Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Стихи персидских и таджикских поэтов

Стихи персидских и таджикских поэтов

Шеър ва суруд дар васфи Асосгузори сулху Вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон

Стихи персидских и таджикских поэтов
Минбарат аз партаи мактаб, Минбарат аз дарзаи деҳқон. Раҳбарӣ аз ҷуши мардум, Аз кафи дасти хиёбон. Пешвои миллати Зардушт, Пешвои миллати Асад. Пешвои миллати Беҳзод, Пешвои миллати тоҷик. Пешвои миллати Сино, Пешвои миллати Айнӣ. Пешвои миллати Восеъ, Пешвои миллати тоҷик. Аз дари оташ гузаштӣ, чун Сиёвуш, Кардӣ оташро ту хомуш. Аз сари сарҳад гирифтӣ, ҳар муҳоҷирро дар оғуш, Ҷангро кардӣ фаромуш. Пешвои миллати Зардушт, Пешвои миллати Асад. Пешвои миллати Беҳзод, Пешвои миллати тоҷик. Пешвои миллати Сино, Пешвои миллати Айнӣ. Пешвои миллати Восеъ, Пешвои миллати тоҷик. Давлататро карда кафшер, Бастакори нақби Шаршар. Бастакори нақби Анзоб, Бастакори Чормағзак. Бастакори ГЭС-и Роғун, Ҳамчу оҳан. Ҳамчу чӯян, Ҳамчу пӯлод. Давлататро карда кафшер, Бастакори нақби Шаршар, Бастакори Шаҳр

Шеър аз Абуабдуллохи Рудаки

Стихи персидских и таджикских поэтов
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост, Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост. Бӯйи ҷигари сухта олам бигирифт, Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост. *     *     * Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст, Шодӣ зи ғами туам зи ғам афзун аст! Андеша кунам ҳар шабу гӯям, ё раб, Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст? *     *     * Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст, Он ҷо ду ҳазор найза болои хун аст. Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд, Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст! *     *     * Дил хаставу бастаи мусалсалмӯйест, Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест. Суде накунад насиҳатат, эй воиз, Ин хонахароб турфа якпаҳлуест. *     *     * Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт, Бар ҳусну ҷаво

Шеърхо дар васфи модар

Стихи персидских и таджикских поэтов
Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман, Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман. Азизу беҳтарини ман, модари ман, Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман. *     *     * Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама, Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама. Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ, Қобили сурат шавад обу гиле. *     *     * Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад, Ҷунбиши гавҳора ёд аз чархи даввор оварад. Домани бахт аст аз домони ту, Дил ба сомон аст аз сомони ту. *     *     * Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст, Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст. Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон, Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон. *     *     * Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар, Фаро гирад ҷ