Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


СИСТЕМАИ СИЁСИ

Маҷмўи институтҳои иҷтимоии давлитию ғайридавлатӣ, ки ба қоидаҳо ва дастурҳои тартиботи сиёсии ҷомеаи мушаххас итоат намуда аз институтҳои тартиботи сиёсӣ: қоидаҳо, меъёрҳо, шуур ва маданияти сиёсӣ, инчунин раванди сиёсӣ таркиб меёбад, системаи сиёсӣ номида мешавад.Нақша: 1. Таркиббандии системаи сиёсӣ. 2. Системаи сиёсӣ ва хусусиятҳои он. 3. Қонуниятҳои асосии инкишофи системаи сиёсӣ. 4. Системаи сиёсии ҷомеа. Маҷмўи институтҳои иҷтимоии давлитию ғайридавлатӣ, ки ба қоидаҳо ва дастурҳои тартиботи сиёсии ҷомеаи мушаххас итоат намуда аз институтҳои тартиботи сиёсӣ: қоидаҳо, меъёрҳо, шуур ва маданияти сиёсӣ, инчунин раванди сиёсӣ таркиб меёбад, системаи сиёсӣ номида мешавад. Вай аз маҷмўъ ё унсурҳои таркибии ба ҳам вобастае иборат аст, ки бе ҳамдигар фаъолият карда наметавонанд. Гузашта аз ин, яке давоми мантиқии дигар ва сабабгори ба ҳам вобаста амал намудани он, яъне томияти вай аст. Дар ин маънӣ ҳар кадом зуҳуроти сиёсӣ, масалан, ҳизб, давлат, институтҳои сиёсӣ ҳам унсур ва ҳам ҳамчун система баромад менамоянд. Муаллифони луғоти сиёсатшиносӣ. (Душанбе-2000-ум. Саҳ 88.) системаи сиёсиро ҳамчун маҷмўи институтҳои иҷтимоии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки ба қоидаҳо ва дастурҳои режими сиёсии мушаххас итоат менамоянд»,1 таъриф додаанд. Системаи сиёсиии ҷомеа бошад фаъолияти якҷояи ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиест, ки бо ёрии онҳо дар асоси қонун ва заминаи ҳуқуқӣ ба таври ошкоро бо роҳи ҷабр ва ё ғайри ҷабрӣ синфҳои муайян ё гурўҳи ҳизбҳо, ҳокимият, дастур ва меъёрҳои сиёсиашонро амалӣ мегардонанд. Вазифаи системаи сиёсӣ аз ташкил ва амалигардонии идоракунии давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иборат аст. Вай мақсад ва барномаи фаъолияти ҷамъиятиро муайян намуда, баҳри ба даст овардани мақсади гузошташуда ҳама захираҳоро истифода мебарад: тавассути таблиғи ҳадаф ва арзишҳои умумӣ ҳама унсурҳои ҷамъиятиро ба ҳам оварда, арзишҳои барои ҳама шаҳрвандон камёфтро танзим месозад. Дар китоби дарсии «Политология» таҳти таҳрири профессор М.А. Василик. Москва, 2004 чунин схемаи системаи сиёсӣ нишон дода шудааст. Системаи сиёсиро ба воситаи чунин тақсимот ошкор намудан мумкин аст. а) Сарчашмаи ҳокимияти сиёсӣ (демократӣ, конститутсионӣ, автократӣ); б) Муносибат ба воқеият (консервативӣ, ислоҳотчигӣ, пешқадам, иртиҷоӣ); в) ҳолати таркиботи сиёсӣ ва сатҳи маданияти сиёсӣ аз рўи нишондоди Г.Алмонд (англисӣ – амрикоӣ, қитъавӣ – аврупоӣ, то саноатӣ ва қисман саноатӣ, тоталитарӣ). г) хусусият ва самти раванди сиёсӣ (фармондиҳӣ, мусобиқавӣ, оштидиҳии иҷтимоӣ). I. Таркиби системаи сиёсӣ дорои чор зерсистема мебошад: а). Зерсистемаи институтсионалӣ, ки аз унсурҳои зерин иборат аст: (ҷумҳурӣ, монархӣ): – тартиботи сиёсӣ (демократӣ, тоталитарӣ, автократӣ): – ташкилотҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ: -ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ: – ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Ҳар кадоми инҳо дар системаи сиёсии ҷамъият нақши муҳим бозида, барои фаъолиятнамоӣ базаи меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва имконият муҳайё месозанд. Маҳз дар ҳамин зерсистема шароити мусоид барои фаъолияти зерсистемаҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин, сиёсати байналмилалӣ шароит муҳайё карда мешавад. б). Зерсистемаи танзимкунанда. Ин зерсистема ба қоидаҳои сиёсӣ- ҳуқуқӣ, ки қобили қабули ҷомеа буда, дар сарқонун ва санадҳои дигари қонунгузорӣ сабт шудаанд, такя намуда, фаъолияти гурўҳҳо, ҳизбҳо ва дигар институтҳои ҷамъиятиро танзим медиҳад. Бояд қайд кард, ки ин зерсистема на танҳо ба меъёрҳои коркарди сиёсӣ- ҳуқуқӣ, балки урфу одат, анъанаҳои таърихии миллӣ, андешаҳои сиёсӣ такя менамояд. в). Зерсистемаи коммуникативӣ- маҷмўи муносибатҳоест, ки дар рафти фаъолияти системаи сиёсӣ ба вуҷуд меояд. Ин муносибатҳо пеш аз ҳама баҳонаи идоракунии ҷамъият буда, институтҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, пешвоёни сиёсию намояндагони элитаи сиёсӣ ва шаҳрвандон субъекҳои асосии ин муносибатҳоянд. Вай инчунин ба мубориза барои ба дастории ҳокимият, нигоҳ доштан ва амалигардонии он аст. Чунин мубориза дар шаклҳои гуногун қариб дар ҳама давлатҳо вуҷуд дорад, аммо чигунагии он, шиддатнок ва ё оромона будани ин мубориза пеш аз ҳама ба қувваҳои мубориз, дараҷаи фарҳанги сиёсӣ ва дарки зарурати он вобаста аст. г). Зерсистемаи идеологӣ-сиёсӣ. Ба ин зерсистема ақида, назария ва нуқтаи назарҳои сиёсӣ дохил мешаванд. Онҳо барои ташкили институтҳои сиёсии ҷамъият, меъёрҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳлили муносибатҳои сиёсии тамоми системаи сиёсӣ нақши калон мебозанд. Ин зерсистема дар кор кардани мақсади сиёсӣ ва роҳҳои амалигардонии онҳо, коркарди стратегияи сиёсӣ ва ҳалли мушкилотҳои дар ҷамъият пайдошванда нақши муҳим дорад. Як хусусияти ин сохтори зерсистемагӣ дар он аст, ки вай дар ҳама системаҳои сиёсии ҷамъиятии вуҷуд дошта, амал менамояд. Масалан ин зерсистемаҳо дар ИМА, дар Руссия ва дар Тоҷикистон низ вуҷуд доранд, аммо онҳо ҳархела фаъолият менамоянд. Натиҷаи ин фаъолият ҳам як хел нест. Ба ғайр аз системаи сиёсӣ ҷамъият дорои системаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ низ мебошад. Ҳама системаҳои сиёсӣ, инчунин, дорои зерсистемаи институтсионалианд. Масалан, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бозор ҳама системаҳои дигари иқтисодиро муайян намуда, фаъолияти истеҳсолии субъект ва объектҳои истеҳсолотро ба он мувофиқ месозад. Бозор намуд ва миқдору сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаро муайян менамояд. Дар системаи сиёсӣ бошад ҷавҳари система ба вуҷудоварандаи ҳокимияти сиёсӣ аст. ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ФАРҚКУНАНДАИ СИСТЕМАҲОИ СИЁСӢ ВА ИҶРОНАМОИИ ВАЗИФАҲОИ ОН. Дар ҷамъият – системаҳои зиёде амал менамоянд. Вале системаи сиёсӣ аз дигар системаҳо бо чунин хусусиятҳо фарқ мекунад: а) вай нисбат ба дигар системаҳо нақши афзалиятдоштаро мебозад, чунки қарорҳои қабул намудаи онро ҳама системаҳои дигар бе чуну чаро иҷро менамояд; б) системаи сиёсиро нисбат ба дигар системаҳои ҷамъиятӣ муҳити иҷтимоӣ, хусусан, мазмун ва характери инкишофи системаи сиёсӣ муайян менамояд. Нисбат ба тарзи фаъолиятнамоӣ бошад мафҳуми «ворид сохтан» ва «баромадани ахбор» истифода мешавад. Ҳар кадом системаи сиёсӣ дорои умумият ва фарқиятҳои муайянанд. Масалан, барои системаи иҷтимоӣ – сиёсӣ капиталистӣ сиёсатшиносон чунин аломатҳоро нишон додаанд: 1. Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият тавассути воситаҳои парламентӣ; 2) Баланд шудани сатҳи зиндагии аксари аҳолӣ; 3) Паст шудани муқовимати синфӣ ва барқароршавии нисбии ҳамраъии иҷтимоӣ; 4) Зиёдшавии мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шахс; 5) Болидарўҳӣ аз шикасти социализм ва афзудани воломақомӣ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ; 6) нодида гирифтани мақоми халқҳои қафомондаву рў ба тараққи ниҳода дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ; 7) ба воситаи ташкилотҳои молиявӣ бо баҳонаи додани қарз ба гардани халқҳои қафомондаю рў ба тараққӣ шарту шароитҳои хароб намудани системаҳои иқтисодию сиёсии вуҷуддоштаи онҳо; 8) инкори беасоси таълимоти марксистӣ. Дар давлатҳои собиқ Шўравӣ бошад: а) рў ба сиёсат овардани оммаи халқ дар ибтидо баҳри барҳам додани ҳокимияти маъмурӣ – фармондиҳӣ; б) бо суръати паст гаштани сатҳи зиндагии халқ, вайроншавии маънавии мардум, афзоиши ҷиноят; в) ташаккули дараҷаи нави ошкорбаёнӣ дар баъзеи онҳо ва авҷи сензураи дохилӣ дар ВАУ; г) ноумедӣ аз муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ва аз нав дилгармӣ ба муносибатҳои истеҳсолии социалистӣ; ғ) аз нав барқарор намудани фазои ягонаи иқтисодӣ бо назардошти нигоҳ доштани истиқлолияти комили сиёсӣ; д) Ҷустуҷў ва дарёфти иттифоқчиёни нав аз ҳисоби давлатҳои тараққикардаи сиёсӣ ва ба сиёсати хориҷии онҳо мувофиқсозии сиёсати хориҷии худ. ҚОНУНИЯТҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ СИСТЕМАИ СИЁСИИ ҶАМЪИЯТӢ Ҳар кадом система, аз ҷумла системаи сиёсии ҷомеа, дар асоси қонунҳои объективии худ инкишоф меёбад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки ҳеҷ кадом қонунҳо дар шакли соф амал наменамоянд. Хусусан, қонунҳои инкишофи системаҳои сиёсӣ аз байни даҳҳо муносибатҳои баҳам зич печидаи ҷамъиятӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гузашта ба худ роҳ меёбанд. Ин қонуниятҳо чунинанд: 1. Қонуни барқароршавӣ ва инкишофи ҳокимияти сиёсӣ. Ин қонун асосан ба муносибати байни ҳокимият ва шахс дахл дорад. Масалан, мазмун ва ҳадафи фаъолияти ҳама пешвоҳои сиёсӣ ба даст даровардани ҳокимият ва нигоҳ доштану амалӣ гардонидани он аст. Дар сиёсатшиносӣ доир ба қонуниятҳо бо системаи сиёсӣ алоқаманд чунин қонунҳо низ маълуманд: – муносибатҳо дар системаи сиёсӣ ҳамаи дигар муносибатҳоро дар системаи сиёсии ҷамъият муайян менамояд; – ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ кўшиш мекунад, ки фаъолияташро дар назорати давлат васеътар намояд. Тақсимшавии вазифаҳо барои маҳдуд намудани чунин фаъолият аст: – ҳокимияти сиёси ҳамеша ва дар ҳама ҷо оппозитсияи сиёсӣ дорад; – режими тоталитарӣ барои системаи бисёрҳизбӣ ва озодии шахс роҳ намедиҳад. ҚОНУНИЯТҲОИ ИҚТИСОДӢ – СИЁСӢ. Ин қонунҳо муносибати ба ҳамтаъсиррасонии системаҳои иқтисодию ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Ин қонунҳо мутобиқати баӣни дарачаҳои инкишофи иқтисодӣ ва инкишофи демократияро дар системаи сиёсӣ иньикос менамояд. Ба ғаӣра аз ЮАР, ки бо вуҷуди тараққиёти баланди иқтисодӣ доштан дар он режими апартеид амал менамуд. Дар ин гурўҳи қонуниятҳо дар вақтҳои охир афзудани тамоили таьсири воситаҳои сиёсӣ дар ҳаёти иқтисодии ҷамьият ба назар мерасад. Масалан, Реӣгономика, тетчеризм СИСТЕМАИ СИЁСИИ ҶОМЕА Воқеан, аз хориҷ дар шакли ахборотҳои гуногун таклиф, талабот, муроҷиати шаҳрвандон – иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра дохил мешаванд. Масалан, талаботи индексатсияи музди меҳнат, дигар кардани системаи андозбандӣ ва ғ. Ҳамин тариқ системаи сиёсӣ чун дигар шаклҳои системаи ҷамъиятӣ дорои қобилияти худтанзимкунӣ, худтакрор истеҳсолкунӣ дорад. Масалан, бо суръати тез дар мамолики Аврупои Ғарбӣ амалӣ гардонидани сотсиализм ва зуд аз он халос шудан. Ин хусусияти хоси системаи сиёсиро нишон медиҳад, ки чӣ тавр ғояҳои пешқадами вақташ нарасида ё дар ҳаёти ҷомеа дохилшударо ба зудӣ барҳам мезанад. Ин шаҳодати он аст, ки имконияти идора намудани системаи сиёсӣ беҳудуд нест. Системаи сиёсии ҷамъият аз дигар системаҳои ҷамъиятӣ шакл гирифтатар буда, аз танзимшавандагии он дар доира меъёрҳои ҳуқуқию сиёсӣ шаҳодат медиҳад. Ин вазъият нисбатан мухторият доштани системаи сиёсиро нишон медиҳад. Вазифаи асосии системаи сиёсӣ – идора намудани ҷамъият идоракунии сиёсии давлат аст. Вай дар муайян намудани мақсадҳои стратегӣ ва ояндаи инкишофи ҷамъиятӣ дар кор карда баромадани роҳи сиёсӣ ифода меёбад. Барои амалинамоии ҳадаф ва вазифаи асосии инкишофи ҷамъиятӣ, роҳбарияти сиёсӣ ҳама унсурҳои системаи сиёсиро сафарбар месозад. Бесабаб ин вазифаро мақсадгузорӣ намегўянд. Вазифаи интегративӣ (баҳамгароӣ) – и системаи сиёсӣ ҳадафи ба ҳамории сохти системаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ аст. Ба даст овардани инкишофи мўътадил ва қисмҳои ин система аст. Вазифаи танзимгарӣ – рафтори сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсиро дар давлат ба тартиб ва муайян месозад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.