Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ТЕХНОЛОГИЯИ СИЁСӢ

Дар ҳаллу фасли қазияҳои гуногуни сиёсӣ як зумра омилҳое ба кор дароварда мешаванд, ки тавассуташон роҳхои босамари аз он мушкилот баромаданро ҷустуҷў ва дарёфт менамоянд.Нақша: 1.Технологияи сиёсӣ ва сохторҳои он. 2.Типҳои технологияи сиёсӣ. 3.Ташаккули технологияи сиёсӣ. Дар ҳаллу фасли қазияҳои гуногуни сиёсӣ як зумра омилҳое ба кор дароварда мешаванд, ки тавассуташон роҳхои босамари аз он мушкилот баромаданро ҷустуҷў ва дарёфт менамоянд. Агар он ба инобат гирифта шавад, ки ҷомеа организми хеле мураккаби иҷтимоию сиёсӣ буда, аз як тараф қувва ва манфиатҳои зиёде ба ҳам бар мехўранду ҳар кадом субъекти фаъолияти сиёсӣ бо ин ё он ваҷҳ ба ҳокимияти сиёсӣ дастдарозӣ менамояд, аз ҷониби дигар ин қувваҳо ё аз номи гурўҳ, синф, миллат ва ё шахси алоҳида баромад менамоянд, ки дар ин раванд аз усулу восита ва механизмҳои гуногун истифода бурдан зарур мешавад. Воситае зарур мегардад, ки манфиати тарафҳои мухолиф, бе он ки ба кулли ҷомеа зарар нарасад, ба ҳам наздик кунонида шуда, зуҳуроти номатлуби сиёсию иқтисодӣ, ки натиҷаи ин ихтилофҳоянд, аз байн бардошта шаванд. Азбаски муқобилистӣ, агар тўлонӣ бошад, дар байни иштирокчиён нобовариро ба вуҷуд меорад, восита ва механизмҳое заруранд, ки ҳеҷ набошад, қувваҳои мухолифро ба сари мизи гуфтушунид нишонад. Барои ҳамин технологияи сиёсӣ лозим аст. Ҳангоми коркарди технологияи сиёсӣ усулҳо: аз қобили таҳлили сиёсӣ ва машварати сиёсӣ, технологияи назорат ва идоракунии «моҷароҳои сиёсӣ», «қабули қарори сиёсӣ», «технологияи ахборотӣ», «технологияи интихоботӣ» зарур шуда мемонад. Маҷмўи ҳамаи ин воситаҳо ва амалҳо, ки иштирокчиёни мухолифинро ба як қарор меорад ва онҳоро ба ҳамгузашткунӣ омода месозад, технологияи сиёсианд. Истифодаи ҳар кадом аз ин восита ва омилҳо ба вақти воқеии гузаронидани амалиёти сиёсӣ, шароиту вазъият, инчунин дараҷаи тайёрии қувваҳои мухолиф ва доираи масъалаҳои ба муҳокима баровардашаванда вобаста аст. Инчунин рақобати байни гурўҳӣ, ҳизбию синфӣ ва миллию байнидавлатӣ дар шароити мушаххас амали мушаххаси қабули қарорро талаб менамояд. Ин бошад ҳалли зиддиятҳои вуҷуддоштаро ба дараҷаи нави алоқа ва вобастагиҳо бардошта, аз ҳама иштирокчиён таҳаммул ва гузаштро талаб мекунад. Таҳаммул ва гузаштҳо раванди мураккаби ба ҳам пайвастагии омилҳои равонӣ, моддӣ ва дигар ҳампечиҳои воқеианд, ки ба рафти ин ҳодисаҳо таъсир мерасонанд. Дар ҷараёни ҳалли ин мушкилиҳои мушаххас одамон ҳам ҳадафҳою воситаҳои ба дастории онҳо ва ҳам роҳҳои воқеии дар амал тадбиқнамоии ин ё он технологияро дониста мегиранд. Умуман, ҳалли технологии мушкилот маънои суст гардонидани вазъияти мушаххасро, дар назар дорад. Технологҳо ҳам навъи мушкилиро андоза намуда, барои фаъолияти махсусгардонидашудаи сиёсӣ замина мегузоранд. Аз он ки технологҳо он зуҳуротҳои сиёсиро чӣ тавр баҳо медиҳанд, барои ҳаллашон кадом роҳеро пешниҳод месозанд, моҳияти ин зуҳурот ба таври куллӣ тағйир ёфтанаш мумкин аст. Масалан, тўҳмати оммавӣ, паҳн намудани ахбороти нодуруст, надодани вақти баромад барои ҳариф ҳангоми маъракаи интихоботӣ, ҷараёни ташаккули мақомати ҳокимиятӣ аз интихоботӣ озод ба маҷбуран ба гардани шаҳрвандон бор кардани онҳо табдил меёбад. Ҳамин тавр, «технологияи сиёсӣ маҷмўи мутассил истифода намудани маросим, усул, тарзи фаьолият барои дарёфти беҳтару босамартари амалисозии ҳадаф ва вазифаҳои субьекти мушаххас, дар вақти муайн ва ҷои муайян аст»1. Ин ҷо технология ҳамчун маҷмўи муайяни дониш ва маҳдудияте, ки субьектро барои ҳалли вазифаи мушаххас дар соҳаи ҳокимият водор месозад, ҳамчун маркетинги сиёсӣ номбар мешавад. Истифодаи технология сиёсӣ дар ҳамон вақт ва дар ҳамон ҷое зарур аст. ки амалҳои ба ҳам монанди такроршавандаи талабҳои муайянро таҷассум намуда, натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, имконпазир мегардад. Сабаби асосии ба вуҷудоии онҳо чунинанд: – зарурияти ба таври соддаю самаранок амалисозии хадафҳои дар назди иштирокчиёни раванди истифодаи ҳокимият ва идоракунии давлат истода; -паст намудани ба ҳам таъсиррасонӣ ғайричашмдошт дар соҳаи ҳокимият; хусусияти ҷаҳишӣ доштани раванди азнавтақсимкунии захираҳои ҳокимият, ки дар шароити инкишофи ғайричашмдошти характери таркишӣ ва фаъолшавии эътирозӣ зоҳир мегардад. – зарурияти истифодаи иқтисодии тарзҳои идоракунии давлатӣ, захираи муҳофизаткунандаи моликият, кадр ва дигар сохторҳои техникӣ; – зарурияти ба муносибатҳои байни иштирокчиёни раванди сиёсӣ хусусияти устуворӣ бахшидан; – зарурияти даъвоҳои объективии инсониро идора намудан. Дигар карда гўем, субъектҳои гуногуни сиёсат барои иҷрои ҳадаф ва вазифаҳояшон технологияи сиёсиро рўҳ мебахшанд. Технология аз рўи вазифа барои ба даст овардани мақсади муайян вобаста ба таносуби манфиатҳо ва сариштаи иқтисодӣ баҳри ҷалби онҳо дар чорабиниҳои сиёсӣ ҳам истифода мешаванд. Технологияи сиёсӣ ҳамчун маҷмўи маросим ва усулҳои фаъолияти мақсаднок на танҳо воситаҳои ҳадаф ба дасториро ба тартиб медарорад, балки навбати амалашонро дар коркарди рафторҳои субъектҳо мустаҳкам месозад. Дигархелтар гўем, технология танҳо ҳамон вақт барқарор мегардад, ки дар рафти ба даст овардани ҳадаф тартиби муайяни бо навбати ҳалли усул ва воситаҳои ба мақсадрасиро муқаррар созад. Технологияро бо механизми техникаӣ ва ё усулҳои алоҳида омехта намудан нашояд. Технология ин раванди истифодаи техникаӣ барои ба даст овардани мақсади муайян равоншудаи субъекти воқеии амал аст. Вай натиҷаи маросим, усул ва воситаҳои босамари ба мақсади муайяни расидан ба субъектҳои сиёсат аст. Албатта, баъзе амалҳои мақсадноки фаъолияти одамон вобаста ба мураккабияшон қисман технологиякунонида шуданашон мукин аст. Яъне субъект ҳангоми фаъолияташ технологияи маҳдудро, ки қобилияти танҳо қисматҳои алоҳидаро ба низом даровардан дорад истифода мебарад. Масалан, ҳангоми қабули қарори сиёсӣ, ки чун қоида масъалаҳои дуруст ба тавсибнарасида ҳал мешавад, он ҷо вазъияти ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Ҳамин хатари ғайри чашмдошти ҳал нагаштани амалҳои алоҳида дар марҳилаи коркарди мақсад ва ҳадафҳо технологияи хосро талаб менамоянд. Вай ҳамчун формулаи муҳандисии сиёсии ба шахси фаъолияткунанда хос ё ҳамчун маводи фаъолияти моддӣ (маънавӣ) захира ва таркибҳои он баромад менамояд. Аз ин хотир ташаккулу истифодаи технология ва суръти он, амалгардониашон ба дараҷаи ихтисосмандию бо салоҳият онҳоро истифода бурдан алоқаманд аст. Барои ҳамин истифодаи техналогияи сиёсӣ на ба самаранокӣ, балки мавҷудияти онҳо (яъне техналогия сиёсӣ) пеш аз ҳама ба ҳолати шахси амалкунанда, маҳорати истифода бурда тавонистани таҷрибаи ғуншуда, ки битавонад онҳоро дар вазъияти мураккаб истифода барад, вобаста аст. Бесалоҳиятию бетаҷрибагии субъект натанҳо ҳалли масъаларо мушкил месозад, балки вазъияти ба вуҷудомадаро боз шиддатноктар намуда, ҳалли онро ба қафо мепартояд. Аз ин хотир технологҳо пеш аз ҳама ба синф, дараҷаи касбию маърифатнокии субъектҳои сиёсӣ бештар эътибор бояд диҳанд. Ҳангоме ки технологҳо чун унсури фаъолияти ин ё он фарди ҳамеша қарорқабулкунанда, танзимкунандаи моҷароҳо мегарданд, онҳо ба яке аз механизмҳои худҷуркунӣ, худташкилнамоӣ дар ин соҳаи фаъолият баромад менамояд. Дар ҳамин маънӣ технологҳо на танҳо ҳамчун номгўи амалҳои босамар, балки ҳамчун воситаи пурқувватнамоии назорат барои ба дастории ҳадаф, шакли идоракунии ин фаъолият баромад менамоянд. Ба мақсадрасӣ воқеӣ меъёри олии самаранокии технологҳо фаъолияти таваккалии хеле фавқулодда буда, мақсади вай ахбороти аниқ оиди механизмҳои ҳокимият ва идоракуниро гирифтан аст, аммо ин ахбор на ҳамеша дуруст буда метавонад. Ин аз он хотир аст, ки дар соҳаи ҳокимият захира ва фаъолияти бисёр гурўҳҳо ҷалб гардида, одамон (инситутҳо ва сохторҳо) ахбороти доир ба қабули қарор ва истифодаи онҳоро пинҳон медоранд, ки дар натиҷа ба даст овардани ахбороти дуруст хеле мушкил аст, аммо ин танҳо як тарафи масъала аст. Муҳимияти маросимҳои технологоӣ на барои хавфи назорат аз болои ҷараёни воқеии ҳокимиятронӣ, балки дар соҳаи ҳокимияти сиёсӣ бисёр вақт қарорҳое қабулкарда мешаванд, ки гуё онҳо шаклан такмили технологии манфиатҳои соҳавиро дар назар дошта бошанд. Аслан онҳо воситаҳои пинҳонкунии бадастдарории мақсадҳои дигаранд. Яъне технологҳои сиёсӣ аксаран бешуурона сохтакорӣ намуда, ҳадафи аслии субъектҳои амалкунандаро рўйпуш менамоянд. Технологҳои сиёсӣ дар ҳама майдони ҳокимияти сиёсӣ, ҳокимият ва идоракунии давлат паҳн мешаванд. Аз ҳамин хотир онҳо хоҳ ошкоро ва ё пинҳонӣ ба раванди истифодаи ҳокимияти сиёсӣ ва мутобиқан тақсиму имкониятҳои давлат ворид гашта, баъзан усул ва воситаҳои манъ шуда ва ғайри қонуниро истифода мебаранд. Аз ин рў, технологҳо дар макон ва замони истифодабарӣ маҳдуд бошанд ҳам, имконияти аз он баромадан ва мустақилан амалкарданро пайдо мекунанд. Барои ҳамин дар технология ҳамеша барои такмил ва эҷодкорӣ шароит пайдо мегардад. Вобаста ба миқёс ва хусусияти субъекти амалкунанда технологҳо аз ҳамдигар аз ҷиҳати захира, бақои самаранокии онҳо аз ҳам фарқи ҷиддӣ доранд. Масалан, технологияи барои муносиб кардани фаъолияти субъектҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ чун қоида фосиладор буда, он қадар бо эътимод нестанд. Барои бо боварӣ идора намудани кайфияту рафтори табақаҳои калони ичтимоӣ, воситаҳои дағалтару ҳарчӣ бештари танзим куниро бояд истифода намуд. Сохтори технологҳои сиёсӣ Таркиб ё сохтори технологҳои сиёсӣ аз се ҷузъ иборат аст: дониши махсус, қоида ва маросиму усули амал, ҷузъҳои гуногуни техникӣ- захиравӣ. Ҳар кадом аз ин ҷузъҳо дар ҳаллу фасли қазияҳои ситёсие, ки оид ба ҳокимияти сиёсӣ, идоракунӣ ва давлат байни субъектҳои сиёсӣ ба вуҷуд меояд, нақши хоса доранд. Масалан, дар технологияи сиёсӣ дониш таҷассуми махсуси инъикоси воқеиятест, ки барои дарёфти восита ва тарзи ҳалли мушкилиҳои пайдогашта дар соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлат аст, барои ҳамин дараҷаи маърифати технологии воқеият на танҳо шакли дониши илми бунёдӣ, балки дар як вақт баҳои мушкилиҳои сиёсӣ аз назари субъектҳои ба ҳалли онҳо ҳавасманд ба ҳисоб меравад. Ҳамин зайл дониши технологӣ фаъолияти лоиҳавӣ, маърифати идеалӣ – аз нав ба вуҷудориест, ки дар худ усулҳои на танҳо муқаррарӣ, балки воқеияти илмӣ- маърифатиро ҳамроҳ намуда, барои ҳалли вазифаи мушаххас муносибати онҳоро синтез менамояд. Ин ба дониши технологӣ мантиқи хоси инъкос ва шарҳи зуҳуротро, ки на барои инъикоси шакли илмӣ ва на ба муносибати муқаррарӣ дар алоҳидагӣ мувофиқ нест, мақоми хоса медиҳад. Бар хилофи назария, ки бе восита ба амалия вобаста набуда, ғайримустақим муносибаташро ба конструксияҳои идеалӣ, ки шарҳу эзоҳдиҳии гуногуни зуҳуроти воқеиро талаб менамояд, дар асоси инъикоси воқеият ва зуҳуроти воқеӣ дохиланд, ташкил меёбад. Агар дониши илмӣ ҳодисаро идеалӣ гардонад, дониши технологӣ объекҳои мантиқиро мушаххас мегардонад; агар дониши илмӣ ба амалия нигаронида шуда бошад, дониши технологӣ ба қисми алоҳидаи воқеият, инъикосшавандаи воқеият, инъикосшавандаи воқеӣ равона шудааст. Ба хотири ҳамин аз нуқтаи назари муносибатҳои технологӣ нисбат ба олам ин қисми амалияи воқеӣ андешакунии мантиқиро не, балки ҷавоби амалиро талаб менамояд. Барои ҳамин ҳама ҳақиқати донишҳои технологӣ нодир ва дар ҳаракатанд. Дониши технологӣ ҳама гуна ҳодисаро ҳамчун ҳиссаи воқеият дорои мантиқи хеши ҳаракат, манбаи инъикоси ҳудуди технологӣ дар асоси мавқеи касе, ки ҳодисаро акс менамояд (технолог, пажўҳишгар), он касе, ки мақсади мушаххас барои ҳалли ин ҳодиса алоқаманд (фармоишгар, супоришдеҳ), инчунин касе, ки дар марҳилаи ҳалли ин ҳодиса (иҷрокунанда) ташаккул меёбад дар бар мегирад. Пас аз рўи амал ҳар се иштирокчиён ба шаклу мазмуни ахбороти технологӣ тағйирот дароварда метавонанд. Чунин сегунагии субъекти дониши технологӣ шаҳодати он аст, ки ҳама стратегияи маърифатии вай ба он нигаронида шудааст, ки шароитҳои объективӣ ба вазъи шарҳдиҳии субъективӣ чӣ дар дараҷаи ташхис ва чӣ дар актуалӣ гардонии дониш наздик кунонида шавад. Рафти дохил намудани тасаввуроти субъектҳо ҳангоми баҳо додан ба вазъият нишон медиҳад, ки майли мақсаднокӣ дар доираи дониши технологӣ оиди як ҳодиса хеле зиёд буданаш имкон дорад. Барои ҳамин мушкилоти мушаххаси технологиро ҳар хел маънидод намудан ва ба равандҳои гуногуни сиёсӣ мувофиқ сохтан имкон дорад. ТИПҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СИЁСӢ А.И. Соловьёв дар китоби дарсии барои мактабҳои олӣ «Политология политическая теория, политические технологии», шаклҳои зерини типҳои технологияҳои сиёсиро нишон додааст. Вазифагӣ (функционалӣ) – шакли аз ҳама паҳншудатарин буда, такмилдиҳои нақши сарбориҳои субъектҳои гуногуни идоракунӣ ва ҳокимият (масалан, қабули қарор, мувофиқкунонии манфиатҳо, гузаронидани гуфтушунид ва ғ.) дар ниҳояти кор назораткунӣ аз рўи ин равандҳост. Асбобӣ – як навъ технологияи сиёсист, ки гўё техникаро барои оқилонатар гардонидани фаъолияти истифодаи мушаххас равона карда бошад, аммо ҳадаф тамоман дигар аст. Аз нуқтаи назари он ки ин ё он восита баҳри ба мақсадрасӣ дар кадом соҳа истифода бурда мешаванд. (масалан, шунавандагон технологияи компютери ва ахборотӣ, усулҳои гуфтушунид, истифодаи онҳо дар соҳаи дипломатия ва ё ҳарбӣ). Дар ин маънӣ гуфтан мумкин аст, ки соҳаи баҳамтаъсиррасоние вуҷуд дорад, ки онҳо технологикунонида намешаванд, аз ҷумла дар раванди ба ҳам мувофиқсозии ғайрирасмии манфиатҳо, ҳангоми коркарди қарор дар сатҳи давлатӣ. Ин рафтор имкон медиҳад, ки нуқтаҳои ҳамдигарро бурандаи усулҳои гуногуни технологӣ, ҳамдигар ивазнамоиро ҳангоми ҳалли ин ё он вазифа дар ин ё он соҳаи сиёсат ва идоракунии давлат дида тавонад. Ба ҳамин наздик дараҷаҳои технологӣ, инъикоскунандаи дараҷаи ташкили иҷтимоии соҳаҳои предмет ба шумор меравад. Масалан, масъалаҳои оламшумулият, ки ба ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ вобаста аст, – ҳифзи табиат, нигоҳ доштани амнияти байналмиллалӣ ва ғ.; қитъавӣ – минтақавӣ, ошкорсозии амалии махсуси давлатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ доир ба Шарқи наздик, Аврупо ё дигар минтақа; миллӣ – давлатӣ – раванди амалисозии ҳокимият ва идоракунии давлатӣ дар доираи як мамлакат, корпоративӣ, инъикоснамоии муносибати ҳокимият ва идоракунӣ дар ҳудуди як корхона, маҳаллӣ, ки хусусияти муносибати фаъолияти субъектҳо дар нуқтаҳои маҳдуди фазои сиёсӣ ва байни шахсҳо. Аз нуқтаи назари идоманокии истифодаи тарзи фаъолияти муайян чунин технологияҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст: стратегӣ-барои ба даст овардани мақсади алоҳидаи иштирокчиён; тактикӣ – дар назар доштани амалисозии ҳадафҳои кўтоҳмуддат; гоҳ-гоҳ пайдошаванда, дар як вақт истифодашаванда ва даврӣ (цикличность) мудом азнавистеҳсолнамоӣ дар сохтори фаъолияти субъект. Аз рўи ҳадафгузории технологӣ барои васеъ намудани доираи субъектҳои қобилият, истифоданамоии алгоритмҳои фаъолият дар ҳалли вазифаҳои якхела оиди зиёднамоии ададӣ, (тираж) – ба ҳисобгирии дар ҳама ҷо дар шароити монанди технологӣ, ки талаботи мазкурро қонеъ мегардонад, инчунин бар хилофи он – нодирияти технологӣ, ки номгўи амалҳои танҳо дар шароити такрорнашаванда ҳатто дар ҳолати якхела истифода мешаванд, сухан рондан мумкин аст. \\ТАШАККУЛИ ТЕХНОЛОГИЯИ СИЁСӢ Технологияҳои сиёсӣ бо ду роҳ ташаккул меёбанд: а) тарзи субъективӣ: б) таҳлилӣ Ҳангоми фаъолияти сиёсӣ барои ба даст даровардани ҳадафи фаъолияти субъектҳо технологҳои сиёсӣ ҳадалимкон раванди иҷрои вазифаҳои мақсадноки онҳоро муносиб (оптимизация) ва такмил (рационализовать) медиҳанд. Ин дар ниҳояти кор имконияти субъектҳоро дар назорат ва идоракунии ин ё он соҳаи тағйироти сиёсӣ васеъ менамояд. Раванди ташаккул ва фаъолитнамоии технологҳоро аз назари сохторӣ, фазою вақтӣ ва равандӣ дидан мумкин аст. Дар қадами аввал дониши оид ба проблема, дарёфти техника ва таъмини технологияи муносибтари ҳалли онро бояд дарёфт. Қадами дуюм зарурияти мувофиқсозии воситаҳои истифодашаванда бо шароити мушаххас, макону замоне, ки мушкилот ҳал мегардад. Сеюм, моҳият ва шароитҳои ташаккули тарафҳои алоҳидаи ба ҳадафрасиро мекушояд. Дар ниҳоят мантиқи амал барои ташаккули технологӣ дар атрофи чунин силсила – «таҳлил» -ташхис ва баҳо ба вазъият амалиёти пешбинӣ – лоиҳавӣ- коркарди ҳадафҳо – муайян намудани пайдарҳамии амалиёт – тасвия (формулировка) ва тавсия (рекоментатсия) гирд меояд. Умуман, технологҳо ҳам нисбат ба миқдори маҳдуди ҳодисаҳо ва, пеш аз ҳама, вазъиятҳои нодир ва ҳам нисбат ба ҳодисаҳои бештар кор карда шуда тавсияҳо додаанд. Ҳангоми ташаккули бузургиҳои онҳо чун қоида на танҳо масъалаҳо, балки тип ва характеристикаи субъектҳои фаъолият, вақт ва дигар бузургиҳои муҳими он ба ҳисоб гирифта мешаванд. Технологияҳо ду хусусият доранд: а) як қисмашон метавонанд кўҳна шуда, самаранокиашонро аз даст диҳанд: б) технологияҳои дигар ҳамеша васеъ шуда, қобилияти идоракуниашонро такмил диҳанд. Тарзи субъективии ташаккули технологӣ бештар дар асоси амалҳои мутассили стандартҳои ақли солим, таҷрибаи амалии субъект ва интуитсияи (фаросат), таваҷҷуҳ, стреотипҳои маданӣ, одат ва дигар хусусиятҳои фардӣ ва ҷаҳонбинии он сурат мегирад. Бе ин ҷиҳатҳо амалан ҳаргиз ба мақсад, роҳҳои ташаккул ва захираҳои ба дастории онҳо ба даст намеояд. Ин қисмҳо на танҳо нисбат ба дигарон афзалият доранд, балки истифодаи дигар қисмҳоро маҳдуд менамоянд. Дар ташаккули технологияи сиёсӣ истифодаи усулҳои махсуси таҳлилӣ, ки паҳлўҳои асосии шароити ба ҳадафрасиро ташкил медиҳанд, накши бузург мебозад. Усулҳои таҳлилӣ на танҳо усули субъективиро маҳдуд намесозад, балки имкон медиҳад, ки барои ҷои муносибтар ва самараноктари истифодаи донишҳои интуитивӣ (фаросат) ҳангоми ташхиси зуҳуроти сиёсӣ барои ба ҳадаф расидан ёрӣ расонд. Ин ба субъект имкон медиҳад, ки диди вазъиятро ақлонитар намуда, нисбат ба категорияҳои «ҳадаф» ва «шароити» фаъолият бошуурона ба он маҳдудиятҳое, ки гузошта мешаванд ба фаъолияташ, муносибат намоянд. Аз назари мазмун таҳлили ташаккули технологӣ чунин тавсифҳоро дар назар дорад: – иштирокчиёни мушаххас, характери нақшӣ – вазифагӣ ва муносибатҳои байнишахсӣ; – нормаҳои амалкунанда ва тарбияи фаъолияти таносуби қувваҳои сиёсӣ; – навъҳои мушаххаси амал ва аксуламал дар доираҳои омилҳои дохилию хориҷӣ; – нишондиҳандаҳои фазогӣ (чуқурӣ, паҳноӣ, дарозии ҷои ба амалоии ҳодисаҳои сиёсӣ) ва характери муваққатӣ доштани фаъолият; – хусусияти муҳити атроф, манбаъ ва имкониятҳои шахсони амалкунанда. Таҳлили ҳамаҷонибаи онҳо имкон медиҳад, ки муносибати воқеии иҷрокунандагонро аниқ муайян намуда, тавсияномаи мувофиқ тайёр карда шавад. Тавассути ин тарзи таҳлил истифодаи пайдарпаю мунтазами як қатор меъёр ва системаи ченакҳо, ки дар маҷмўъ оиди сохт ва тамоили инкишофи вазъият тасаввури айнӣ медиҳанд, фаъолияти субъектро баҳри ба дастовардани ҳадаф муносибтар месозад. Ин гуна рафтор имкон медиҳад, ки фаъолияти мақсаднокро ба марҳила ва давра, инчунин ҷиҳатҳое, ки набз ба давраи амалисозии онро дар миқёси вақти воқеӣ рўй медиҳад, нишон диҳад. Дар ҳамин замина субъект хусусияти муносибати байни иштирокчиён, нишондодҳои фазою вақтӣ, омилҳои муҳити берунаро дониста гирифта, вариантҳои имконпазирии рух додани ҳодисаҳо, нуқтаҳои гардиш ва дигар нишондиҳандаҳоро, ки амали вай ба онҳо вобастагӣ дорад, аниқ созад . Ин тарзи ташаккули технологияҳо имкон медиҳад, ки ҳар кадом раванди сиёсиро, ки аз ҳамдигар бо ҷанбаҳои нодири дохилию берунӣ фарқ мекунанд ва дар аксари ҳолатҳо хусусияти ҷустуҷўӣ дорад, аммо то охир сабабҳои дохилии фаъоли ин ё он нақшбозанда ошкор нест, дигар ҷиҳатҳои онро ҳисоб карда наметавонанд, ба ҳисоб гирад. Ҳамин тавр, дар баъзе ҳолатҳо коркарди технологияи сиёсӣ то андозае на танҳо хулосаҳои умуминазариявиро нисбат ба дониши таҷрибавӣ беқурб мегардонад, балки барои онҳо нақши заруриро ҷудо менамояд. Феълан ошкорномоии саҳнаи вазъият, динамикаи инкишофи вай, ки бо роҳи таҳлилӣ ошкор карда шудааст, имкон медиҳад, ки ба таври ҷиддӣ аз мантиқи субъективии таҳияи амалии сенария, яъне пайдарҳамии амалӣ дар назардошти дархосткунанда ва иҷрокунанда фарқ намояд. Дар натиҷа таҳлили симои ҳодиса барои ташаккули рафтори субъекту дастгирии он ва паҳлаҳои гуногуни фаъоляташ барои амалисозии мақсадаш замина муҳаё месозад. Аз ин рў ҳангоми ташаккули амали навбатии субъект барои ҳалли проблема (мушкилот) зарур аст, ки натиҷаи таҳлилӣ ва амалӣ-технологӣ аз ҳамдигар фарқ карда шаванд. Дидан карданд: 327 Мавзӯъҳои нав: Банакшагири Хусусиятҳои инкишоф додани туризм дар асоси ҷамъиятҳои маҳаллии ташкилёфта (ТОС-ТҶМ) дар Тоҷикистон Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира Ба намудҳои шиновари дохил мешавад Намудҳои туризми экологӣ Коментари дохил карданд: Коментарии худро дохил кунед! Номатон ва E-mail-и худро дохил кунед: Матни коментарй: Суммаи ин ададҳоро нависед:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.