Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


РАВАНДИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ

Ҳар кадом рафти қарор қабулкунии сиёсӣ, сохт ва хусусияти худ марҳила ва усулҳои худро дошта, он ба шароит ва вазъияти мушаххаси сиёсии дар ҷомиа вуҷуд дошта алоқаманд аст. Ба эътибор гирифтани ҳама паҳлўҳои ин вазъият ва шароит ба мазмуну мундариҷаи он таъсир расонида, онро иҷрошаванда ва ё иҷронашаванда мегардонад.Нақша: 1. Назарияҳои асосии қабули қарор. 2. Марҳилаҳои тайёрӣ ва қабули қарор. 3. Усули қабули қарор ва марҳилаҳои амалисозии он. Ҳар кадом рафти қарор қабулкунии сиёсӣ, сохт ва хусусияти худ марҳила ва усулҳои худро дошта, он ба шароит ва вазъияти мушаххаси сиёсии дар ҷомиа вуҷуд дошта алоқаманд аст. Ба эътибор гирифтани ҳама паҳлўҳои ин вазъият ва шароит ба мазмуну мундариҷаи он таъсир расонида, онро иҷрошаванда ва ё иҷронашаванда мегардонад. Қабули қарор ҳамчун технологияи дигаргунсозии ҳокимияти сиёсӣ дар идора намудани протсесҳои иҷтимоӣ буда, дар раванди «ворид» ва ё «хориҷ» – и системаи сиёсӣ иштирок менамояд. Ин ҷо афзудани талаботи аҳолӣ, «ғазабнокшави»-и иҷтимоӣ, доираи идоракунии онро васеъ ва нақши онро дар ташкили ҳаёти сиёсӣ меафзояд.Ҳоло дар илми сиёсатшиносӣ доир ба протсесси қабули қарор андешаҳо ҳархелаанд. 1. НАЗАРИЯИ МЕЪЁРӢ – раванди интихоби ратсионалии ҳадафҳои сиёсӣ дар вазъияти мураккаб. Ба сифати муҳимтарин воситаи асосии муносибгардонии чунин интихоб, моделҳои гуногуни математикӣ ва дигар воситаҳо пешниҳод карда мешаванд. 2. НАЗАРИЯИ РАФТОРӢ, «назарияи мазкур раванди қабули қарори сиёсиро амали махсуси ба ҳамтаъсирасонии одамон, умумиятҳои иҷтимоӣ дониста, тамоми омилҳои дохилию беруние, ки ба қабули қарор дар лаҳзаи муайян таъсир мерасонанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад»1 Рафти қабули қарори сиёси ва амалисозии он истифода намуданиро таълимот ва воситаҳои дигари ба равиши сиёсӣ алоқамандро низ талаб менамояд. Ин назария, аз як тараф, агар нақш, вазифаҳои институт ва ташкилотҳои идоравӣ чораҳои қабули қарор, нақши коркунони техникӣ ва таъминкунандагони моддӣ ҳамаи ашхоси дар ин протсес фаъолиятдоштаро қайд намояд, аз ҷониби дигар, ба нақши калон бозидани тартиби қабул ва институтхо нигоҳ накарда, ҳангоми қабули қарор чорабиниҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла таҷрибаи шахсони муайянкунандаи мақсад ва воситаҳои ба даст овардани муносибати шахсии онҳо ва донишмандии шахсони масъул хеле муҳим аст. Гузашта аз ин, дар ҷамъият ҳеҷ гоҳ ҳама гурўҳҳо ҳамфикр нестанд. Қарори қабулшуда хусусияти созишро гирифта, нақши субъективизмро меафзояд, яъне ҳокимияти сиёсӣ ба воситаи таъсири ашхоси роҳбарикунанда ба рафти қабули қарор ҳамеша таъсир мерасонад, ки онро пешбинӣ ва пешгўӣ кардан имкон надорад. Охири охирон қабули қарор хусусияти симбиозии ратсионалию ғайриратсианалӣ мегирад. МАРҲИЛАИ ТАЙЁРӢ БА ҚАБУЛИ ҚАРОР Аз тайёр намудани рўзнома оғоз меёбад. Ин ҷо аз маҷмўи масъалаҳои умумии иҷтимоӣ талабот ва моҷароҳои умумии иҷтимоӣ, талабот ва моҷараҳои хусусияти сиёсӣ дошта, интихоб карда мешаванд. Ташаккули дурусти рўзнома ба маҳорати режими ҳукмрон, ки то чӣ андоза метавонад ҳодисаҳои сиёсиро пешбинӣ намуда, барои вуҷудоии бўҳрон монеъ шавад ва ё далелҳои алакай ба вуҷудомадаро ба қайд гирад, вобаста аст. Чун қоида дар ин марҳила гурўҳҳои гуногун манфиатҳои худро дифоъ намуда, дар кадом навбат ҳал кардани масъалаҳоро муайян месозанд. Дар ин марҳила муҳимияти масълаҳои иҷтимоиро талаботи идеологӣ, интизории нақшии намояндагони доираҳои ҳукмрон, таваҷҷўҳи шахсӣ, таҷрибаи пештара ва дигар сабабҳо муносибати интихобиро ба миён меорад. Масалан, бе эътиборӣ нисбат ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ин ё он эҳтиёҷи аҳолӣ, хоҳиши ба доираи ҳукмрон зарар нарасондан, тасаввуроти нодурусти элита оиди манфиатҳои худ муносибати тамоили муташаккилнамоиро ба вуҷуд меорад. Дар ин раванд сохторҳои гуногуни расмӣ / кумитаҳои парлумонӣ, комиссияҳо, гурўҳи лоббиҳо / ғайрирасмӣ / иттиҳоди байни шахсони сиёсӣ, экспертҳо ва ғ. / нақши бузург мебозанд. Ин ҷо характери муҳимӣ ё номуҳимии қарор зарур аст. Дар ҳолати якум баҳсу мунозира байни қувваҳои сиёсӣ вазъиятро тезутунд намуда, шиддат дар доираи ҳукмрон ва таъсири воситаҳои пинҳонии ҳокимият зиёд мешавад. Имконияти ба қарор дохил ва ё аз он хориҷ намудани масъалаҳои берун аз соҳаи сиёсат маънии ҳокимият доштаниро дорад. Шарти асосии коркарди «рўзнома» гирифтани ахборе, ки барои идоракунанда вазъи мушкилотӣ /проблема/ : чӣ тавр ба ин ё он савол муносибат намуданро ба вуҷуд меорад. Ахборот бояд аз он лаҳзаҳои муҳиме интихоб шаванд, ки онҳо ҳангоми қабули қарор ҳатман ба инобат гирифта шаванд. Тарафҳо ва ё ташкилотҳои қарорқабулкунанда бояд ахбороти аниқ доир ба протсесҳои иҷтимоӣ ва коркарди онҳо дошта бошанд. Пеш аз он ки ахборот «ашё» -и хоми қабул мубаддал гардад, вай бояд ба арзишҳои ҷамъиятӣ мувофиқат кунад. Масалан, барои қабули қарор 50% ҷонибдорӣ он бошанд. Ҳангоми ба системаи эҳтиётии қабули қарор гузаштани ҳокимият, ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда (ҷанг, бўҳронҳои ҷиддии сиёсӣ) ин қоида ва тартибот тағйир дода мешаванд. Баъзе мушкилот ва зиддиятҳо дар марҳилаи дигар ҳал карда мешаванд. МАРҲИЛАИ ҚАБУЛИ ҚАРОР Дар асоси коркарди таҳриршудаи «рўзнома» мақсадҳои инкишофи сиёсӣ ва роҳҳои ба дастории он ташаккул меёбанд. Ҳадафҳо бошад кўтоҳмуддат, дарозмуддат, байнӣ, охирин, аввалиндараҷа ё дуюмдараҷа буда метавонанд. Баёни мақсадҳои аслӣ аз ҳама муҳим буда, аз он чӣ, ки ҳокимият барои афкори умум, аз қабили мубориза ба муқобили контрэлита эълон менамояд, фарқи куллӣ дорад. Ҳадафҳои аслӣ бояд ба талаботи имконпазиру босамар мувофиқат намоянд. Чун қоида мақсадҳои сиёсӣ дар гузориши байни се навъи институтҳо: ташкилотҳои расмии давлатӣ, гурўҳӣ, манфиатҳо ва механизми ҷамъиятӣ (масалан, воситаҳои мустақили ахбори омма) ифода меёбад. Аммо дар ин ҷараён ҳамеша ҳамон институтҳои олии ҳокимият нақш мебозанд, ки ба он ҳама гурўҳҳои фишоровари сиёсӣ ба ҳам меоянд. Барои ҳамин ҳам механизми ифоданамоии мақсадҳои сиёсӣ дар давлатҳои унитарӣ ва давлати нимпрезидентию унитарии идоракунӣ ва ҷамъиятҳои дорои сохтори парламентию федералӣ фарқи ҷиддӣ доранд. Таъсири гуногунии қувваҳои сиёсӣ, инчунин сохторҳои мураккаби ҳокимияти сиёсиро ба ҳисоб гирифта, мақсадҳои сиёсӣ, чун қоида дар шакли алтернативӣ, яъне пешниҳоди чандин роҳҳои ба дастоварии мақсад ё имкониятҳои гуногуни мақсади ягонаро пешниҳод менамоянд. Сиёсати оқилона, – менависад Д. Дьюи, – бо интихоби чанд вариант сару кор дорад, на ба вазъияти «ҳа-не». Дар маҷмўъ кор карда баромадан ва қабули қарор дар ин марҳила ба дараҷаи ғайрӣ марказиятнокӣ (досентрализатсия) – и ҳокимияти олӣ ва таносуби он ба ҳуқуқҳои ташкилотҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ба ҳам таъсиррасонии ҳизбҳо, дараҷаи ҷудокунии ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия вобастаанд. Шахсони муайяни сиёсӣ (сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ), инчунин, субъектҳои гурўҳӣ (расмӣ ва ғайрирасмӣ) қарор қабул карда метавонанд. Қарорҳои гурўҳӣ бо басалоҳиятияш фарқ намоянд ҳам дар айни ҳол, ба вазъи проблемавӣ мушкилоти аксуламали суст пайдо шуда, ҳангоми бўҳрон таъсири манфӣ мерасонад. Ба қарори қабулшудаи хусусияти гурўҳи дошта, масъулият хос бошад ҳам, ин барои қабули қарори номатлуб низ истифода мешавад. Ҳангоми кабули қарор гурўҳи идоракунанда бояд барои талаботи стандарт ҷавобгў бошад, чунки вайронсозии он ба пайдоиши гурўҳе сабаб мешавад, ки қарорҳо қабул намешаванд. Сиёсатдорони алоҳида ҳангоми қабули қарор масъулияти шахсӣ гирифта, бо ҳамин ба инкишофи ба даст овардани мақсад имкон медиҳанд. Дар айни ҳол фаъолияти шахси алоҳида ҳангоми қабули қарор барои пайдоиши таъсири гуногуни пинҳонӣ имконияти бештар пайдо менамоянд. Чӣ тавре ки Р. Вангер қайд намудааст: «сиёсатмадорон нисбат ба қабули қарор бештар дар тақсимот иштирок доштанро мехоҳанд»1. Ҳангоми қабули қарори мушаххас зиддият байни намояндагӣ ва шахси алоҳида бо салоҳияти он (компетентност) зоҳир мегардад. УСУЛҲОИ ҚАБУЛИ ҚАРОР Аз назари Ч.Линдблюм ду усули қабули қарор вуҷуд дорад: а) ратсионалӣ-универсалӣ; б) маҳдуднамоии пай дар пай. Якум, пайваста ҷудо намудани мушкилот ва интихоби роҳи он ҳамчун мувофиқи ҳали мақсади гузошта. Ин на ҳамчун нақшаи идеалии ҳали масъала, балки натиҷаи тафаккури дуруст аст, ки ғуннамудани ахбороти зарурию мувофиқро талаб менамояд. Дар ҳаёт аслан сиёсатдорон аз нақши имкони амал баромад намуда, аз шакли қулайтар сарфи назар менамоянд. Қобилияти инсон дар такя ба ахборот нисбат ба он ки модел талаб менамояд, камтар аст. Шояд ҳар кадом иштирокчии раванди идоракунӣ дар фаъолияташ ратсионалӣ бошад, аммо ҳангоми ба ҳам бархўрии иштирокчиёни сершумор вай хеле тира мегардад. Дигархелтар гўем, ҳокимият ҳангоми қабули қарор ба талаботи мантиқӣ эътибор намедиҳад. Мушкилоти воқеӣ аксар ногаҳон рух дода элитаи ҳукмрон маҷбур мешавад, пеш аз он, ки мақсад муайян мегардад, ба фаъолият шурўъ намояд. Дар амал бештар «усули шохаҳо» истифода мегардад. Ҷиҳатҳои мусбию манфии тарафҳоро ба ҳисоб гирифта, А. Этсионӣ усули омехтаро бештар бо самар дониста, таъкид менамояд, ки маҳз ҳамин усул ҳама тарафҳои зиддиятнокро бештар ба ҳисоб мегирад. МАРҲИЛАИ АМАЛИСОЗИИ ҚАРОРИ ИДОРАКУНӢ Дар ин марҳила марказҳои ҳокимият қарорҳои қабулкардаашонро амалӣ мегардонанд. Бо амаликунонии ин қарор зиддият меафзояд, чунки он ба ҳама маъқул бошад ҳам, маҷбуран амалиаш месозанд. Муқобилияти зидди ҳокимият на танҳо оппозитсия, балки ҳокимони поёнии ҷамъиятро низ ба ташвиш андохта, онҳо аз маҳдуд шудани манфиати мақомашон метарсанд. Амалисозии қарори қабулшуда нақши ҳокимияти иҷроияро афзуда, ба баланд гаштани кафолаташон ва қонунвайронкунӣ водор месозад. Ташкилотҳои амалкунанда бояд аз чӣ сар кардан, чӣ пешниҳод намудан, чӣ тавр амал намуданро донанд, то ки ризояти кофии сиёсиро дар атрофи қарорҳои бароварда таъмин карда тавонанд. Онҳо бояд ҷавобгарии шахсони мушаххас ё гурўҳҳоро аниқ намоянд. Қарорҳо бояд то андозае талаботи ахлоқӣ дошта, даъват ба ҳиссиёти шаҳрвандӣ ва худқурбонкунӣ дошта бошанд. Амалисозии андешаҳои идоравӣ ба ҳокимият муайян намудани стратегияи умумӣ, интихоби характери амал (ҳамкорӣ, моҷаро, маҷбуркунӣ, консенсус) барин усулҳоро талаб менамояд. Интихоби стратегия бояд ба баҳои ратсионалии имкониятҳои хеш, кофияти онҳо барои амалсозӣ баҳри ба дастоварии мақсад такя намояд. Имкони муқобилиятнишондиҳӣ низ ба эътибор гирифта шавад. Шарти асосии амалисозӣ стратегияи сиёсӣ ва технология, истифодабарии захираҳо, ғуннамоии ахбороти зарурӣ аз натиҷаҳои аввалӣ, такмили онҳо ҳангоми муайян намудани номувофиқии мақсад ва воситаҳои ба дастоварии онро муайян месозад. Чанд шакли амалисозии қарор вуҷуд дорад элитизм, консерватизм, демократизм, радикализм ва ғ. Паҳншудатарин популизм аст. Популизм ҳамчун воситаи муҳими ба дастоварии мақсадҳои ҳокимият бевосита ба афкори умум такя менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.