Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Мафҳуми мизоч ва намудҳои он

Асрори табиати инсон, сабабхо ва маромхои рафтори ў аз кадим диккати одамонро ба худ чалб мекард. Инсоният кўшиш менамуд одамонро аз рўи табиаташон ва хусусиятхои хоси ба хам монандашон ба гурўххо чудо намояд, то рафтори онхоро дар вазъиятхои мушаххаси хаёти пешгўи намудан мумкин бошад.Нақша:

Назарияхо оид ба мизоч
Таълимоти илмии И.П.Павлов оиди мизоч
Типхои асосии мизоч
1. Асрори табиати инсон, сабабхо ва маромхои рафтори ў аз кадим диккати одамонро ба худ чалб мекард. Инсоният кўшиш менамуд одамонро аз рўи табиаташон ва хусусиятхои хоси ба хам монандашон ба гурўххо чудо намояд, то рафтори онхоро дар вазъиятхои мушаххаси хаёти пешгўи намудан мумкин бошад. Оид ба мизоч назарияхои мухталиф вучуд доранд, ки мухимтаринашон дар схемаи дар поён овардашуда тасвир ёфтаанд.

Аввалин тавсифи мизочро ханўз асри панчи пеш аз мелод хаким ва табиби юнони Гиппократ пешниход намуда буд. Ба андешаи ў, дар организми инсон чор моеъи асоси вучуд доранд: хун, зарда, зардаи сиёх ва балгам. Омезиши онхо дар бадани инсон бо таносубхои гуногун мизочи ўро муайян месозад. Худи калимаи «темперамент» (мизоч) аслан лотини буда, маънояш мувофикати кисматхост. Бартарии яке аз ин моеъхо дар организм мизочи одамро муайян менамуд. Гиппократ одамонро мувофик ба чор намуди моеъхои зикргашта ба чор гурўхи мизочхо таксим намуд: сангвиникхо (аз лот. sangғis – хун), холерикхо (аз юн. сholӯ – зарда), меланхоликхо (аз юн. mӯlania cholӯ – зардаи сиёх) ва флегматикхо (аз юн. fhlӯgma – балгам). Гиппократ ба хар якеи ин намудхои мизоч хусусиятхои хосро нисбат медод.
Таълимоти дигари машхурро дар бораи мизоч физиологи рус И.П. Павлов пешниход намуд. Мувофики таълимоти ў, мизочи инсон аз хосиятхои системаи асаби ў вобаста аст. И.П. Павлов се хосияти асосии системаи асабро чудо намуд:
– кувваи протсессхои асаби, ки дар кобилияти тоб оварда тавонистани хучайрахои асаби ба таъсироти пуршиддат ва бардавоми ангезандахо ифода меёбад, ки ин кобилияти кории хучайрахои асабиро муайян мекунад;
– сустии протсессхои асаби бо хусусияти ба хаячон ва боздории бардавом мутамарказонидашуда тоб оварда натавонистани хучайрахои асаби тавсиф дода мешавад. хангоми таъсир кардани ангезандахои хеле зўр хучайрахои асаби зуд ба боздории химоякунанда мегузаранд. Ба хамин тарик, дар системаи асаби суст хучайрахои асаби бо кобилияти пасти кори доштанашон фарк мекунанд, кувваи онхо зуд сарф мешавад. Дар баробари ин, системаи асаби суст кобилияти хискунандагии баланд дорад ва хатто ба таъсиркунандахои суст хам чавоб мегардонад.
– мувозинати протсессхои асосии асаби , яъне мутаносибии хаячон ва боздори хосияти мухими фаъолияти олии асаб мебошад. Дар баъзе одамон ин ду протсесс дар мувозинат мебошанд, дар дигарон чунин мувозинат мушохида намешавад. Ё протсесси хаячон ё протсесси боздори бартари дорад;
– серхаракатии протсессхои асосии асаби бо кобилияти ба осони якдигарро иваз намудани хаячон ва боздори, зуд ба вучуд омадан ва катъ гардидани ин протсессхо (дар холате, ки инро шароити хаёт талаб мекунад), бо суръати харакати пртсессхои асаби (пахншави ва гуншавии хаячон), ба чавоби ангезанда зуд пайдо шудани протсесси асаби ва хосил шудани алокахои муваккатии нав ва хосилшавию тагйирёбии стереотипи динамики тавсиф дода мешавад.
И.П. Павлов дар асоси ин хосиятхои системаи асаб чор типи зерини системаи асабро чудо намуд, ки ба андешаи ў, ба чор типи мизочи тавсифнамудаи Гиппократ мувофик хастанд:
Типи зўри дар мувозинатбудаи серхаракат (сангвиникхо). Протсесхои боздори ва хаячон зўр ва дар мувозинатбуда, вале зудию харакаткунии онхо зуд-зуд иваз шудани протсессхои асаби ба нисбатан босуръат гардидани хосилшавию нисбатан ноустувор гардидани протсессхои асаби меоварад.
Типи зўри дармувозинатнабудаи серхаракат (холерикхо). Системаи асабашон зўр, вале протсессхои асосии асаби дар мувозинат намебошанд, яъне ин тип бо бартари доштани протсесси хаячон бар протсесси боздори тавсиф дода мешавад.
Типи зўри дармувозинатбудаи сустхаракат (флегматикхо). Протсессхои асабии зўру дармувозинатбуда бо камхаракатии худ фарк мекунанд. Намояндагони ин тип зохиран хамеша орому вазнин буда, бо душвори ба хаячон меоянд.
Типи суст (меланхоликхо). Намояндагони типи сусти системаи асаб ба ангезандахои зўр, дарозмуддат ва мутамарказонидашуда тоб оварда наметавонанд. Протсессхои хаячон ва боздори суст мебошанд. хангоми таъсир кардани ангезандахои зўр ташкилёбии рефлексхои шарти боздошта мешавад. Дар баробари ин, нисбат ба таъсири ангезандахо хассосии нозук мушохида мешавад.
Типи фаъолияти олии асаб ба омилхои ирсии табии тааллук дошта, хосияти модарзодии системаи асаб мебошад. Дар заминаи муайяни физиологи системахои гуногуни алокахои муваккати хосил шуда метавонанд, яъне ин алокахои муваккати дар рафти хаёти одамони гуногун хар хел ташаккул ёфта метавонанд ва типи фаъолияти олии асаб махз дар хамин зохир мешавад. Мизоч – ин зухуроти типи фаъолияти олии асаб дар фаъолияту рафтори одам мебошад.
Хусусиятхои фаъолияти психикии одам, ки рафтор, одат, шавку хавас ва донишхои ўро муайян мекунанд, дар рафти тачрибаи фардии одам ва дар чараёни тарбия ташаккул меёбанд. Типи фаъолияти олии асаб рафтори одамро ба худ хос мегардонад, ба тамоми симои одам таъсир мегузорад, харакатноки ва устувории пртсессхои психикии ўро муайян мекунад, вале дар баробари ин рафтор, эътикод ва асосхои ахлокии одамро харгиз муайян намекунад.
– мизоч – ин тавсифоти динамикии фаъолияти психикии фард аст (С.Л. Рубинштейн);
– мизоч – ин мувофикати конуниятии хусусиятхои устувори фард аст, ки тарафхои гуногуни динамикаи фаъолияти психикии ўро тавсиф медихад (В.А. Крутетский);
– мизоч – ин мачмўи зухуротхои динамикии психика аст, ки аз чихати фарди ба худ хос буда, аз ирсият вобаста мебошад (Н.С. Лейтес);
– мизоч – ин сифати шахс аст, ки дар тачрибаи шахсии одам зимни типии системаи асаби ў, ки аз ирсият вобаста мебашад, ташаккул ёфта, афзалиятан тарзи фаъолияти ўро муайян мекунад (К.К. Платонов);
– мизоч – ин тавсифоти аз хама умумитарини хар як одами алохида, тавсифоти аз хама асосии системаи асаби ў аст ва системаи асаб бошад, дар тамоми фаъолияти фард ин ё он накши худро мегузорад (И.П. Павлов).
Дар ин шаклхои баёноти таърифи мизоч катъи назар аз гуногунии чумлахо сухан дар бораи динамикаи фаъолияти психики фард меравад, ки марбути системаи асаб аст.
Типхои асосии мизоч:
Мизочи сангвиники. Ба сангвиник барангезиши зўри эмотсионали хос аст. Ў бо чолоки ва бо хаячон ба хама чизе, ки диккатчалбкунанда аст, эътибор медихад. Сангвиник инчунин бо фаъолии баланд фарк карда меистад. Фаъоли ва реактивияти ў дар мувозинат зохир мешаванд ва аз ин рў метавонад реаксия ва зухуроти хиссиёти худро нигох дорад. Суръати реаксияи сангвиник баланд мебошад ва он дар харакатхои тезу суръати нуткаш зохир мешаванд. Сангвиник серхаракат аст ва ба шароитхои тагирёбандаи хаёт тез ва бо осони мутобик мешавад, шахси улфатпазир буда, бо одамон тез забон меёбад ва дар шароитхои нав ба нав худро гум намекунад. Ў хушхол ва зиндадил аст. Ба сангвиник ноустувории эмотсионали хос аст, тез ба эхсосот дода мешавад, вале онхо одатан зўр ва амик намебошанд. Майли ичрои фаъолияти якчоя дорад. Коре, ки реаксияи тез ва дар баробари ин мувозинатиро талаб мекунад, ба ў мувофику маъкул аст.
Мизочи холерики. Ба холерик чун сангвиник фаъолии баланд, суръати тези амали чавоби хос аст, вале реактивият бар фаъоли бартари дорад. Намояндагони ин намуди мизоч аз дигарон бо барангезиши баланди эмотсионали ва номавзунии рафторашон фарк мекунанд. Протсессхои психики дар онхо тез мегузаранд. Номувозинати ба таври равшан ба фаъолияти холерик таъсир мебахшад: ў базавк ва хатто бо эхтироми беандоза бахри кор мубориза мебарад, ташаббус зохир менамояд ва бо хаваси баланд кор мекунад. Холерик бо сабаби окилона сарф карда натавонистани кувва тез бемадор мешаванд ва рўхафтода мегарданд. Чунин силсиланок зохиршавии фаъоли яке аз хусусиятхои характерноки мизочи холерики аст. Холерик дар сурати бартари пайдо кардани хаячон бар боздори хангоми муошират намудан бо одамон метавонад тундмизочи, гўстохи, зудранчи ва худдори накарданро зохир кунад ва дар ин замина метавонад ихтилофро дар коллектив ба амал оварад.
Мизочи флегматики. Флегматик мувофики тавсифи И.П. Павлов, одами ором, дар мувозинат, хамеша захматкаши ботамкин, босубот ва матини хаёт мебошад. Флегматик дар фаъолият боандешаги истодагариву матонат нишон медихад. Ў кори саркардаашро то ба охир мерасонад ва назму тартибро дар он дўст медорад. Пртсессхои психики дар ў суст мегузаранд ва ин метавонаддар фаъолияти таълими хангоми зарурат пайдо шудан ба тез бахотиргири, фахмидану ичро намудан халал расонад. Ба ў барои мутамарказ намудани диккат, барои кўчонидани он ба объекти дигар, барои бахотиргири ва фахмидан вакти муайян зарур аст. Флегматик хангоми бо ходисахои хаёт муносибат доштан ороми зохир мекунад. Ўро ба хурўш овардан ва дар ў таассуроти эмотсионали хосил кунонидан душвор аст. Нисбат ба сангвиник ва холерик дар флегматик барангезиши эмотсионалии кам мушохида мешавад. Флегматик бо одамон баробар ва оромона муносибат мекунад ва то дарачае улфатпазир аст. Флегматикро ба хурўш овардан душвор аст, ў худро хамеша аз чанчолу хархашахо дар канор мегирад. Агар дар чараёни таълиму тарбия хусусиятхои мусбат ва манфии флегматикро ба эътибор гирем, он гох дар ў метавонем ба осони босабри, ботокати, ўхдабароию кордони ва босуботи барин хислатхоро ташаккул дихем. Бояд кайд кард, ки дар шароитхои номусоид метавонанд чунин хислатхои манфи низ инкишоф ёбанд: муносибати бепарвоёна ба мехнат, ба хаёти ихотакарда, танбали, пассиви ва гайра.
Мизочи меланхолики. Намояндагони ин тип бо хиссиёти баланди эмотсионали ва зудранчи фарк мекунанд. хиссиёт дар онхо нихоят суст бедор мешавад. Реактивияти кам ва фаъолияти паст, ки ба меланхолик хос аст, дар кам хандидан, дар нобовари ба худу тез гум кадани худ ва дар корро то ба охир нарасонидани онхо зохир мешавад. Суръати пасти зухуроти психики дар меланхолик мушохида мешавад ва ин дар бехоли, дар харакатхои суст ва гуфтори охистаи ў зохир мегардад. Шиддати давомдор ва зўр боиси сар задании фаъолияти суст мегардад ва нихоят ба катъ ёфтани он мебарад. Ў тез хаста мешавад, вале дар вазъиятхои ором ва мукаррари худро ором хис намуда, сермахсул кор мекунад. холатхои эмотсионали бо амик, пуркувват ва дарозмуддат буданашон фарк мекунанд. хаячонхо дар зухуроти берунии онхо нихоят суст ифода меёбанд. Меланхоликхо ба дамдузди ва танхои майл доранд, онхо кўшиш менамоянд, ки бо одамони ношиносу нав алока накунанд, зуд-зуд хичил мешаванд, дар шароитхои нав худро ногувор хис мекунанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.