Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Шахсият гурӯҳ ва коллектив

Дар психологияи иҷтимоӣ мафҳумхои «фард», «фардият ва шахс» хеле возеҳ ҷудо ва шарҳи худро ёфтаанд.
фард – «инсон ҳамчун мавҷудияти ягонаи табий, маҳсули тараққиёти филогенетикй ва этногенетикй, ягонагии хусусиятҳои модартодй ва бадасговардашуда, барандаи хислатҳои махсуси фардй (нишонаҳои истеъдод, майлҳо ва ғ.) астНақша:
1.мафҳуми «фард», «фардият» ва «шахс».
2. Нақши хусусиятхои биологй ва иҷтимоӣ дар тараққиёти психикии шахс .
3.Тавсифи умумии гурӯҳҳои иҷтимоӣ.
4.Маълумот оиди «коллективизм».
5.Фаҳмишот оиди «коллектив».

Дар психологияи иҷтимоӣ мафҳумхои «фард», «фардият ва шахс» хеле возеҳ ҷудо ва шарҳи худро ёфтаанд.
фард – «инсон ҳамчун мавҷудияти ягонаи табий, маҳсули тараққиёти филогенетикй ва этногенетикй, ягонагии хусусиятҳои модартодй ва бадасговардашуда, барандаи хислатҳои махсуси фардй (нишонаҳои истеъдод, майлҳо ва ғ.) аст; намояндаи алоҳидаю ҷудогонаи ҷамъияти инсовй, ки аз доираи махдудиятҳои табиии (биологй) худ мебарояд; мавҷудияти иҷтимоӣ, ки олоту аломатхоро истифода мебарад ва тавассути ояҳо рафтор ва протсессҳои психикии худашро аз худ менамояд. Ҳар ду маънои исталоҳи «фард» бо ҳам алоқаманданд ва инсонро аз ҷиҳати алоҳидагию ҷудогонагю! ӯ маънидод мекунанд. Тавсифдиҳандаҳои нисбатая умумии фард: «пуррагии ташкилоти психофизиологй, устувории фаъоли бохамтаъснррасонй ба ояами иҳотакарда».19
Фардият – «инсон, ки аз тарафи «фаркиятхои аз дигар одамон доштаи мухити иҷтимоӣ»-аш тавсиф дода мешавад; гуногунии психика ва шахсияти фард, такрорнашаваядагии ӯ. Фардият дар хусусиятхои мизоҷ, характер, дар махсусияти шавқу ҳавасхо, сифатхои протсессҳои персептивй ва ақл, талабот ва қобилиятхои фард зохир мешавад».19
Шахс – ин мафҳумест, ки таърифҳои зиёди гуногунро дорад. Аксарияти онҳо одамро ҳамчуи «маҷмӯи сифатхои иҷтимоӣ дар намудҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятй ташаккулёбанда», ҳамчун «маҳсули тараққиёти ҷамъиятй, субъекти мехнат, муошират ва маърифат» баҳо медиҳанд. Таърифи зерин пурмуҳтавотар аст: «шахс – ин одамест ҳамчун субъекти фаъоли фаъолият, ояамро созанда, гузашта аз ин барандаи шуур
ва худшиносй».25
Шахc одатан дар психология аз рӯи ду сохташ тавсиф медиҳанд: психологӣ ва иҷтимоӣ. Ба унсурҳои сохти психологй хусусиятхои психологй, ки одатан онро «хислатхои шахс» меноманд, дохил мешаванд. Сохти иҷтнмоии шахсро таҷрибаҳои азхудкардаи ичтимоии ӯ (дониш, маҳорат, малака, одат ва г.) ташкил медиханд.
Сохти психологии шахсро дар адабиёти илмй-психологй аз мавқеъхои гуногун дида мебароянд ва онҳо дар маҷмӯъ моҳияти иҷтимоии шахсро кушода медиҳанд. Масалан, С. Л. Рубишигейн чунин сохтро
пешниҳод намудааст:
а) равия – дар талабот, шавқу ҳавас, идеал, эътиқод, маромҳои
«артаридошта, рафтор ва ҷаҳонбинй зоҳир мешавад;

б) дониш, махорат – дар рафти хаёт ва фаъолияти маърифатй ба даст
оварда мешавад.
в) фардият – дар мизоҷ, характер ва қобилиятҳо зоҳир мегарданд.
Психолог К.К.Платонов сохти шахсро дар чунин унсурҳ.о дидааст:
а) равия;
б) таҷрибаи иҷтимоӣ (дониш, маҳорат, малака);
в) шаклҳои инъикос (қобилиятхои фардй);
г) зерсохти табиати биологй дошта (хусусиятхои синнусолй ва:
ҷинсй).
Аз назари психолог К.К.Ковалев сохти психологии шахс чунин аст:
а) равия;
б) характер (тарзи рафтор, сифатҳои иродавй);
в) имкониятхо (системаи қобилиятҳо);
г) системаи машқхо, ки худидоракунй ва назоратро таъмин
менамоянд.
Масъалаи муносибати хусусиятхои биологй ва ичтимой дар одам ва шахс хеле мураккаб аст. Хусусиятҳои биологй нақши худро дар ташаккули шахсияти инсон мегузоранд. Бояд гуфт, ки хамаи хусусиятҳои модарзодии шахс аз овони кӯдакй инкишоф меёбанд ва тадриҷан дар дарачаҳои гуногуя иҷтимоӣ мегардгнд. Ҳамаи хусусиятҳои биологй ба дараҷаи каму беш иҷтимоӣ мегарданд ва хусусшпхои иҷтимоӣ бошад дар навбати худ аз хусусиятҳои биологӣ комилан ҷудо буда наметавонад.
Сифатхои мухими ичтимоии шахс инхоянд: коллективизм, талқиншавандагй, конформй.
Коллективнзм – ин ҳисси ҳамраъйии шахс бо коллектив ва тавассути коллекгив бо ҷамъият аст. Ин сифат бо ягонагии мақсадҳои шахс, гурӯх ва ҷамъият муайян карда мешавад. Коллсктавизм дар шароитхои фаъолияти мехнатй ҳам зохир мешавад ва хам ташаккул меёбад.
Талқин – ин ҳодисаи иҷтимоӣ-психологй буда, танҳо дар рафти муоширати одамон зоҳир мешавад. Моҳияташ дар он аст, ки ҳар як инсон бо дигар одамон муошират карда истода, авдеша, тасаввурот ва ё водоркунандаҳои амали онхоро беихтиёр қабул менамояд ва гӯё аз они худи ӯ шуда мемонад. Талқин дар аксари ҳол бо ёрии калима, вале баъзан тавассуш қиёфабозй ва имову ишора низ сурат мегирад.
Талқиншавандагй хамчун сифати шахс бо идроки ғайританқидй ва фаҳмидагирии нокифояи мазмуни муошират алоқаманд аст.
Ин хусусият ба тақлидкорй наздик аст. Фарқияташон дар он аст, ки на ба калима, балки ба амалҳои шахсии дигар тақлид мекунад. Аммо „гоми талқин бошад, талқинкунанда фаъолу талқиншаванда пассив аст. Пяо рафти тақпид намудан тақлидшаванда метавонад бехабар монад ва дар холат шахси тақлидкунанда одатан фаъол аст. Талқиншавандагй ва
таклидкорй бо тафаккур чандон алоқамандй надорад, чй қадаре ки онҳо бо ҳисеийу эмотсияҳо ва аз ҷумла ҳисси боварй доранд. Ин ду хусусият дар як сифати дигари шахс, ки конформй ном дорад, инъикоси худро пайдо мекунад.
Конформй – тандиҳй ё худ тобеъшавии одам ба фишори додаи воқей ва & хаёлии гурӯҳ аст, ки дар тағйирёбии рафтор ва мақсадгузориҳои 5 зохир мешавад. Конформии берунй (оммавй) ва дохилиро (шахсй) фарк мекунанд. Якумаш, тобеияти намоишкоронаро ба фикри гурӯх бо мақсада ба даст овардани таҳсину писандидан ва аз мазаммат дур шудан ифодг мекунад. Дуюмаш, дар асоси муборизаи ботинй муайян намудан» объективияти нуқгаи назари аъзоёни гурӯҳ ва ботинан қабул кардани мавқеи онҳо мебошад. Ҳар ду намуди конформизм қатъи назар а: тафовутхряшон воситаи хуби бартараф намудани ихтилофу нюоъҳо бг шумор мераванд. Нонконформизм яке аз зуҳуротҳои дигари конформизм аст.
Новконформизм – новобастагии шахс аз гурӯҳ, зътирози ӯ муқобил* итоаткунй, кӯшиши бо ҳар роҳе набошад бар хилофи аксарият баромад кардан, дар ҳама ҳолатҳо нуқтаи назари аксро таъкид намудан аст. Шахс қисмати бештари фаъолияти ҳаёташро дар гурӯҳ амалй мегардонад.
«Гурӯҳи иҷтимоӣ – ба маънои васеҳаш мачмӯи калони умумиятҳо» одамон аст, ки дар асоси нишонаю аломатҳои иҷтимоии бо ҳаёти ҷамъияп алоқаманд, дар заминаи системаи муносибатхои ҷамъиятаи дар ҷамъияп мавҷудбуда (иқтисодй, ҳуқуқй, сиёсй, маданй, динй ва ғ.) ба вуҷуд меоянд.
Ба ҳамин тариқ, гурӯх умумияти одамон аст, ки дорои ҳайати махду;
дар асоси аломатҳои муайян (характери фаъолияти ичрошаванда мансубияти ичтимой ва ё синфй, сохтор, композитсия, дараҷаи тараққиёп ва ғ.) ташаккул меёбад. Таснифоти бештар маъмули гурӯҳҳо аз рӯи мивдори аъзоёни гурӯҳ инҳоянд: калон, хурд, микрорасмй ва ғайрирасмй 33 Рӯи алоқаи байнихамдигарии бевосита: реалй ва шартй; аз рӯи дараҷа! т: дараҷаи пасти тараққиёт (ассотсиатсия, корпоратсия, гурӯҳ! ва дараҷаи баланди тараққиёт (коллекгивҳо, гурӯхи гомфотерй) 93 Рӯн ахамиятнокй, гурӯҳҳои референтй, гурӯҳҳои аҳзогй ва ғ.
Гурӯҳи калон – умумияти расмию муташаккили одамони миқдоран зиёд буда, ки ба ин ё он фаъолияти ҷамъиятй (масалан, коллективи мактаби олй, корхона, муассиса) ҷалб шудаақӣ. Дар гурухи мсъёрҳои рафтор, арзишҳои ҷамъиятй, маданй, анъанаҳо ва ҷамъиятй кор карда метаванд. Агар дар гурӯҳҳои реалии калон бо ягон сабабе фаъолияти идоракунанда амал накунад, он гоҳ ин гурӯҳ умумияти одамони ба таври стихиявй амалкунанда – издиҳом табдил меёбад. Гурӯҳи калонро ташкил медихавд: синфҳо,миллат,ташкилотхои сиёсй ва ҷамъиятй, дин ва ғ.
Гурӯҳи хурд – шумораи начандон зиёди одамони (3-7-15 нафар) бо ҳам робита дошта, ки аз рӯи мақсад ва вазифаҳои умумиашон муттаҳид гаштаанд. Чунин намудҳои гурӯхҳои хурдро фарқ мекунанд:
гурӯҳи номиналӣ – маҷмуи одамоне, ки аз рӯи ягон аломат ҷудо шудаанд ва барои мақсадҳои таҳлил мувофиқ аст. Масалан, гурӯҳҳо як синну сол, фикрронй, ҷои истиқомат ва ғ. Гурӯхи ноимналиро ҳамЧУНИН шартй ва спггастикй низ меноманд. Дар ин гурӯҳ алоқаю ибтадои – як навъи гуруҳи хурд (оила, гурӯҳи ҳамсолон, ас буда, рафти сотсиализатсияи ибтидоиро таъмин мекунад. Гурӯҳи ибтидой чун гурӯҳи хурд дар асоси робитаҳои бевоситаи шахсй, ки тобиши баланди эмотсионалиро доранд, ташаккул меёбад. Гурӯҳи ибтидой ҳамеша ғайрирасмист.
Гурӯҳи референтй – умумияти реалй ва ё шартии одамон аст, ки фард меъёр, андеша ва арзишҳои онро ҳамчун эталон (намуна) қабул мекунад ва дар рафтору худбаҳодиҳии худ ба онҳо такя мёнамояд.
Гурӯҳн расмй – гурӯҳи иҷтимоӣ буда, дорои асоси ҳуқуқй аст ва қисми муайяни ташкилоти ҷамъиятй ба шумор рафта, мақсади ноил шуданро ба ягон натиҷаи муайян (маҳсулот, хизматрасонй ва ғ.) дорад. Вазифаи гурӯҳи расмй-таъмини боинтизомй, банақшагирй, идоракунии фаъолияти аъзоёни он аст.
Гурӯҳи ғайрирасмй – умумияти реалии одамон аст, ки асоси ҳуқуқиро надорад ва зимни шавқу ҳавас, дӯстию рафиқй ва таваҷҷӯҳи умумй ташаккул меёбад.
Гурӯҳи шартй – умумияти одамон, ки аз рӯи аломати муайян (характери фаъояият, ҷинс, синну сол, савияи маълумот, миллат ва ғ.) муттаҳид шудаанд. Аъзоёни ин гурӯҳ метавонанд бо ҳам муносибат надошта бошанд ва дар бораи якдигар чизеро надонанд. Масалан, тими яккачини футболбозони ҷавон, ки ҳар сол аз ҷониби рӯзноманигорон тартиб дода мешавад ва ғ.
Гурӯҳи реалӣ – умумияти одамони миқдоран маҳдуд, ки дар асоси муносибат ва мақсадҳои реалии онҳо ташкил ёфтааст. Гурӯҳи реалй (синф, бригадаи коргарон, оила, қисми ҳарбй ва ғ.) муддати кӯтоҳ ва ё дароз вуҷуд дошта метавонад.
Гурӯҳи диффузй – умумияти одамони пароканда буда, дар он ва фаъолияти якҷоя мушоҳида намешавад. Масалан, навбат дар мағоза, мусофирони дохили нақлиёти ҷамъиятй ва ғ.
Гурӯҳи гомфотерй – намуди махсуси гурӯҳ,ки бо зуҳуроти дараҷаи муносибатхои байнишахсй, бо самаранок иҷро намудани кор»фармуда тавсиф дода мешавад. Чунин гурӯҳи одамон муддати дароз бо нияти иҷрои мақсадҳои ҷамъиятй аз ҷамъият дур мемонанд. Масалан кайҳоннавардон, экспедитсияи қутбшиносон, экспедитсияи геологй ва ғ.
Саволҳо барои санҷиш:
1 .Мафхуми «муҳити ичтимой»-ро таъриф дихед?
2.Таърифи мафҳумҳои фард, фардият ва шахсро диҳед?
З.Мохияти мафҳуми «равия»-ро кушода диҳед?
4.Барои шарҳ додани сохти психологии шахс мисолҳо оваред?
5.Нақши хусусиятхои биологй ва иҷтимоиро дар тараққиёти психикии шахс фаҳмонед?
б.Сифатхои мухимтарини иҷтимоии шахс кадомҳоянд?
Т.Таърифи мафҳуми гурӯҳро диҳед?
8.Таснифоти гурӯҳҳоро оварда, тавсифи мухтасари онҳоро диҳед?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.