Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИЁСӢ

Ҳама системаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамеша баъди гузариши марҳилаи муайян ба ихтилофи муайяну манфиатҳо дучор мегарданд. Ин ба он хотир руҳ медиҳад, ки байни манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ номувофиқӣ ба амал омада, ҳокимиятдорон онро дар сари вақт ба эътибор намегиранд ва баҳри ҳаллу фаслашон намекушанд ё онҳоро ба эътибор намегиранд.Нақша: 1. Маъно ва мазмуни модернизатсия. 2. Роҳҳои модернизатсияи сиёсӣ. 3. Зарурият ва моҳияти модернизатсияи сиёсӣ. Ҳама системаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамеша баъди гузариши марҳилаи муайян ба ихтилофи муайяну манфиатҳо дучор мегарданд. Ин ба он хотир руҳ медиҳад, ки байни манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ номувофиқӣ ба амал омада, ҳокимиятдорон онро дар сари вақт ба эътибор намегиранд ва баҳри ҳаллу фаслашон намекушанд ё онҳоро ба эътибор намегиранд. Дар натиҷа ноҷурии муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ объективан ташкилу навсозӣ ва ё тағйири ба талаботи замон мувофиқро тақозо менамояд. Воқеан доир ба ташкил, ба талаботи манфиатҳо ва ё ҷомиаи башарӣ мувофик сохтани ҳаёти сиёсию иқтисодӣ андешаҳои зиёде вуҷуд дорад. Динамикаи бартарафсозии ақибмонӣ, моделҳои таҳлили онҳоро гузаштагон Ҷон Локк. А Смит нишон додаанд. Аслан сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки модернизациякунонӣ танҳо ба давраи гузариши давлатҳои қафомонда хос буда, ба он дигар давлатҳои дунъявӣ ниёз надоранд. Чунин андешаҳо маънои яктарафа фаҳмидани протсесҳои ҳаёти ҷамъиятиро дошта диалектикаи инкишофи онро ба эътибор намегиранд. Ҳаёти халқу миллатҳои олам гувоҳӣ онанд, ки ҳар кадом давлате, ки баробари ҷомиаи ҷаҳонӣ қадам заданист, вай бояд ҳамеша худро такмил диҳад. Ба хотир биёред бо таъсири сиёсати иҷтимоии ҳокимияти шўравӣ ва собик давлатҳои дигари сотсиалистӣ, яке аз бойтарин давлати дунё Амрико ба сиёсаташ характери иҷтимоӣ дод. Амрико пай дар пай музди меҳнаткашонро ба хотири он зиёд карда буд, ки Иттиҳоди Шўравӣ, таълиму тарбия, тандурустӣ ва таъмини ҷои корро барои шаҳрвандонаш асоси сиёсати иҷтимоияш қарор дода буд. Аммо ҷонибдорони назарияи «модерн» ҷамъияти «Озодӣ» Амрикоро чун Эталон нишон доданӣ шуда, таъкид мекарданд, ки дигарон онро бояд нусхабардорӣ намоянд. Модернизатсияро ҳамчун шароити пешакии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳо ҳисобида, инкишоф танҳо тавассути суръатбахшии асосҳои ташкили ҷамъияти ҳаёти ғарб ёрии иқтисодии онҳо амали асосӣ дониста мешуд, агарчи истиқлоли технологияи иҷтимоӣ ва институтҳои сиёсӣ ҳамчун воситаи пешрафти навсозӣ низ дониста мешаванд. Ҳол он ки ёрии моддии хориҷӣ ҳамон вақт самари хуб мебахшад, ки он комилан дар заминаи анъанаҳои сиёсии миллӣ ва хусусиятҳои он барои ба роҳ мондани истеҳсолоту такмили ҷамъият равона карда шуда бошанд. Ҳаёти минбаъдаи давлатҳои ёрии хориҷӣ гирифта нишон дод, ки модернизатсиякунонӣ ҳануз боиси пешрафт намегаштааст. Зарур аст, ки истеҳсолоти неъматҳои моддӣ авалият дошта бошад. Демократия на танҳо заминаи сиёсӣ, балки ба заминаи устувори иқтисодӣ ниёз дорад. Он, ки модернизатсия натиҷаи хуб намебахшад, боз омилҳои зиёди дигаре низ ҳастанд. Ҳамин зайл солҳои 70-80-ум робитаи модернизатсияю инкишоф аз нав дида шуд. Модернизация на ҳамчун шароити инкишоф, балки вазифаи вай будааст. Мақсади асосӣ тағъироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие буд, ки вай бе модели демократии ғарбӣ ҳам инкишоф меёбад. Масалан, дар Чин, Тайван, Малайзия ва соири давлатҳои дигари Шарқ ба хотири нигоҳ доштани давлат, таъмини инкишофи минбаъдаи он такя ба шаклҳои миллии амалигардонии он карда шуд. Муҳим он аст, ки раванди тағйиротҳои иҷтимоӣ, тибқи нақшаи инкишофи истеҳсолот, муносибатҳои сиёсӣ, аз навсозии бо суръати сифатан навро таъмин карда тавонанд. Гузариш ба модернро ҳамчун марҳилаи тому дарозмуддати инкишоф, чун такрористеҳсолкунии оддии пештар вуҷуд дошта ва пастшавӣ низ ба эътибор гирифта мешавад. Роҳҳои модернизатсияи ҷомиа ва системаи сиёсӣ Доир ба модернизатсия андешаҳо гуногунанд. Баъзеҳо индустрикунонии ҷомеаро У. Мур, А. Экстайн К. Гриффин – ислоҳоти замин; Леви-ёрии интенсивии мамлакатҳои тараққикарда; Эйзенштайн инкишофи институтҳоеро, ки тағйиротҳои иҷтимоиро; У. Шрамм воситаи муошир аст, ки арзишҳои умумиро ба ҳама дастрас менамоянд; Хиггинс асоси модернизатсияро дар шаҳрнишиншавии аҳолӣ роҳи асосии инкишоф мебинанд. Дар интихоби ин роҳҳо ду ақида – либералӣ ва консервативӣ вуҷуд доранд. Масалан, олимон Г. Даль. Г Алмонд, Л Пай пайдоиши синфи миёна ва маълумотнокшавии аҳолиро шароити асосии дигаргуниҳо дар табиат ва ташкили идоракунӣ мебинанд. Тибқи андешаи онҳо ин мудохилаи идеологиро дар ба танзимдарории протсесҳои иҷтимоӣ халал расонида, самаранокии марказонидану амалӣ гаштани қарорҳоро маҳдуд менамоянд. Умуман, характер ва динамикаи модернизатсия ба конкуренсияи эҷодии элита ва дараҷаи иштиёқмандии шаҳрвандон ба сиёсат вобаста аст. Вариантҳои инкишофи ҷамъият ба мутаносибияти шаклҳои дар бозии сиёсӣ иштирок кунанда дар марҳилаи гузариш вобаста аст. Чор варианти асосии инкишофи ҳодисот имконпазир аст: 1. Дар афзалиятдории иштироки элитаҳо бар иштироки шаҳрвандон заминаҳои қулайтари пай дар пай демократикунонии ҷамъият ва амалӣ намудани ислоҳот; 2. Шароити боло бардоштани нақши элитаҳо дар конкуренсия – лекин фаъолияти пасти оммаҳо. 3. Афзалияти иштироки сиёсии оммаҳо бар мусобиқаи элитаҳо васеъ шудани нақши оммаҳо боиси шадид гаштани сохти идоракунӣ шуда – азнавсозӣ суст мешавад. 4. Ба минимум расидани муносибатҳои элитаҳо ва омма дар сиёсат ба бенизомӣ, деинтегриратсияи сотсиумҳою ба системаи сиёсӣ ва пайдоиши диктатура меорад. Аз назари олими амрикоӣ Р. Даль дар мамолики сусттараққикарда – полиархия муносибатҳои ошкорои сиёсии унсурҳо ва фаъолии баланди сиёсии омма барои ислоҳот замина муҳайё месозад. Роберт Даль таъсири ҳафт шарти ба сўи полиархӣ ҳаракаткунандаи мамлакатҳоро дар амалӣ сохтани ислоҳоти сиёсӣ нишон додааст: 1). Барои азнавсозии иқтисодӣ – иҷтимои ҷамъият барқарор намудани ҳокимият мустаҳками иҷроия. 2). Ба дараҷаи муайян бардоштани тарақиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ки ба азнавсозии сохтори давлат имкон дихад. 3). Барқарор намудани муносибатҳои муайян, баробарӣ-нобаробарӣ: 4). Гуногунии фарҳангии олӣ; 5). Мавҷудияти ҳамешагии ёрии хориҷӣ; 6). Эътиқоди демократӣ; 7). Фаъолшавии фаъолон ва лидерҳо. Ин олими амрикоӣ таъкид менамояд, ки гузариш ба полиархия бояд ором, пай дар пай, эволютсионӣ ва бе ҳеҷ ҷангҳои ҷиддӣ сурат гирифта, элитаи ҳукмрон мунтазам технологияи ҳукмронию консенсуалиро ба даст гиранд. Авторитаризм бошад барқароршавии ҳукмронии яке аз қувваҳои дар муборизаи сиёсӣ иштироккунандаро мефаҳмад, ки он ҳатман ба рафти модернизатсия таъсири манфӣ мерасонад. Самаранокии минтақавии полиархии ҳокимият ба таъмини бехатарии қувваҳои ба ҳам рақобатдошта барқарор намудани ҳокимияти пурзўри иҷроия ва марказҳои инкишофёфтаи идоракунӣ дар маҳалҳо вобаста аст. Назариячиёни пайрави консервативӣ манбаи асосии модернизатсияро дар зиддияту задухўрди байни аҳолии муташаккилшуда, ба муборизаҳои сиёсӣ ҷалб намудани он ва мавҷудияти сохторҳо ва механизмҳо барои (муайян намудани нақшаҳо) ва манфиати онҳо медонад. Дар айни ҳол барои идоракунӣ тайёр намудани оммаҳо, истифода бурда натавонистан институтҳои ҳокимият ва чун қоида амалӣ нагаштани натиҷае, ки интизораш буданд, нооромии режимӣ ва ришвахўрӣ (ришвахўрон) – ро ба вуҷуд меорад. Ин бошад сари вақт ба сиёсат ҳамроҳ шудани оммаро қафо меандозад. Аз ин рў, дар он мамолике, ки ҷаҳиши саноати индустриалӣ дар заминаи анъанаҳои демократӣ намехобад, ғояи созиш ва кўшишҳои дигаргунсозии системаи ҳокимият барои ҷамъият оқибати хуб надорад. Консерваторҳо истеҳсолотро барои пешрафти иқтисодӣ нишондиҳандаи асосӣ ва басубатиро асоси болоравӣ барои сиёсат медонанд. Барои давлатҳои модернизатсияшаванда режими пурзўри сиёсӣ бо ҳизби дорои ҳуқуқи роҳбарикунандае, ки қобилияти мамлакатро аз нооромиҳо нигоҳ доштан дорад, зарур медонанд. Ҳамин тариқ, бар хилофи Н. Дейн, ки интеграсияи ҷамъиятро дар асоси фарҳанг маълумот, дин ва фалсафаю санъат медонад С. Хангтингтон такя ба муташакилӣ, тарбия ва усулҳои идоракунии авторитарӣ менамояд. Маҳз институтҳои пурқувват ва босуботи давлатиӣ, низоми аниқи ҳуқуқӣ мутобиқшавии баланди системаи сиёсиро ба тағйиротҳои «муҳити беруна» қобилияти баробар ҷавоб дода тавонистани сохторӣ ба талабот ва кўшишҳои нави аҳолӣ натиҷаҳои дилхоҳи модаернизатсияро таъмин менамоянд. Сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки ҳама системаҳои сиёсии ҳозира дар худ каме аз ситемаи пештараи анъанавӣ ва каме навро доранд. Барои ҳамин Г. Алмонд ва Д. Пауелл се меъёри дараҷаи андозакунии модернизатсияро пешкаш кардаанд; – фарқкунии нақшҳои сиёсӣ; – махсусгардонии институтҳои сиёсӣ – секуляризатсияи фарҳангӣ (раванди такмили тафаккури сиёсӣ ва фаъолияти сиёсии фард , гузориш аз омили иратсионалӣ (эҳсос, таассурот, анъана), омилҳои рафтори сиёсӣ Авторитаризм ба диктатураи ошкоро (Кореяи Ҷануби, Тайван, Чилӣ) табдил ёфта метавонад. Аҳамияти кунунии назарияи модернизатсия Назарияи модернизатсия ҳамчун мантиқи махсуси сиёсатшиносӣ ба навишта гирифтани протсесҳои мураккаби гузариш ёрӣ мерасонад. Тадқиқоти бисёре аз он шаҳодат медиҳад, ки он самти инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сўи марҳилаи худ индустриалӣ меравад. Ин раванди муштарак бо васеъшавии ҳамкории иқтисодӣ ва робитаҳои тиҷорат, паҳншавии комёбиҳои илм ва технология, такмили воситаҳои муошират, баландшавии маълумот ва шаҳрнишиншавӣ инкишоф меёбад. Дидан карданд: 361 Мавзӯъҳои нав: Банакшагири Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира Ба намудҳои шиновари дохил мешавад Намудҳои туризми экологӣ Коментари дохил карданд: Коментарии худро дохил кунед! Номатон ва E-mail-и худро дохил кунед: Матни коментарй: Суммаи ин ададҳоро нависед:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.