Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


ОИЛА ҲАМЧУН ГУРӮҲИ ИҶТИМОӢ. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИШАХСӢ ДАР ОИЛА

Аз мавқеи илми сотсиология, «оила -ин системаи иҷтимоӣ буда, соҳиби хусусиятҳои институти иҷтимоӣ дар гурӯхдои хурди ичтимоӣ мебошад. Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ, бо маҷмӯи меъёр, амал ва намунаҳои иҷтимоии рафгор тавсиф дода шуда, муносибатҳои байниҳамдигарии шавҳар, волидайн, кӯдакон ва хешу таборонро ба тартиб медарорад. зимни ақди никоҳ ба амал меояд, гурӯҳи хурд буда, аъзовни он аз умумияти маишӣ, масъулияти байниҳами ахлоқӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, бо ҳам алоқаманданд»\’ва ғ…Оила ҳамчун гурӯхи хурди иҷтимоӣ
Мавқеи илмй – тадқиқотии соҳаҳои гуиогуни илмӣ дар мавриди оила.
Сохти ва намудҳои оила.
Баҳодиҳии оила аз мавқеи кӯдакон.
Талоқ ҳамчун ҳодисаи оммавии ичтимоӣ – психологӣ.
Танзими таваялуд ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ – психологӣ.
Тараққиёти шахсияти инсои оғози худро аз оила мегирад. Оила оянда низ ҳамчун муҳити асосию муҳими ташаккули сифатҳои шахсияти инсон боқӣ мсмонад.
Аз мавқеи илми сотсиология, «оила -ин системаи иҷтимоӣ буда, соҳиби хусусиятҳои институти иҷтимоӣ дар гурӯхдои хурди ичтимоӣ мебошад. Оила ҳамчун институти иҷтимоӣ, бо маҷмӯи меъёр, амал ва намунаҳои иҷтимоии рафгор тавсиф дода шуда, муносибатҳои байниҳамдигарии шавҳар, волидайн, кӯдакон ва хешу таборонро ба тартиб медарорад. зимни ақди никоҳ ба амал меояд, гурӯҳи хурд буда, аъзовни он аз умумияти маишӣ, масъулияти байниҳами ахлоқӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, бо ҳам алоқаманданд»\’ва ғ…
Сотсиологҳо оиларо ҳамчун ташкилоти муҳими иҷтимоӣ меомӯзанд, ки он вазифаи ба ҷамъият ҳаётан муҳимро ичро менамояд. Психологҳои ичтимоӣ онларо ҳамчун гурӯҳи хурд тадқиқ мекунад, ки устувории он, муносибатҳои аъзоёни он, ба мувофиқати психологии онҳо вобаста аз илми ҳуқуқшиносӣ меъёрҳои ҳуқуқии муносибат ва вазифаҳои аъзоёни оиларо меомӯзад. Иқтисодчиён оиларо ҳангоми ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои гуногунн хоҷагии халқ низ тадқиқ мекунанд. Олимони тиб низ ба омӯзиши оила мароқ зоҳир кардаанд ва онҳо ҷихатхои физиологиии муносибатҳои байни зану шавхарро тадқиқ менамоянд. Ба оила педагогика ииз диққати калон медиҳад, зеро имрӯз комилан равшан аст, ки дар тарбияи насли наврас вай чун мактаб роли калон мебозад. Меъморон ҳам ба оила аҳамият медихаид, зеро онҳо хангоми лоиҳакашии биноҳои истиқомагӣ аъзоёни оила, ҳайат ва психологияи миллиро ба ҳисоб мегиранд. Демография низ дар омухтани оила саҳми худро дорад, зеро он оиларо ҳамчун яке аз ҷузъҳои муттамарказ гардонидани аҳолӣ тадқиқ менамоад. Дар афзоиши ахолӣ, ки барои ҷамъият хелс зарур аст, оила роли асосӣ мебозад. Демографҳо манфиати давлатро ба асос гирифта мекӯшанд, ки ба никох ва талоқ ба назари нав нигаранд ва барои мустаҳкам шудани. оила ва танзими таваллуд тавсияҳои асоснок диханд.
Оила як қатор функсияҳои худро дорад ва мухимтарини онҳо таъмини хушбахтии шахсии одамон, тавлид ва тарбияи насли ба дунёомада, ба амал овардани ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти дуҷонибаи ахлоқӣ байни аъзоёни ин гурӯхи ичтимоӣ мебошанд. Ин вазифаи зикршуда шаклҳои гуногуни муносибат ва таъсири ҳамдигариро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёта оилавӣ талаб мекунад: хоҷагӣ, маишӣ, ахлоқӣ – тарбия, ҳиссиётҳои ниҳонӣ, тақсимота оилавяи ваазифаҳо ва ғ.
Ин фаъолияти дохилиоилавии якҷоя ба зуҳуроти гуногуни муносибатҳои байнихамдигарии аъзоёни оила (калонсолон ва кӯдакон) сабаб мешавад.
Агар ин фаъолияти якҷоя зохир нагардад ва ё ба дарачаи каму беш суст шуда бошад, он гоҳ муносибатҳои оилавӣ комилан вайрон мешаванд дар навбати худ ҳатман ба ташаккули шахсияти кӯдакон таъсир мерасонад.
Инсон дар давоми фаъолияти ҳаёти худ ба оила ва моҳията он баходиҳии гуногун мекунад. Оила барои кӯдакон – ин волидайн, бародару хоҳар, бобою модаркалон ва дигар хешу табороне мебошанд, ки дар тарбияи ӯ иштирок менамоянд. Барои ҷавононе, ки зан мегиранд ё шавхар мекунанд, оила – ин пеш аз ҳама, ӯ ва занаш ва сипас кӯдакони онхо мебошад. Ба оила инчунин хешу таборони зану шавҳар дохил шуда метавонанд. Мафҳуми оила барои ҷавоии оиладоршуда бо гузашти вақт маънои нав ба навро пайдо мекунад: якум – дар майдони идроки онҳо ба чуз худашон дигарон вучуд надоранд; дуюм – бо мурури вақг талаботи доштани фарзанд пайдо мешавад, яъне кӯшиши волидайн шуданро мекунанд. Ин талаботи зохиршуда асяан табиати иҷтимоиро дорад, зеро ҷамъият акнун дар назди волидайн вазифаҳои муайяни нигоҳубину тарбиядихиро мегузорад.
Ҳар як оила сохти муайяни худро дорад. Зери сохти оила маҷмӯи муносибатҳои байни аъзоёни он, системаи муносибатҳои маънавӣ (шавҳар

зан, волидайн – кӯдакон, кӯдакон – волидакн, кӯдакон – кӯдакои) ва инчунин муносибатҳои хешутаборӣ фаҳмида мешавад, Ин унсурҳои сохти оила дар баробари мустақилияти нисбиро доштанашон, ягонагии иҷтимоӣ
психологии онро низ ифода менамоянд. Оилаи комил ҳамон аст, ки дар он ҳамаи шаклҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ зоҳир мешаванд.
Инчунин оилаи нопурраро фарқ мекунанд. Яке аз шаклҳои нисбатан паҳншудаи оилаи нопурра оилаи безаношӯӣ аст, ки дар он кӯдаконро яке аз волидайн (одатан – модар) тарбия мекунад. Оилаҳои бефарзанд низ вуҷуд доранд, ки сабабаш дар худи волидайн аст: ё намехоҳанд, ки фарзанддор бошанд ва ё безурётии яке аз онҳо.
Оила ҳамчун рукни ибтидоии ҷамъият ба сифати танзимгари \’носибатҳои байни одамон баромад мекунад. Меъёрҳои иҷтимоӣ ва намунахои мадании дар ҷамъияг вуҷуддошта барои чӣ навъ буд шудани ҳар як аъзои оияа мусоидат мснамоянд ва вазифаю ӯхдадориҳои| ҳар якеро аниқу равшан мегардонад.
Агар 6а таърих нигарем, мебинем, ки ду шакли муносибатҳои байниҳамдигарй (шавҳар – зан; волидайн – кӯдакон) оиларо аз мавқеи аъзоёни калонсоли он тавсиф медиҳанд. Аммо тавсифу баҳодиҳни оила аз мавқеи кӯдакон – муносибати снҳо ба худи оила, ба волидайн ва хешу таборон, муносибатхои байниҳамдигарии онҳо байни худ, қаноатмандин онҳо аз муносибаташон ба оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ – солҳои дароз ҳамчун муаммои ҳалталаб ҳисобида мешуд. Кӯдак ҳамч муайянкунандаи ҷудонашавандаи оила ба ҳисоб мерафт, вале ҳамч воҳиди мустақили он дониста намешуд. Олами оила, олами калонсолон буд ва ба он тааллуқ дошт. Бинобар ин, ба кӯдакӣ ҳамчун ба арзиши махсуси мустақил нигаристан ва кӯдакро пеш аз ҳама ҳамчун субъекгн сотсиализатсия дида баромадан — ин ҳама омили муҳими тараққибти психикии аъзоёни оила мебошад. Муносибат ба кӯдак ба ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи оила ва баҳисобгирии манфиатхои ӯ маънои онро дорад, ки\’ акнун кӯдак ҳамчун мавҷудияти мустақил баромад карда, дилхушию саломатии ӯ барои волидайн ҳамчуи шарти вуҷудияти онҳо ҳиммат мекунад. Калонсолон дар ин сурат, дар оила ба алоқаю муносибати гарму \’ самимии эмотсионалӣ кардан бо кӯдакон мегузаранд, хоҳиши талабот ва ё шавқу ҳавасҳои ӯро ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ ба эътибор мегиранд, ки ин бешубҳа, ба сохти иҷтимоӣ — психологии оила таъсир нарасонида намемонад.
Муҳаббат ва оила аз нуқтаи назари муносибати тарафайни одамон кори соф шахсӣ мебошад, ки дахолати каси дигарро ҳаргиз намепарварад. Дар баробари ин, имрӯз ҷамъияти намбунёди мо нисбат ба фаъолияти оила бепарво буда наметавонад. Ин фикрҳо дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон ва дар Кодекси оила ва никоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра, ифода ёфтаанд.
Бешубҳа барои мустаҳкам шудаии оила ёрии илм зарур аст, чунки асри нави XXI дар назди тамоми инсонияти мутгамаддин масъалаи оммавии ичтимоӣ – психологии талоқро гузошт. Дар тӯли мавҷудияти никохи моногамӣ адади талоқ ба дараҷае ваафзуда буд, чуноне ки дар замони мо афзудааст. Шумораи талоқ зиёд шуда истодааст. Дар байни \\ олимоне, ки бо масъалаи оила машғуланд, доир ба сабабҳои талоқ фикри ягона вуҷуд надорад. Биёед, ба чунин савол ҷавоб гардонем: «Талоқ бадбахтӣ, халосӣ аз бадбахтӣ аст?». Ба ин савол ҷавоби ягона додан аст. Дар ҳама ҳолат талоқ бадбахтаст ва дар ҳолати дигар, он халосӣ ин бахтист – ҳамааш ба ҳолати конкретӣ, ба вазъият вобаста аст. Чуноне, ки маълум аст, интихоби ҳамсар на ҳама вақт муносиб меафтад. Баъзан мухаббати «дуюм» назар ба муҳаббати «якум» пойдор мегардад. Комилан фаҳмост, ки номувофиқии феълу атвор, носозгории муносибати барои зиндагии оилавӣ муҳими зану шавҳар дар оиладорӣ баъди якчанд соли хонадоршавӣ маълум мешавад. Бинобар ин, бо мурури вақт чудошавии як кисми оилаҳо табиист. Албатта ҷамъият тарафдори он аст, ки оилаҳо то хадди имкон камтар вайрон шаванд ва оилаҳои номувофиқ бештар ҳар чй барвақггар ҷудо шаванд. Бисёр оилаҳо баъди зиндагии дуру дароз чудо мешаванд. зиёда аз се ду қисми ҳамсарони нолоиқ баъди панҷ соли оиладорӣ қатҳи никоҳ мекунанд. Азбаски фарзандон баъди сояи якуми никоҳ тавлид мешаванд, одамон аксаран бо як ё якчанд фарзанд ҷудо мешаванд. Ин, албатта, ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа фарзандон, хусусан дар синни томактабӣ, ки асосҳои феълу атвори онҳо ташаккул меёбанд ва тарбияи онҳо хеле душвор аст, аз парасторию тарбияи яке аз волидон маҳрум мешаванд. Талоқ як дараҷа ногузир аст, аммо давомоти миёнаи никоҳ ҳангоми ҷудошавӣ, аз муқтаи назари манфиати ҷамъият, бояд кӯтоҳ шудан гирад. Ба ибораи дигар, агар талоқ ногузир бошад, он гоҳ онро дуруст ва оқилона аз сар гузарондан лозим аст.
Солхои охир дар матбуоти даврӣ доир ба масъалаҳои танзими таваллуд мақолаҳои зиёде чоп мешаванд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани системаи талаботи моддию маънавии аҳолӣ талаботи оилаҳо ба кӯдак кам шуда истодааст. Ин, пеш аз ҳама сабаби иқтисодиро дорад. Дар оилаи ҳозиразамон бошад, фарзанд асосан талаботи психологии падару модарро қонеъ менамоянд. Вобаста ба ҳамин чор гурӯҳи оилаҳо ба вуҷуд меоянд: серфарзанд, камфарзанд, бефарзанд ва миёнафарзанддор. Психологияи иҷтимоӣ ҳаргиз серфарзандиро ҳамчун идеал (намунаи олӣ) қарор доданӣ нест. Серфарзандӣ, ҳатто аз тарафи ҷамъият дастгирӣ бинад ҳам, ба пешрафти зан бешубҳа монеъ мешавад ва имкон намедиҳад, ки дар «амал бо мард баробарҳуқуқ бошад. Зан бо мард он вақт баробарҳуқуқ шуда \’авонад, ки агар шумораи фарзандон мувофиқу муносиб бошанд. Оилае, ки як фарзанд дорад, ҳам аз ҷиҳати манфиати волидон ва ҳам аз ҷиҳати манфиати ҷамъият оилаи нопурра ҳисоб меёбад. Дар ин хел оилаҳо фарзанд эрка мешавад ва ё боиси худбину худпараст тарбия ёфтани ӯ мегардад. А.С. Макаренко навишга буд, ки оилаи якфарзанддор ногузир боиси беоромӣ, муҳаббати кӯр-кӯрона ва тарсу воҳима мегардад. Дар ин гуна оила фарзанди дигар нест, ки бо вай муқоиса кардан мумким бошад. На акаю додар ҳаст, на апаву хоҳар, аз ин рӯ на таҷрибаи парасторию бозӣ на муҳаббату ёрӣ, на тақлиду эҳтиром аст, хуллас, на таҷрибаи ба ҳам дидани хурсандию ҳаяҷони умумй – умумак чизе нест, ҳатго ҳамсоягии муқаррарй ҳам».15
Тақсимоти вазифаҳои хонагӣ ба системаи муносибатҳои оилавӣ тобиш ва мазмунҳои навро медиҳанд. Оилахоро аз рӯи характери тақсимоти хонагӣ ба анъанавӣ (вазифаҳоро аслан занҳо иҷро мекуианд) на коллективона (вазифаҳоро якҷоя ва ё бо навбат яҷро менамоянд) мекунанд. Оила аз рӯи характери гузаронидани вақги холию фароғат кушода (ба муоширати кушоду равшан равия доштан) ва пӯшида (6 фароғати дохилихонагй равия дорад) мешавад. Бо гузашти вақт ха иҷрои ролҳои асосии хонагӣ низ дигар мешаванд ва таъсири байниҳамдигарии ролҳо, ролҳои анъанавй (мард масъулияти ҷавобгири оиларо бо дар назди ҷамъият ба зимма мегарад, ҳокимият дар дасти ӯст , роли зан бо таваллуд, тарбияи фарзандон ва бурдани корҳои хонагӣ мегардад ба ролҳои ҳозиразамон иваз мешаванд, ки ба онҳо қабули якҷо қарорҳо, тақсимоти одилонаи вазифаҳо, якҷоя гузаронидани вақга холк фароғат ва ғайра хос мебошанд.
Дигаргуншавй ва аҳёнан нестшавии қолабҳои шахшудаи тақсимс ролҳо дар оилаи ҳозира бо воқеияти иҷтимоӣ – иқшсодй алоқаманд аст, ин бевосита таъсири худашро ба рафти аянавсозии худшиносии мерасонд. Анун ба зан барои собиткунии худ ҳамчун шахс дар шароити аз оила берун ҳам имконият пайдо шуд. Муносибатҳои байниҳамдигарии дохилиоилавӣ дар ҳамон.ҳолат муттаносибу мувофиқ мешаванд, ки агар ои ба принсипи одамдӯстӣ, инсонпарварона, ба ташаккул ва зуҳу муносибат ба дигарон чун ба худ ва ба худ чун ба дигарон, ки эҳтиром талаб ва хайрхоҳии дутарафаро дар бар мегарад, ҷавобгӯ бошад. Ҳамаи ш) муҳити мусоиди иҷтимоӣ – психологии оиларо таъмин мекамояд, ки бе оя| фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои тарбкяи ҳамаҷонибаи кӯдакон ғайри имкон аст.
Дар ҷумҳурии мо акнун дар атрофи моҳияти «хадамоти психологии оила», «хизмати пешгӯии никоҳ», «машваратгоҳҳои психологу» вазифаҳои асосии он, методологияи омӯзиши истифодаи қонунии восита ва тарзи ташкили он баҳсу мунозираҳои пурҷӯшухурӯш шуданд- Мавриде фаро расидааст, ки шӯъбаҳои ақди никоҳ ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ мутахассисон – психологҳоро ҳангоми бунёди оилаҳои нав ва нигоҳдошти онҳо барои солимгардонии муносибатҳои оилавӣ ва инчунин пешгирию бартараф намудани ихтилофҳои оилавӣ чалб намоянд.

Саволҳо барои санҷиш:
Оиларо ҳамчун гурӯхи хурди иҷтимоӣ тавсиф диҳед?

Мавқеҳҳои илмй – тадқиқотии соҳаҳои гуиогуни илм дар мавриди оилачйгунаанд?
Сохти оиларо муайян намоед?
Намудҳои оила кадомҳоянд ва онҳоро тавсиф диҳед?
Баҳодиҳии оила аз мавқеи кӯдакон чй гуна аст?
Талоқро ҳамчун ҳодисаи оммавии ичтимой – психологй фаҳмоисд?
Танзими таваялудро ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ – психологй кушода диҳед?
Тақсимоти вазифаю ӯҳдадориҳои оилавй чй гуна бояд ташкил
Назари Шумо ба ташкили шаклҳои гуногуни «Хадамоти психологй ба оила» чй гуна аст?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.