Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


ХУСУСИЯТИ БАРҚАРОРШАВИИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ибораи «ҷомиаи шаҳрвандӣ» дар илми сиёсатшиносӣ нав набуда таърихи тўлонӣ дорад. Агар ба андешаҳои дар ин хусус ифодакардаи мутафаккирони пешин эътибор диҳем, дарк менамоем, ки пайдоиши ин ба замони ҷомиаи ибтидоӣ муттаалиқ будааст. Аз ҳамон вақте ки бар болои ҳокимияти шаҳрвандон одамони ба таври махсус муссаллаҳгашта мебароянд, он ташкили ҷамъиятро ташкилоти сиёсӣ – давлат иваз менамояд.Нақша:
1. Марҳилаҳои асосии инкишофи афкори сиёсӣ оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ.
2. Хусусият ва аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон.
3. Фарқи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҳуқуқӣ.
Ибораи «ҷомиаи шаҳрвандӣ» дар илми сиёсатшиносӣ нав набуда таърихи тўлонӣ дорад.
Агар ба андешаҳои дар ин хусус ифодакардаи мутафаккирони пешин эътибор диҳем, дарк менамоем, ки пайдоиши ин ба замони ҷомиаи ибтидоӣ муттаалиқ будааст. Аз ҳамон вақте ки бар болои ҳокимияти шаҳрвандон одамони ба таври махсус муссаллаҳгашта мебароянд, он ташкили ҷамъиятро ташкилоти сиёсӣ – давлат иваз менамояд. Аз ин рў ҷомиаи шаҳрвандӣ гуфта чунин ташкили ихтиёрии аъзоёни ҷомиаро мефаҳмидагӣ шудаанд, ки бидуни маҷбуркунии ҷисмонию ҷазо аъзоёнаш дар ҳаёти ҷомиа нақши асосӣ мегузоштаанд. Яъне бо чунин фахмиш нақши сиёсат дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз байн бардошта шуда худфаъолии шаҳрвандон ба ҷои аввал бардошта мешавад.
Бесабаб дар асарҳои мутафаккирони давру замонҳои гуногун – Арасту, Форобӣ, Макиавелли, Гоббс, Локк, Монтескье, Руссо, Кант, Гегель, Маркс ва Бакунин масъалаи фарқияту умумияти мафҳуми ҷомиа ва давлат акс наёфта аст.
Пайдост, ки эътибори ҷиддӣ ба масъалаи ҷомиаи шаҳрвандӣ тасодуфи набуда он басо муҳим ва рўзмаррааст.
Ба хусус демократикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, баланд гаштани сатҳи фарҳангии мардум, дарки зарурияти дастҷамъона ҳал намудани мушкилотҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию ахлоқӣ, таъ ғир ёфтани низоми сиёсии ҷаҳон, пайдоиши олами як қутбаи ҷомиаи башарӣ аз ҳар кадом шахс масъулияти баланди инсониро талаб менамояд. Маҳз ҳамин дарки масъулияти ҳама дар назди иттиҳодияҳои одамон, оила, гурўҳ, коллектив, синф, миллат ва давлат ва маҷмўи ҷомиаи башарӣ дар назар мудохилаи сиёсиро дар ҳаллу фасли иҷтимоию сиёсӣ камтар намоянд.
Аммо афзоиши масъулият ба кам шудани ҳуқуқ ва озодии шахс, маҳдуд кардани ихтиёри вай сарфиназарнамоии манфиатҳояш не, балки иштироки ихтиёрӣ, бошуурона ва самарноки ҳар кадом фардро дар назар дорад.
Одамон ҳамчун қувваи фаъоли комилан мустақил бидуни тарс аз ҷониби мақомотҳои сиёсию қудратӣ тақдири худ ва дигаронро ҳал менамоянд.
Мутафаккири бузурги Олмон И. Кант принсипҳои ҷамъияти шаҳрвандиро чунин муайян намудааст: 1). Озодии ҳар кадом аъзои ҷомиа; 2). Баробарии он ба ҳама дигар касон чун табаа; 3). Мустақилияти ҳар кадом аъзои ҷамъият чун шаҳрванд (ниг.: Основы политологии. М. 1997, стр. 32).
Мутафаккири дигари олмон Ф. Гегель ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлатро ҳамчун институтхои мустақил, вале ба ҳам таъсиркунанда арзёбӣ намудааст.
Вай ҷомиаи шаҳрвандӣ оиларо зербинои асосии давлат ҳисобидааст.
Дар таълимоти К. Маркс таҳлилу таҳқиқи ҷомиаи шаҳрвандӣ ҷои махсус дорад. Бояд қайд намуд, ки ҷомиаи шаҳрвандӣ чун аз ҷониби «ҳаваскорон идора карда мешавад, ё аксаран манфиатҷўён дар сари онҳо меистанд, ҳолате ба вуҷуд меояд, ки вай ба талаботи ҳаррўзаи аъзоёнаш ҷавоб дода наметавонад. Дар чунин вазъият зарурати ба роҳи сиёсӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷомиа ба миён меояд.
Ҳамон тавре ки давлат ба мақомоти бюрократӣ табдил ёфта, боиси бегонашавии шаҳрвандону давлат мешавад, ҳамин тавр ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ба ин иллат мубтало мегардад. Маҳз дар ҳамин марҳила барои ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳуқуқию ахлоқӣ ба ҷояшро давлат медиҳад.
Ҳаминро ба инобат гирифта К. Маркс се хели имконпазирии зиддияти ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлатро нишон додааст:
 Ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ ду артиши ба ҳам душман;
 Ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ ду артиши ба ҳам дўст;
 Яке аз артишҳо дар рафти муқобилиятнишондиҳӣ ғолиб омада, артиши дигарро пароканда менамояд.
Ҷомиаи ҳақиқатан шаҳрвандӣ гуфта ҳамон умумияти одамонро меҳисобанд, ки ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ таносуби оптималиро ба даст оварда пешрафти болоравандаи ҷамъиятро таъмин менамояд. Аммо ба ин дараҷа расидан алҳол кори басо мушкиле аст, зеро миллате нест, ки он аз зиддиятҳои гуногун орӣ бошад ва ё ҳама мушкилотро ҳал намуда бошад.
Ҷомиаи шаҳрвандӣ дорои таркиби муайян буда, чунин унсурҳо: хоҷагӣ, иқтисодӣ, хешу таборӣ, оилавӣ, этникӣ, динӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, инчунин муносибатҳои сиёсии байни фардҳо ва субъектҳои аввалини ҳокимият, хизбҳо, гурўҳҳои манфиатҳоро дар бар мегирад. Ҷомиаи шаҳрвандӣ заминаи озодонаи манфиатҳои хусусӣ ва фардиятӣ аст.
Ҷомиаи шаҳрвандӣ аз давлат ба он фарқ менамояд, ки дар ин тобеъият (он тавре дар сохторҳои давлатӣ вуҷуд дорад) набуда, муносибати рақобат ва ҳамкории байни аз ҷиҳати юридикӣ озод ва баробарҳуқуқи шариконанд.
Табиист, ки рақобати озоде, ки ба замони барқороршавии муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ хос буд, дар шароити ҳозира чунин нест.
Ҳоло нақши давлат дар ҳаёти иқтисодӣ хеле афзуда баъзан чунин рақобатҳоро ба танзим ҳам медарорад. Гузашта аз ин, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлатро аз ҳам ҷудо намудан кори осон нест, чунки асосиатсия ва иттиҳодияҳое, ки ба сектори давлатӣ таалуқ надоранд, ҳар чанд дар доираи қонунҳои амалкунандаи давлатӣ фаъолият намоянд ҳам, ҳамфикрии рақобаткунандагон дар ҳама сатҳ ва дар ҳама лаҳза кори осон нест.
Илова бар ин, ҷанбаи ахлоқии рақобати озодро ба инобат нагирифтан хатост. Ин ҷо сухан дар бораи категорияи ахлоқии ҳасуд меравад. Ҳасуд ду паҳлу дорад: 1. Ҳасуди солим, ҳарифро водор месозад, дар дараҷаи ташкили истеҳсолот, тиҷорат ва ё дигар навъи фаъолият ба рақиб на танҳо баробар шавад, балки аз вай пеш гузарад. Чунин рақобате, ки дар заминаи ҳасад бурдан ташаккул меёбад, метавонад боиси пешрафти кулли ҷомиа гардад.
2. Ҳасуди носолим – рақобате, ки аз як тараф аз ўҳдаи ташкили истеҳсолот, тиҷорат ва ё дигар навъи фаъолияти фойдаовар намебарояду ҳарифаш баракс пештар меравад, он гоҳ рақиби ноўҳдабаро дар паи халали ҳарифи хеш шуда даст ба ҷиноят мезанад.
Дар чунин ҳолат ҳамфикрон ба душман табдил меёбанд. Ин ҷо хоҳу нохоҳ сохторҳои давлатӣ ҳамчун кафили амният баромад мекунанд.
Дар ҳамин замина моҳияти қонун ва давлати қонунию ҳуқуқбунёд ошкор мегардад. Ҷомиаи шаҳрвандӣ дар маънии тангтар ба давлати ҳуқуқбунёд робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар мафҳуми васеъаш ҷомиаи шаҳрвандӣ дар худ ҳамаи он қисмҳои ҷомиаеро, ки «дасти» давлат ба онҳо намерасад, таҷассум месозад.
Масъалаи ҷомиаи шаҳрвандиро мавриди муҳокима қарор дода, андешаҳои доир ба аломат ва принсипҳои он баён намудаи сиёсатшиносони муосирро чун намуна пешниҳод намуда оиди онҳо фикри хешро ифода менамоем.
Муаллифи китоби дарсии, «Основы политологии» В.А. Мальцев (М. 1997) аломатҳои ҷомиаи шаҳрвандии инкишофёфтаро чунин арзёбӣ кардааст:
1. Мавҷудияти моликияти хусусии дар ихтиёри одамон (фардҳо ё коллективҳо) буда, шароити базавии озодии шахс аст.
2. Дар ҷомиа вуҷуд доштани сохтори инкишофёфта ва гуногуни иҷтимоие, ки боигарӣ ва гуногунии манфиатҳои гурўҳҳою табакаҳоро ифода намуда дорои демократияи инкишоёфта ва сегона аст.
3. Инкишофи баланди оқилию рўҳии аъзоёни ҷомиа қобилияти мустақилона ба ин ё он институти ҷомеа дохил шудан. Таъмини қонун, яъне амал намудани давлати ҳуқуқӣ (дар ҳамон ҷо, саҳ. 327).
Агар ба моҳияти ин аломатҳо назар намоем, як камбудӣ аён мегардад: муалиф танҳо як системаи муносибатҳои истеҳсолӣ-моликияти хусусӣ ё соҳиби моликият буданро шароити асосии ҷомиаи шаҳрвандӣ медонад.
Ҳол он ки дар таърихи тамаддуни башарӣ одамон танҳо дар ҷомиаи общинаи ибтидоӣ дар баробарии моликиятӣ ва манфиатӣ будаанд. Дар сохти сотсиалистӣ ҳам баъди солҳои 60-ум одами Шўравӣ ҳангоми ба кор рафтанаш андешаи имрўз фарзанди ман чӣ мехўрад намекард, чунки дилаш аз давлат пур буда, тамоми воситаҳои зиндагиро дастрас менамуд ва қудрати харидориаш ҳам мерасид.
Пас ҷомиаи шаҳрвандӣ бояд чунин ҷомеае бошад, ки шаҳрванд ҳамеша ғамхории давлатро эҳсос намояд.
Сиёсатшиноси тоҷик Гулмаҳмад Зокиров бошад дар брошюрааш «Ҷомиаи шаҳрвандӣ» (Душанбе 2001). Чунин принсипҳои асосии фаъолияти ҷомиаи шаҳрвандиро пешниҳод намудааст.
● Баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми одамон дар ҳаёти сиёсии ҷомиа;
● Ҳимояи кафолатнокӣ – юридикии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар заминаи қонунҳое, ки дар тамоми ҷомиаи башарӣ эътибор доранд;
● Ҳатмӣ будани банизомории муносибатҳои байниҳамдигарии унсурҳои ҷомиаи шахрвандӣ.
● Тавассути ҳуқуқи табиии онҳо ба ҳаёт, озодӣ, хушбахтӣ ташаккули низоми чунин ҳимоя ва амали он;
● Имконияти кафолатноки муттаҳид гаштани одамон новобаста ба он мансубиятҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ аз рўи манфиат ва аломатҳои касбӣ;
● Озодии шаҳрвандон дар ташаккули ҳизбҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ (шаҳрвандӣ);
● Озодии ташаккул ва фаъолияти воситаҳои ахбори умум берун аз ҳудуди сензураи давлатӣ. Фақат қонун ҳуқуқи маҳдуд намудани воситаҳои ахбороти умумро дорад.
● Амали механизме, ки муносибатҳои байни давлат ва ҷомиаи шаҳрвандиро мўътадил мегардонад (консенсус) таъмини беҳтарини ташаккули ҷомиаи шаҳрвандӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ:
● Таъмини инкишофи озодии шахсият дар асосҳои иқтисодии шаклҳои гуногуни моликият, бисёрукладии иқтисодиёт, мавҷудияти интихоби озоди фаъолияти хоҷагӣ. Истиқлолияти иқтисодии одамон, ки ба ҳуқуқи доштани моликият ё гирифтани подоши адолатноки хизмат барои меҳнати ҳалол асос ёфтааст.
● Худидорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва сатҳи ҳаёти ҷамъиятӣ (дар ҳамон ҷо, саҳ. 16-17).
Ҳангоми таҳлили ин принсипҳо он чиз мушоҳида мешавад, ки ҳама навъҳои ҳокимиятдорӣ новобаста ба дараҷаи дороии шаҳрванду шаклҳои моликият, инчунин идеологияи ҳукмрон ба ин ё он навъ ба талаботи ҷомиаи шаҳрвандӣ ҷавобгў будаанд, чунки ҳар кадом ҷамъият танҳо дар заминаи риояи бечунучарои қонун бобақо аст.
Ҷомеа аз ҳамон рўзе, ки қонунҳо нақшашонро аз даст медиҳанд, рў ба футур оварда, он аз байн бардошта мешавад. Фақат фарқ дар он аст, ки на дар ҳама давру замон қонунҳо мукаммал буда, ҳамеша барои вайрон карданашон ё нодуруст маънидод намуданашон иллатеро дар онҳо гузоштаанд.
Масалан, қонуни зидди монополӣ. Агар мақсади соҳибкорӣ ба даст овардани фоида дар асоси ривоҷи истеҳсоли бозоргузар, зиёд намудани истеҳсолот, боис гардид, ки дигар одамон ба ҳамин кор шу ғлдошта муфлис шаванду соҳибкорӣ кардан тамоми ҳамаи навъи истеҳсолотро ба роҳи рақобати озод аз они худ кунад, магар, қонуни мазкур сади роҳи рақобати озоду судманд намегардад ва доираи фаъолияти соҳибҳунарро танг намекунад. Ва ё тибқи Сарқонун ба президент ҳуқуқ дода шудааст, ки сардори ноҳияю шаҳр, вилоятҳо вазирону аксари роҳбарони олии сиёсию иқтисодӣ ва хоҷагиро таъин намояд.
Аммо паҳлўи дигари ин масъала он аст, ки халқ дар маҳал ҳамдигарро хубтар медонанд ва таъини роҳбаронашонро на ҳамеша мепазиранд. Нақши халқ, ҳизбҳои сиёсӣ-гўрўҳҳои иҷтимоӣ ва дигар асотсиатсия ва ширкатҳои дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ амалкунанда хеле кам карда шудааст.
Ҳокими аз ҷониби президент таъин шуда дар назди халқ ҷавобгў нест. Вай барои халқ дастнорас аст. Чунин ҳоким аввалин вайронкунандаи қонунҳост, зеро принсипи кориашон чунин аст. Президент маро таъин кардааст, он кас маро мегиранд. Яъне бе назардошти кайфияти рўҳии аҳолӣ, ки қонунҳо на ҳамеша ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳифз менамояд, чунки роҳбари таъиншуда дар доираи ваколаташ ба мансабҳои поёнтар ашхоси ба худаш маъқулро дар вазифаҳо таъин менамояд, ки онҳо ҳам аз рўи принсипи боло фаъолият менамоянд. Чунин «Сарварон барои пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани муносибатҳои байни шаҳрвандон, боло бардоштани мақоми қонун дар ҷомиа накўшида бо фаъолияташон зиддиятҳои иҷтимоию сиёсиро қувват мебахшанд.
Ин принсип ҳар чанд аз рўи талаботи қонун нест, вале маҳз бесалоҳияти қонунгузорон боиси қонунвайронкуниҳо гашта ба давлати ҳуқуқбунёд ягон иртиботе надорад.
Дар ҷомиае, ки ба роҳбар имконияти ҳуқуқии қонунвайронкунӣ дода мешавад, он ҷо ҳар кадом фарди алоҳида, гурўҳи моҷароҷў воқеан лофи сиёсат мезананд, ки ин он қадар хуб нест.
Оиди ҷомиаи шаҳрвандӣ сухан ронда ҷоиз аст қайд намоем, ки пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҷомиаи шаҳрвандӣ протсесси хеле мураккаб ва тўлонӣ буда, ба шароитҳои сиёсию иқтисодӣ, ақлию рўҳӣ ва ахлоқии одамон, ба анъанаҳои таърихию фарҳангии ҳар як халқ вобаста аст. Вай тибқи рисолаташ вобаста манфиатҳои гурўҳӣ, коллективӣ, фаъолияташ тарзе ташкил ёбад, ки ба фаъолияти давлат назорат намояд ҳам, лек дар доираи ба ҳисобгирии манфиатҳои он сурат гирад ва хилофи қонунҳо бошад.
Ҳар кадом халқ барои худ дар ҷомиа ҷоеро иш ғол менамояду сохтеро мепазирад, ки вай ба ҳама хусусиятҳои миллиаш хос бошад.
Тоҷикон яке аз чунин халқҳоеанд, ки дар маънии аслаш ҳеҷ гоҳ моликияти хусусиро надидаанд. Замину об ва канданиҳои зеризаминӣ, ҷангалу ҳайвонот ҳамеша ба ҳама тааллуқ доштанд. Дар чунин шароит зарурияти ташаккули иттиҳодияҳои берун аз сохтори давлатӣ амалкунанда набуд. Танҳо косибон бо номи «Футувват» ташкилоте доштаанд, ки сирфан дар пояи талаботҳои ахлоқӣ амал менамуданд ва то андозае баъзе масъалаҳои иҷтимоию ахлоқиро дар ҷомеа ҳал менамуданду то андозае ба фаъолияти ҳокимияти сиёсӣ таъсир мерасониданд, агарчи дар шуури ҳар як фарди тоҷик подшоҳ-сарвари давлат ҳама мақомотҳои ҳокимияти давлатиро таҷассум мекард. Вай ҳомии дину қонун ва таъминкунандаи ҳокимият дониста мешуд. Ҳамин кайфият ҳоло ҳам дар тафакури аксари мутлақи халқ боқӣ мондаанд. Ҳатто ташкили ҳаракату ҷумбишҳо, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, аз тарафи халқ пазируфта нашуданд ва пайдоиши онҳоро натиҷаи бесалоҳиятии мақомоти давлатӣ медонистанд.
Хусусан, дар марҳилаи ҷанги дохилии ҷамъиятии Тоҷикистон, ки аксари сохторҳои давлатӣ фалач гашта, ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳои маҳаллӣ худ боиси ин фалаҷшавӣ гашта буданд, худсарии одамони мусаллаҳ аз ҳарду ҷониб ва хеле фаъол гаштани гурўҳҳои ҷиноятпеша бенизомии беамсолеро ба бор овард.
Таъсири мусибатбори муқобилистии гурўҳҳои мансабхоҳу манфиатҷў ба рафти ислоҳотҳои баъди ҷангӣ ва раванди оштии миллӣ ба ҳама халқи тоҷик низ асар кардаанд.
Ҷудо кардани гурўҳҳо бо ғолибу ма ғлуб ва дар мақомоти роҳбарикунанда ҷой гирифтани қувваҳои силоҳбадасту роҳбарони онҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Боз 5 соли ба ҳам муқобилистӣ муайян намуд, ки мақсади ҳарду тараф қудрати сиёсию давлатиро ба даст даровардан будааст. Оқибат барои оппозитсия дар сохторҳои давлатӣ 30 % ҷой муайян ва таъин карда шуд. Бо вуҷуди ин ҷомиаи Тоҷик солим нагаштааст. Хусусан, масъалаи ҳалли одилонаи кадрӣ ташвишовар аст. Ҳокимияти сиёсии кунунӣ ҳамчун роҳбарони замони Шўравӣ кушиш карда истодаанд, ки ҳаёти серсоҳаи ҷомиаро бо қувваи як минтақа идора карда пеш баранд. Аммо чунин сиёсат ҳаргиз дурандешона набуд, ҳамеша боиси афзоиши зиддиятҳои минтақавӣ ва таркиши даҳшатовари сиёсӣ мегардад.
Ваҳдат ва ба ҳамбастагии ҷомеаро танҳо дар сурати намояндагии баробари ҳама минтақаҳо дар ҳама сохторҳо: қудратӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва хоҷагӣ таъмин намудан ва зиддиятҳои вуҷуддоштаро рафъ кардан имконпазир аст. Ҷуз ин роҳ роҳи дуюму сеюме вуҷуд надорад.
Танҳо баробарнамояндагӣ доштани ҳама минтақаҳо дар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳоро гирифта метавонад, чунки таъмини адолати ҳуқуқию иҷтимоии талаботҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандианд. Бидуни риояи баробарҳуқуқии сокинони ҳамаи ноҳияҳо ва намояндагии эшон дар ҷалби роҳбарии сохторҳои давлатӣ, нақшаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардашудаи тараққиёти ҳаёти хоҷагию иқтисодӣ, барҳам задани эҳсоси « ғолибият» ва «ма ғлубият» ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ имкомпазир аст.
Дар ин ҷода бояд чунин тадбирҳо андешида шавад.
 Таъмини воқеии намояндагӣ доштани ҳамаи минтақаҳои кишвар дар сохторҳои давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра.
 Таъмини озодии сухан дар ҳама ҷо ва дар ҳама воситаҳои ахбори умум.
 Дар паи ислоҳи нуқсон ва камбудиҳои дар кори ташкилоту муассиса ва роҳбарони онҳо вуҷуд дошта, ки аз ҷониби шаҳрвандон нишон дода мешавад.
 Таъмини риояи бечунучарои қонун аз ҷониби ҳама аъзоёни ҷомеа ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ.
 Хусусиятҳои хоси миллиро ба инобат гирифта, дар кодекси шаҳрвандӣ нишон додани номгўи амал ё амалиётҳое, ки аз ҷониби сарварон содир мешаваду тибқи қонун ҳамчун қонуншиканӣ эътироф карда мешаванд. Аниқтараш муайян намудани меъёре, ки риоя накардани он сарваронро водор созад ихтиёран аз мансаб ба истеъфо раванд.
 Муҳайё намудани муҳити ахлоқие, ки ҷиноятпеша, порахўр, қаллобу фиребгар дар он тоб оварда натавонад. Пеш аз ҳама пурқувват намудани таъсири афкори умум.
 Боло бардоштани нақши халқ дар идора намудани давлат бо роҳи аз байн бардоштани ҳама омилҳое, ки роҳбаронро барои халқ дастнорас гардонида, боиси ришвахўрӣ мансабфурўшӣ, маҳал ва хешутаборпарастӣ дар интихоб ва ҷобаҷо гузории кадрҳо мегардад.
 Интихоби шакли моликиятдорӣ бояд комилан озод буда, ташвиқу тар ғиби ягон шакли он асоси сиёсати давлат ва воситаҳои ахборро ташкил надиҳад.
 Давлат бояд дар ихтиёраш воситаи таъсири иқтисодӣ низ дошта бошад. Яъне муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, илм ва тандурустӣ комилан дар ихтиёру назорати давлат бошанд.
 Давлат тамоми воситаҳои таъсиррасонии ахборотиро ба он равона созад, ки халқро ба фикри навҷўи, пажўҳишгарӣ тайёр намояд. Аниқтар ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.
Имрўз маълум аст, ки бе дастгирию ғамхории ҳамаҷонибаи илму маориф дар ҳеҷ ягон ҷабҳа ба муваффақияти назаррас ноил шудан мумкин нест. Аз ин хотир, барои барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ таълим дар ҳама зинаҳои маълумотгирӣ бояд барои инкишофи ақлонии мардум мусоидат намуда, шуури сиёсию ҳуқуқии онҳо боз ҳам бештар ривоҷ ёбад. Танҳо доштани фарҳанги солими сиёсию ҳуқуқӣ метавонад, ҷомеаро барои худидоракунӣ омода созад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.