Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Сохтори соҳавии иқтисодиёти ҷахонӣ

Нақша: 1. Мохияти сохтори сохавии иктисодиёти чахони: саноат, хизматрасони ва хочагии кишлок. 2. Сохахои саноати коркард ва истихроч дар чахон 3. Сохаи хизматрасони дар чахон. 4. Хусусиятхои фарккунандаи сохаи хочаигии кишлок дар мамлакатхои мутаракки ва ру ба таракки. Проблемаи озука дар мамлакатхои ру ба тараккиСохтори сохавии иктисодиёти чахони

1. Мохияти сохтори сохавии иктисодиёти чахони: саноат, хизматрасони ва хочагии кишлок.
2.Сохахои саноати коркард ва истихроч дар чахон
3.Сохаи хизматрасони дар чахон.
4.Хусусиятхои фарккунандаи сохаи хочаигии кишлок дар мамлакатхои мутаракки ва ру ба таракки. Проблемаи озука дар мамлакатхои ру ба таракки.

1. Хочагии чахони муосир дорои сохтори сохавии ташаккулефта мебошад, ки аз сохахои хочагии кишлок, саноат ва хадамот иборат мебошад. Хар як соха дар худ як катор сохахо, зерсохахоро муттахид намуда дар истехсолоти чахонии молу хадамот мавкеи муайянро ишгол мекунад.
Сохтори сохавии иктисодиёт бо маънои васеъ мачмуи гуруххои сифатан якхелаи вохидхои хочагидориро мефахмонад. Он бо шароитхои махсуси истехсолот дар системаи таксимоти чамъиятии мехнат тавсиф меебад ва ин шароитхо дар чараёни истехсолоти васеъ накши муайянро мебозанд.
Дар амалияи чахони Классификацияи сохавии стандартии байналхалкии хамаи намудхои фаъолияти иктисоди ва Классификацияи стандартии байналхалкии амалиетхое, ки кисмхои таркибии системаи суратхисобхои милли (ССМ) мебошанд, асоси ташаккулёбиии унсурхои таркибии иктисодиет ба шумор мераванд. Дар ССМ истифодаи ду тарзи тасниф пешбини шудааст: аз руи сохахо ва аз руи доирахо (секторхо). Гурухбандии сохави тавсифи сохавии сохтори иктисодиетро таъмин намуда имконияти муайян кардани хиссаи хар як сохаро дар ММД медихад, ва робитахою таносубхои байнисохавиро назорат мекунад. Гурухбанди аз руи доирахои иктисодиет, ки вобаста ба вазифахои вохидхои хочагидори дар чараёни иктисоди ичрошаванда ташкил карда шудааст, имконияти тахлили чараенхоро дар доираи таксимот ва азнавтаксимкунии даромадхо, молиявикунонии инвестицияхо медихад. Хамин тарик, суратхисобхои доираи «хочагихои хонаги» маълумоти заруриро барои тахлили чихатхои мухимтарини чараёнхои ичтимои ва сатхи зиндаги (таксимоти даромадхо, истеъмолот, пасандоз ва гайра) дар бар гирифта, инчунин накши доираи «хочагихои хонаги»-ро дар ташкил ва истифодаи ММД муайян мекунанд.
Агар комебихои сохавиро дар тули таърих аз назар гузаронем, онхо аввал дар рушди босуръати «сохахои якумдарача» (хочагии кишлок ва саноати коркард), баъд дар «сохахои дуюмдарача» (саноат ва сохтмон) ва нихоят дар «сохахои сеюмдарача» (сохахои доираи хадамот) зохир гаштаанд.
Доираи хадамот баъзан хамчун сохаи гайриистехсоли тавсиф карда мешавад, лекин сохаи гайриистехсолии хочагии халк хисобидани он нодуруст аст. Зеро сохаи хадамот хамаи сохахоро таъмин мекунад. Дар замони муосир хачми махсулоти сохаи хадамот аз хачми махсулоти сохаи саноат хам зиёд аст. Аммо ба хар хол асоси хочагии халки чахонро саноат ва хочагии халк ташкил медихад.1/3 хиссаи ММД-и иктисодиёти чахонро саноат, 1/10 хиссаашро хочагии кишлок ташкил медихад. Ба сохаи хадамот 55-60%-и ММД-и чахони рост меояд.
Дар иктисодиёти мамлакатхои тараккикарда хиссаи доираи хадамот дар давраи инкишофи баъдисаноати хеле афзуда хиссаи доираи истехсолоти модди (сохахои якумдарача ва дуюмдарача) кам шуд. Дар сохтори ММД-и ин мамлакатхо солхои 60-90-уми асри 20 хиссаи хочагии кишлок мунтазам паст шуд (соли 1960-6,5%, соли 1980-4,2%, соли 1995-3%). Дар баробари тамоили дарозмудати кайдшуда дигаргунихои гуфташуда бо он шарх дода мешаванд, ки тахти таъсири прогресси илми-техники аз хочагии кишлок чудо шудани бисер намудхои фаъолият ва ба сохахои алохидаи саноат ва доираи хадамот табдил ефтани онхо руй дод. Дар як вакт, инчунин, интеграцияи хочагии кишлок, саноат ва тичорат ба комплекси агросаноати, ки шакли нави робитахои истехсолиро ифода мекунанд, руй дода истодааст.
Хиссаи сохахои саноат дар мамлакатхо•
Обугазтаъминкуни 8% 5%
Саноати истихроч 9% 46%
Саноати коркард 85% 50%
Мам-хои тараккик-да Мам-хои ру ба инкишоф

Тамоили мухимтарин дар таъгирёбии сохтори ММД-и мамлакатхои тараккикардаи саноати дар нимаи дуюми асри 20 табдилёбии доираи гайриистехсоли (сеюмдарача) ба доираи бартариятноки иктисодиёти онхо мебошад. Хачми амалиётхо дар доираи хадамот дар ин мамлакатхо аз хачми истехсолоти саноати коркард афзуд.
Мамлакатхои нави саноати ва собик мамлакатхои шурави такрибан чи аз руи ММД ба сари ахоли ва чи аз руи сохтори сохавии иктисодиет дар як сатхи тараккиёт иктисоди мебошанд. Дар хар ду гурухи мамлакатхо хиссаи нисбатан баланди хочагии кишлок (6-10%-и ММД) нигох дошта мешавад ва он мунтазам ба сатхи мамлакатхои тараккикардаи саноати (2-4%) наздик шуда истодааст. Вазни киесии саноат дар ММД-и хар ду гурухи мамлакатхо дар сатхи мамлакатхои собик шурави (25-40%) буда, хатто аз он зиёдтар аст. Ин бо сатхи на он кадар баланди доираи хадамот дар ММД вобаста аст (45-55%). Дар сохтори сохавии ММД-и мамлакатхои ру ба таракки мисли пештар хиссаи хочагии кишлок баланд аст (20-35%). Хиссаи саноат дар ММД-и ин мамлакатхо он кадар баланд нест (10-25%), асосан дар мамлакатхо-содиркунандахои ашёи хоми минерали ва сузишвори, холо он ки хиссаи саноати коркард дар худуди 5-15% мебошад.
2. Дар сохтори сохавии саноат хиссаи сохахои истихроч бардавом паст шуда хиссаи сохахои саноати коркард, махсусан саноати мошинсози ва химия афзуда истодааст. Дар саноати коркарди мамлакатхои тараккикарда маркази вазн аз сохахои сармояталаб (металургия, саноатихимия) ба сохахои илмталаб (электроника) гузашта истодааст. Мавкеи озодшударо мамлакатхои нави саноати боз хам бештар забт карда сохахои мехнатталаби анъанавиро ба мамлакатхо ру ба инкишофи сатхи паст ва миёна мегузаронанд. Хиссаи саноати коркард дар ММД то расидан ба сатхи муайяни даромад ба сари ахоли такрибан ба сатхи мамлакатхои тараккиёташон баланди солхои 60-уми асри 20 (13-15 хазор доллар), баланд шуда баъд муътадилшави ва ё камшавии он ба назар мерасад. Нисбатан бисёр паст шудани хиссаи ин соха дар миёнаи солхои 60-уми асри 20 дар ИМА, Британияи Кабир, Франция руй дода буд. Дар мамлакатхое, ки саноатикунониро дертар огоз кардаанд (Япония, Италия), хиссаи саноати коркард то ибтидои солхои 70-уми асри 20 афзуда, баъд паст шуд.
Дар солхои 90-уми асри 20 чараёни сармоягузори дар комплекси мошинсозии мамлакатхои тараккикарда бо зиёдшавии мунтазами чалби сармоягузорихо ба сохахои илмталаб, зиёдшавии хиссаи харочот ба воситахои автоматикунонии комплексии чараёнхои истехсоли, якбора кам шудани маблаггузорихо барои васеънамоии сохахои анъанави тавсиф меебад. Аз нимаи 2-уми солхои 90-уми инкишофи босуръати истехсолоти автомати
зиронидашуда огоз ефт. Ин маънои мархилаи навро дар ташкили истехсолоти компютеризонидашудаи интегронидашуда дорад. Аллакай соли 2000 кариб 1/3 хиссаи коркарди механики дар мошинсозии Аврупои Гарби бо тачхизоти идорашавандаи ракамии программави ичро мешавад. То соли 2015 ба комплекси мошинсозии ИМА кариб 40-50% маблаги умумии мачмуи солонаи маблаггузорихо ба саноати коркард рост хохад омад. Дар байни сохахои мошинсози дар маркази сиёсати муосири давлатии саноати саноати авиаракетивию кайхони, микроэлектроника ва автомобилсози меистад. Дар айни замон ба саноати авиаракетавию кайхони ва электротехника дар ИМА 44% ва 28% мувофикан, дар Япония 25% ба электротехника, дар Германия-47% ва 29%, дар Франция 50% ва 43%, дар Британияи Кабир 45% ва 40%, Италия 30%-и ба хар ду соха мачмуи харочотхои давлатии ба корхои илмию тадкикотию конструктории саноати коркард равонашуда рост меояд. Дар Япония хачми истехсолоти роботхои саноати дар солхои 1991-2015 такрибан 10 маротиба ва дастгоххои идорашавандаи ракамии программави 4 маротиба меафзояд, ки ин назар ба мошинсозии умуми бо суръати баланди зиёд намудани иктидори истехсолоти мувофикро талаб мекунад. Пешравихои сохтори дар хочагии чахони асосан дар дохили комплексхои сохавии ташкилшуда руй дода дар тагйирёбии таносубхои байнисохави нисбатан бештар зохир мешаванд.
Нафт дар бозори чахонии сузишвори мавкеи баландро ишгол намуда истихрочи он дар миёнаи солхои 90-ум 3,3-3,4 млрд. тоннаро ташкил менамуд (аз он чумла соли 1996 аз руи мамлакатхо (дар млн. тонна): Арабистони Сауди-410; ИМА-325, Россия-290, Эрон-185, Норвегия-155, Хитой-155, Венесуэла-150, Мексика-145). Ба мамлакатхо аъзохои ОПЕК (Ташкилоти мамлакатхои истехсолкунандагони нафт) 43% мачмуи истихрочи чахонии нафт рост меояд. Ба содирот кариб нисфи тамоми нафти истихрочшаванда дар чахон равона карда мешавад. Хиссаи мамлакатхо- аъзохои ОПЕК дар содироти чахонии нафт кариб 65%-ро ташкил мекунад. Пастшавии нархи нафт дар миёнаи солхои 80-уми асри 20 мамлакатхоро водор намуд, ки истихрочи онро кам намуда квотахои махдудкунандаро ба истихрочи он мукаррар намоянд, то ин ки нархи нафтро нигох дошта онро то хадди имконпазир баланд намоянд. Лекин соли 1998 нархи нафт тахти таъсири бухрони молияви боз паст шуд, ки дар натича талабот ба захирахои энергетики, пеш аз хама, дар мамлакатхои ру ба тараккии Осиёи Шарки ва Чанубу Шарки кам шуд. Айни замон истихрочи чахонии нафт кам карда шуда нархи нафт баланд мебошад.
Мувофики пешгуихо истеъмоли нафт дар иктисоди чахони то соли 2015 ба хисоби миёна хар 1 сол ба 1,5% зиёд мешавад. Пеш аз хама истеъмоли нафт дар мамлакатхои ру ба таракки (кариб 2,5 хар сол) зиёд мешавад, ки ин бо инкишофи сохахои коркарди саноат ва ташаккулёбии инфрасохтори муосир алокаманд аст. Дар мамлакатхои тараккикарда истеъмоли нафт хар сол ба 0,7% меафзояд, ки ин асосан бо конеънамоии талаботи наклиёти автомобили ва хавои вобаста аст.
Кисми асосии иктидорхои саноати коркарди нафт дар мамлакатхои тараккикарда чойгир кунонида шудааст, аз он чумла дар ИМА –21%, Аврупои Гарби –20%, Япония-6%. Ба хиссаи Россия 17% рост меояд.
Лекин дахсолаи охир саноати коркарди нафт ба мамлакатхои ру ба таракки гузашта истодааст (хиссаи онхо аз 25% дар охири солхои 60-ум то 40% дар миёнаи солхои 90-ум афзуд). Дар натича ин камшавии иктидорхои Аврупои Гарби сар шуд.
Истихрочи чахонии газ мунтазам зиёд шуда истодааст. Агар соли 1970 истихрочи газ 1 трлн. м3, бошад, соли 2000 он ба 2,2 трлн. м3 расид, аз он чумла дар Россия –570 млрд м3, ИМА-540, Канада-155, Нидерланды-84, Британияи Кабир-74, Индонезия-63, Алчазоир-58млрд м3. Барои зиёд шудани истеъмоли газ дар хочагии чахони шароитхои хеле мусоид фарохам оварда шудаанд: арзон будани истихрочи он, захирахои зиёди кашфшуда, кулай будани истифода ва тахвили он, тозагии экологи .То соли 2015 ба хисоби миёна дар 1 сол ба 3% зиёд шудани истеъмоли чахонии газ пешбини шудааст. Махсусан истифодаи фаъолонаи газ дар коркарди электроэнергетика дар мамлакатхои тараккикарда ба назар мерасад. Аз тамоми гази истихрочшаванда кариб 15% он содир карда мешавад. Содиргарони асосии гази табии Россия (30%-и содироти чахони) Нидерланды, Канада, Норвегия, Алчазоир мебошанд. Воридгарони асоси ИМА, Япония, Германия, Франция ва Италия мебошанд. Кариб 75% гази содиршаванда ба воситаи газопроводхо ва 25%-аш ба воситаи киштихои газкашон (аз Индонезия ба Япония, аз Алчазоир ба Аврупои Гарби) тахвил меебад.
Истихрочи чахонии ангишт дар солхои 90-уми ба камшави огоз кард: аз 4,95 миллиард тонн дар с 1990 то 4,2 миллиард тонн дар с 1997. Ба шумораи мамлакатхои ангиштистихрочкунандаи калонтарин дохил мешаванд: Хитой –1160 млн тонн, ИМА –927 млн. тонн, Германия –265 млн. тонн, Россия –245 млн. тонн, Хиндустон-240 млн. тонн. Барои кор карда баромадани электроэнергетика ва гарми 65% истихрочи умумии ангишт ва кисми бокимондаи он бештар ба металургия равона карда мешавад.
Бо сабаби кам шудани чойхои осон дастрасбудаи конхои ангишт ва киммат гаштани истихрочи он бо рохи шахтави истихрочи умумии ангишт дар Россия, Британияи Кабир, Германия, Франция нихоят кам шуда истодааст. Танхо истихрочи кушоди ангишт фоиданок аст, ки зиёд шудани онро дар ИМА, Австралия, ЮАР асоснок мекунад. Хар сол ба хисоби миёна 8–9 % истихрочи чахонии нафт ба содирот равона карда мешавад. Содиркунандагони калонтарини ангишт Австралия, ИМА, ЮАР, Польша ва воридкунандагони асоси Япония, Кореяи Чвнуби, Италия мебошанд. Германия ва Британияи Кабир аз содиркунандагони ангишт ба воридкунандагони он табдил ефтаанд, зеро ангишти Австралия ва ЮАР назар ба истихрочи он дар худи мамлакатхои дигаршавандаро се маротиба арзон аст
Коркарди электроэнергетика аз 5 триллиард КВТ соат соли 1970 то 11,5 триллион КВТ соли 1990 ва 13,4 триллион КВТ соли 2000 зиёд шуд. Ба шумораи истехсолкунандагони калонтарини электроэнергетика дохил мешавад; ИМА- 3600 миллиард КВТ соат, Япония – 930 миллиард КВТ, Германия –6500, Франция-440миллиард КВТ соат. Ба хиссаи мамлакатхои тараккикарда 65% тамоми коркарди электроэнергетика, мамлакатхои ру ба таракки –22%, мамлакатхои иктисодиёташон дар давраи гузариш 13% рост меояд. Дар мамлакатхои ИДМ солхои 90-ум коркарди электроэнергетика кам шуд.
Дар сохтори истехсолоти чахонии электроэнергетика 62% ба электростанцияхои олави, 20% ба гидроэлектростанцияхо, 17% ба электростанцияхои атоми ва 1% ба сарчашмахои альтернативии энергия электростанцияхои геотермави, офтоби, шамоли ва гайра рост меояд.
Тахти таъсири прогреси илми – техники дар сохтори сохавии хочагии чахони паст шудани хиссаи сохахои истихроч руй дода истода дар як вакт сохахои коркард босуръат инкишоф ефта истодаанд, ки махсулоти илмталабро истехсол мекунанд. Ин тамоилот ба мамлакатхои тараккикарда хос мебошад. Махсусгардонии мамлакатхои собик шурави ва ру ба инкишоф дар сохахои захираталаб ва мехнатталаб (коркарди нафт, металургия, саноати химияви ва сабук) шиддат ефта истодааст. Дар комплекси сузишворию энергетикии мамлакатхои тараккикарда тамоили энергиясарфанамои шиддат ефта истодааст, ки ин на танхо дар кам шудани истеъмоли нафт ба сифати захираи энергия, балки дар азнавсозии сохтори сохавии саноат бо рохи бастани истехсолоти энергияталаб зохир мегардад. Лекин дар мамлакатхои ру ба таракки тамоили баръакси инкишофи саноати коркарди нафт дида мешавад.
Дар саноати химиявии чахон тахвили истехсолоти анъанави (нурихои минерали, кислотахо) руй дода истодааст. Мамлакатхои тараккикарда боз хам бештар дар истехсоли махсулоти илмталаби баланд (доруворихо, пластмасахои конструкциони ва гайра) махсусгардони шуда истодаанд.
Металургияи сиёх ва рангаи чахони дар мамлакатхои нави саноати ва постиндустриали бештар марказонида шудаанд. Зиёдшавии гудозиши маъданхо факат дар мамлакатхои «нав кашфшуда» (Австралия, Канада ЮАР) ба амал меояд, ки бо аз хад зиед таъмин будани ин мамлакатхо бо ашеи хоми металурги ва сузишвори ифода карда мешавад.
Дар мошинсози мавкеи мамлакатхои Осиёи Шарки ва Чанубу Шарки баланд шудааст, ки онхо истехсолоти мошинхои сабукрав ва электроникаи маиширо инкишоф медиханд. Холо он ки мамлакатхои тараккикарда хамаи кушишхои худро барои инкишофи истехсолоти илмталаб ба харч медиханд.
Хусусияти асосии комплекси харбию саноати тагйиротхои назаррас дар сохтори истехсолоти харби, таносуби куввахо ва имкониятхои марказхои асосии харбию саноати мебошад. Дар баробари тамоили пастшавии сатхи чахонии харочотхои харби дар як катор мамлакатхои Шарки Наздик, Осиёи Чануби ва Чанубу Шарки васеъшавии таъминоти харби ва зиёдшавии бюджетхои харби давом ёфта истодаанд. ИМА ва шарикони блоки харбию сиёсии у коркарди бошиддати тачхизоти харбии муосирро ба рох монда истодаанд. Якчояшавии корпорацияхои калони харби –саноати мусоидат ёфта робитахои интеграционии истехсолкунандагон ва тахиягарони яроку аслиха васеъ шуда истодаанд.
Мавкеи пешбарандаро дар коркард ва истехсоли тачхизоти харби ИМА, мамлакатхои Аврупои Граби мебозанд. Саноати харбии Россия ва мамлакатхо аъзохои ИДМ (Украина, Казокистон, Казокистон, Белоруссия, Узбекистон) мавкеи пешинаи худро гум намудаанд. Хитой саноати харбии худро муосир кунонида истодааст. Япония технологияи истехсолоти харби ва сифати тачхизоти харбии худро такмил дода истодааст. Ба катори истехсолкунандагон ва содиркунандагони яроку аслиха Бразилия, Хиндустон, Испания, Исроил, Кореяи Шимоли ва Чануби дохил мешаванд. Ракобат дар бозори чахонии тачхизоти харби бо бахисобгирии як катор асбобхо якбора пуршиддат гардид. Дар бастани карордодхои содиротию воридори накши накши мухимро омили харби-сиёси мебозад.
Дар саноати сабук ду категорияи истехсолотро чудо намудан мумкин аст. Ба категорияи якум истехсоли махсулоти массавии нисбатан арзон, ки барои тайер намудани он кувваи коргарии ихтисоси миёна ва паст истифода мешавад, дахл дорад. Барои сохахои ба махсулоти истеъмоли умум нигаронидашуда таъгиребии мунтазами ассортименти махсулот бо назардошти таъгиребии муд хос аст. Дар ин сохахо накши халкунандаро, на ин ки сатхи технология, балки арзон будани мехнат мебозад. Махз барои хамин истехсолоти мехнатталаби саноати сабук боз хам бештар ба мамлакатхои нави саноати ва дигар мамлакатхои ру ба инкишоф тахвил ефта истодааст. Дар солхои 60-80-уми асри 20 хиссаи ин мамлакатхо дар истехсоли пояфзол аз 10 то 45% афзудааст. Аз солхои 90-ум инчониб дар ин мамлакатхо «самараи билярд» амал мекунад: истехсолоте, ки микдори зиёди дастони коргаронро талаб мекунад аз мамлакатхои нави саноати ба мамлакатхои камтараккикардаи Осиёи Чануби ва Чанубу-Шарки ва Хитой тахвил меебанд. Дар мамлакатхои нави саноати бошад кувваи коргари мунтазам киммат шуда истодааст. Хамин хел, истехсоли пояфзоли варзиши аз Кореяи Чануби ва Тайван аввал ба Индонезия, баъд ба Хитой, Вьетнам ва Бангладеш, ки кувваи коргарии нихоят арзон доранд, тахвил ефт.
Категорияи дуюми саноати сабук ба истехсоли молхои кимматбахо нигаронида шудааст, ки кувваи коргарии дорои ихтисоси баланд ва техникаи мураккабро талаб менамояд. Чунин сохахо асосан дар мамлакатхои тараккикарда марказонида мешаванд: зиёда аз 80%-и истехсоли мебел, 75%-и муинаю пашми кимматбахо, 70%-и истехсоли чавохирот.
Сохахои анъанави саноати сабук инхоянд:
1. саноати пояфзол;
2. саноати текстил;
3. саноати дузандаги;
4. саноати бофандаги ва гайра.
Ин сохахо накши пешбарандаро дар мархилахои ибтидои инкишофи саноати мамлакатхои тараккикардаи саноати бозиданд, лекин имруз онхо, е бо суръати нихоят паст инкишоф меебанд, е дар холати карахти карор доранд. Тахти таъсири ракобати баланди молхо аз мамлакатхои ру ба таракки ин сохахо ин сохахои мамлакатхои тараккикарда факат бо мухофизати чорахои протекционисти метавонад нигох дошта шаванд.
Дар солхои 90-ум базаи ашеи хоми саноати текстил дар натичаи афзоиши хиссаи наххои синтетики, тагйир ефтааст. Дар техника ва технологияи саноати текстил низ тагйиротхои кулли ба вучуд омадаанд: автоматизацияи комплекси истехсолот, баланд шудани чандирияти он бо максади таъмини азнавчорикунии тачхизоти нав ва бо тайигиребии муд мувофик намудани он. Саноати текстил аз сохахои мехнатталаб ба сармояталаб табдил ефта истодааст. Бо мурури тахчизонидан бо гехникаи мураккаб талабот бо кувваи кории баландихтисос зиёд шуда истодааст. Рушди босуръати хосилнокии мехнат дар саноати текстили мамлакатхои тараккикарда бартарияти ракобатии онхоро мустахкам намуда кобилияти ракобатии мамлакатхои ру ба инкишофро ба арзиши пасти мехнат кам мекунад.
Дар нимаи дуюми солхои 90-ум тамоили тахвилёбии истехсолоти текстил ва дузандаги аз мамлакатхои ру ба инкишоф ба мамлакатхои тараккикарда ба назар мерасад, ки бо кушишхои васеънамоии истехсолоти махсулоти махсусан муднок дар назди бозорхои фуруши онхо ифода меебанд.
3. Хамаи доирахои хамкорихои байналхалки ба хадамоти инкишофёфта, ки идома ва инкишофи истехсолоти муосирро ифода мекунад, мухточанд. Хочагихои постиндустриали махз тавасутимухити ахбороти ташаккул ва инкишоф меёбад. Системаи автоинформация ба хамаи меъёрхои иктисодиёти муосир чори карда шудааст. Расонидани ахдамот ба доираи махсус чудо карда шудааст, доираи сеюмдарача баъди саноат ва комплекси агросаноати ба хисоб меравад.
Хусуссиятхои асосии доираи хадамот ташаккул ёфтани доираи калони ахбороти хамчун унсури мухими иттиходияи чахони, интенсификацияи истехсолот, ки доираи хадамот ва тагйиротхоро дар таносуби байни истехсолоти модди ва истехсолоти хадамот чудо менамояд, мебошанд.
Ба сохаи хадамот дохил мешаванд:
-сохахои анъанави: наклиёт, алока ва тичорат;
-сохахои фаъолияти хочагидори, ба монанди: молия, карз, сугурта, машваратдихи, хадамоти ахбороти ва дигар хадамоти кори;
-сохахои ичтимоию мадани: илм ва хизматрасонии илми, маъориф, тиб ва тарбияи чисмони, хизматрасонии ичтимои, хизматрасонии маиши, хочагии манзилию коммунали, санъат, фарханг, саехат ва дигар хизматрасонии рекреациони.
Дар мадди аввал сохахои хадамоти анъанавиро мавриди омузиш карор медихем. Наклиёт ба яке аз сохахои мухимтарини хадомоти анъанави дохил шуда хиссаи он дар ММД-и чахони аз 4 то 9%-ро ташкил медихад.
Наклиёт чудо мешавад ба наклиёти хавой, бахри, замини ва кубури (зеризамини). Хар сол дар чахон бо тамоми намудхои наклиёт зиёда аз 100 млрд. тонн бор ва зиёда 1 трлн. мусофирон хамлу накл карда мешаванд. Дар ин тахвилотхо зиёда аз 650 млн. автомобиль 40 хазор киштихои бахри, 10 хазор хавопаймохои рейси ва 200 хазор локомативхо иштирок мекунанд.
Дар шароитхои муосир дар баробари воситахои анъанавии алока (радио, телефон, телеграф, телефакс) воситахои муосири электрони– коммутаторхои кучонидашаванда, алокаи факсимили, нахи- оптики, кайхони (спутники) истифодаи шабакаи интернет бошиддат афзуда истодааст.
Инкишофи шабакаи алока дар чахон хеле нобаробар инкишоф меебад. Ба хиссаи ИМА 40% тамоми хатхои телефонии чахон рост меояд. Аз руи мавчудияти воситахои муосири алока дар мамлакатхои чахон ба хазор нафар чои аввалро ИМА ишгол мекунад. Канада аз руи микдори абонетхои шабакаи интернет ба хазор нафар дар чахон чои аввалро мегирад.
Сатхи телефонизацияи дар мамлакатхои ИДМ холо хам хеле аз талаботхои муосир кафо мемонад. Дар махалхои хочагии кишлок факат 1\\3 хиссаи муассисахои тичорати, тибби ва мактабхо бо телефон таъмин карда шудаанду халос.
Яке аз сохахои нисбатан серамали хадамот туризм, махсусан туризми байналхалки мебошад. Микдори туристони байналхалки мунтазам зиёд шуда истодаанд: соли 1950-25 млн. нафар; 1970-160 млн. нафар, 1990-420 млн. нафар 2000-600 млн. нафар. Туризм дар тамоми мамлакатхои чахон зиёда аз 100 млн. одамро ба чои кор таъмин мекунад.
Даромади аз хисоби туризми байналхалки бадастоваранда дар мачмуи даромад аз содироти молу хадамот дар ИМА ва Британияи Кабир-5%, Франция ва Дания-7-8%, Италия ва Швейцария-11-12%, Португалия зиёда аз 20%, Испания ва Австрия 30-35%-ро ташкил медихад. Дар Точикистон туризм хамчун яке аз сохахои хадамот нихоят суст инкишоф ефтааст. Микдори туристоне, ки аз мамлакат ба хорича сафар мекунанд, назар ба микдори туристони хоричи дар мамлакат чанд маротиба зиёд аст. Ин маънои баланси номусоиди даромадхои асъориро аз туризм барои мамлакат дорад.
Вобаста ба сатхи тараккиёти доираи хадамот мамлакатхои чахонро ба се гурух чудо намудан мумкин аст. Ба гурухи якум, яъне мамлакатхои сатхи тараккиёт хадамоташон баланд мамлакатхои иктисодиёташон навъи постииндустриали дохил мешаванд. Ба мамлакатхои сатхи тараккиёти доираи хадамоташон миёна мамлакатхои нави саноатии Осиёи Чанубу Шарки ва Америкаи Лотини, инчунин мамлакатхои иктисодиеташон дар давраи гузариш дохил мешаванд. Барои ин мамлакатхо сатхи нисбатан баланди инкишофи як ё ду сохаи сектори хадамот дар баробари дар мачмуъ инкишофи баланд наёфтани доираи хадамот хос аст. Кисми зиёди мамлакатхои ру ба инкишоф ба гурухи мамлакатхои сатхи инкишофи доираи хадамоташон паст дохил мешаванд.
Содироти чахонии хадамот бо ракамхои зерин тавсиф када мешавад: соли 1970 0,1 трлн. доллар; соли 1980-0,4 трлн. доллар, соли 1990-0,9 трлн. доллар; соли 2000-1,4 трлн. доллар, яъне он доимо меафзуд. Солхои 80-90-уми асри 20 ба содироти чахонии хадамот 20-25%-и тамоми содироти чахонии молу хизмат рост меомад. Дар як вакт дар сохтори содироти чахонии хадамот тагйиротхои калон ба амал омаданд: хиссаи хадамоти наклиёти мунтазам паст шуда истодааст (аз 35% соли 1975 то 24% соли 1996), хиссаи харакати туризми байналхалки зиёд шуда истодааст (мувофикан аз 24% то 32%). Хадамоти кори нисбатан васеъ истифода шуда истодааст. Дар бозори чахонии хадамот мамлакатхои тараккикарда бартари доранд. Ба онхо кариб 10%-и содироти чахонии хадамот ва такрибан хамин кадар воридоти дохилии хадамот рост меояд. Махсусан ИМА мавкеи асосиро дар бозори чахони хадамот ишгол мекунад, ки ба он 18% тамоми содироти чахонии хадамот рост меояд. Хисаи мамлакатхо ру ба инкишоф дар тичорати чахонии хадамот мунтазам зиёд шуда истодааст. Баъзеи онхо содиргарони калонтарини хадамот гаштаанд: Кореяи Чануби-содироти хадамоти инжинери консультациони ва сохтмони, Мексика-содироти хадамоти туристи. Хиссаи мамлакатхои иктисодиеташон дар давраи гузариш дар содироти чахонии хадамот 4%-ро ташкил медихад, аз он чумла Россия-1%. Ин мамлакатхо ба имкониятхои азими инкишофи туризм, транзит, тахвилхои бахри, хадамоти инжинери-консультациони ва сохтмон сохиб мебошанд.
4. Хочагии кишлок ва сохахои ба он наздик-хочагии чангал, шикор, мохидори, -на танхо фаъолияти кадим, балки нисбатан васеъ пахншудаи одамон мебошанд. Дар хочагии кишлоки чахони кариб 1,1 млрд нафар одамони аз чихати иктисоди фаъоли ахоли кураи замин фаъолият мекунанд, ки аз онхо 22 млн нафар аз мамлакатхои тараккикарда, 32 млн нафар аз мамлакатхои иктисодиёти давраи гузариш (аз он чумла 20 млн. аз мамлакатхои ИДМ ва 12 млн. аз мамлакатхои Аврупои Маркази ва Шарки) 450 млн. нафар аз Хитой ва кариб 600 млн. аз мамлакатхои ру ба таракки мебошанд. Дар мамлакатхои тараккикарда ва собик мамлакатхои шурави дахсолахои охир чараёни интеграцияи агросаноати руй дода истодааст, ки муттахидшавии ташкилию тичоратии корхонахои хочагии кишлок ва саноатро ифода мекунад. Дар натичаи ин чараен ташаккулёбии комплекси агросаноати ба вучуд меояд. Комплекси агросаноати системаи ягонаи корхонахои хочагии кишлок ва саноат мебошад, ки ба воситаи алокахои устувори истехсолию тичоратии дар муносибатхои моликияти ва шартномахо асосёфта муттахид гаштаанд.
Коплекси агросаноати тамоми занчири истехсолиро фаро гирифта се доираро дар бар мегирад:
Доираи якум- саноат, ки барои хочагии кишлок воситахои истехсолотро истехсол намуда хизматрасонии истехсолию техникии онро ичро менамояд;
Доираи дуюм- худи хочагии кишлок (заминдорию чорводори).
Доираи сеюм – сохахои наклиёти, азнавкоркардабарои ва фуруши озукаворию ашеи хоми хочагии кишлок.
Дар мамлакатхои тараккикарда хиссаи доираи 3-юм беист афзуда вазни хоси истехсолоти худи хочагии кишлок кам шуда истодааст (дар ИМА дар ин доира 75% тамоми арзиши махсулоти озука ташаккул меебад). Умуман, дар миёнаи солхои 90-уми асри 20 таносуби байни ин се доираи комплекси аграри дар мамлакатхои тараккикарда 3:1:6 буд. Дар натича хочагии кишлоки ИМА дар ММД-аш 2%-ро ташкил карда дар он 2,5% коргарони мамлакат фаъолият мекунанд, холо он ки тамоми комплекси аграри дар ММД 18%-ро ташкил карда дар он 20% коргарони мамлакат фаъолият мекунанд.
Дар мамлакатхои иктисодиёташон дар давраи гузариш хиссаи хочагии кишлок дар сохтори комплекси агросаноати назар ба мамлакатхои Гарб хеле зиёд аст, ки ин инкишофи сусти сохаи коркарди ашеи хоми хочагии кишлок, аз он чумла саноати хуроквориро инъикос менамояд. Хамин тарик, дар комплекси аграрии Россия 30% коргарон (аз он чумла 15% дар хочагии кишлок) машгул буда хиссаи он дар ММД-и мамлакат 6,7%-ро ташкил мекунад.
Дар мамлакатхо ру ба инкишоф хочагии кишлоки истеъмолоти анъанави бартари дорад. Доираи анъанави бо миллионхо китъахои заминии хурд пешниход мешаванд, ки махсулоти он асосан барои таъмини оилаи дехконон кифоя асту халос. Бештар заминдории ибтидои хукмфармо аст, ки омилхои истехсолоташ югу сипори чубин мебошанд. На кам аз 20 млн. оила дар заминхои аз бешазор озодшуда заминдори мекунанд.
Дар баробари ин дар бисер мамлакатхои ру ба таракки доираи молии хочагии кишлок ташаккул ефтааст, ки бо плантацияхои зироатхои тропикию субтропики (кофе, какао, чой, каучуки табии, банан, найшакар ва гайра) пешниход карда мешаванд, лекин доираи плантациони назар ба бозори дохили бештар ба содирот нигаронида шудааст. Хочагии кишлок, ки хануз дар ибтидои асри 20 хамачо сохаи мехнатталаб ба хисоб мерафт, дар мамлакатхои тараккикарда солхои 60-ум сармояталаб гардид. Дар замони хозира он аз сохаи сармояталаб ба сохаи илмталаб, пеш аз хама дар мамлакатхои тараккикарда, табдил ефта истодааст. «Инкилоби сабз» солхои 60-уми асри 20 дар мамлакатхои ру ба таракки огоз шуда мукаммалгардонии хочагии кишлокро дар асоси агротехникаи муосир дар назар дорад. Он аз се кисми таркиби иборат мебошад: ихтирои навъхои нави зироатхо, пеш аз хама зироатхои галладонаги; васеъ намудани заминхои обёришаванда; баланд намудани дарачаи механизацияи хочагии кишлок, истифодаи васеи нурихои минерали ва воситахои химиявии химояи растанихо. Дар натичаи «инкилоби сабз» хосилнокии зироатхои галладонаги ду маротиба афзуда, Хитой, Хиндустон, Индонезия, Покистон, Таиланд ва дигар мамлакатхо акнун худро пурра таъмин менамоянд.
Хочагии кишлоки чахони аз ду сохаи бузурги ба хам алокаманд: заминдори (растанипарвари) ва чорвопарвари ташкил меебад. Таносуби байни ин сохахо таъти таъсири пешравихо дар мамлакатхои тараккикардаи саноати тагйир меебад, ки бо бартари пайдо кардани чорвопарвари назар ба растанипарвари асоснок намуда мешавад. Хамин, тарик дар Швеция ва Финляндия ба чорвопарвари 75-80% мачмуи махсулоти хочагии кишлок рост меояд. Дар ИМА вазни хоси чорвопарвари нисбатан камтар аст-кариб 55%, дар Франция –53%. Дар Италия ин соха 40-45%-и махсулоти хочагии кишлокро истехсол мекунад, ки ин бо шароитхои на он кадар мусоиди табии барои чорвопарвари зарур асоснок карда мешавад.
Дар мамлакатхои тараккикарда ва мамлакатхои иктисодиёташон дар давраи гузариш чорводории ширу–гушти ба таври интенсиви васеъ пахн шудааст ва еми сергизо истифода мешавад. Дар бисери мамлакатхои тараккикарда заминдори дар кишти зироатхои хуроки чорво махсусгардонида шуда ба чорвопарвари тобеъ карда шудааст (масалан, кишти чуворимаккаю соя дар ИМА).
Гузариш ба усулхои индустриали, мукаммалгардонии базаи хуроки чорво, муваффакиятхои селекция ба андозаи назаррас баланд шудани хосилнокии чорвопарвари оварда расонд. Соли 2000 микдори шир аз як гов дар хазор кг: дар ИМА-6,7; Дания-6,3; Швецария-6,2; Япония-5,2 ташкил медод. Дар Россия ин нишондиханда солхои 1998-2000 2,8 хазор кг, Аргентина-2,6, Хитой-1,6, Монголия-0,95 хазор кг-ро ташкил медод. Мамлакатхои тараккикардаи саноати мамлакатхои ру ба тараккиро аз руи микдори шир ба як гов 6 маротиба ва аз руи микдори гушт 1,5 маротиба пеш гузаштаанд.
Сохаи асосии заминдори парвариши зироатхои галладоннаги, ки истехсоли онхо дар нимаи дуюми асри 20 хеле афзуд, мебошад. Агар дар солхои 1900-1949 он аз 500 то 800 млн. тонн афзуда бошад, он гох солхои 1950-2000 аз 800 то 2000 млн. тонн афзудааст.
Накши асосиро дар зиёд шудани истеъмоли зироатхои галладонаги афзоиши якбораи истехсоли галладона дар Хитой, Хиндустон, мамлакатхои Осиёи Чанубу Шарки бозид.
Дар мамлакатхои тараккикарда зиёда аз 80% мачмуи галладона дар чахон истеъмол намуда мешавад. Онхо аз руи ду нишондиханда бартарият доранд: якум, аз руи хосилнокии галладона, ц\\га (ба хисоби миёна дар солхои 1990-1998); Япония; -54, ИМА-47, Иттифоки Аврупо (ИА), умуман, – 47; дуюм, аз руи хосилнокии галла ба сари ахоли, (дар кг); Канада-2125, Австралия-1320; ИМА-1250, Франция-1250.
Дар тамоми чахон 55% галла дар хуроки одамон истифода шуда 45%-и он барои хуроки чорво истифода мешавад. Истифодаи галла дар мамлакатхо аз сатхи тараккиёт онхо вобастаги дорад.
Дар мамлакатхои тараккикарда дар хуроки одамон 25% галла истифода шуда бокимондааш барои хуроки чорво меравад. Дар мамлакатхои ру ба таракки 90%-и галла барои озука истифода мешавад.
Расми 1 Сохтори мачмуи хосили галладона

Дар сохтори мачмуи хосили галладона се зироат бартари доранд: гандум (28%), биринч (26%) ва чуворимакка (25%). Дар озука биринч (21%) ва гандум (20%) бартари доранд, холо он ки хиссаи чуворимакка ночиз аст (5%), зеро кисми асосии он барои хуроки чорво истифода мешавад.
Хочагии кишлоки мамлакатхои тараккикарда баъди баохиррасии бозсозии саноати ба мархилае дохил шуд, ки бо истифодаи васеи биотехнология тавсиф дода мешавад. «Инкилоби сабз» дар мамлакатхои ру ба инкишоф, ки ихтирои навъхои серхосили зироатхои хочагии кишлок, обьери ва истифодаи технологияи муосир, нурихо ва воситахои химояи растанихоро дар бар мегирад, ба афзоиши истехсоли махсулоти озукавори оварда расонида бо хамин кисман масъалаи озукаро дар иктисодиёт чахон хал намуд

Адабиёт:
1. Мировая экономика: Учебник / Под ред. проф. А.С. Булатова. – М.: Юристъ, 2002 г. – 734 с.
2. Мировая экономика: Учебник для вузов. / Под ред. Ломакина В.К. – М.: ЮНИТИ, 2000 г. – 727 с.
3. Спиридонов И.А. Мировая экономика. Учебное пособие.
4. www.economics.ru


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.