Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Шеърҳои ошиқи аз Лоиқи Шералӣ

Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Шабе бепечутоб ором хуфтаст?
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст?Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Шабе бепечутоб ором хуфтаст?
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст?

Даруни дарс аз устод пинҳон
Ба номи духтаре нома навиштам.
Таровишҳои эҳсоси диламро
Барои ёри хушкома навиштам.

Ба ӯ ман нома медодам ниҳонӣ
Даруни баргҳои гул ниҳода:
“Туро ман дӯст медорам чу Маҷнун,
Чу ҳуснат бод ишқи ман зиёда…”

Зи пушти курсӣ аз устод пинҳон
Қатори кокулашро мешумурдам,
Ва бо занҷираи мӯи маҳинаш
Диламро баста бар ӯ месупурдам.

Даруни дарс аз курсии охир
Хаёли ман сарашро шона мекард,
Ту гӯӣ меҳри ӯ монанди кафтар
Дар аъмоқи дили ман хона мекард.

Дили ман коғази нанвиштае буд,
Дар ӯ номи варо бинвишта будам.
Ҷавони навраси нокордида
Ба ӯ аз содагӣ дил ҳишта будам.

Вале, ҳайфо, садои занги охир
Садои интиҳои ишқи мо буд.
Ту гӯӣ аз ҷавонии гузашта
Зи дашти дур чун бонги даро буд.

Ҳама дар роҳҳои зиндагонӣ
Ба ҷустуҷӯи бахти хеш рафтем,
Ба сар андешаи фардои дунё,
Ба дил бори ғаму ташвиш рафтем.

Ҳавасҳо чун сабақҳо рафт аз ёд,
Ҷавонӣ ҳамчу тири бархато рафт.
Ризо будем мо аз орзуҳо,
Ҷавонӣ лек аз мо норизо рафт.

Вале бо сӯхтанҳои ниҳонӣ
Шароре аз нигини ӯ гирифтам.
Нахустин сатрҳои шеъри худро
Ман аз мӯи маҳини ӯ гирифтам…
[1972]
Дар дили шаб ҷоми заррини кафи ёр,
Медурахшиду диламро шод мекард.
Ҳарфҳои канда-канда, нозҳои дилбарона.
Мастӣ аз дидору аз май
Ҳастиямро бод мекард.

Ҳамчу шамшод аз вазиданҳои боди шӯхшанг,
Печу тобе хурда ӯ арғушт мерафт.
Бо садои қарс-қарси панҷаҳои нозукаш
Ҷони ман ҳам аз сари ангушт мерафт.

Гоҳ чашмак мезаду бо як нигоҳаш мерасонд
Қиссаи ишқи ҷавониро ба ёд,
Дар дилам тӯфони баҳру нолаҳои бодро
Медамонду бар ниҳодам
Оташи ғам мениҳод.

Олами ишқу муҳаббат, олами сӯзу гудоз,
Олами чун хоб оромеву мудҳиш мисли ҷанг
Оҳ, дар як он ба пеши дидагонам шуд падид.
Худ ба худ ман дуд кардам,
Бохтам аз рӯй ранг.

Буд вақте к-аз нигаҳҳои муҳаббатрези ӯ
Дар вуҷудам субҳи фардо медамид.
Ғунчаи бишкуфтае буду димоғи хотирам
Ҳам ба ғоиб, ҳам ба ҳозир
Бӯи онро мешамид.

… Одамӣ гоҳ аз ғуруру худписандӣ, худсарӣ,
Қатра ҷуста, баҳрро гум мекунад.
Бо адои абруе, бо ҳукми бебунёд гаҳ
Хештанро рӯсияҳ
Дар чашми мардум мекунад.

Базм… Ӯ мерақсаду меболад аз худ, то ки ман
Бинаму сӯзам, ба ёд орам зи нав
Орзуи мурда, роҳи баста, он айёми дур,
Олами бебозгашти ошиқӣ,
Бахти нақди рафта аз каф…

Бесадо мехонд ҳар нозу адо, ҳар ҷилвааш
Достон аз достони нотамом.
Хандааш дашном буду базм бар ман маҳбасе.
Об мегаштам, ба ёдам мерасид
Рафтани он бахти ром.

Боз шояд зиндагӣ дорад уруҷи дигаре.
Аз тамоми нотамомиҳо тамомӣ мерасад.
Қадрдонӣ, қадрдонӣ!
Ман кунун дарёфтам,
Одамизода агар ҷое расад,
Аз қадрдонӣ мерасад.

[1964]

Ишқҳои мурдае дар синаам
Гоҳ-гаҳ хомӯш исён мекунанд.
Гаҳ маро аз хештан розию шод,
Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд.

Андаруни ман чи шӯришҳои дард,
Андаруни ман чи тӯфони балост.
Мегурезам аз хатои худ, вале
Ин гурезам боз бадтар аз хатост.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Нест ҳеҷ аз дасташон ҷои гурез.
Бо ҳама навъе муросо мекунам
Андар ин дунёи каҷдорумарез.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар дилу дар дидаву дар хотирам.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар замири шеърҳои дафтарам…

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар хаёлу хобҳои равшанам.
Ёдгори сӯхтанҳои баланд,
Шоҳиди айёми ошиқ буданам.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Бо ману шавқи тапишҳои дилам.
Бо тамоми лағзишу айбу гуноҳ,
Бо ҳама пинҳону пайдои дилам.

Ишқҳои мурдаам бо ман мудом
Ҳар куҷо дасту гиребон мешаванд.
Мебарандам гаҳ ба зери дорҳо,
Бар сарам гаҳ тирборон мешаванд.

Ишқҳои мурдаи даъвогарам
Ҳар нафас бар додгоҳам мекашанд.
Ишқҳои мурдаи балвогарам
Оқибат рӯзе маро ҳам мекушанд…

[1982]

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем.
Хазонҳо зери по афтода буданд.
Ба зери осмони сарду бемеҳр
Дарахтон урён истода буданд.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Нишони сабзаву гул ҷуз хасе нест.
Замин коҳидаву рангаш парида,
Миёни дашту саҳро ҳам касе нест.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ки дидори гули худрӯ бубинем,
Ки шояд аз баҳорони гузашта
Гули ночидаи худро бичинем.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Дигар дар ҷӯйҳо оби равон нест.
Чи бас обе гузашта аз сари мо,
Ки аз мо ҳам касе ҳоло ҷавон нест.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем;
Замин беҳолу ноҳинҷор хуфта
Вале андар замини толеи мо
Чи гулҳоест ҳоло ношукуфта.

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ҳама гулбуттаҳо бебарг буданд.
Кӣ медонад, ки андар қисмати мо
Чи гулҳое, ки ғофилмарг буданд…

Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем
Ба рағми роҳу расми рӯзгорон.
Ману ту аз баҳорон дер мондем,
Дареғи он ҳама гул дар баҳорон…

[1979]


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.