, ба дараҷаи лозимӣ маълумот надоранд. Аз ин рӯ, саҳми мактаб, роҳбари синф, ташкилотчии мактаб калон буда ба ҷавонон барои бошуурона интихоб намудани касб корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, шабҳои саволу ҷавоб, шабнишиниҳо, вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаҳои гуногун гузаронида, ба истеҳсолот, заводу фабрикаҳо, колхозу савхозҳо саёҳат ташкил кунанд.
Тайёрии ҷавонон ба меҳнат ва интихоби касб кори муҳими давлатист ва аз хурдӣ бояд кӯдакон, наврасон ва ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намоем. Аз ин рӯ, хонандагонро вобаста ба синнусол ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ сафарбар намудан ва интихоби бошууронаи касбро тарбия намудан лозим аст.
Зимнан, бояд ошкор намоем, ки барои чӣ хонандон гоҳо дар интихоби касбу ҳунар ба саҳву хатогиҳо роҳ медиҳад;
Дар хусуси олами касбу ҳунар дониш ва тасаввуроти аниқ надорад;
Аҳамияти иҷтимоии ин ё он касбу ҳунарро хуб дарк карда наметавонанд;
Душворию мушкилоти ҳар як касбу ҳунарро дуруст ва бошуурона муайян намекунанд
Имконоту лаёқат, қобилият, шавқу ҳавас ва ваҷҳҳои касби худро ба таври сатҳӣ интихоб мекунанд;
Ба моҳияти ҷохилии ихтисос сарфаҳм нарафта бештар ба ҷиҳати зоҳирии он нигоҳ карда касбро интихоб мекунанд;
Дар зери таъсири ҳамсолон, иҳотакардагон ва волидон касберо интихоб мекунанд.
Албатта барои дуруст ба роҳ мондани интихоби масъалаҳои касбу ҳунар танҳо мактаб аз ӯҳдаи ҳалли масъалаи интихоби касб баромада наметавонад. Барои ин лозим аст, ки муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, оилаю мактаб ҳамкорӣ кунад.
Албатта, барои бошуурона интихоб кардани касбу ҳунар шартҳои зерини психологиро ба роҳбарӣ гирифтан зарур аст. Дар хусуси касбу ҳунар ихтисосҳо ба хонандагон маълумоти муайян додан; бо намояндагони касбу кори гуногун ва ихтисосмандҳо вохӯриҳо ташкил кардан; ташкил кардани саёҳат ба колхозу савхозҳо, ба таъмиргоҳҳои техникӣ, муассисаҳои истеҳсолӣ. Ташкили рӯзҳои дари кушод дар мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо;
– Оростани намоишгоҳҳои китоб, дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ташкил кардани рӯзҳои маслиҳатдиҳӣ; ташкил кардани шароити корӣ дар комбинатҳо, боғот, устохонаҳои таълими заводу фабрикаҳо ва мунтазам баланд бардоштани савияикасбии хонандагон.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ талабот ба кадрҳои коргарӣ хеле афзуда истодааст. Барои он ки Тоҷикистон ба ҷумҳурии аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват табдил ёбад, лозим аст, ки вобаста ба талаботи хоҷагии халқ нигоҳ карда, кадрҳои коргар тайёр карда шавад;
Тайёр кардани муҳандисон ва коргарон дар соҳаи саноати сабук ва вазнин;
Тайёр кардани муҳандисон ва кадрҳои баланихтисос дар соҳаи ва ба танзимдории барқ таъминкунии аҳолӣ;
Барои ривоҷу равнақи нақлиёти ҳавоӣ ҳавопаймоиҳо бортинҷенерҳо, механикҳо тайёр кардан;
Дар соҳаи кишоварзӣ агрономҳои баландихтисос, тухмшиносон, духтурҳои ҳайвонот;
Дар соҳаи канданиҳои зеризаминиро муоина карда тарзи коркард ва истифодаи онро муайян кунад;
Тоҷикистон, ки асосан кишвари истеҳсолкунандаи манбаи ашёи хом аст, лозим аст, ки ашёи хом дар қаламравии ҷумҳурӣ кор карда шавад ва маҳсулоти ниҳоии он ба фурӯш барофарда шавад
Дар базаи заодҳои пахтатозакунӣ кушодани корхонаҳои муштарак зарур аст, ки талаботи аҳолиро бо маводи хӯрокӣ ва моли ниёзи мардум таъмин карда тавонад, барои ин дар назди ҳар як заводи пахтатозакунӣ, корхонаи равғанкашӣ, собунбарорӣ ва ғайра сохтан зарур аст.инчунин корхонаҳои муштаракӣ ресандагӣ ва бофондагию дӯзандагӣ сохта, маҳсулоти он ба худи аҳолии ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шавад.дар ин хусус таҷрибаи ба дастовардаи иттиҳодияи пахтатозакунии ноҳияи восеъ шоистаи дастгирист. Чанд со ласт, ки таҳти роҳбарии С.Фазлидинов дар иттиҳодия корҳои хеле муфид ба ҷо оварда шудааст.

Дар баробари ба касбу ҳунар шавқмандкунонии хонандагони синфҳои болоӣ ва аз ҳаёти мустақилонаи оилавӣ омода намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими педагогию психологӣ мебошад. Барои ҳаматарафа ба ҳаёт зиндагии оилавӣ тайёр шудани ҷавонон дар мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорию тиббӣ
фанни «Одоби оиладорӣ» ҷорӣ карда шудааст, ки мақсади таълими ин фан имконият медиҳад, ки ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ, ба вазифаи заношӯӣ, падарию модарӣ тайёр шуда, дар бораи оила ва масъалаҳои имрӯзаи он шинос мешаванд, дар муносибатҳои оилавӣ- никоҳӣ маълумот гирад ва тарбияи насли наврасро дуруст ба роҳ монад. Инчунин сифатҳои оиладори ояндаро дар худтарбия намуда, дар интихоби рафиқи ҳаётии худ ба хатогтҳо роҳ надиҳанд. Барои ҳаматарафа тайёр кардани ҷавонон чунин масъалаҳо; муносибати маънавӣ-эстетикӣ, иҷтимоии психологӣ, биологию физиологӣ, хоҷагӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аҳамияти калон дорад. Омӯзиши ин масъалаҳо ба ҷавонон имконият медиҳад, ки таърихи пайдоиш ва инкишофи оила вазифаҳои асосии он, тарзи ташкили хоҷагии оила, расму оинҳо ва анъанаҳои миллии оиларо ба хубӣ донад, ахлоқи ниёгонро риоя кунанд, бо одамони дигар тарзи муносибати маданӣ ва муоширатро риоя карда, аз ҷиҳати иҷтимоӣ, моддӣ, психологӣ худро то андозае ба зиндагӣ тайёр кунанд.
Мушоҳидаҳо ҳаминро собит мекунад, ки қисми зиёди ҷавонон ба моҳияти оилаю оиладорӣ сарфаҳм намераванд, худро дар назди ҷамъият ва тарбияи кӯдак масъул намешуморанд, ба масъалаҳои хоҷагӣ-иқтисодии оила диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Дар шароити кунунии ҷамъият қайди ақди никоҳи ҷавонон дар асоси муҳаббати тарафайн ва розигии ҳар ду ҷавон гузарад ҳам пойдории оиларо ташкил карда наметавонад. Чунин вазъиятро равоншиносон ва ҷамъиятшиносон ба мураккабшавии ҳаёт зиндагӣ, ақидаю одатҳои ҷавонон ва хусусиятҳои фардӣ-психологии онҳо нисбат медиҳанд. Дар шароити кунунӣ пояи муҳаббат, дӯстдорию вафодории ҷавонон суст шуда истодааст.ин сабаб дорад. Аз як тараф, ҷавонон ба фаҳми муҳаббату дӯстдорӣ дуруст сарфаҳм намераванд, ва аз тарафи дигар ба бою ғанӣ гардидани олами маънавии худ кам аҳамият медиҳанд.
Маълум аст, ки ҳаёти ҷавонон дар ин давра пурэҳсос ва тобишҳои эмотсионалӣ дошта, пур аз ҳавасҳо, ва хаёлҳои ширину ранги наст. Онҳо ҳаёт, зиндагиро аз паси айнакҳои «гулобӣ» рангину шавқовар тасаввур карда, ба масъалаҳои хоҷагӣ-иқтисодии оила, дуюминдараҷа баҳо медиҳанд, маҳорат ва малакаҳои меҳнати оилавӣ-маиширо дар ҳаёт ва муносибатҳои оилавӣ зарур намеҳисобанд.
Бояд гуфт ки кори оид ба тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ натанҳо кори ҷонии муаллимон, балки кори умумипедагогӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони синфҳо мебошад. Чунки масъалаи тайёрии ҷавонон дар ҳаёти мустақилонаи оилавӣ дар чорабиниҳои беруназмактабӣ ва беруназсинфӣ конфронси хонандагон, вохӯриҳо, ташкили мубоҳисаҳо, шабҳои саволу ҷавоб, сӯҳбатҳои гурӯҳию фардӣ дар мусобиқаҳо ва ташкили намоишгоҳҳои дастони моҳир давом карда,дар соатҳои тарбиявӣ ба нақша дароварда мешавад.

Саволҳо барои такрор ва мустаҳкамкунӣ

Масъалаи ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъдаи ҷавонон дар тадқиқотҳои кадом равоншиносон Омӯхта шудааст?
Орзую идеалҳои ҷавонон чӣ гунна аст?
Нақшаи ҳаётии наврасон ва хонандагони синфҳои болоӣ чист?
Нақшаҳои ҳаётӣ аз орзуҳои фаъол ва орзуҳои пухта чӣ фарқ дорад?
Барои чӣ худмуайянкунии ҷавонон худмаҳдудкуниро ба вуҷуд меорад?
Давраи якуми худмуайянкунии касбӣ чӣ гунна аст?
Давраи дуюм-фантазияи наврас чӣ гунна аст?
Давраи сеюм чӣ?
Давраи чорум-қарори қатъӣ қабул кардан чӣ гунна аст?
Оиди ба касбу ҳунар шавқмандгардонии хонандагон дар консепсияи мактаби Милли тоҷик чӣ гуфта шудааст?
Интихоби касб ба наврасону ҷавонон чӣ имконият медиҳад?
Маълумотҳои равоншиносон оиди интихоби касб барои хонандагони синфҳои болоӣ чист?
Натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ чиро нишон дод?
Масъалаи психологии интихоби касб ба чӣ вобаста аст?
Интихоби барвақти касб ба хонандагон чӣ гунна таъсир мерасонад?
Барои чӣ хонандагон гоҳо дар интихоби касбу ҳунар ба хатогиҳо роҳ медиҳанд?
Барои бошуурона интихоб намудани касбу ҳунар кадом шартҳои психологиро ба роҳбарӣ гирифтан зарур аст?
Барои он ки Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват гардад чӣ гуна ихтисосмандонро бояд тайёр кард?
Ҷавононро ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ чӣ тавр бояд омода кард?
Барои чӣ қисми зиёди ҷавонон барои оила пойдор намудан тайёр нестанд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.