Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Муаммоҳои инкишофи руҳӣ ва ташаккули шахсият дар равоншиносии синну солӣ

Инкишофи руҳии инсон ва ташаккули шахсияти ӯ ба бисёр шарту омилҳои биологӣ ва ичтимоиро низ бояд қайд кард.
Дар ҳалли ин масъала нуқтаи назари ҳамаи олимонро бояд эътироф карда, ки масъалаи инкишофи руҳиро аз нигоҳи диалектикӣ баррасӣ карда, таъсири омилҳои биологӣ ва ичтимоиро дар ягонагӣ мефаҳманд ва дар он муносибатҳои ҷамъиятиро асосӣ медонанд.Мақсад: бо донишҷӯён назарияҳои мавҷударо доир ба қонуниятҳои асосии инкишофи руҳӣ таҳлил намуда, сарчашма ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи руҳиро нишон додан; давраҳои асосии инкишофи руҳиро муайян кардан.
Мафҳумҳои асосӣ: инкишофи руҳӣ, омилҳои биологӣ, омилҳои ичтимоӣ, сарчашма ва қувваи инкишофи руҳӣ, минтақаи наздиктарини инкишоф, интериоризатсия, экстериоризатсия, фаъолияти асосӣ, фаъолияти пешбаранда.
НАҚША:
1. Муаммоҳои инкишофи психикӣ дар равоншиносӣ.
2. Замина ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи инкишофи руҳӣ.
3. Давраҳои синну солии инкишофи руҳӣ.
Мавзӯи сарчашма ва қонуниятҳои инкишофи руҳӣ муҳимтарин масъалаи равоншиносии синну сол ба ҳисоб меравад.
Инкишофи руҳии инсон ва ташаккули шахсияти ӯ ба бисёр шарту омилҳои биологӣ ва ичтимоиро низ бояд қайд кард.
Дар ҳалли ин масъала нуқтаи назари ҳамаи олимонро бояд эътироф карда, ки масъалаи инкишофи руҳиро аз нигоҳи диалектикӣ баррасӣ карда, таъсири омилҳои биологӣ ва ичтимоиро дар ягонагӣ мефаҳманд ва дар он муносибатҳои ҷамъиятиро асосӣ медонанд.
Хусусиятҳои табии ё биологӣ асоси табии одамро ташкил карда, моҳияти шахсро сифатҳои ичтимоии ӯ муайян мекунад.
Л.С.Вқготский дуруст қайд кардабуд, ки одам ҳамчун шахс зери таъсири ҳалкунандаи муҳити ичтимоӣ ташаккул меёбад. + масъалаҳои таносуби омилҳои биологӣ ва ичтимоиро дар инкишофи руҳӣ тадқиқ карда, нишон дода буд, ки функсияҳои олии психикаи инсон дар асоси шароитҳои таърихӣ – ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд.
Инчунин дар ташаккули хосиятҳои руҳии инсон (равандҳои маърифатӣ) мавқеи муоширатро бояд махсус қайд кард. Хусусиятҳои руҳии инсонро аломатҳои ичтимоӣ ё маъданӣ муайян мекунанд, ки дар байни онҳо забон (нутқ) аз ҳама муҳим аст.
Барои аниқ фаҳмидани қонуниятҳои инкишофи руҳӣ сарчашма ва қувваи ҳаракатдиҳандаи онро донистан зарур аст.
Қонуни диалектика инкишофро ҳамчун муборизаи бо ҳам зидҳо нишон дода, сарчашмаи онро дар зиддияте, ки ба вуҷуд омада, бартараф карда мешавад, мебинад.
Дар ҳамаи давраҳои синну солӣ ин зиддиятҳо мавҷуданд, ки хусусиятҳои ба худ хосро соҳибанд. Чунин зиддиятҳои диалектикӣ, ки дар ҷараёни таълиму тарбия ба вуҷуд омада, бомуваффақият бартараф карда мешаванд, қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи руҳии бачагонро ташкил медиҳанд.
Инчунин дар фаҳмиши инкишофи руҳи ба вуҷудоии тағйротҳои миқдорӣ ва сифатиро ба назар гирифтан лозим аст.
Мувофиқи принсипҳои ягонагии шуур ва фаъолият ва дар фаъолият инкишоф ёфтани руҳ, руҳу фаъолият дар ягонагӣ воҷуд дошта, фаъолият шарти асосии зуҳурот ва ташаккули равандҳои психологӣ ва хусусиятҳои шахсӣ мебошад. Аз ин ҷо инкишофи руҳӣ берун аз фаъолият вуҷуд дошта наметавонад. Азбаски фаъолият ба мақсади муайян муттаҳидро дар назар дорад, ташаккули фаъолият азхудкунии амалҳоро металабад. Беш аз ҳама таносуби байни амалҳои берунӣ ва дохилиро бояд ба эътибор гирифт.
Ҷараёни аз амалҳои берунию предметӣ ба амалҳои дохилии фикрӣ гузаштанро интериоризатсия меноманд. Дар ин ҷо амалҳои тахминкунӣ мавқеи колон доранд.
Ҷараёни дар асоси амалҳои дохилӣ, фикрӣ иҷро шудани амалҳои берунии предметиро экстериоризатсия меноманд.
Ба туфайли интериоризатсияю экстериоризатсия кӯдак амалҳои берунию дохилиро таҳти роҳбарии калонсолон ёд мегирад, ки ин боиси инкишофи руҳӣ ё ташаккули фаъолияти ӯ мегардад.
Азхудкунии фаъолият ба фаъолнокии шахс низ вобаста аст. Сарчашмаи фаъолнокиро ваҷҳҳо ташкил медиҳанд. Инчунин намуди пешбарандаи фаъолиятро низ фарқ мекунанд, ки шарти асосии самаранок инкишоф ёфтани руҳ ва хусусиятҳои психологии бачагон дар ин ё он давраи синну солӣ мебошад.
А.Н.Леонтев қайд мекунад, ки ба туфайли инкишофи фаъолияти пешбаранда дар психикаи кӯдак муҳимтаринтағйротҳо ба амал меоянд, ки гузариши ӯро ба зинаи наву баланди тараққиёт таъмин менамоянд.
Ҷиҳати муҳими намуди пешбарандаи фаъолият он аст, ки ба зуҳуроти навовариҳои синну солӣ мусоидат менамояд ва гузариш аз як фаъолияти пешбаранда ба фаъолияти дигари пешбаранда сабаби бадалшавии давраи синну солӣ мегардад.
Мувофиқи хулосаҳои илми равоншиносии муосир инкишофи руҳӣ ҷараёни аз тарафи фард аз худ кардани таҷрибаи ичтимоӣ буда, дар фаъолият ва тавассути он ба амал ва дар он таълиму тарбия роли ҳалкунандаро мебозад.
Равоншиносӣ таълимро чун раванди махсус ва муташаккили ба насли наврас омӯзонидани таҷрибаи таърихӣ ва маданияти инсонӣ нишон медиҳад. Дар ташаккули шахсияти инсон тарбия низ мавқеи пешбаранда дорад.
Олими намоёни Шӯравӣ Л.С.Виготский, С.Я.Рубинштейн, А.Н.Леонтев, Н.А.Менгинская, В.В.Давидов дар муайян намудани мавқеи таълиму тарбия дар инкишофи руҳии бача саҳми босазо гузоштаанд.
Л.С.Виготский вобастагии таълиму инкишофро нишон дода, назарияи «таълиму инкишофдиҳанда»-ро пешниҳод кардааст. + дар ташкили таълими бо мақсад донистани инкишофи бача: дараҷаи актуалӣ ва минтақаи наздиктаринро муҳим мешуморад.
Равоншиносии илми ба таълимоти Л.С.Виготский такя карда, мавқеи таълиму тарбияро дар инкишофи руҳии бачагон махсус қайд мекунад. Ҳамин тавр инкишофи руҳӣ ва хусусиятҳои шахсии бача ҷараёни ниҳоят мураккабу гуногунсоҳа буда, ба ҳисоб гирифтани шароитҳои мухталифи психологиро талаб мекунад.
Проблемаи ба давраҳо ҷудокунии инкишофи руҳӣ яке аз муҳимтарин проблемаи фанни равоншиносии синну сол ба шумор меравад. Хусусиятҳои давраҳои синну солиро надониста ягон масъалаи инкишофи маърифитӣ ва ташаккули шахсияти бачагонро дуруст ҳал кардан инконнопазир аст.
Ин аст, ки асари олимоне, ки бо инкишофи кӯдак сару кор доштанд, ба монанди Арасту, Абӯали ибни Сино, Л.А.Каменский, ҶҶ.Руссо, А.Дистервич, Ҷ.Пиансев, А.Хазелл, А.Валлон, П.П.Блонский, Л.С.Виготский, А.Н.Монтҳев, Л.И.Боҷович, Д.Б.Элҳконин ва дигарон синну солро ба давраҳо ҷудо намуданд. Онҳо дар ин масъала принсипу меъёрҳои мухталифро ба асос гирифтаанд. Бо вуҷуди нави ин проблема дар маркази диққат олимон хоҳанд монд.
Дар солҳои охир илми равоншиносӣ дар масъалаи ба давраҳои ҷудокунии синну сол ба принсипҳои таърихӣ ва фаъолият такя мекунанд, ки аз тарафи олими маъруф П.П.Блонский, Л.С.Виготский, С.Я.Рубинштейн, А.Н.Леонтев ва Д.Б.Элҳконин тасдиқ шудааст, ҳақ бар ҷониби Л.С.Виготский аст, ки маҳз ҷараёни инкишоф бояд асоси ба давраҳо ҷудокунии синну сол гардад.
Синну сол зинаи сифатан махсуси инкишофи онтогенезии инсон мебошад, ки ба қонуниятҳои ташаккули организм ва шароитҳои таълиму тарбия вобаста буда, моҳияти мушаххасу таърихӣ дорад. Мувофиқи таълимоти Л.С.Виготский ҳар як синну соли минбаъда аз пештара бо навовариҳо фарқ мекунад.
Л.С.Виготский муҳити ичтимоиро ҳамчун манбаи инкишофи руҳӣ ҳисобида, мафҳуми «вазъи ичтимоии инкишоф»-ро ҷорӣ намудааст. Дар давраи синну солӣ байни кӯдакону муҳити атроф муносибати ба худ хоси ягонаву нотакрор ташаккул меёбад, ки муносибати ичтимоӣ буда, ҷараёни инкишофи фардро муайян намояд. Вазъи ичтимоии инкишоф барои ба вуҷуд омадани навовариҳои психологӣ мусоидат менамояд.
Мувофиқи фаҳмиши Л.С.Виготский навоварӣ ҳамон типи нави таркиби шахсияту фаъолият ва дигаргуниҳои руҳию ичтимоиро ташкил мекунад, ки дар ин ё он зинаи синну солӣ бори аввал ба вуҷуд омада, тамоюлоти шуур, муносибати фардро ба муҳит, ҳаёти ботинию берунӣ, хуллас равиши инкишофро муайян мекунад.
Дар коркарди проблемаи ба давраҳои ҷудошавӣ А.Н.Леонтев саҳми арзанда гузоштааст. + асоси ба давраҳо ҷудошавии синну солро бадалшавии намудҳои пешбарандаи фаъолият мебинад ва фаъолиятро қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи руҳии бача меҳисобанд. А.Н.Леонтев дар хусуси мавқеи бӯҳрон дар инкишофи бача истода, ногузирии онро эътироф намекунад. + таъкид мекунад, ки дар инкишофи бӯҳрон не, балки гардиш дигаргуниҳои сифати ногузиранд.
Баръакс бӯҳрон, ин шоҳиди сари вақт ба амал наомадани гардиш мебошад.
Д.Б.Элконин ба назарияи А.Н.Леонтев такя намуда, дар асоси бадалшавии намудҳои пешбарандаи фаъолиятинкишофи руҳии бачагонро ба давраҳо ҷудо намудааст. Ба давраҳо ҷудокунии синну сол на танҳо мери психологӣ, балки педагогиро низ истифода мебаранд. Асоси онро сохти системаи маориф ва типҳои муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ ташкил мекунад.
Давраи то мактабӣ ба се зинаи синну солӣ ҷудо карда мешавад:
1. Синни тифлӣ аз дами таваллуд то як солагиро дар бар мегирад.
Дар он давраи навзодиро ҷудо мекунад, ки то 1 – 2 моҳагии кӯдакро дар бар мегирад.
2. Синни барвақти кӯдакӣ ё давраи пеш аз то мактабӣ аз 1 то 3 солагиро дар бар мегирад.
3. Синни то мактабӣ аз 5 то 7 солагиро дар бар мегирад.
Давраи мактабӣ низ ба се зинаи синну солӣ ҷудо карда мешавад:
1. Синну соли хурди то мактабӣ, 7 то 11-12 солагиро дар бар мегирад, ки вай бо синфҳои ибтидоӣ (1 – 4) мувофиқат мекунад.
2. Синну соли наврасӣ ё синни миёнаи мактабӣ аз 11 – 12 то 14 – 15 солагиро дар бар мегирад ва бо синфҳои 5 – 8 мувофиқат мекунад.
3. Синну соли навҷавонӣ ё синни калони мактабӣ аз 15 то 17 – 18 солагиро дар бар мегирад. Бачагони ин давра дар синфҳои 9 – 11 ё омӯзишгоҳҳо таҳсил мекунанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.