Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


ХУСУСИЯТҲОИ ИҶТИМОӢ -ПСИХОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ КОММУНИКАТСИЯИ ОММАВӢ

Бомуваффақият иҷрошавии мақсадҳои сиёсати имрӯза бо ташаббуси фаъолияти омма зич алоқаманд аст. Бинобар ин «омили инсонӣ» -масъалаи муҳими илмҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Мақоми хосаро дар ин ҷода психологияи иҷтимоӣ ишғол мекунад. Тадқиқотҳои психологияи иҷтимоӣ мақсади онро доранд, ки бо тавсияҳои амалиашон оммаро фаъол гардонанд.Нақша:

Мафҳуми «коммуникатсияи оммавӣ».
Функсияхои коммуникатсияи оммавӣ.
Механизмҳои психологии идроки ахбор.
Хусусиятҳои шахсияти коммуникатор ва аудитория.
Бомуваффақият иҷрошавии мақсадҳои сиёсати имрӯза бо ташаббуси фаъолияти омма зич алоқаманд аст. Бинобар ин «омили инсонӣ» -масъалаи муҳими илмҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Мақоми хосаро дар ин ҷода психологияи иҷтимоӣ ишғол мекунад.
Тадқиқотҳои психологияи иҷтимоӣ мақсади онро доранд, ки бо тавсияҳои амалиашон оммаро фаъол гардонанд. Як мушоҳидаи аҷиберо одамон дар адабиёти илмӣ меоваранд ва он чунин аст: аз кӯдакон хоҳшӣ карда мешавад, ки расми оилаашонро кашанд. Дар вақти расмкашӣ онҳо расми чанд нафарро аз аҳли оила кашиданд, ки онҳо дар назди оинаи нилгун чун дам атрофи сандалии хонагӣ нишастаанд. Шояд ин мушоҳида чандон аҳамияти калоне надошта бошад ҳам, вале аз он далолат мекуяад, қи ба ҳаёти имрӯзаи мо воситаҳои ахбори омма бисёр ҳам чуқур ворид гардидааст. Пас, саволе ба миён меояд, ки мафҳуми «коммуникатсияи оммавӣ» чиро ифода мекунад? Мақоми он дар ҳаёти имрӯзаи ҷамъияти навбунёд дар чӣ зоҳир мешавад, моҳияташ чист ва чӣ гуна ба рафти муоширати мо таъсир мерасонад? Ин масъалаҳо солҳои охир объекти диққати бисёр муҳаққнқон (А.Н. Алексеева, В.В. Бойко, Ю. Вооглайда, М.С. Мансурова, И.Г.\’ Петрова, В.А. Скиби, Ю.А. Шерковина ва ғ.) гаштааст.
Коммуникатсияи оммавӣ одатан ба маънои «муоширати оммавӣ» истифода мешавад. Яъне, муоширатро дар назар дорад, ки дар рафти он шумораи зиёди одамон иштирок менамоянд. Бояд гуфт, ки на ҳар муоширати оммавӣ коммуникатсияи оммавӣ аст. Агар муоширати оммавӣ бо ёрии воситаҳои техникӣ, пеш аз ҳама, бо воситаи матбуот, радио ва оинаи нилгун сурат гирад, он гоҳ ин маънои коммуникатсияи оммавиро медиҳад. Ҳамаи инро воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ меноманд. Ин ҳуқуқро ба таври расмӣ соли 1946 ҳангоми ворид кардани он ба Низомномаи Ташкилоти Давлатҳои мутгахида оид ба масъалаҳои маорифу маданият гирифт. Яке аз вазифаҳои коммуникатсияи оммавӣ он аст, ки саривақт, ба таври оҷилӣ ба омма расонидани ахборот аст.
Ахбороти иҷтимоӣ ба сифати риштаи пайвасткунандаи муҳити иҷтимоӣ бо шахс хизмат мекунад. Протсессҳоя ахборотӣ қисми зарури таркибии тамоми ҳаёти одамон ба шумор мераванд. Одамон бо ёрии протсессҳои ахборотӣ таҷрибаи ҷамъиятӣ – таърихиро аз худ мекунанд ва ба қавли психологи машҳури рус А.Н. Леонтев «он протсессҳо механизмҳои ирсияти иҷтимоӣ мебошанд».13
Функсияҳои иҷтимоии коммуникатсияи оммавӣ чунин тасниф карда шудаанд:

паҳн кардани донишҳо доир ба воқеияти мавҷуда;
танзими ичтимоӣ ва идоракунӣ;
паҳн намудани маданият;
машғулшавӣ.
Туфайли коммуникатсияи оммавӣ на танҳо ахбор дода мешавад, балки вазифаҳои муоширати инсонӣ, алоқаю муносибатҳои иҷтимоии, байниҳамдигарии гурӯҳҳои иҷтимоиро низ адо карда метавонанд.
Маълум аст, ки воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ дар шароити ҳозираи умумиҷаҳонӣ то чӣ андоза инкишоф ёфтааст. Он тамоми соҳаҳои ичтимоӣ, аз он ҷумла соҳаи муоширати инсониро низ фаро гирифтааст. Истифодаи радио, оинаи нилгун, матбуоти даврӣ ва истеҳсолу нашри онҳо мудом афзуда истодааст.
Коммуникатсияи оммавӣ чун намуди муайяни муоширати инсонӣ дорои хусусиятҳои махсусест, ки бечунучаро ба худи рафти муошират таъсири амиқ мебахшанд. Умуман, ҳаргуна ахбор бо воситаи системаи аломатҳои махсус гузаронида мешавад. Шартан онро бо коммуникатсияи шифоҳӣ (нутқ ба сифата системаи аломатҳо истифода мешавад) ва ғайришифоҳӣ (ба сифати системаи аломатҳо шаклҳои ғайринутқӣ истифода мешавад) ҷудо мекунанд.
Дар психологияи ичтимоӣ таҷрибаҳои зиёде гузаронида шуданд ва мақсади онҳо муайян кардани шароит ва усулҳои фаъолонидани таъсиррасонии нутқӣ буд. Маҷмӯи чораҳои муайянеро, ки ба амалигардии он имконнят медиҳанд, «коммуникатсияи боваркунонаида» номида шуд. Психологияи иҷтимоӣ «матритсаи (ҷадвали) коммуникатскяи боваркунонанда»-ро пешниҳод намуд, ки ои муоширати нутқиро бо зинаҳояш муайян мекунад. Ин андешаҳоро психологи америкоӣ Г.Лассуэлл ба инобат гирифта, модели оддиеро сохт, ки он ба омӯзиши таъсири эътимодбахши воситаҳои ахбори омма (бахусус, газета) бахшида шудааст. Модели рафти коммуникатсия мувофиқи Г, Лассуэлл аз 5 унсур иборат аст:

Кӣ (Хабар медиҳад) – Коммуникатор
Чӣ (Расонида мешавад) – Ахбор
Чӣ тавр (Амалӣ мегардад) – Роҳу воситаҳо
Ба кӣ (Хабар равона шудааст) – Аудитория
Бо кадом натиҷа? – Самаранокӣ
Доир ба ҳар як унсури он тадқиқотҳои махсусе вуҷуд дорад. Масалан, маводҳоеро, ки коммуникатор дар ҷараёни фаъолияташ соҳиб мешавад, ба се қмссат ҷудо намудаанд:
а) мавқеи кушоду равшан, яъне коммуникатор ба таври кушода ибдори ин ё он нуқтаи назар буданашро эълон мекунад ва далелҳои иёдеро барои тасдиқи ин андеша меоварад;
б) мавқеи канорачӯёна, яъне коммуникатор мавқеи мобайниро ишғол мекунад, нуқтаи назари гуногунро муқоиса намуда, шояд ин ё онашро тарафдорӣ намуда, вале онро ба таври ошкоро эълоя намекунад;
в) мавқеи пӯшида (махфӣ), яъне коммуникатор нуқтаи назари хешро махфӣ нигоҳ медорад ва баҳри ин роҳҳои гуногунро истифода мебарад.
Воситаҳои техникӣ дар ҷараёни коммуникатсияи оммавӣ роли муҳимро мебозанд, зеро маҳз туфайли онхо ахборот гузаронида мешавад. Ин унсур аз рафти муоширати коммуникатор бо омма ва омма бо коммуникатор тобишу таъсироти хоса мебахшад. Маҳз истифодабарии воситаҳои техникӣ дар гузаронидани ахбор муоширати инсониро ба оммавӣ табдил медиҳад, зеро дар чараёни муошират якбора оммаи васеи одамон, гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳо имконияти иштирок кардан пайдо мекунанд. Муоширати гурӯҳҳои калони нчтимоӣ (синфҳо миллатҳо, гурӯҳҳои касбӣ ва синнусолӣ (ҷавонон, занон, куҳансолон моҳияти коммуникатсияи оммавиро ташкил медкҳанд. Коммуникатсияи оммавӣ бо ҳамин ҷиҳаташ аз муоширати байнишахсӣ фарқ мекунад, равияи ичтимоиро соҳиб аст.
Хусусияти дигари муҳими коммуникатсияи оммавӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар рафти истифодаи воситаҳои техникӣ алоқаи бевоситаи дутарафаи коммуникатор бо аудитория ба амал намеояд. Пас, алоқаи бевоситаи дутарафа дар муоширати инсонӣ чӣ моҳиятро дорост? Ин аз як ҷиҳат мухим аст, ки байни муошираткунандагон дарки тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ ба амал меояд. Коммуникатор рафтору фаъолияти мусохибашро мушоҳида мекунад, муқоисаи андешаи худу ӯро менамояд, ба далеловарию муҳокимаронии ӯ баҳо дода, мавқеи худашро аниқ менамояд ва ғ. Мутаассифона, ҳарчанд воситаҳои техникии инкишофёфта бошанд ҳам, комуникатор як бор ҳам дидан ва шунидани садҳо ва ё шояд миллионхо бинандагон ва хонандагону шунавандагонро надорад. Барои ӯ ягона роҳ аст ва он фикран аудиторияи худро тасаввур кардан мебошаду халос.
Фаъолияти коммуникатор табиати коллективиро пайдо мекунад. Яъне, ӯ ба таври воқеӣ бо гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ муошират мекунад ва аз номи гурӯҳе, ки намояндаи он аст, баромад менамояд. Ин хусусияти дигари коммуникатсияи оммавӣ аст.
Риоя намудани меъёрҳои муоширате, ки ҷамъият қабул кардааст, яке аз хусусиятҳои коммуникатсияи оммавӣ низ ба ҳисоб меравад. Оммавият, шумораи калони аудитория аз коммуникатор талаб менамояд, ки он меъёрҳоро ҷиддӣ риоя намояд.
Акнун ба таҳлили масъалаи боз ҳам мухими дигари коммуникатсияи оммавӣ – механизмҳон психологии идроки ахбор мегузарем. Матбуот, ва оинаи нилгун ҳамчун воситаҳои техникии коммуникатсияи оммавӣ дар идроки ахбор нақши амиқ мегузоранд. Ин ҷо он чиз муҳим ба кайд аст, ки тн ё он воситаи техникӣ ба кадом узви ҳиссӣ мансубият дорад. Умуман, воситаҳои техникӣ табиати сенсориро (ҳиссӣ) соҳибанд. Масалан, ба матбуот идроки биноии ахбор, ба радио фақат идроки шунавоии ахбор ва ба оинаи нилгун бошад ҳам идроки биноӣ ва ҳам шунавоа хос мебошад. Вобаста ба ҳамин, ҳар яке аз ин воситаҳои техникӣ ба худ хос хусусиятҳоро пайдо мекунанд. Масалан, ҷиҳатҳои мусбати газета дар он зоҳир мешавад, ки туфайли он хонанда бо маводҳои зиёд шинос мешавад, интихоби мустақилонаи ахбори ба ӯ маъқулу муҳим ба амал меояд. Ӯ метавонад борҳо ба маводи пеш дарккардааш баргардад, то ки боз амиқтар онро фаҳмида гирад. Газетаро одатан ҳар лаҳза ва дар ҷои мувофиқ фосиланоку муттаасил хондан мумкин аст. Газетаҳо, ҷурналҳо шархи ахбори радиову оинаи нилгунро боз ҳам пурратар эзоҳ медиҳанд ва ин афзалияти ӯро нисбати дигар воситаҳо мефаҳмонад.
Агар радиоро ҳамин тавр таҳлил кунем, он гоҳ мебинем, ки он нисбат ба матбуоти даврӣ дида воситаи нисбатан оддӣ аст, зеро гӯш кардани ахбори радио ҷаҳду кӯшиши интеллектуалии зиёдро талаб намекунад ва дараҷаи саводнокие, ки барои таҳлили газета зарур аст, ин ҷо шарт нест. Махдудияти радио ҳамчун воситаи коммуникатсияи оммавӣ дар он аст, ки аудитория имконияти дидани коммуникаторро надорад. Аз ин рӯ, образи ӯро худаш меофарад ва дар сурати номувофиқ омадааш маъюсу озурдахотир мегардад. Афзалияти радио дар ин аст, ки ҳодисаро рост аз ҷои вуқӯъёбиаш хабар медиҳад. Чунин саривақт ахборотдиҳӣ як навъ ҳолати иштироки бевсютаро ба вуҷуд меоварад. Яъне. чунин таассуроте паидо мешавад, ки гӯё онҳо худашон низ иштирокчии бевоситаи ин ҳодисаанд. Ин ҳолат дараҷаи бовариро ба ахбор баланд мекунад.
боз як махдудияти дигари радио он аст, ки шунаванда интихоб карда наметавонад. Имконияти бозгашт ба ахбор бо мақсади хубтар идрок намудани он нест.
Оинаи нилгун образҳои биноӣ ва нутқи садогиро муттаҳид мекунад ва ба шакли муоширати байнишахсӣ наздиктар аст. Ба қавли ҷурналист В. Сатак оинаи нилгун «рентгени характер» аст ва туфайли он хислатҳои ниҳонии характери иштирокчиёни ҷараёни муошират ошкор мегардад. Агар аз ҷихата саривақтии ахборотдиҳӣ бахо диҳем, он гоҳ оинаи нилгун нисбати матбуот баландтар асту нисбати радио пасттар. Вале аз намоишҳои телевизионӣ эҳсоси иштирокчии бевоситаи ҳодиса будан пештар ҳосил мешавад ва ин қувваи таъсирбахшии ахборро баланд мекунад.
Оинаи нилгун чун радио ба аудитория имконият намедихад, ихтиёран интихоби ахборро намоянд ва ба тахлили ахбори пешдарккардааш боз баргардад.
Хусусиятҳои шахсияти коммункатор ва аудитория яке аз масъалаҳои муҳими коммуникатсияи оммавӣ ба шумор мераванд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки агар образи муошираткунанда ба таври мусбӣ аз ҷониби аудитория қабул карда шавад, он гоҳ ин ба рафти дарки ахбор таъсир мерасонад. Баръакс, агар муошираткуианда таваҷҷӯҳи аудиторияро ба худ пайдо накарда бошад, он гоҳ ба ҷараёни ахбори додааш таъсири манфӣ мебахшад.
Пас, маълум мешавад, ки хусусиятҳои муошират дар шароити коммуникатсияи оммавӣ ба шахсияти муошираткунанда як қатор талаботҳоро пешниҳод мекунанд. Азбаски муошираткунанда аудиторияи худро намебинад ва тасдиқу инкори хабар ба амал намеояд, аз ин рӯ баёноти ӯ ба як қатор мушкилоти психологӣ дучор мешаванд. Яке аз онҳо ваҳми микрофон (баландгӯяк) аст ва махз ҳамин боис мешавад, ки аксар рафиқон баромад карданро дар радиову телевизион рад мекунанд. Дар сурати розӣ шуданашон мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар назди микрофон шахсияташон ба дигаргуниҳо дучор мегарданд, Яъне, рафторашон пурхаяҷон ва бенизом шуда, овозашон тағйир меёбад, муттасилии баён дар фаъолияти нутқӣ гум мешавад. Сабаби ҳамаи ин фишори психологиест, ки ба шуури муошираткунанда дода мешавад. Аз тарси он ки хато накунад, муттамарказияти фаъолияти шуур гум мешавад, мустақилият маҳдуд мегардад ва дар ниҳоят мазмуни сӯҳбат ба як баромади хушку бе таъсир табдил меёбад.
Тадқиқотҳои солхои охир тасдиқ менамоянд, ки аудитория пеш аз хама ба овози муошираткунанда диққат медиҳад. Мувофиқи тадқиқотҳои муҳаққиқони америкоӣ ҳангоми баҳо додан ба овозҳои мардонаи коркунони радио ва оинаи нилгун афзалиятро аввал ба овози баритон (62% пурсидашудагон), сипас ба овози тенор (31% пурсидашудагон) ва баъдан овози бас (7% пурсидашудагон) доданд. Ба овозҳои занона бештар овози тембри миёна доштаро афзал додаанд. Психологҳои америкоӣ таҳлили муқоисавии идроки баромадҳои пешазинтихоботии номзадҳоро ба президентӣ (Дҷ. Кеннеди ва Р. Никсон) гузаронидаанд, ки он бо воситаи радио ва оинаи нилгун дода шуда буд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки Р.Никсон нисбат ба ҳарифаш бештар таассурот ва таваҷҷӯҳи шунавандагону бинандагонро ба худ бедор кардааст ва дар ин овози форами ӯ низ роли мухимро бозид. Аз назари психологӣ, бохти Кеннедиро бо овози нихоят баланд ва талаффузи «бостоӣ – гарвардӣ»-и ӯ алоқаманд мекунанд. Вале дар назди экрани телевизион афзолиятро Дҷ. Кеннеди мегирифт, зеро ки ӯ бо имову ишора ва ҳаракатҳои ифоданокаш нуқсонҳои овозии худро мепӯшонид.
Агар мо як навъ модели иҷтамоӣ – психологии образи коммуникаторро созем, он гоҳ зимни он ду омили асосиро ҷудо кардан мункин аст.
1. Муносибати коммуникатор ба ахбороти додааш чӣ гуна аст?. Оё ӯ салоҳияти баён намудани ин ахборро дорад ва то чӣ андоза хақиқатанигор аст?. Ин омил талаб мекунад, ки коммуникатор бояд соҳиби дониш, таҷриба ва маҳорати ба таври дастрас баён кардани ахбор ва ғайра бошад. Инро омили босалоҳиятии коммуникатор меноманд.
2. Омили дуюмро муносибати коммуникатор ба аудитория ташкил медиҳад. Коммуникатор бояд эҳтироми самимиро ба аудитороия ҳамчун ба мусохибаш зоҳир намояд. Аудитория бисёр нозук муносибати коммуникаторро хис мекунад. Ӯ дар он сурат таваҷҷӯҳ зохир мекунад, ки агар комммуникатор ба ӯ баробар ва якхела муошират кунад ва хоҳишу мубодилаи фикру андеша кардан дошта бошад.
Пас, сохти психологии шахсияти коммуникатор ба рафти идроки ахбор хангоми коммуникатсияи оммавӣ таъсири пурзӯре мерасонад.

Саволҳ о барои санҷиш:

Мафҳуми «коммуникатсияи оммавӣ» – ро шарҳ диҳед?
Функсияхои коммуникатсияи оммавӣ кадомҳоянд?
Механизмҳои психологии идроки ахборро фахмонед?
Хусусиятҳои шахсияти коммуникатор ва аудиторияро тавсиф


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.