Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,
Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан.
Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар
Такя дорад гар ба нируи Ватан.
Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър
Беватанро оварад сӯи Ватан.
Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,
Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан.
Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар
Такя дорад гар ба нируи Ватан.
Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър
Беватанро оварад сӯи Ватан.

Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад,
Дар фазои ҷовидон пар мезанад.
Бо фалакпаймо ба кайҳон мепарад,
Сикка бар моҳу ба ахтар мезанад.

Мисли Айнӣ баҳри мардум хешро
Гаҳ ба зиндон, гаҳ ба минбар мезанад.
Мисли Турсунзода бо пайғоми сулҳ
Қитъа-қитъа ҳалқа бар дар мезанад.

Қасди шоир аз сухан одамгарист,
Бехудиҳояш ҳама шӯроварист.
Гетиро хуршед агар равшан кунад,
Синаҳоро – кори шеъру шоирист.
Дар ғами дунё дили худ мехурад
Дар ҷаҳон то ҷабру зулми барбарист,
Алғараз, бо як сари шӯридааш
Бо тамоми халқи олам ҳамсарист,

Кист мегӯяд, ки мо як беғамем?
Мо дар ин дунё фидои одамем,
Хуни инсон ҳар куҷо дарё шавад,
Мо чу дарёи баҳорон медамем.
Шоирони хуб андар зери хок,
Мурдаю зинда агарчи мо камем,
То бувад олам ба роҳи Инқилоб,
Аскарони Инқилоби оламем!

Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,
Сина бар амри Ватан бикшодаем.
Баҳри ҷуброни ҳама қарзи замон
Ҷумла дар поси замон истодаем.
Гар ҳама дороии мо як дил аст,
Дил ба рӯи дасти даврон додаем.
Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм
Пайрави Айниву Турсунзодаем!

[1981]

Лоиқи Шералӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.