Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ҲОКИМИЯТИ СИЁСӢ

Ҷараёни инкишофи дуру дарози ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ дар зинаи сеюми тараққиёташ дар дохили қабила бою камбаѓалро ба вуҷуд овард. Сараввал тамоми аъзоёни қабила инро ҳамчун ҳолати табиӣ медонистанд, чунки тамоми ҳаёти онҳоро як шахс, пешвои қабила идора мекард.Нақша: 1. Пайдоиш ва инкишофи ҳокимияти сиёсӣ. 2. Андешаҳои мутафаккирон оиди ҳокимияти сиёсӣ. 3. Нақши ҳокимияти сиёсӣ дар пешрафти ҷомеа. Ҷараёни инкишофи дуру дарози ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ дар зинаи сеюми тараққиёташ дар дохили қабила бою камбаѓалро ба вуҷуд овард. Сараввал тамоми аъзоёни қабила инро ҳамчун ҳолати табиӣ медонистанд, чунки тамоми ҳаёти онҳоро як шахс, пешвои қабила идора мекард. Пешво дар байни ҳамқабилагонаш обрўю эътибори мутлақ дошт. Тақсими меҳнат дар дохили қабила, баъдтар тақсим шудани меҳнати фикрию ҷисмонӣ ва махсусгардонии баъзе навъҳои меҳнат – чорводорӣ, зироаткорӣ, косибӣ ва ѓ. барои дар ихтиёри қабила ѓун гаштани сарвати муайян гашта, баъдтар пешвои қабила бо он нафароне, ки барои хифзӣ моликияти қабила ҳисобу китоб ва тақсими онро ба ўҳда доштанд, ҷудо карда шудаанд. Баъдтар ҳамин гурўҳ бо сарварии пешвои қабила он моликиятро байни ҳам тақсим намуданд, ки ба пайдошавии бою камбаѓалҳо боис гашт. Баъдтар ҳамқабилагони қашшоқгашта пурра ба пешво ва атрофиёнаш мутеъ гашта, зиддият байнашон то рафт меафзуд. Ҳамин оқибат ба бархўрди манфиатҳо ва зиддиятҳои оштинопазир оварда расонид. Дар чунин ҳолат зарурияти ба таври маданӣ ба низом даровардани тобеъият ва идоракунӣ, ҳимояи манфиатҳо дар заминаи муайян намудани меъёрҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тобеъият ва ҳукумронӣ, вобастагӣ ва баҳамвобастагӣ, мустақилӣ ва номустақилӣ ба вуҷуд омаданд. Табиист, ки ин раванд дар ҳудуди муайян ба вуҷуд омада, як навъ ивазнамоии доираи фаъолияти одамро муайян намуд. Акнун пешворо шахси мўътабар намедонистанд. Ҳолате ба амал омад, ки дар он манфиатҳои гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, мақомоти онҳоро ифода ва ҳифзкунанда, дараҷабандии он мақомот ва манфиатҳо ҳукмронию тобеиятро ба расмият дароварда, фаъолияти одамонро дар доираи муайяни меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳам вобаста месозад. Чунин ҳолате ба амал меояд, ки он тобеият ва мухторияти табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷамъиятро ба инобат гирифта, онҳоро дар доираи муайяни қувваҳои истеҳсолкунанда, истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба хотири пешрафти ҷомиа тавассути воситаҳои гуногун нигоҳ дошта, сафарбар намояд. Ҳамин тариқ, вайрон шудани ҳокимияти шаҳрвандӣ, ки ба форматсияи ҷомеаи ибтидоӣ хос буд, муносибатҳои наверо ба вуҷуд овард, ки онҳо ба таркиби иҷтимоии ҷамъият узван алоқаманданд. Аз ҳамон вақте ки синфҳои ҷамъиятӣ пайдо гаштанду ҳар кадом баҳри ҳифзи манфиатҳояшон мекушанд, зарурияти дар ҳадди муайяни эътимол нигоҳ доштани ҷомиа ба ҷои аввал баромад. Яъне ташкилоти сиёсие зарур шуда монд, ки натанҳо зиддиятҳои ҷамъиятиро дар доираи муайян нигоҳ медошт, балки барои дар баробари ташкили истеҳсолоти ҷамъиятию тақсиму мубодила инчунин ба идораи ягона тобеъ намудани кули аъзоёни ҷамъиятро таъмин менамуд. Чунин ташкилот танҳо иттиҳодияҳои ҷамъияти сиёсӣ буда метавонистанд. Ташкилоте, ки ҳукмаш ба ҳама раво буда, ҳама ба он тобеъ бошанд ва аз он касе ҳуқуқи саркашӣ кардан надошта, он бечунучаро иҷро гардад. Яъне ҳокимият лозим буд. Аммо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мо ба ду навъи ҳокимият сару кор дорем. а) ҳокимияти падар ба фарзандон, ҳокимияти кордеҳ ба корфармо, ҳокимияти роҳбарияти ҳизб ба аъзоёнаш; б) ҳокимияти ошкори давлатӣ, ки аз ҳокимияти иқтисодӣ, идеологӣ, маданӣ- маишӣ, оилавӣ. Ҳар ду ҳокимият ҳам дар ҳаёти сиёсӣ нақши муайян доранд. Ҳокимият бешубҳа ин принсипи ҳоким ва маҳкуи буда, табиати тобеъият хеле мураккаб аст. табиати мураккаби онро тавассути сифатҳои хусусии объекти ҳокимият – анъанаи барқарор гаштаи муносибати ҳокимият ва ифодаи манфиатҳои назорати сиёсӣ (таърихи сиёсӣ) шакли фаъоли ҳукмронии шахс дар ҷомеа (рафтори сиёсӣ) ва дарки нақши муносибатҳои ҳокимият (шуури сиёсӣ) ошкор месозад. Агар дар рафтори объекти ҳокимият мазмуни супоришҳои субъектҳои нақши муайян бозанд, истифодаи зўрӣ ва дигар чораҳои таъсиррасонии субъеатҳои ҳокимият имкониятҳои нақдии ҳокимиятро таҷассум менамоянд. Муносибати ҳокимият бошад аз ҷузъҳои субъект ва объекти ҳокимият, захираҳои ҳокимият ва раванди ҳукуматӣ иборат аст. Чигунагии ҳокимиятро бошад: а) дараҷаи субъектҳои ҳокимият (давлат, зубдагони сиёсӣ, пешвоён); б) ташкилотҳои сиёсӣ ва гурўҳҳо; в) фардҳо ҳамчун барандаи аввалини муносибатҳои ҳокимият муайян мекунад. Ҳар кадом ҳокимияти сиёсӣ дорои принсипҳое мебошад, ки тибқи онҳо устувор аст. ин принсипҳо чунинанд. Қонунӣ, амалӣ, воқеият, эҳтиёткорӣ, коллегиалӣ (бомаслиҳатӣ) тобоварӣ, худидоракунӣ, устуворӣ, махфӣ ва ѓ. Ҳокимият дорои ҷанбаҳои иҷтимоӣ, психологӣ-равонӣ, илмӣ-(сотсиологӣ), ташкилӣ ва сиёсӣ аст. Ҷанбаи иҷтимоӣ муносибати зўрӣ аст. Ба ақидаи Кнудсен «ҷомеа на барои он дар идоракунӣ иштирок менамоянд, ки ҳокимият ба даст оранд, балки барои он дар идоракуни ширкат менамоянд»,1 ки барои ин худро ба таври кофӣ «пурқувват» медонанд. Ишора ба қувва аз мантиқи умумии вазифаҳои ҳокимият сар зада, андешаи аз болои дигарон ҳукмронӣ намудану худро нигоҳ доштан сар мезанад. Яъне аз ҳисоби паст задани ҳуқуқи дигарон ба худ имтиёзи бештаре додан аст, ки озодона барои амалӣ гардонидани ҳадафҳо фаъолият менамояд. Дар рафти инкишофи ҷамъият урфу одат ва анъанаҳои каму беш муносибати байни фардҳо, оилаҳо, қавму қабилаҳоро муайян кунанда, то рафт хусусияти ҷиддитар пайдо намуда, иҷрои онҳо барои аксари омма ҳатмӣ мегардад. Шароите пайдо мешавад, ки шахси алоҳида ва ё гурўҳи ашхоси баргузида, қобил, қавиирода, чолоку ҷасур, баъзан бо ақлу хирад низоми муқарраргаштаро ба дасти хеш гирифта, ба ҳокимон табдил меёбанд. Ташкилоти ба вуҷуд овардаи онҳо торафт доираи фаъолияташро зиёд намуда, одамонро дар доираи муайяни муносибатҳо нигоҳ доштанӣ мешавад. Барои ҳамин мақсад ба ташкили қувваҳои низомӣ эҳтиёҷ пайдо мешавад. Барои нигоҳ доштани қувваҳои низомӣ имконияти моддии таъмини онҳо зарур мегардад. Ҷомиа одамонеро ба арсаи фаъолият мебарорад, ки онҳо дорои қобилияти ташкил ва роҳбарии мардумро дошта бошанд. Бесабаб дар сиёсатшиносӣ чунин мафҳумҳо «ҳокимият-ин қобилият», «ҳокимият-ин хоҳиш», «ҳокимият-ин ҳуқуқ», «ҳокимият-ин ирода» истифода намешаванд. Чӣ тавре ки И.А. Блохин қайд намудааст, «ҳокимият ин имконияти воқеии дар муносибати байни фардҳо, гурўҳи одамон, миллат ва, умуман, ҷамъият амалӣ намудани иродаи худ аст». Мафҳуми ҳокимияти сиёсӣ бошад имконияти воқеии тавассути воситаҳое, ки давлат дар ихтиёр доранд, зоҳир намудани иродаи худ дар муносибати байни фардҳо, гурўҳҳои одамон, миллат ва ё, умуман, ҷомиа фаҳмида мешавад. Ҳокимият пеш аз ҳама муносибат ё маҷмўи муносибатҳост. Маҷмўъ ба он хотир, ки ҳаёти ҷамъиятӣ хеле серсоҳаю серпаҳлў буда, ҳар кадоми он тарафҳо ё соҳаҳо дар ҳар маврид муносибати ҳархеларо талаб менамоянд, агарчи ҳадафи ҳама гуна муносибатҳо бо кадом роҳ ва восита набошанд ба мақсади ниҳоӣ расидани шахси алоҳида ё гурўҳи ашхос ва ё ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Ин қувваҳои сиёсӣ дар аксари мавридҳо аз воситаҳои дар ихтиёри давлат буда истифода мебаранд, ҳатто он замоне ҳам, ки фаъолияташон билкул хилофи манфиати омма бошад. Аз ин рў, ҳар кадом субъекти сиёсие, ки мақсади ба даст даровардани ҳокимиятро дорад, аз се чиз – зўрӣ, боигарӣ ва дониш истифода менамоянд. Баъзан барои соҳиби ҳокимият гаштан зўрӣ кифоя буда, метавонад солҳои мадид онро дар даст нигоҳ дорад. Сиёсатшиносони муосир роҳҳои пайдоиш ва ба даст овардани ҳокимиятро ҳаматарафа таҳлил намуда, қабл аз ҳама фарқият ва умумияти ду мафҳум – ҳокимият ва ҳокимияти сиёсиро ошкор кардаанд. Доир ба фаҳмиши ин ду мафҳум андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Бархе аз мутафаккирон бар он ақидаанд, ки ҳокимият дар ин ё он шакл дар тамоми давраи ҳаёти ҷамъияти инсонӣ бо ў ҳамсафар аст. Фақат бо мурури замон он ҳамеша дучори таѓйироти ҷузъӣ мегардад. Гурўҳи дигар ба мисли Афлотун, Арасту, Форобӣ, Гегель мавҷудияти ҳокимиятро ба зарурияти ташкили истеҳсолот вобаста дониста, онро таъкид менамоянд, ки бе таъмини итоати комили аъзоёни ҷомеа ба қуввае инсонро аз вартаи тобеият ба қувваҳои табиат берун баровардан имкон надошт. Чунин матафаккирон мисли Марсель, А.Тоз, М. Дюверже, Буе Жувенель, яке онро ба таркиби биологӣ нисбат дода, дигаре онро ҳодисаи сирфи табиӣ медонанд. Ақидаи муносибати биологӣ ба ҳокимиятро олимон Ж. Гелорже, .Бюдоро ва Ж. Ланыр рад намуда, онро ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ медонанд. Сиёсатшиноси амрикоӣ Г. Саймон ҳокимиятро ҳамчун восилаи таъсиррасонӣ ва назорат надониста онро синоними ин мафҳумҳо медонад. Доир ба масъалаи ҳокимият ва муносибатҳои он ақидаи Макс Вебер хеле ҷолиб аст. Вай қайд намудааст, ки «ҳокимият ҳар гуна имконияте мебошад, ки дар дохили муносибатҳои иҷтимоии мазкур, новобаста аз муқовимат, новобаста аз оне, ки чунин имконият ба чӣ асос ёфтааст, ба амал бароварда мешавад. Чунин гуногунақидагӣ нисбат ба ҳокимият пеш аз ҳама ба мавқеи доштааш дар ҷамъият вобаста аст. Соҳаҳои гуногуни илм ҳам ба ин падидаи сиёсӣ аз мавқеи мавзўи хеш баҳо медиҳанд. Аз ҷумла фалсафа ҳокимиятро чунин таъриф медиҳад: «Ҳокимият дар маънои умумӣ, қобилият ва имконияти ба амал баровардани иродаи худ, таъсири муайянкунандагӣ расонидан ба фаъолият, ба рафтори одамон бо ёрии кадоме аз воситаҳо эътибор, ҳуқуқ, зўрӣ (иқтисодӣ, давлатӣ, оилавӣ) мебошад»1. Дар ин таъриф ду чиз асоси муайянкунандаи ҳокимият қайд мешавад: 1. Дар натиҷаи тақсими меҳнат дар дохили оила ҳар кадом аъзо мувофиқи қобилияташон ба коре шуѓл пайдо намуда, пайваста онро такмил медиҳад. Ин як навъ махсусгардонии меҳнате буд, ки оқибат ба пайдоиши фаъолияти идоракунӣ ва истеҳсолӣ оварда расонд. Илова бар ин, яке аз шахсони ашхоси ба идоракунӣ кор машѓул буда, ба туфайли ба ҳайси пешво эътироф шуданаш имконият пайдо намуд, ки иродаашро ба мардум бор намуда, баҳри ҳадафҳои доштааш эшонро ба худ тобеъ намояд. 2. Ин тақсимоти меҳнат боиси пайдоиши муносибатҳои махсус гардид, ки онҳоро тавассути қувваю муассисаҳои ба таври махсус ташкил ёфта ба амал баровардан имконпазир гардид. Ҳокимият дорои чанд тараф аст. Мантиқан он аз объекту субъекти ҳокимият захира ва ҷараёни амалӣ гардонидани ҳокимият сар мезанад. Дар нақши субъект асосан онҳое баромад менамояд, ки ҳокимияти воқеӣ доранд ва ё нисбат ба дигарон онро зоҳир менамоянд. Одатан ин ё он шахси алоҳида, гурўҳе ё синфи муайян ва гурўҳҳои сиёсии гуногунақида дар симои давлат буда метавонад. Объекти ҳокимиятро бошад ҳамаи онҳое ташкил медиҳанд, ки таъсири ҳокимият ба эшон равона карда шуда бошад. Ҳокимият дорои чунин сифатҳост: 1. Ирода барои ҳокимият, хоҳиши ҳукмронӣ; 2. тайёр будан барои ба дўши хеш гирифтани масъулияти сиёсию иҷтимоӣ; 3. Босалоҳиятӣ дар масъалаҳои муносибатҳои ҳокимият. Аз ҳама унсурҳои ҳокимият дар шароити ҳозираи ҷомеаи инсонӣ ҳокимияти сиёсӣ – имкони ошкоро истифода бурдани қувва, баровардани қарорҳост, ҳама имкониятҳоро дошта, дар вазъияти муайян онҳоро истифода мебарад. Ҳокимият бошад барои амалӣ гардонидани фаъолият сарчашма ё воситаҳои гуногун дорад. Ин воситаҳо чунинанд; а) боигарӣ ё имкониятҳои иқтисодӣ; б) имкониятҳо ё воситаҳои зўрӣ; в) дониш Доир ба нақши ҳар кадом ин сарчашмаҳо дар ҳокимият фикру андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо боигарӣ, дигаре қувва ва сеюмӣ донишро муҳимтарин имконияти ҳокимият медонанд. Аммо футурологи амрикоӣ Оквин Поферлер нақши илм-донишро дар ба даст овардани боигарӣ махсус қайд менамояд. Ба андешаи вай «ҳокимияти ахборотӣ» дар аксар ҳолатҳо аз ҳама муҳимтар аст. Воситаҳои ахбори умум шакли паҳншудатарини таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии одамон буда, қудрати бузурги созандагӣ ва сўзандагӣ доранд. Агар воситаҳои ахбори умум воқияти сиёсию иқтисодиро дуруст ва беѓаразона дар байни мардум интишор созанд ва натиҷаҳои онро роҳбарони ҳокимияти сиёсӣ бо самар истифода намоянд, камбудӣ ва иллатҳои ошкоргаштаро бе дард ҳал намуда, ҳокимиятро устувор месозанд. Вале ба зери назорати хеш даровардани воситаҳои ахбори умум, манъ намудани озодандешӣ ихтилофҳои дар ҷомеа ба амал омадаро боз ҳам шадидтар мегардонад. Агар тақдири хунтаи ҳарбии Юнонро, ки қариб 10 сол дар сари қудрат буда, оддитарин ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандиро зери по карда буд ба хотир биёрем мебинем, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта, тавассути муроҷиати донишҷўёни донишгоҳи Афина ба воситаи радиои умумимиллӣ хунтаи ҳарбӣ дар як рўз сарнагун карда шуд, гувоҳи он аст. Манбаи дигари ҳокимият захираҳои иқтисодианд. Ба ҳама айён аст, ки агар ҳокимият дар ихтиёраш ба ѓайр аз воситаҳои қудратӣ воситаи таъсиррасонии иқтисодӣ низ надошта бошад, дуруст фаъолият карда наметавонад. Магар барои гузаронидани интихобот маблаѓ зарур нест? Албатта, зарур аст. Имрўз дар аксари мамлакатҳо дар маъракаи интихоботӣ миллионҳо доллар маблаѓ сарф мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ, гурўҳҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳидае, ки чун субъекти ҳокимият баромад кардан мехоҳанд, ба маблаѓ ва дастгирии молиявии сармоядорон ниёз доранд, чунки маблаѓе, ки давлата ҷудо месозад, кофӣ буда наметавонад. Агар бо роҳи инқилобӣ ҳам гурўҳе ё ҳизбе ба сари ҳокимият биёяд, барои барқарор сохтани ҳаёти иқтисодӣ маблаѓгузории бузург талаб карда мешавад. Худи амалисозии ҳар кадом барномаҳои иқтисодӣ низ маблаѓгузории азимро талаб менамоянд, ба ѓайр аз он ки нигоҳ доштани аппарати ҳокимият ҳам харҷи хеле зиёд мехоҳад. Аз ин рў, ҳокимияти сиёсӣ захираҳои иқтисодиро ба хотири он истифода мебаранд, ки – ба раванди бо суръати иқтисодиёт дар мавриди зарурӣ таъсир расонад; – таѓъири сохторҳои иқтисодиро барои истифодаи комёбиҳои илму техника ҳавсманд гардонад, ба манополиякунии соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ роҳ надиҳад; – суръати инфилятсияро паст намуда, бекориро кам кунад. Дар пойдории ҳокимияти сиёсӣ нақши мақомоти қудратӣ хеле калон аст. ба хусус – артиш, милиса, хадамоти амниятӣ, прократура ва суд, техника, яроқ ва ҳабсхонаҳо, ҳар кадом шахсро дар ҳарос нигоҳ медоранд. Инҳо бошанд асосан воситаи баамалбарории ҳокимиятрононанд. Барои ҳамин ҳам дар аксари давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ин гурўҳҳо дар ҳисоби махсуси ҳокимияти сиёсӣ буда, барои дар сатҳи баланд таъмин ва нигоҳ доштани онҳо маблаѓро дареѓ намедонанд. Масалан, дар И М А ва Аврупо қувваҳои мусаллаҳ дар нигоҳдоштани тартиботи конститутсионӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Агар гўем, ки демократия дар Амрико ин демократияи ҳарбиён аст, хато намекунем.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.