Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Акидаҳои сиёсии мутафаккирони тоҷику форс

Афкори сиёсӣ- иҷтимоии халқи тоҷику форс таьрихи тўлонӣ дорад. Он аз қадимулаём ба таври шифоҳӣ, бадеӣ ва нигоштаҳои фалсафӣ-ахлоқӣ акс ёфта, тулӣ беш аз 5 ҳазор сол ташаккул ёфта, ғанӣ гаштааст.Нақша:
1. Афкори сиёсӣ – иҷтимоии то исломии форсу тоҷик.
2. Афкори сиёсии асри миёнагии халқи тоҷику форс.
3. Таълитоти сиёсӣ – иҷтимои Аҳмади Дониш.

Афкори сиёсӣ- иҷтимоии халқи тоҷику форс таьрихи тўлонӣ дорад. Он аз қадимулаём ба таври шифоҳӣ, бадеӣ ва нигоштаҳои фалсафӣ-ахлоқӣ акс ёфта, тулӣ беш аз 5 ҳазор сол ташаккул ёфта, ғанӣ гаштааст. Гувоҳаш мисли «Худойномак», «Корнамоии Ардашери Бобакон», «Ҳафт хони Рустам», «Ёдгори зарирон» барин сарҷашмаҳо мебошанд.
Бузургтарин сарчашмаи хаттии мардуми ориённасл «Авесто» (7-6 пеш аз мел.) ба шумор меравад, ки дар он афкори фалсафӣ-сиёсӣ ва ахлоқии Шарқи бостон, табақабандии иҷтимоии он ифода ёфтааст. Ба хусус талабҳои ахлоқии таълимоти Зардушт: «гуфтори нек», «пиндори нек» ва «кирдори нек» мардумро дар рўҳияи оштинопазирӣ ба ҳама он амал ва гуфтору рафторҳое, ки ба ҷомеа зарар мерасонанд, тарбия намуда рисолати инсониро дар некӣ ва накўкорӣ мебинад.
Дар таълимоти вай байни некӣ ва Бадӣ мубориза абадӣ буда, Аҳурамаздо ҷонибдори некӣ ва Аҳриман ҷонибдори «бадист».
Зардушт орзу мекард, ки ҳокиме, ки халқро идора мекард, дорои сифатҳои Аҳурамаздо бошад. Вай ҷонибдори яккаҳокимияте буд, ки дар он ҳама баробар буда, истисмори одам вуҷуд надошта бошад. Маҳз яккаҳокимиятиро шакли беҳтарини идоракунӣ дониста, таъкид таъкид кардааст, ки ин ҳокими пурқувват, донишманд, адолатхоҳ ва тоза бошад»1. Зардушт ҳокими нек, касест, ки оиди ҳаёти камбағалон ҳамеша фикр мекунад.
Тибқи таълимоти Зардушт инсон дар рафти мубориза ба муқобили ҳама гуна зўрӣ, таҳдид ва дигар амалҳои бад на танҳо ғолиб мебарояд, балки пояи адлу инсофро боз устувортар месозад. Оиларо асоси ҷомеа дониста, онро на танҳо идомабахши ҳаёт, балки ривоҷдиҳандаи ҳаёти иқтисодӣ медонад. Аз назари Зардушт ҷомеаро бояд подшоҳи одил сарварӣ намояд. Вай дар «Ясно» навиштааст. Ҳокимони золим ҳатто бо пора кори нек намекунанд. Онҳо қотилони бегуноҳанд. Онҳое,к и чунин ҳокимонро интихоб намекунанд, лоиқи ҷазои дўзаханд. (Ҳушанг М. Ҷаҳонбинии Эрон. Дафтари аввал. Табрез, 1381).
Дар табақабандии иҷтимоӣ ҷамъиятро ба рўҳониён, ҷанговарон, пешварону кишоварзон ҷудо карда, нақши ҳарбиёнро дар ҷамъият муҳимтар донистааст. Ин андеша ба он хотир аст, ки ҷанговарон ҳам кишварро аз ҳуҷуми бегонагон эмин нигоҳ медоранд ва ҳам сарзамини дигаронро фатҳ месозанд.
Дар ташаккули афкори динӣ-фалсафӣ ва ахлоқӣ-сиёсии форсу тоҷик Монавия нақши барҷаста дорад.
Ин таълимот бо номи Монӣ (216-278 милодӣ), донишманди барҷастаи замони худ, донандаи ҳама забонҳои зиндаи замонаш ва рассоми барҷаста вобастааст.
Таьлимоти Монӣ аз Бобул то ба Чин паҳн шуда, дар ташаккули ақидаи фалсафии дини насронӣ, ки намояндаи барҷастааш Августин аст, саҳми амиқ гузаштааст.
Монӣ агарчи марди хеле донишманд буд, аммо фалсафаи амалии ваӣ фалсафаи зўҳд ва гўшанишинӣ буда, никоҳро кори зишт медонад. Ба ақидаи вай муносибатҳои ҷинсӣ ва тавлид як навъи фаҳшанд. Бакорат шакли беҳтарини ҳаёт дониста мешавад. Аз назари монавия рўзадорӣ, бекорӣ амали нек буда, онҳо воситаи заъфи тананд (тан бошад дар таълимоти моновия офаридаи Аҳриман аст.) Моновия неъматҳои моддӣ ва сарватро, ки манбаи ғавғо, ҳавас ва васвасаанд, ҷонибдор нест. Вай бар он ақида аст, ки инсон тавассути дониш ба саодат мерасад. Ба андешаи вай аз бадӣ ба воситаи зуҳд ва тозагӣ халос шудан мумкин аст. ба ин дараҷа расидан танҳо дониш сабаб мешавад. монӣ муқобили дуздӣ, ғоратгарӣ ва моликияти хусусӣ буд. Гўшанишинӣ ва бекориро кори хайр медонад.
Маздакия (4-5 мелодӣ)- таълимоти динӣ-фалсафӣ ва иҷтимоист. Маздак соли 460 милодӣ дар Нишопур ба дунё омада, соли 529 аз ҷониби Хусрави Анўшервон бо ҳамроҳии 12 ҳазор пайравонаш ба қатл расонида шудааст.
Маздак дар таърих аввалин шуда баробарии молумулкии одамонро таъкид карда, қайд кардааст, ки худо маздакро рўи замин офарид, ки мардум боигариҳоро миёни худ яксон қисмат кунанд. Маздак мегўяд, ки онҳо дороии тавонгаронро ба нафъи бенавоён мегиранд ва он чиро аз дороён мегиранд, ба бенавоён медиҳанд.
Аз рўи ақидаи Маздак ҳамаи одамон бандагони худоянд ва чун бандагони худо баробарҳуқуқанд. Барои ҳамин ҳама чиз дар байнашон баробар бояд тақсим карда шавад. Тарғиби баробарии иҷтимоию ҳуқуқии Маздак дар пешрафти афкори озодандешии форсу тоҷик марҳилаи хеле муҳим буда,
– ҳаракати маздакия аз рўи қувваҳои ҳаракатдиҳанда ҳадаф ва хусусияташ ҳаракати иҷтимоист, ки ба муқобили беадолатии иҷтимоӣ нигаронида шудааст;
– вай ифодагари манфиатҳои деҳқонони заҳматкашу косибон ва аҳолии миёнаҳол аст.
Дар ташаккули афкори фалсафию иҷтимоӣ-сиёсии мардуми форсу тоҷик саҳми мутафаккирони асри миёнагӣ: Абўбакри Розӣ (865-925), Абўнасри Форобӣ (873-950), Абўалӣ ибни Сино (980-1037), Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314-1394), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420-1505), Аҳмади Дониш (1827-1897) хеле бузург аст.
Масалан, Абўбакри Розӣ дар «Нақзи адён» ном асараш қайд кардааст: «Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар дигаре бартарӣ надодааст. Ва агар бигўем, ки барои раҳматнамоии онон ҳоҷат ба интихоботи касе дошт, ҳикмати болиғаи вай мебоист чунин иқтидо кунад, ки ононро ба монофеу мазореи онию отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшон бар дигарон бартарӣ надиҳад ва мояи ихтилофу низои онон нагардад. Ва интихоби имому пешво боиси он нашавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро тақзиб кунад ва ба назари буғз бад-онон бингарад ва ҷамоате бар сари ин ихтилоф аз миён бибарад». Иштироки фаъолонаи инсонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароити пешрафти ҷомеа медонад.
Дар таълимоти Абўнасри Форобӣ бошад фалсафаи иҷтимоӣ мақоми хоса дошта, бар он ақидааст, ки инсон барои ба камолу саодат расидан ниёзманди чизҳои зиёд аст, аммо онҳоро дар танҳоӣ ба даст овара наметавонад. Вай ба ёрию ҳамкории ҳаммислони худ ниёзманд аст. Барои ҳамин инсон худро такроран истеҳсол намуда, гўшаҳои ноободи оламро обод сохта, ҷомеаи башариро ташкил намудааст. Он ҷомеа бошад комила ва ғайри комила буда, ҳар кадом дорои навъҳои гуногунанд. Форобӣ ҷомеаи комиларо «ба се навъ: а)ҷомеаи бузург-иттиҳоди ҳамаи одамони кураи арз; б) ҷомеаи миёна-иттиҳоди ин ё он халқ дар ҷузъе аз қисмати ободони кураи арз ва в) ҷомеаи хурд-иттиҳоди аҳли ин ё он шаҳр, ки ҷузъе аз маскани халқест.
Ҷомеаи ғайри комиларо бошад ба иттиҳоди деҳкада, иттиҳоди аҳли маҳалла, иттиҳоди аҳли кўча ва иттиҳоди аҳли хонавода ҷудо намудааст. Дар таълимоташ Форобӣ навиштааст: «Мадинае, ки мақсади иттиҳоди он таъовун (ҳамёрӣ) дар корҳоест, ки тавасути онҳо саодати ҳақиқи ҳосил мешавад, мадинаи фозила ва ҷомеае, ки аҳли он яке бар дигаре барои таҳсили саодат ёрӣ мерасонад, ҷомеаи фозила аст. Халқе, ки ҳамаи шаҳрҳои он яке ба дигаре барои таҳсили саодат ёрӣ мерасонанд, халқи фозила аст. Ба ҳамин минвол тамоми кураи арз фозила хоҳад шуд, агар халқҳо яке бар дигаре дар таҳсили саодат мадад бикунанд».
Ин андешаҳо пояи баланди маърифатию ахлоқӣ дошта, дар ташаккули афкори сиёсию иҷтимоии мардуми Шарқ таъсири ҷиддӣ расонидаанд.
Таълимоти иҷтимоии Ғазолӣ, ки дар асарҳояш «Мустазфо», «Иқтисод», «Музтазҳарӣ», «Насиҳат-ул-мулук» баён ёфта, ба хулоса омадааст, ки ҷамъият мисли тамоми ҷаҳон зодаи хиради илоҳӣ буда, мақому тартиби он аз ҷониби худо қаблан таъмин шудаанд, бе он ки одамон барои таъмини рўзғор ва пайдо намудани васоили зиндагӣ ба ҳам ҳамкорӣ накунанд, ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Дин ва сиёсат ба ҳам пайванд буда, танзимгари асосии зиндагии ҷамъиятанд. Вай бар он ақидааст, ки рифоқу шукуфоии давлат ба шоҳ, ки сояи худо дар замин аст ва инчуни ба вазир, соҳибмансабон, ашхоси соҳибқаламу соҳибшамшер вобастааст.
Дар таълимоти Ғазолӣ ҷанбаи инсонгарӣ хеле барҷаста буда, адолатро таблиғ ва зулму шарро танқид месозад. Вай дар заминаи таълимоти динӣ кўшидааст, ки ҳокимони замонашро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ даъват созад.
Дар қатори мутафаккирони асрҳои миёна талимоти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ (1314-1394) ҷои махсусро ишғол менамояд. Вай ҳамчун уламои дини ислом бештар ба мақому манзалати ҳокимони динию давлатӣ диққат дода, байни аҳли нубуввату ҳокимони сиёсӣ ва нақши эшон дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ фарқ мегузорад. Вай танҳо барои пайғамбарон ишғоли ду мансаб – нубувват ва салтанатро роиҷ мебинад. Вай ҷамъиятро бе подшоҳ тасаввур намекунад ва нақши ўро дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле боло мегузорад. Аз ин хотир вай мехоҳад, ки шахси подшоҳшаванда дорои сифатҳои зайл бошад: ҳоҷатбарор буда, чизу молпараст набошад; ғамхор буда, ҳалиму ботамкин бошад; халқро дифоъ кунад; дар андешаи ҳимояи кишвар буда, аҳли фазлро эҳтиром кунад; таккабур надошта бошад ва дар сиёсати шоҳӣ устувору бофаросат бошад.1 Вай чун пешгузаштагонаш ҷонибдори подшоҳи одилу хайрхоҳ аст.
Афкори сиёсӣ-иҷтимоии асри миёнагии форсу тоҷикро бе саҳми Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420-1505) тасаввур кардан мушкил аст. Ин симои барҷастаи фарҳангӣ дар асарҳои худ: «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Футуватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия» оид ба тарзи давлату давлатдорӣ, ягонагии ҳокимияти динию дунявӣ, саҳми шахсони соҳибмансабу соҳибмақом ва ашхоси тавонгар андешаҳои ҷолибе баён намудааст, ки ҳоло ҳам пурарзишанд. Вай пойбарҷоии ҳокимияти давлатиро дар сиёсати босубот дида, таъкид месозад, ки низоми устувори ҷомеаро бе сиёсати хирадмандона таъмин намудан имконнопазир аст. Аз ҷумла навиштааст:
Кошифӣ бар он ақидааст, ки адлу инсофи сарвари давлат, усули солими давлатдорӣ, халқпарастии воқеии сарвар, пояи давлатро устувор ва ҳаёти ҷамъиятро хуш месозад.
Вобаста ба шароити воқеии ҳаёти ҷамъиятӣ мутафаккирон масъалаҳоеро мавриди муҳокима қарор медиҳанд, ки ҳалли онҳо дар ҳамон марҳила умдаи рўз аст. Дар ин ҷода ақидаи маорифпарварии Аҳмади Дониш (1827-1897) хеле ҷолиб аст.
Дониш мутафаккирест, ки дар доираи ҳокимони манғитӣ нуфузи хоса дошта бошад ҳам, аз усули давлату давлатдории онҳо пуштибонӣ намекард.
Вай дар шароите ҳаёт ба сар бурдааст, ки дар аксари мамолики Ғарб инқилобҳои буржуазӣ ғалаба карда, дар тариқи давлату давлатдорӣ, мактабу маориф тарҳи нав рехта шуда буд. Дар аксари давлатҳои Ғарб ғояҳои социалистӣ хеле васеъ доман густурда буданд.
Чун вай аз ҳолу аҳволи Ғарбиён хуб бохабар буд, имкон дошт, то тарзи давлатдории Шарқу Ғарбро муқоиса намуда, баъзе ислоҳотҳоро вобаста ба шароити мушаххаси Бухорои феодалӣ пешниҳод намояд.
Дониш хуб медонист, ки ҳукумат ва ҳокимиятдорӣ кори мушкил аст. Барои ҳамин сарвари давлат бояд марди бо фазлу хирад, ботаҷриба, адолатпараст, хушахлоқ бошад. Вай имони комил дошт, ки танҳо сарвари донишманд, хушахлоқу адолатпараст, дурандешу ватанхоҳ метавонад, ҷомеаро дуруст идора созад. Вай таъкид мекард, ки сарвари давлат бояд кафили қонуният бошад. Агар кормандони давлатӣ вазифаашонро дуруст адо накунанд, зулмро ба халқ раво бинанд, тибқи қонун ба ҷазо гирифтор карда шаванд.
Вай аввалин шахсест, ки дар афкори сиёсии форсу тоҷик оиди давлати дунявӣ чунин рукнҳоро пешниҳод намудааст.
1. Подшоҳи одили қоҳири зўр, ки агар подшоҳ золиму заифҳол бувад, ҳамсоягон ба мамлакати ў тамаъ кунанд ва кишварро поймол намоянд.
2. Дар дастгоҳи идораи давлатӣ бояд шахсони донишманд, адлгустар амал кунанд, зеро агар амалдорони дастгоҳи ҳукумат золим, ҷоҳил бошанду подшоҳ адлгустар дар ин маврид низ шаҳр хароб шуда, мардум тарки он мекунанд, деҳаҳо вайрон мегарданд, чунки зулми амалдорон ин зулми худи султон аст.
3. Дар кишвар ба соҳаи тиб таваҷҷўҳи хоса бояд дод.
4. Дар шаҳр бояд обҳои ҷорӣ, дарёву наҳрҳо ва чашмасорҳо вуҷуд дошта бошанд.
Вай ҷонибдори подшоҳи маърифатпеша, адолатпарасти мудом дар андешаи рушди кишвар бубааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.