Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


МАДАНИЯТИ СИЁСӢ

Ин мавзўъ зуҳуроти хеле серпаҳлу буда, онро қариб ҳама фанҳои ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш қарор медиҳанд. Ҳар кадом фан паҳлўҳои ба худ дахлдори онро гирифта, назари хешро ифода месозанд.Нақша: 1. Маданияти сиёсӣ, моҳият ва вазифаю аломатҳо. 2. Роҳҳои ташшаккули маданияти сиёсӣ. 3. Меъёрҳои маданияти сиёсӣ. Ин мавзўъ зуҳуроти хеле серпаҳлу буда, онро қариб ҳама фанҳои ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш қарор медиҳанд. Ҳар кадом фан паҳлўҳои ба худ дахлдори онро гирифта, назари хешро ифода месозанд. Фарҳангӣ – сиёсӣ чун қисми таркибӣ ва ё яке аз унсурҳои бағоят мураккаби фарҳанги умумӣ, зуҳуроти идеологӣ, надстройкавии сифати муайян, тарзи фаъолияти амалӣ – маънавӣ ва муносибатҳои чун таъминкунанда, инъикоскунанда, мустаҳкам ва амалӣ гардонандаи манфиатҳои гурўҳӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ, маҷмўи андешаҳои муайяни сиёсӣ, арзиш, дониш, маҳорат ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ барои таъмини фаъолият ва инкишофи системаҳои сиёсӣ, иниситутҳои сиёсӣ ва ичтимоии меъёр ва анъанаҳо мебошад. Фарҳангӣ сиёсӣ, берун аз шоҳроҳи иқтисодии ҷамъият инкишоф ёфта наметавонист, агарчи дорои истиқлолияти нисбӣ аз ҳаёти иқтисодист. Чи тавре, ки гузаштагони форсу тоҷик аз ҷумла Форобӣ ва Абўалӣ Ибни Сино таъкид намудаанд, инсон аз рўи табиати хеш ҳамин тавр сохта шуд, ки барои мавҷудияти хеш ба даст овардани комиллияти олӣ вай ба бисёр чизҳое ниёз дорад, ки худаш дар танҳоӣ онҳоро ба даст оварда наметавонад ва барои ин ба мавҷудияти умумияти одамон эҳтиёҷманд аст, ки ҳар кадом барои хеш ягон ашёро тайёр карда медиҳанд. Дар айни ҳол ҳар кадом нисбат ба ҳамдигар дар ҳолати якхелаанд. Фаъолияти ҳама аъзоёни ҷамъият дар маҷмўъ ба ҳар кадом он чизеро медиҳад, ки онҳо ба он эҳтиёҷ дошта тавассути онҳо ба камолот мерасанд. Шарти комил будани ҷамъият, агар ривоҷи истеҳсолот бошад, пас такмили онро бе инкишофи ақлу заковат, дунёфаҳмию ҳамдигаршиносӣ тасаввур кардан мумкин нест, чунки одамон дар ҷараёни зиндагӣ ба ғайр аз муносибатҳои истеҳсолӣ боз ба садҳо муносибатҳои дигар низ дохил мешаванд. Тибқи ҳар кадом навъи муносибат ақлу хиради инсон, дараҷаи шуурнокии вай тағир меёбад. Хусусан муносибатҳои иқтисодӣ сабаби асосии пайдоиши раванди сиёсию маънавӣ мегардад. Фаробӣ муҳити иҷтимоӣ, муносибати байни ҳамдигарии дар итиҳоди ҷамъиятии одамон ва иродаи инсониро омили ҳалкунанда дар ташаккули симои маънавии инсон медонад. Аз андешаҳои зикр гашта, он чиз айён аст, ки ҳама гуна муносибатҳо ба ин ё он навъ ифодагари маданияти сиёсии одамон ба ҷомеаанд. Фарҳанги сиёсӣ ҳамчун сифати сиёсии субъектҳои гуногун: синфҳо, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шахсони алоҳида, институтҳои сиёсӣ ва ғ.. баромад менамояд. Пас барои дарки фарҳангӣ сиёсӣ қабл аз ҳама худи фарҳанг ва навъҳои онро донистан лозим аст, чунки категорияи фарҳанг мафҳуми нодири ҳамаро фарогиранда буда, он инъикоскунандаи дараҷаи инкишофи ақлу заковат ва фаросати инсон аст. Воқеан, оламе, ки инсонро иҳота намудааст, аз унсурҳои ашёгии фарҳанги моддӣ ва объектҳои маданияти маънавӣ иборатанд. Дар ҳаёти ҳаррўзаи муқаррарӣ мо ба ғайр аз фарҳанги сиёсӣ бо дигар ифодаҳои иборавӣ «Фарҳанги истеҳсолӣ», «фарҳанги боғдорӣ», «фарҳанги заминистифодабарӣ», «фарҳанги роҳбарии хоҷагидорӣ» ва ғ.дучор мешавем, аммо ҳар кадоми онҳо танҳо ба хусусияти фаъолияти соҳаи алоҳидаи ҳаётӣ нигаронидашуда дар маҷмўъ чун унсури фарҳанги умумӣ баромад менамоянд. Алҳол бошад дар зери мафҳуми фарҳанг ҳамаи он чизе, ки чамъияти инсонӣ- тавассути ақл сохтааст ва дар он ақлу фаросат, ҷаҳонбинӣ, мақсад ва завқи хешро гузошта, табиати нав офаридааст, фаҳмида мешавад. Дар маънии васеъаш бошад, фарҳанг маҷмўи ҳама арзишҳои моддӣ ва маънавии дар ҷамъият сохта шуда фаҳмида мешавад. Ба унсурҳои фарҳанги моддӣ, иншоот ва биноҳои истеҳсолӣ, мошин ва дастгоҳҳо, хонаҳои сукунатӣ ва ашёҳои маишӣ, садо ва симо, компютер, театр ва толорҳои консертӣ, китобу китобхонаҳо кинофилмҳо сурат ва муҷассамаҳо, қаср ва масҷидҳо дохил мешаванд. Дониш, ғоя, забон, санъат, урфу одат, анъана, меъёрҳои иҷтимоӣ ва арзишҳо ҷиҳати маънавии фарҳангро ташкил медиҳанд. Як хусусияти хоси ин ду навъи фарҳанг дар он аст, ки бе ҳамдигар дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Масалан, китоб унсури маданияти моддӣ бошад ҳам, вале мазмуни дар вай ифодаёфта, ғоя ё образҳои бадеӣ ба арзишҳои маънавӣ дохил мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳар кадом ҷамъият маданияти ба худ хос ташаккул меёбад. Аммо баробари ин ҳар кадом ҷамъият, ки дар он навъи башар зиндагӣ мекунанд, ҳангоми фаъолият як қатор меъёр, талабот, муносибат, муомилот, урфу одат, анъана, шакли табобат, истеҳсолот ва ғ. – ҳоро ба вуҷуд меоранд. Инҳо барои ҳама одамон аксаран қобили қабуланд, чунки аз истифодаашон баробар фоида мебинанд. Бар хилофи фарҳанги умумӣ фарҳанги сиёсӣ ҳамчун унсури муҳими фарҳанги умумӣ ба сохти сиёсии ҳар кадом мамлакат вобаста буда, на дар ҳама ҷо самари якхела медиҳад. Сиёсатшиносон Г. Алмонд ва Г. Пауэлл фарҳанги сиёсиро «маҷмўи мавқеи фардӣ ва тавзеҳи (фиенитация) иштирокчиён ҳамон системаи сиёсӣ номида, онро чун соҳаи субъективии ба вуҷудоранда ва ба амали сиёсии моҳиятбахшанда» номидаанд. Онҳо чунин унсурҳои фарҳанги сиёсиро нишон доданд. а) тавзеаърифатӣ – раванди ҳақиқӣ ё дурўғ оиди объектҳо ва идеяҳои сиёсӣ; б) тавзеҳи ҳаяҷоновар – эҳсоси робита, даъватномаи амали муқобилиятнишондиҳӣ – нисбати объектҳои сиёсӣ; в) тавзеҳи баҳодиҳӣ – муҳокима ва андешаҳо доир ба объектҳои сиёсие, ки одатан барои баҳо додан ба объектҳо ва ҳодисаҳо ҳамчун меъёр истифода мебаранд». Андешаҳои сиёсӣ, сохторҳои сиёсию давлатӣ, қонун ва қарорҳои танзимдиҳандаи ҳаёти сиёсӣ, назария ва ақидаҳои сиёсӣ, хулоса ҳамагуна институтҳои сиёсӣ, ки ба пешрафти ҷомеаи башарӣ мусоидат менамоянд, фарҳанги сиёсиро ташкил медиҳанд. Аз ин рў, фарҳанги сиёсӣ гуфта маҷмўи донишҳои сиёсӣ, арзишҳо, усули рафтореро меноманд, ки тавассути онҳо ба хамтаъсиррасонии субъект ба давлат ва воридшавӣ ба фаъолияти сиёсӣ амалӣ мегардад, (Маевцев В.А. Основы политологии М 1997г стр. 359) Таърифи зикршуда ба ҳам алоқамандии байни ҷамъияту фарҳангро ифода намояд ҳам, аммо ин таносуби том ва ҷузъ набуда, таносуби том ба сифаташ аст, ки охирин муайянияти ашё зуҳурот, масалан хусусияти аломатҳои сифати фарҳангӣ сиёсӣ тавсиф карда мешавад. Як чизро бояд ба эътибор гирифт, ки бо роҳи синтез навъҳои гуногуни фарҳангро ба аломатҳои сиёсӣ дар тафаккур сохтан мумкин нест. Гузашта аз ин оддитарин зуҳуроти иҷтимоӣ ё сиёсӣ низоми устувори ҳаёти ҷамъиятиро вайрон месозад. Алалхусус, дар ҳолатҳои бўҳронӣ тартиб ва низоми як вақт устувор фаъолкунанда вайрон шуда, бесарусомонии сиёсиро дар ҷамъият ба вуҷуд меоранд. Хусусан, набудани маданияти таҳлилкунии сиёсӣ, муқобилгузорию аз он натиҷагирӣ натавонистан, дар ҳаёт амалӣ гардонида натавонистани нақшаҳо боиси фалаҷии ҳаёти сиёсӣ мегардад. Яъне ин он маъноро дорад, ки меъёрҳо натавонистаанд воқеиятро дар бар гиранд. Омўзиши фарҳанги сиёсӣ дар шароити кунунӣ аз он хотир муҳиму замонавист, ки зиддияҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ то рафт чуқуртар гашта, мақомотҳои роҳбарикунанда аз мардум дуртар шуда, зиддияти манфиати гурўҳҳои алоҳидаи сарватмандон, аз як тараф, ва мақомоти назоратӣ аз ҷониби дигар, зиддияти идеологияи сиёсии пешини сотсиалисти бо идеологияи иқтисоди бозоргонӣ ва идеологияи сиёсии ислом бо ҳарду, қафомонии асримиёнагии аксари аҳолӣ дар ҷодаи баҳо додан ба нақши хеш ва ғ. онро талаб менамоянд, ки ин равандро бояд боз дошт. Моҳияти ин мушкилот дар он аст, ки маданияти сиёсӣ зуҳуроти хосаи иҷтимоии дорои аломатҳои махсуси худ аст. Хусусияти зуҳуроти иҷтимоӣ бошанд тавассути системаи нави мафҳум ё дар мутобиқоти дигари аллакай маълум кушода мешавад. Масалан, Н.М. Кейзеров дар «Маданияти сиёсии ҷомеаи социалисти» (ба забони руси) чор аломати маданияти сиёсиро нишон додааст: номи китоби худ. – аломатҳои умумии хоси сиёсат, маданият ва идеология, ҳамчун зуҳуроти рўбино, муносибатҳои идеологӣ. Ин ҷо махсусияти ба ҳам таъсирнамоии унсурҳои рўбиноии шаклҳои шуури ҷамъиятӣ зуҳур меёбанд. Ба ин хусусияти умумӣ характери синфият ва ба моддиёт вобаста будани фарҳангӣ сиёсӣ ишора менамояд. – аломат ва хислати фарҳанги-сиёсӣ ҳамчун зуҳуроти махсуси ҷамъиятӣ, муносибатҳои идеологӣ, унсури сифатан муайяни рўбино бо вазифаҳои мушаххаси иҷтимоӣ. – аломатҳои алоҳидаи хоси навъҳои ҳархелаи фарҳангӣ – сиёсӣ дар доираи хелҳои таърихӣ вобаста ба субъект ё ки марҳила ва дараҷаи инкишофи он. Масалан, фарҳанги сиёсии синфи коргар, деҳқон, гурўҳҳои дигари иҷтимоӣ. Фарҳанги сиёсӣ дар кадом шакле зоҳир нагардад, хусусияти муайянкунандаи вай муносибаташ ба муносибатҳои идеологӣ, ба рўбино мебошад. танҳо дар ҳамин асос моҳияти иҷтимоӣ ва хусусиятҳои хоси фарҳанги сиёсиро кушодан имконпазир аст… Фарҳанги сиёсӣ, аз як тараф, ҳамчун инъикоскунандаи манфиатҳои гурўҳҳои гуногуни ичтимоӣ, синфӣ, миллӣ, умумӣбашарӣ, аз тарафи дигар, шакли баҳо додан ба тасавуротҳо аз назари таҷрибаи таърихӣ ва ҳозира, таҷрибаи муборизаи сиёсӣ, маҷмўи донишҳои сиёсӣ ва усули танзими муносибатҳои сиёсӣ баромад менамояд. Фарҳанги сиёсӣ ҳамчун дараҷаи муайяни шуури ҷамъиятии шахсиятҳо, гурўҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, миллатҳо дар ду дараҷа (назарявию муқаррарӣ) зуҳур мекунад. Ҷавҳари фарҳанг сиёсиро идеологияи сиёсӣ ташкил медиҳад, ки он дар системаи донишҳои сиёсӣ нақши барандагӣ дорад. Вай, яъне идеологияи сиёсӣ ифодаи мутамарказкунонидашудаи таҷрибаи муборизаҳо (синфӣ, ҳизбӣ, миллӣ) мебошад. Вай аз ҷониби идеологҳо бо назардошти ҳадафҳои ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ ва манфиатҳои онҳо дар ояндаи наздику дур кор карда баромада мешавад. Агар ба чунин даъватҳо, аз ҷумла «Бародарони мусулмон ба ҳам мутаҳид шавед», «Бани одам аъзои якдигаранд», «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед» аз назари сиёсӣ баҳо доданӣ шавем, ҳар кадом мутлақо хилофи ҳамдигаранд, аммо ба ҳам омадани инсониятро даъват менамоянд. Яке аз рўи нишонаи умумияти динӣ, алалхусус мусулмонон, дигаре «берун аз ҳама таасуби динӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ» ва сеюми иттҳоди аҳли заҳматкаши дунёро ба иттиҳод даъват менамояд. Шиори аввалу охир ифодагари манфиати гурўҳҳои муайяни инсоният бошад, андешаи дуюм фарохии заковати инсон ва ба ҳам омадани тамоми инсониятро таъкид менамояд. Вай аз ҳама маҳдудиятҳо берун баромада, байни инсонҳо фақат дар андозае фарқ мегузорад, ки ҳар кадом узви ҷисми ҳамчун замина, асос ва сабабгори мавҷудияту мўътадил фаъолият намудани узвҳои дигар ва дар маҷмўъ тамоми вуҷуд аст. Аз ин ки идеологҳо кадом ҳадафҳоро дар ҷамъият амали гардониданианд, онҳо кадом манфиатҳоро ҳимоя месозанд, ба мақсади кадом синф, миллат ва гурўҳҳои сиёсӣ хизмат карданианд, андеша, нуқтаи назар ва таҷрибаи ҳамин гурўҳҳои иҷтимоиро ба воситаи сиёсати давлатӣ таъвил медиҳанд. Алҳол, дар фарҳанги сиёсии кунунӣ чанд нуқтаи назар доир ба ҳаёти инсонӣ амал менамояд. а) Мондеализм лафзи франсавӣ буда, ҳадафи идеологҳояш аз ташкили давлати ягонаи умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии миллати яҳуд аст. Тибқи ин идеология дар олам аввал ҳокимияти иқтисодии ягона ташкил ёфта, ҳамагуна монеаҳои миллиро бартараф намуда, ҳама тарзи ягонаи ҳаётро қабул намуда, сипас ҳокимияти ягона ба вуҷуд меояд. Ҳоло 20 давлати дунё, аз 195, қариб тамоми ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии оламро дар зери таъсири хеш даровардаанд. Ин 20 давлат системаи пулию молии дунёро назорат мекунанд. Аммо идеологҳо дар аксари мамолики ҷаҳон муносибатҳои иқтисодиёти бозориро ҳамчун рафъкунандаи ҳама балоҳои иҷтимоӣ дар ҳама сатҳ ташвиқу тарғиб месозанд. Аксар донишмандон дуруст қайд менамоянд, ки оламшумул гаштани системаи ахборотӣ ҳама гуна монеъаҳоро аз байн бардошта фазои ягонаи итилоотие ба вуҷуд меояд, ки аз комёбиҳои ҳамдигар мардуми олам сарафроз мегарданд. Он ки ин фазои ягонаи итилоотӣ, воқеан, аллакай амал карда истодаасту монеаҳои масофагӣ бардошта шудаанд, касеро дар шубҳа намондааст. Вале ин фазои итилоотӣ аз тарафи ҳар кадом давлати миллӣ баҳри кадом мақсад истифода мешавад, масъалаи дигар аст. Шароити кунунии олами як қутбӣ, рафтори сиёсии баъзе сарони давлатҳо ва ҳокимияти сиёсии онҳо, ба манфиати ғаразнок истифода кардани воситаҳои техникии фарҳанги моддӣ, бисёр давлатҳои сусттараққикардаро ба асорат гирифтор менамоянд. Масалан, Амрико, ки имрўз қудрати бештари иқтисодию техникӣ дорад, ба ҳар роҳу восита тарзи дунёфаҳмию одамиятфаҳмияшро ба дигарон иҷборан бор карданист. Барои вай пайдо шудани мафҳуми «терроризм», «фундаментализми исломӣ», «фазо баҳри мавҷудият» манфиатҳои оламшумулии Амрико он падидаҳои фарҳанги сиёсиеанд, ки ба худ ҳуқуқи ҳокими ягонаи ҷаҳонро аллакай додааст. Хусусан баромадҳои сарвари Амрико Буш оиди он, ки вай дар тамоми олам ба муқобили терористҳо муборизаи беамон мебарад, амнияти инсониятро таъмин накарда, шиддати сиёсиро меафзояд. Акнун ҳар кадом давлати сиёсаташ барои Амрико маъқул набуда, ба рўихати сиёҳи он афтида худро бе хавф эҳос намекунад. Вай дар вақти барои роҳбарияти Амрико мувофиқ мумкин аст, ҳадафи таҷовуз қарор ёбад. Яъне имрўз ҷавҳари асосии фарҳангӣ сиёсии пурқувваттарин давлати дунё Амрикоро зўри «бузургдавлатӣ» ташкил медиҳад. Барои фарҳанги сиёсии ин давлати абарқудрат ба ҳисоб нагирифтани меъёрҳои муқаррар кардаи Ташкилоти Миллали Муттаҳид «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва дигар санадҳои меъёрии муносибати байни давлатҳо ба ҳукми анъана даромада, риояи онҳоро аз дигарон талаб менамоянд. Муносибати ҳозираи Амрикоро ба давлатҳои дигари олам муқоиса намуда, боварӣ ҳосил менамоӣ, ки ин давлат, воқеан, таҷовузкор буда, тамоми амалияи сиёсии вай ба паст задани нақши халқҳои дигар ва тарғиби арзишҳои таҷовузкоронаи худ нигаронида шудааст. Таҷовузкориашро бошад ба воситаи машинаи бузургӣ таблиғотиаш ба ташкили афкори умум тарзе ба ҷаҳониён мерасонад, ки агар ШМА набошад, бенизомӣ тамоми сайёраро фаро мегирифта бошад. Сиёсатшинос Пугачев В.П., Соловьёв А.И. дар китоби дарсиашон «Введение в политологию» М. 2000г. – 314-315,с. чунин вазифаҳои фарҳанги сиёсиро нишон додаанд. 1. Ҳаммонанднамоӣ, яъне эҳтиёҷи ҳамешагии инсон барои фаҳмиши мустақилияти хеш ба гурўҳҳо ва муайян намудани тарзи иштирок ва ифоданамоии манфиатҳои умумияти мазкур аст. Яъне ҳар кадом шахс бояд ба кадом умумияти одамон мутаалиқ аст, донад ва ҷояшро дар он муайян намояд. 2. Мавқе муайянкунӣ-ҷаҳдӣ, инсон барои инъикоси моҳияти зуҳуротҳои сиёсӣ, дарки имкониятҳои хеш ҳангоми амаликунии ҳуқуқ ва озодиҳо дар системаи мушаххаси сиёсӣ: 3. Мувофиқнамоӣ-қобилияти ба авзои доимотағирёбандаи муҳити сиёсӣ ва шароити амалисозии ҳуқуқӣ, озодиҳо худро мувофиқ намудан: 4. Баҳамоӣ – якҷояшудан баҳри таъмини амалишавии имконияти гурўҳҳои гуногун баҳри дар доираи системаи муайяни сиёсӣ, нигоҳ доштани томияти давлат ва муносибати он, умуман, ба ҷамъият: 5. Коммуникативӣ – таъмин намудани ба ҳамтаъсиррасонии ҳама субъектҳо ва институтҳои ҳокимият дар заминаи истифодабарии мафҳум, аломат ва дигар воситаҳои истифодаи ахбор ва муошират. Яъне тавассути ин воситаҳо ҳокимияти сиёсӣ бо мардум ва мардум ба ҳокимияти сиёсӣ робита пайдо менамоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.