Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Пословица

Пословицы от InfoPage.Tj

90 зарбулмасалхои пурмаъно

Пословица
1. Мастӣ барад ба пастӣ; 2. Умри санъат дароз асту, ҳаёти одамӣ кӯтоҳ; 3. Аз як даст садо намебарояд; 4. Аз пашша фил масоз; 5. Марг беҳ аз расвоӣ; 6. Ваъда додӣ вафо кун, қавл додӣ иҷро кун; 7. Аввал бубин ҷои худ баъд бимон пои худ; 8. Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад; 9. Бе ранҷ наояд ба даст ганҷ; 10. Дуд бе оташ намешавад; 11. Поёни шаби сиёҳ сафед аст; 12. Meҳнатро бисёр кун гапро кам;  13. Бисёр донистан нишонаи доногӣ нест; 14. Майдон аз далер аст; 15. Дер ояду, шер ояд; 16. Кам гӯю, бисёр кун; 17. Кори имрӯзаро ба фардо нагузор; 18. Либоси зебо, ин ақлу одоби инсон нест; 19. Аз ҷав ҷав рӯяду, аз гандум гандум; 20. To тавакал накунӣ, чизе ба даст наёрӣ; 21. Ҳар кор вақту соат дорат. Осиёб бо навбат; 22. Оҳанро дар гармиаш мекубанд; 23. Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун;

115 зарбулмасалхои бехтарин

Пословица
1. Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош; 2. Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст; 3. Ба хари танбал бори бештар мегузоранд; 4. Гувоҳи дурӯғгӯй ҳамеша тайёр; 5. Олим аз илму дониш сухан мегӯяду аҳмақ аз чизҳои хӯрдааш; 6. Агар барои нотавонӣ хашмгин шавӣ, далел он аст, ки қавӣ нестӣ; 7. Оташи хашмро бо оби сукут хомӯш бинамо; 8. Ҳар кӣ худро нашиносад, ӯро нашинос; 9. Дӯсти ҳокимшуда дӯсти гумкарда аст; 10. Агар хоҳӣ дар роҳи ҳаёт шикаст нахӯри лаззати дунёро дар моли дунё набин; 11. Дар савдо дӯстӣ нест; 12. Агар хоҳӣ зиндагият хуб гузарад, сабр намо; 13. Саг дар кӯчааш шер аст; 14. Агарчӣ зиндагият бе ғам намешавад, вале ғами беҳуда махӯр; 15. Ҳаргиз дар ҷустуҷӯи ишқ мабош, чунки зиндагӣ худ ишқ аст; 16. Чашмгуруснагон аз баҳри фарзанд мегузаранд, вале аз баҳри пул