Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Фалсафаи Фаронса ва Олмон дар асри XVIII ва ибтидои асри XIX

Фалсафаи асри XVIII-и Фаронса дар заминаи ташаккули муносибатҳои иҷтимоии буржуазӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ ташаккул ёфтанд.Мақсад: ба донишҷӯён фаҳмонидани мазмун ва моҳияти фалсафаи маорифпарварии Фаронса ва кашфиётҳои бузурги фалсафаи Олмон дар соҳаи маърифат, диалектика ва материализм дар мисоли таълимоти И.Кант, Ф.Гегел ва М.Фейербах.

Мафҳумҳои асосӣ: маърифатпарварӣ, энсиклопедия, манфиатҷӯӣ, ноумен, феномен, дониши априорӣ ва апостериорӣ, идеализми мутлақи объективӣ, системаи Гегел, диалектикаи Гегел, рӯҳи мутлақ, ҳамамантиқӣ (панлогизм), материализми антропологӣ, ягонагии Ман ва Ту, хушбахтии шахсӣ.

Нақша

Фалсафаи маорифпарварии Фаронса
Фалсафаи классикии Олмон

1. Фалсафаи маорифпарварии Фаронса

Фалсафаи асри XVIII-и Фаронса дар заминаи ташаккули муносибатҳои иҷтимоии буржуазӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ ташаккул ёфтанд. Муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва қувваҳои нави истеҳсолкунанда бужуазияро ба тараққӣ додани илму фан водор мекарданд. Аз ин ҷиҳат, вай ба фалсафа, ки асоси методологии инкишофи илмҳои дигар мебошад, эҳтиёҷ дошт. Асоси илмӣ-табиии фалсафаи асри XVIII асосан механика, астрономия, математика буда, ғайр аз инҳо ба химия, биология, илми тиб ва геология низ такя мекард.
Фалсафаи фаронсавӣ якҷоя бо комёбиҳои табиатшиносии замон методи механистию метафизикии онро ҳам қабул кард. Дар ин давра кимиёю биология ва дигар илмҳои табииёт ҳанӯз дар ҳолати ибтидоии ташаккул қарор дошт. Фақат механика ва математика инкишоф ёфта буд, бинобар он қонунҳои механикаро ба дараҷаи қонунҳои умумӣ бардошта, ҳодисаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва ғайраро дар асоси принсипҳои он эзоҳ медоданд.
Ҷаҳонбинию ақидаҳои сиёсии файласуфони фаронсавӣ Волтер, Монтескё, Руссо, Кондорсе, Кондиляк, Ламетрӣ, Дидро, Гелветсий, Голбах хеле гуногун буданд. Фаъолияти ин мутафаккирон, қатъи назар аз тафовут ва ихтилофи ақоиди фалсафию сиёсиашон якҷоя маҷрои ягонаи ҳаракати ҷамъиятиеро, ки дар таърих бо номи маорифпарварӣ шӯҳрат ёфтааст, ба вуҷуд оварда буд. Мафҳуми маорифпарвариро аввалин бор Волтер ва Гердер истифода кардаанд. Кант маорифпарвариро ҳамчун давраи зарурии таърихии тараққиёти инсоният меҳисобид. Моҳияти маорифпарварӣ аз назари Кант истифодаи ҳамаҷонибаи илму хиради инсонӣ барои амалӣ кардани тараққиёти иҷтимоӣ аст. Бо роҳи таълиму тарғиби илм, такмили пайвастаи ахлоқ метавон озодӣ ва тараққиёти ҷамъиятро ба даст овард.
Мақсади маорифпарварӣ танқиди идеологияи феодалӣ, таассуби динӣ, тарғиби озодии эътиқод ва талаби озодии афкори илмию фалсафӣ буд. Ҳалли ин вазифаҳо ба фаҳми омма наздик кардани фалсафаро тақозо менамуд. Мувофиқи ин талабот маорифпарварон таълимоташонро ба забони содда дар шакли асарҳои ба омма фаҳмо: мақолаҳои мубоҳисавӣ, памфлетҳо, луғатномаҳо, саволу ҷавоб баён мекарданд.
Ҳамкории маорифпарварон фақат бо баҳсу мубодилаи афкор маҳдуд намешуд. Ҳамкории онҳо боиси эҷоди Энсиклопедия (Қомус) гардид. Роҳбар, муҳаррир ва муаллифи мақолаҳои зиёди он файласуфи аз ҳама боистеъдод Дидро буд. Вазифаи муҳаррири қисми илмҳои физикаю математикаро олими машҳур Даламбер иҷро мекард.
Қомус мебоист тамоми муваффақиятҳоеро, ки инсоният то ин рӯз дар соҳаи адабиёту санъат, илму фалсафа, техника, саноат ва истеҳсолот ва ҳунармандӣ ба даст оварда буд, фаро мегирифт. Мақсади асосии он пеш аз ҳама тарғиби илму фарҳанг ва маорифпарварӣ буд. Файласуфони фаронсавӣ системаи томи таълимоти фалсафиро ба вуҷуд оварданд, ки он масъалаҳои муҳимтарини онтологӣ, гносеологӣ ва сотсиологиро фаро мегирад. Нуқтаи ибтидоии фалсафаи моддагароии фаронсавӣ эътирофи табиати беинтиҳои абадию азалӣ мебошад.
Онҳо дар назарияи маърифат умуман дар мавқеи ратсионализм истода, равияи эмпиристӣ (таҷрибавӣ) ва сенсуалистии Бэкон, Гоббс ва Локкро инкишоф доданд. Мутафаккирони фаронсавӣ таълим медоданд, ки дар ҳиссиёти инсон, хосиятҳои объективии ашё акс меёбад, манбаи дониши ӯ эҳсосот мебошад, ки он тавассути ба узвҳои ҳис таъсир расонидани олами беруна ҳосил мешавад, идея симои чиз аст; агар ба узвҳои ҳис аз олами берун ягон таъсир нарасад, на эҳсос ба вуҷуд меояд, на идрок ва на идеяҳо.
Файласуфони фаронсавӣ аз мавқеи сенсуализми босуботи моддагароӣ танқиди назарияи идеяҳои фитриро вусъат додаанд. Онҳо исбот мекарданд, ки ҳеҷ гуна идеяҳои фитрӣ вуҷуд надорад, ҳамаи идеяҳо дар асоси ҷамъбасти эҳсосот ҳосил мешавад.
Файласуфони фаронсавӣ сенсуализми моддагароиро барои фаҳмидани ҳодисаҳои ҷамъиятӣ истифода бурдаанд, онҳо омӯхтани ҳаёти иҷтимоиро аз таҳқиқи табиати инсон сар кардаанд, зеро аз нуқтаи назари метафизикӣ, ки он методи тафаккури онҳо буд, ҷамъият аз маҷмӯи фардҳо фароҳам меояд. Дар ин асос онҳо донистани моҳияти инсонро калиди фаҳмидани ҳаёти ҷамъиятӣ мешумориданд.
Файласуфон майли манфиатҷӯии шахсиро омили муайянкунандаи тамоми рафтору афкори инсон, мабдаи мутаҳаррики ҳаёти ҷамъият мепиндоштанд. Маҳз манфиат таърихро ба ҳаракат меоварад, мегуфтанд онҳо.

Фалсафаи классикии Олмон

Фалсафаи классикии Олмон аз зинаҳои баланди фалсафаи ҷаҳониест, ки бузургтарин намояндагони он Иммануил Кант, Фридрих Гегел ва Людвиг Фейербах мебошанд.
И.Кант (1724 – 1804) фалсафаро аз танқид оғоз кардааст. Вай дар ду китоб «Нақди хиради ноб» ва «Нақди хиради амалӣ» ба танқиди усули фалсафаи пешина ва таҳлили раванди маърифат пардохтааст. Фалсафаи Кант хулоса ва анҷоми давраи аввали фалсафаи танқидист, ки он аз Френсис Бэкон оғоз гаштааст.
Кант бо вуҷуди он ки худ ақлгаро мебошад, танқидро аз хирад оғоз мекунад, шароити зарурии маърифат дар худи хирад гузошта шудааст, аз ин рӯ вай сарчашмаи маърифат аст. Вале Кант барои хирад ҳадди муайяне таъин мекунад. Мӯҳтавои танқиди фалсафаи хирад низ дар муайян намудани сарҳади маърифати инсон аст.
Кант дар фалсафа якчанд истилоҳот ва мақулоти тозае ворид кард, ки муҳимтарини онҳо «чизҳои дар худ» (ноумен) дар муқобили «падида» (феномен)-ҳо ва дониши априорӣ (тотаҷрибавӣ) ва «апостериорӣ» (баъди таҷрибавӣ) мебошанд.
Ба ақидаи Кант мо оламро на он чунин, ки вай худ ба худ ҳаст, балки он чунон ки вай ба мо худро зоҳир ва падидор мекунад, мешиносем.
Аммо моҳияти олам барои мо чун «чизҳои дар худ», «ноуменҳо» пӯшида аст. Барои дониш ва қобилияти шинохти мо танҳо феноменҳо-падидаҳои ҷаҳон дастрасанд. Дар натиҷаи таъсири «чизҳо дар худ» ба ҳиссиёти мо хараҷу мараҷи эҳсосот дар зеҳн ба вуҷуд меояд. Он чи коре, ки мо дар ҷараёни маърифат мекунем, ба назм даровардани ин хараҷу мараҷ аст.
Он чӣ мо қонуни табиат мешуморем дар воқеъ робитаест, ки тавассути хирад ба олами падидаҳо ворид карда шудааст, яъне ақли мо ба табиат қонун ворид мекунад, ҳарчанд мисли Суқрот ӯ ин донишро фитрӣ намешуморад. Ҳамчунин Кант мисли Афлотун шинохти инсонро аз ин олам нокифояву ноқис, танҳо маърифати падидаҳо мешуморад, вале ноуменҳои Кант монанди асли идеяҳои Гегел дар олами дигар қарор надорад, балки рӯяи торики ҳамин оламанд.
Системаи фалсафии Кант асосан иборат аз назарияи маърифат, ахлоқ ва зебоишиносӣ мебошад.
И.Кант на танҳо файласуф, балки олими бузурги табиатшинос ва кайҳоншинос буд. Фарзияи ӯ дар бораи аз таркиши азими газу ғубори аввалия ба вуҷуд омадани олами кайҳон, то ба имрӯз яке аз асоситарин назарияи илмӣ ба шумор меравад.
Дар таърихи фалсафа, агар аввалин таълимоте, ки системаи томро ташкил диҳад, фалсафаи Арасту бошад, дуюмин системаи муназзаму комил назарияи фалсафии Гегел мебошад. Маъруфтарин асарҳои Гегел (1770-1831) инҳоанд: «Падидашиносии рӯҳ», «Илми мантиқ», «Фарҳанги илмҳои фалсафӣ», «Фалсафаи ҳуқуқ», «Зебоишиносӣ», «Фалсафаи таърих», «Фалсафаи дин» ва ғайра.
Ҷавҳари фалсафаи Гегел мутлақгароӣ, зеҳнгароии мутлақ (идеализми абсолютии объективӣ) мебошад. Вай мегӯяд, ки ҳама падидаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ аз идеяи мутлақ баромадааст, ки он айни мисол (идея)-и мутлақ, ақли кул, ё рӯҳи олам аст. Ин идеяи мутлақ фаъол аст ва фаъолияти ӯ шомили андеша ва шинохти худост.
Дар системаи фалсафии Гегел олам, андеша (фикр) ва фалсафа ба сурати хосе бо ҳам пайваст шуда, низоми муайяне ба вуҷуд овардаанд. Мувофиқи системаи фалсафии Гегел идея (мисол), рӯҳи мутлақ дар сайри давраҳои худ се марҳалаҳоро тай мекунад. Аввал, рӯҳи мутлақ аз ҳолати муҷарраде (яъне ҳолате ки вуҷуди айнӣ надорад), ки дар се сатҳи мантиқ (ҳастӣ, зот, сурати мақул) қарор дорад, гузашта, баръакси худ ҳолати айнии табииро дар фалсафаи табиат (механика, табиӣ, андоми органикӣ) мегирад ва пас аз он ба даври сеюм – фалсафаи рӯҳи мутлақ дохил мешавад ва баъди сайри ду марҳалаи он (рӯҳи зеҳнӣ, рӯҳи айнӣ) ба марҳалаи сеюм – рӯҳи мутлақ дохил мегардад ва дар се марҳалаи он (дар санъат, дин ва фалсафа) рӯҳи мутлақ аз нав асли худро меёбад. Ҳамин тавр, рӯҳи мутлақ (идея) дар ҳар як ин се марҳала: мантиқ, фалсафаи табиат ва фалсафаи рӯҳ ҳар боре се марҳаларо тай намуда, дар охир ба асли худ мепайвандад.
Рӯҳи мутлақ дар қисмати аввали системаи Гегел такомул дар нафси худро дорад ва дар мантиқ, зинаҳои ҳастӣ, зот ва маъқулро мепаймояд. Кори мантиқи Гегел тавсифи рӯҳи мутлақ ё ақли аввал аст, ки пеш аз олам вуҷуд дошта, яъне ба он гуна ки дар ҳақиқати хеш пеш аз худнамоӣ, ё таҷаллии хориҷӣ мавҷуд аст. Вале рӯҳе, ки дар мантиқи Гегел тавсиф шуда, рӯҳи комилан муҷаррад аст, яъне вуҷуди айнӣ надорад ва ҳанӯз пайдо нест. Дар табиат ин рӯҳи муҷаррад ба зидди худ, ки чизи хориҷӣ ва бе рӯҳ ва бе хирад аст, бадал мешавад. Акнун дар фалсафаи рӯҳ, шоҳиди бозгашти рӯҳи мутлақ ба асли худ ҳастем, он чи дар баробари мост дигар бе рӯҳ нест, балки боз ба таври қатъӣ, худи рӯҳ аст. Вале дигар хосияти таҷридӣ надорад, балки рӯҳи зинда ва мушаххаси инсон аст, рӯҳ ё хирад аст дар ҳоли тазоҳур, рӯҳ аст, ки аз ҳоли имкон ба мартабаи фаъолият ё вуҷуд даромадааст.
Муҳимтарин дастоварди Гегел дар ин система таълимоти диалектика (илми ҷадал) мебошад. Такомулу инкишоф аз тариқи зиддиятҳои дохилӣ, асоси фалсафаи ӯро ташкил медиҳанд.
Системаи гегелӣ ҳамамантиқӣ (панлогизм) мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки Гегел бурҳони мантиқии диалектикаи худро бар асоси формулаи «тезис» (барниҳод), антитезис (барбарниҳод) ва синтез (ҳамниҳод) баён кардааст, ки дар мантиқ ба ин фарз оғоз мешавад. Мутлақ ҳастии ноб, яъне мо фақат қоил мешавем, ки мутлақ ҳаст (тезис), ба он ки сифати (кайфияте – атрибуте) ба вай нисбат диҳем. Аммо ҳастии мутлақ бе ҳеҷ таъиноту сифате ҳамон нестӣ аст, пас ба ҳамон антитезис мерасем «ҳастӣ нест» аз ин тезис ва антитезис ба синтез мерасем: иттиҳоди ҳастӣ ва нестӣ шудан (ё гардидан) аст, аз ин рӯ мегӯем «мутлақ шудан аст».
Системаи фалсафии мусаллас (секунҷа)-и Гегел ғайр аз он чи мо дар боло зикр кардем, боз ҳар кадом ҷузъи мусалласи баъдӣ боз се даври мусалласи дигарро дорад.
Людвиг Фейербах (1804-1872) охирин намояндаи барҷастаи фалсафаи классикии Олмон аст. Асарҳои асосии Фейербах «Доир ба танқиди фалсафаи Гегел», «Моҳияти асосии дини масеҳӣ», «Асосҳои фалсафаи оянда» ва ғайра аст. Фалсафаи Фейербах бо номи моддагароии инсоншиносӣ (материализми антропологӣ) машҳур аст. Мутафаккир дар ҷустуҷӯи ҷавҳаре буд, ки он дорои ҳам мабдаи ҷисмонӣ ва ҳам мабдаи рӯҳӣ бошад, то ки барои ҳалли масъалаи асосии фалсафа роҳи осон ва дуруст ёфт шавад. Дар назари Фейербах ҳамин гуна вуҷуд инсон буду бас. Нуқтаи асосии таълимоти Фейербах вуҷуди биологӣ ва фарди муҷаррад пиндоштани инсон мебошад. Фейербах тамоми комёбиҳои материализми пешина (абадияти олам, ҳаракат, вақт ва фазо, ягонагии олам, ягонагии материяю ҳаракат ва амсоли онҳо)-ро қабул карда, худаш як қатор фикрҳои ниҳоят муҳимро баён кардааст, ки онҳо дар инкишофи минбаъдаи материализм, нақши ниҳоят бузург бозидааст.
Таълимоти Фейербах ба таҳлили масъалаҳои ахлоқ аз ягонагии Ман ва Ту оғоз меёбад. Фейербах ба ҷои системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мафҳуми авлод ва муоширати байни афродиро истифода кардааст. Кӯшиш барои ба даст овардани саодат қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ирода, боиси ба вуҷуд омадани қарзи маънавӣ (ахлоқӣ) мегардад. Зеро, ки Ман бидуни Ту умуман на вуҷуд дошта ва на саодатманд шуда метавонад. Кӯшиш барои касби хушбахтии шахсӣ аз чорчӯбаи худпарастӣ боло рафта, берун аз иттиҳоду ваҳдати одамон имконнопазир аст. Ин андешаҳои ахлоқию иҷтимоии Фейербах дорои хусусияти гуманистӣ ва демократӣ буда, аҳамияти калони илмию амалӣ дошт. Баробари комёбиҳо таълимоти Фейербах аз камбудию маҳдуддиятҳои таърихӣ холӣ набуд. Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки мутафаккир системаи таълимоти Гегелро танқид карда, вале методи пешқадами ӯ, диалектикаро арзёбӣ карда натавонист. Дигар ин ки ба таълимоти Фейербах табиати механистӣ ва таърихфаҳмии идеалистӣ хос буд.
Инак, фалсафаи классикии Олмон комёбии бузурги фалсафаи ҷаҳонӣ буда, аз сарчашмаҳои муҳими таълимоти давраҳои минбаъда, хоса фалсафаи марксистӣ гаштааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.