Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷик ва Аврупо

Инкишофи фалсафаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла, фалсафаи тоҷик ба давраи ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ рост меояд. Дар ибтидои ташаккули ин сохти иҷтимоӣ (асрҳои IV-V) фалсафа, махсусан, дар Осиёи Миёна ва Эрон…Нақша

Заминаҳои пайдоиши фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику форс
Таълимоти асҳоби ҳаюло, машшоия ва ишроқия
Фалсафаи калом, тасаввуф ва исмоилия
Фалсафаи асримиёнагии Аврупо
Заминаҳои пайдоиши фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику форс
Инкишофи фалсафаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла, фалсафаи тоҷик ба давраи ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ рост меояд. Дар ибтидои ташаккули ин сохти иҷтимоӣ (асрҳои IV-V) фалсафа, махсусан, дар Осиёи Миёна ва Эрон бештар тараққӣ кард. Дар натиҷаи таъқиби олимон ва баста шудани Академияи Афина аз тарафи император Юстиниан, аҳли илм ва фалсафаи Юнону Рим ба кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ҳиҷрат карда, ба пешрафти фалсафа дар ин кишварҳо мадад расониданд. Дар такомули илму фалсафаи асрҳои IV-VII фарҳангистони Гунди Шопур, ки дар он як зумра олимону файласуфони боистеъдод ба таҳқиқи масъалаҳои тиб, риёзиёт, фалсафа ва тарҷумаи осори илмию фалсафии Ҳинду Юнони қадим ба забони паҳлавӣ машғул буданд, хизмати босазо кардааст. Масалан, Павели Форс аксари осори Арастуро ба паҳлавӣ тарҷума намуда, худаш чандин рисолаҳои асили фалсафӣ нигоштааст. Бонуфузтарин ҷараёнҳои афкори фалсафӣ, фалсафию динӣ ва иҷтимоию сиёсии ин давра низ ҳамон зурвония, даҳрия, табоия, зардуштия, монавия ва маздакия буданд.
Аз асри VII дар мафкураи халқҳои Шарқи Наздику Миёна тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Ба ҷои динҳои куҳан дини нав – ислом зуҳур кард, ки мекӯшид ҳама соҳаҳои ҳаёти маънавиро ба зери итоати худ дарорад. Маҳз дар ҳамин давра (VII-VIII) барои пайдоиши асҳоби ҳаюло, машшоъ, калом, исмоилия, тасаввуф ва дигар ҷараёнҳои афкори фалсафӣ ва фалсафию динӣ замина фароҳам омад.
Дар ин давра олимон ба монанди Абӯрайҳони Берунӣ, Хоразмӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва дигарон дар соҳаи ҳайат (астрономия), физика, риёзиёт, табииёт, кимиё, тиб ва як қатор илмҳои дигар ба комёбиҳои бузург ноил шуданд.

2.Таълимоти асҳоби ҳаюло, машшоия ва ишроқия

Асҳоби ҳаюло, ё аҳли ҳаёло яке аз мактабҳои фалсафиест, ки азалият ва абадияти модда, макон ва замонро талқин менамуд. Вай хусусияти моддагароӣ дошта, намояндагони он Абӯҳаёни Ҳиндӣ, Ибни Ровандӣ (816/20-897/99), Абӯбакри Розӣ (865-927) буданд. Ибни Ровандӣ чун зурвониён, даҳриён ва табоиён ба қадимии олам қоил буд. Вай беш аз 114 асар эҷод кардааст: «Китоб-ут-тоҷ», «Китоб-уз-зумуррад», «Наът-ул-ҳакима», «Китоб-ул қасаб», «Китоб-ул-фарид», «Китоб-ул-марҷон», «Китоб-ул-лӯълӯъ» аз ҷумлаи онҳоанд.
Асосгузори фалсафаи машшоияи форсу араб Абӯ Юсуф Яъкуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ буда, барҷастатарин симоҳои он Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон мебошанд. Машшоияи тоҷик дар заминаи таълимоти Арасту пайдо гаштааст. Мактаби Арасту ба он сабаб номи перипатетикӣ (ба арабӣ машшоия, яъне раванда)-ро гирифтааст, ки Арасту аз рӯи одат дар боғи мактаб қадамзанон бо шогирдонаш дарс мегуфтааст. Абӯ Юсуф ал-Киндӣ (800-897) аввалин шуда фалсафаи юнониро бо ҳикмати исломӣ омехтааст.
Абӯнасри Форобӣ (870-950) аз маъруфтарин намояндаи машшоия, бо номи муаллими сонӣ, баъди муаллими аввал, Арасту машҳур гаштааст. Ба қалами ӯ чунин асарҳои фалсафӣ ба монанди «Ал-ҷамъ байна раъйил – ҳакимайн», «Эҳсоъ-ул-улум», «Фусус-ил-ҳикам», «Орои аҳли мадинатил фозила», «Ас-сиёсат-ул-мадания» ва ғайра тааллуқ дорад. Форобӣ баробари таблиғи фалсафаи юнонӣ барои инкишофи он кӯшидааст.
Тибқи таълимоти ҳастишиносии Форобӣ ҳар он чӣ ҳаст ё воҷибулвуҷуд ё имконулвуҷуд аст. Воҷибулвуҷуд он аст, ки вуҷуди ӯро иллате нест, аммо имконнулвуҷудро сабабе ҳаст. Ва чун ҳар як мавҷуде иллате дорад ва аммо силсилаи иллат ва маълулро наметавон беохир идома дод, бояд нахуст иллате бошад, ки вуҷуди ӯ аз дигар мавҷуде вобаста набошад ва он воҷибулвуҷуд аст.
Пайдоиши ҳастиро Форобӣ аз тариқи судур маънидод кардааст. Инсон худоро аз тариқи офаридаҳояш мешиносад. Сурат ва идеяи ҳастии ашё аз азал назди Худост ва худо бо тааққул ба зоти хеш Ақли аввалро судур мекунад ва ҳамин Ақли аввала муҳаррики Фалаки Акбар аст. Аз Ақли аввал ба тадриҷ даҳ ақли дигар судур мекунанд, ки ба тартиби афлоки кайҳонист. Ва ақли даҳум бо судури фалаки қамар силсилаи афлоки осмонӣ такмил ва сайри олами заминӣ оғоз ва бо зуҳури инсон, ки хулосаи олами коинот аст, ин ҷараёни такомул ба камоли худ мерасад.
Форобӣ ақлро тариқи расидан ба саодат медонад, ки иборат аз орзуи расидан ба мартабаи ақли фаъол ва баҳраманд шудан аз он аст, ки лозиман он се навъ амал аст: иродӣ, ақлонӣ ва ҷисмонӣ, ки мутобиқи се навъ фазилат: ахлоқӣ, ақлӣ ва синоъӣ мебошад.
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) аз пайравони таълимоти Арасту буда, дар инкишофи он нақши муассире гузоштааст. Муҳимтарин асарҳои Ибни Сино «Китоб –уш-шифо», «Донишнома», «Ан-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Мабдаъ ва маъод», «Ал-ҳикмат-ул-машриқия» ва дар тибб китоби «Алқонун» мебошанд.
Ибни Сино дар тамоми мавзӯъҳои фалсафӣ ақида баён кардааст. Вай мавҷудотро ба ду: «воҷиб-ул-вуҷуд» ва «имкон-ул-вуҷуд» тақсим мекунад. «Мумкин-ул-вуҷуд» чизе аст, ки мӯҳтоҷи як иллати хориҷӣ аст, ки ӯро аз қувва ба феъл дарорад, ё эҷод кунад. Воҷибулвуҷуд ҳамин Худост, ки ба зоти худ мавҷуд аст ва ниёз ба иллати беруна надорад. Ин назария марбут ба масъалаи дарёфти сари занҷири иллату маълул дар ҳастӣ мебошад.
Шайхурраис ҳастиро инчунин ба ду қисми таззод: олами афлоки комил ва олами моддаи ноқис тақсим кардааст ва нафси инсони комилро воситаи пайвасти ин ду олам мешуморад.
Ибни Сино дар аввал зери таъсири машшоияи юнонӣ буда, дар ривоҷи он хизмати зиёде кардааст, аммо дар марҳалаҳои охири умраш ба таҳқиқи масъалаҳои ҳикмати ишроқ кӯшидааст. Дар рисолаи «Фи моҳият-ил-ишқ» Ибни Сино ишқро ҷустуҷӯи зебоӣ меномад. Ормонҷӯии инсон ҳамон ҳаракати ишқ аст ба сӯи зебоӣ ва зебоӣ ҳамон камол аст. Дар робита ба ҳамин мавзӯъ ӯ ҳастиро ба се дараҷа ҷудо кардааст: 1. он чӣ дар ниҳояти камол аст, 2. он чӣ дар ниҳояти нуқс аст, 3. он чӣ мобайни ин дуст. Мувофиқи ин назарияи Ибни Сино ҳама ҳастӣ чӣ ҳаюлову чӣ набототу чӣ ҳайвону чӣ инсон, ҳама гурез аз нуқсон ва майли доимии табиӣ ба камол доранд.
Ибни Рушд (1126-1108) аз маъруфтарин файласуфони исломии Андалузияи Испания мебошад, ки таъсири амиқе дар афкори фалсафии Шарқу Ғарб гузоштааст. Аз асри XIII то XVI дар Аврупо таҳти таъсири бевоситаи таълимоти Ибни Рушд (Авероэс) равияи маъруфе дар фалсафа бо номи «аверроизм» ба вуҷуд омада, аксарияти мутафаккирони қабл аз Эҳё ва давраи Эҳёро (асри XIII- Сигер Брабантӣ ва Боэтсий Дакийӣ, асри XIV Жан Жанденӣ асрҳои XIV-XVI, асрҳои XIV-XVI намояндагони мактаби Падуанӣ, Донишгоҳи Болон: Помпанатсӣ, Ҷордано Бруно, Пико делла Мирандола)-ро таҳти таъсир доштааст.
Ибни Рушд баробари дифои фалсафаи машшоъ аввалин шуда кӯшиши таъйини ҳудуд ва доираи мавзӯъҳои дин ва фалсафаро кардааст, ки он бо номи «ҳақиқати дугона» маъруф аст. Мувофиқи ин назария ноҳақиқатии илоҳиётӣ-динӣ метавонад дар фалсафа ҳақиқат бошад ва баръакс ноҳақиқати фалсафӣ метавонад дар илоҳиёту дин ҳақиқат бошад. То Ибни Рушд дин ва фалсафа ду ҷабҳаи бо ҳам мухолиф буд. Файласуфон асосан ақоиди худро танҳо бо далелҳои ақливу мантиқӣ собит мекарданд, таваҷҷӯҳи камтаре ба маъхазу сарчашмаҳои динӣ доштанд ва мехостанд барои баҳс мазҳабиёнро ба марзи мантиқу ақл кашанд, ки имконнопазир буд. Ибни Рушд ин суннатро вайрон карда, худ ба марзи ҷабҳаи мухолиф (дин) даромад ва дар асоси иқтибос аз оёти Қуръон ва ҳадисҳо, бо истифода аз таъвил собит кард, ки байни дину фалсафа зиддияти оштинопазире нест.
Моҳияти таълимоти машшоиро асосан 5 асл ташкил медиҳад.

Судур – ба вуҷуд омадан. Олам аз Худо содир шудааст, вале на ба ихтиёри мухтори ӯ, балки бо амри зарурат. Зинаҳои судури олам чунинанд, ақли кулл, нафси кулл, ҳаюло, олами моддӣ. Инкишофи мантиқии ин таълимот аксарияти машшоиёни шарқиро ба пантеизми шарқӣ – натуралистӣ ва деизм овардааст. Тибқи пантеизм худо ва табиат бо ҳамдигар омехта мебошанд. Мувофиқи деизм худо оламро як маротиба офарида, дигар ба раванди олам дахолат надорад.
Сабабият – ҳамаи ҳодисоти олам сабаб дорад. Азбаски сабаб натиҷаро бо амри зарурат ба вуҷуд меорад, аз ин рӯ, худо оламро на ба ихтиёри худ, балки ба ҳукми зарурат содир кардааст. Худо фақат сабаби зарурии олам аст, на офаридгори соҳибихтиёри ӯ.
Қидам – қадим ва абадияти олам. Азбаски худо чун сабаби олам қадим аст, олам низ чун натиҷаи он қадим аст. Зеро аз рӯи принсипи фалсафии детерминизм сабабу натиҷа дар замон баробар зуҳур мешаванд.
Модда ва сурат – Ашёи олам аз пайвастагии модда ва сурат пайдо мешавад. Модда имконоти ҳастӣ, сурат воқеияти ҳастӣ аст, яъне ҳар чиз он гоҳ воқеӣ мегардад, ки сурати муайяне бигирад. Сурат нисбат ба модда фаъолтар аст. Диҳандаи тамоми суратҳо худо эътироф карда мешавад.
Нафсу тан – пайдоиши ҷисмҳои зинда ба пайдо шудани нафс сабаб мегардад. Нафс 3 хел мешавад: нафси наботӣ, яъне қобилияти қабули ғизо ва афзоиш, нафси ҳайвонӣ – яъне қобилияти ҳаракати иродӣ ва андарёфти ҳиссӣ, нафси нотиқа – қобилияти нутқу тафаккур ва андарёфти олами инсон.
Асоси назарияи маърифати машшоия усули инъикос аст, ки мувофиқи он чизҳо дар узвҳои ҳис ва дар ақли инсон акс меёбад. Машшоия ҷонибдори маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ буда, маърифати ҳадсӣ, яъне интуитивиро низ эътироф менамояд. Машшоия на фитрӣ, балки касбӣ будани ахлоқ тавассути таълиму тарбия, таъсири муҳит ташаккул ёфтани онро эътироф мекунад,
Поягузори мактаби ишроқия Шайх Шаҳобиддин Сӯҳравардӣ (мақтул 1191) маҳсуб меёбад. Тафовути аслии равиши ишроқӣ аз машшоӣ ин аст, ки дар равиши ишрокӣ, барои таҳқиқи масоили фалсафӣ танҳо истидлол ва тафаккури ақлиро кофӣ намешуморанд, балки роҳу усули завқию қалбӣ (эҳсосӣ) ва муҷоҳидоти нафс ва поксозии онро низ зарур ва лозим медонанд. Ва аммо равиши машшоӣ танҳо такя бар мантиқу истидлол дорад. Баъди Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ аз пайравони маъруфи ин мактаб Қутбиддин Шерозӣ мебошад.

3. Фалсафаи калом, тасаввуф ва исмоилия

Калом таълимоти динию фалсафӣ аст. Он асосан доир ба масъалаҳои илоҳиётӣ, яъне худошиносӣ, ҳастишиносӣ ва ғайра ба истифода аз усулҳои мантиқию фалсафӣ баҳс мекунад. Дар доираи калом баъдан масъалаҳои фалсафӣ азалӣ ё офарида будани олам, ҷавҳар ва араз, ҳаракат ва сукун, фазо ва заррот ва ғайра низ таҳлил гардидаанд. Он чи масоиле, ки бевосита ба ақоиди исломӣ вобаста буданд бо номи зоҳирулкалом ва он чӣ бо масоили фалсафӣ ва фалсафаи табиат алоқаманд буданд, дақиқулкалом номида шудаанд.
Баробари каломи ақоиди ислом, каломи фалсафӣ вуҷуд дошт, ки намояндагони маъруфтарини он: Абулҳасан Алӣ ал-Ашъарӣ, Мотурридии Самарқандӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Муҳаммад Шаҳристонӣ, Фахридин Розӣ, Изаддини Эҷӣ ва дигарон мебошанд.
Имом Ғаззолӣ Абӯҳомид Муҳаммад (1059-1111) аз барҷастатарин мутакаллимон – файласуфон мебошад, ки чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб шӯҳрат дошт. Нақши Ғаззолӣ дар таърихи дину фалсафаи ислом ниҳоят бузург аст.
Ғаззолӣ осори зиёде таълиф намудааст. Маъруфтарин китобҳои ӯ «Эҳё-ал-улум ад-дин», «Кимиёи саодат», «Ал-мунқиз миназ-зулол», «Мақосид -ул – фалосифа» ва «Таҳофут-ул-фалосифа» мебошанд.
Ғаззолӣ дар «Таҳофут-ал-фалосифа» таълимоти файласуфони гузаштаро аз назари танқид таҳлил намудааст. ӯ файласуфонро ба се гурӯҳ-даҳриён, табииён ва илоҳиён тақсим кардааст. Даҳриёнро ба аҳли зиндиқа, ки Худоро инкор мекунанд ва оламро мавҷуд ба зоти хеш медонанд, баробар кардааст. Табииёнро, ки вуҷуди офаридгорро қабул доранд, вале охиратро инкор менамоянд ба қатори аҳли зиндиқ шуморидааст. Илоҳиён аз назари ӯ, онҳоеанд, ки дар қатори вайҳо Суқрот, Арасту ва пайравонашон Форобӣ ва Ибни Сино низ ҳастанд, ки бар зидди даҳриён ва табииён раддияҳо навиштаанд. Вале Ғаззолӣ инҳоро низ дар се масъала танқид кардааст. Инҳо, яке қадимии олам, дигаре рӯҳонӣ будани мукофоти амал дар охират, на ҷисмонӣ ва сеюмин олим будани худо ба куллиёт, на ба ҷузъиёт мебошад.
Тасаввуф аз ҷараёнҳои фалсафию динии маъруф ва бузург аст. Аҳли тасаввуф камтар ба ҷиҳати зоҳирии ислом бештар ба масъалаи ботинӣ, шинохти ирфонии Худо ва зимни он масоили маърифат, ҳастишиносӣ ва равоншиносӣ таваҷҷӯҳ доштаанд. Тасаввуф дар заминаи ҳикмати ислом ва таъсири афкори фалсафию динии насронӣ, монавию маздакӣ, фалсафаи навафлотунӣ ва ғайра ташаккул ёфтааст.
Намояндагони маъруфи тасаввуф дар асрҳои VIII – X-ӯм Ҳасани Басрӣ (в.728), Ҷунайди Бағдодӣ (в.910). Боязиди Бастомӣ (в.874), Мансури Халлоҷ (857-922) баъди асри X Абӯсаиди Абулхайр, Абдураҳмони Суламӣ, Айнулқузоти Ҳамадонӣ, Фаридуддини Аттор, Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ (1155-1191). Саъдии Шерозӣ (1203-1292), Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Саноӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва бисёр дигарон мебошанд.
Асли таълимоти тасаввуфро тавҳид дар шакли ваҳдати вуҷуд ташкил мекунад. Тавҳид дар тасаввуф ин аст, ки Худо ва табиат як асли воҳид, як гавҳар дониста мешавад. Тасаввуф ҳамаи мавҷудро, ҷуз Худо, танҳо намуд мешуморад, на вуҷуди воқеӣ. Мавҷуди ҳақиқӣ фақат Худост, боқӣ ҳама таҷаллии Худо мебошанд. Мазҳари табиат мисли зуҳури ях дар рӯи об аст, чун гармӣ бар он асар намояд, он ях боз ба об бар мегардад.
Дар тасаввуф масъалаи худошиносӣ ва худшиносии инсон бо ҳам алоқаманданд. Мувофиқи ҳадиси қудсӣ парвардигор махлуқотро барои шиносонидани худ офаридааст. Тибқи ин таълимот ғояти офариниши олам инсон аст, ки ӯ қодир бо шинохти худост, аммо худошиносии инсон бе худшиносии ӯ муяссар нахоҳад шуд. Таносуби инсону худо таносуби олами Акбар ва олами Асғар аст. Олами Асғар (инсон) чун инъикоси хуршед (олами акбар) дар оинаи кӯчакест. Ин аст, ки орифон дар худшиносӣ ва худошиносӣ ба марҳилае мерасанд, ки байни худ ва Худо фарқе намебинанд. Ба қавли Ҷалолиддини Румӣ:
Онон, ки талабгори худоед, худоед,
Берун зи шумо нест шумоед, шумоед.
Тасаввуф се зинаи маърифатро: а)-илмуляқин, б)-айнуляқин ва в)-ҳаққуляқинро муайян кардааст. Ба тарзи образнок онро метавон тақрибан чунин баён кард: а)-гуфтанд, ки оташ месӯзонад ва огоҳ шудам, ки оташ месӯзонад; б)-дидам, ки оташ сӯзонд ва яқин кардам, ки оташ месӯзонидааст; в)-ниҳоят, худ дар оташ сӯхтам ва донистам, ки сӯхтан чист. Дар назарияи маърифати ирфонӣ мақоми дил ва ишқу завқи ирфонӣ дар муқоиса бо ақл ниҳоят баланд аст. Ба шинохти Худо ва расидан ба тавҳид на ақлро, балки дилро, ки макони ишқ аст, бештар қодир мешуморанд.
Тасаввуф ба чандин шоха-фирқа тақсим шудааст. Дар Осиёи Марказӣ бештар пайравони фирқа (тариқат)-ҳои кубравия, нақшбандия ва ясавия таъсири зиёд доштанд.
Исмоилия – яке аз бузургтарин фирқаи шиъа мебошад, ки дар асри VIII ба вуҷуд омадааст. Дар ташаккули фалсафаи исмоилия таъсири ғояҳои Афлотун, навафлотунӣ, Арасту ба назар мерасад. Мувофиқи таълимоти исмоилия мабдаи ягонаи ҳодисаҳои гуногуни олам Худо «ал – Ғайб-ут-Таъоло», ё «Зоти кул» мебошад. Вай ҳеҷ гуна сифат (атрибут) надорад ва барои башар номуайян ва шинохташаванда аст. Вай чунон ки динҳои яҳудия, насрония ва ислом таълим медиҳанд, холиқу офаридгори олам нест.
Худо Зоти Кулл бо иродаи азалии худ Ҷавҳар (субстансия)-и эҷодгар Ақли Куллро ҷудо мекунад. Ин аввалин судури Худост. Ақли кул дорои ҳамаи сифатест, ки мусулмонон ба Аллоҳ нисбат медиҳанд ва сифати асосии вай илм аст. Вай дорои номҳои зиёд аст. Ақли кул зинаи поёнии судур нафси куллро эҷод кард. Вай ноқис аст ва сифати асосии он ҳаёт мебошад. Нафси Кулл бо эҳсоси ноқисии худ майл ба камол дорад ва аз худ судури наве мекунад. Ва моддаи Аввал баробар Ҳаюлоро ҷудо менамояд. Аз Ҳаюло Замин, сайёраҳо, ситораҳо ва махлуқоти зинда ба вуҷуд меоянд. Пайдоиши Инсон аз майли Нафси Кулл ба камол вобаста аст.
Дар назарияи исмоилия байни Ақли Кулл ва Башар, ё байни Олами Акбар ва Олами Асғар таносуб мусовист. Яъне инъикоси Ақли Кулл дар ҷаҳони махсус Инсони Комил мебошад. Носири Хисрав навиштааст, ки, «Ҳар чӣ дар олами ҳиссӣ мавҷуд аст, он асаре аст, аз он чӣ дар олами Увло (Олами Акбар) мавҷуд аст».
Маъруфтарин намояндагони фалсафаи исмоилия: Абӯ Ҳотами Розӣ, Муҳаммад Нахшабии Насафӣ, Абуляъқуби Сиҷистонӣ, Носири Хусрав мебошанд.
Мавҷудияти равия ва мактабҳои гуногун дар фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику форс аз хусусияти демократии афкори ҷамъиятӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин вазъият ба он мусоидат мекард, ки масъала ва паҳлӯҳои мухталифи фалсафа таҳқиқ гарданд. Аз тамоилҳои тараққиёти фалсафа аз асрҳои XIII то асри XIX хислати синкретӣ пайдо кардани он аст. Мутафаккирон дар доираи як мактаби фалсафӣ маҳдуд нагашта, доир ба равияҳои гуногун асарҳо эҷод кардаанд. Чунончӣ Ҷалолиддини Давонӣ (асри XV) доир ба ҳам машшоия, ҳам тасаввуф ва ҳам ишроқ китобҳои махсус эҷод кардааст.
Дигар хусусияти афкори фалсафии даврони мавсуф ин аст, ки анъанаи яке аз мактабҳои пуриқтидор машшоия то охири асри XIX давом ёфтааст. Вале вай таъсири пешинаи худро нисбатан гум мекунад. Мақоми таълимоти калом ва тасаввуф дар афкори ҷамъиятӣ афзунтар мегардад.
Аз намояндагони барҷастаи афкори фалсафии асрҳои XIV – XIX Садриддини Шерозӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Воизи Кошифӣ, Ғиёсиддин Мансури Шерозӣ, Фахриддин Алии Сафӣ, Мирзо Бедил, Хоҷа Самандари Тирмизӣ, Садрои Шерозӣ, Юсуфи Қарабоғӣ, Мирдомоди Бухорӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон мебошанд.

4. Фалсафаи асри миёнагии Аврупо

Асрҳои миёна, ки аз садаи чаҳорум, ҳамзамон ба дини давлатӣ табдил гаштани масеҳият ибтидо ёфта, то асри XIV оғози давраи Эҳё (Ренесанс)- ро дарбар мегирад. Ин даврони инқирози афкори илмию фалсафии Аврупо ба шумор меравад. Калисои католикӣ дар ин давра таълимоти ягонаи мафкура ва ақидаи ҳоким шуда, (бо ташкили дастгоҳи тафтиши ақоид – инквизитсия) садди роҳи ҳаргуна афкори озод ва тадқиқоти илмӣ гардида буд. Дар натиҷа фалсафаи Юнону Руми бостон фаромӯш ва ягона фалсафа, фалсафаи схоластика – илоҳиёти католикӣ буд.
Аз маъруфтарин файласуфони динии ин давраи Аврупо Августини Қуддус (354-430) ва Фомаи Аквинӣ (1225-1274) мебошанд.
Аз равияҳои фалсафии маъруфи ин давра номгароён ( номинализм – кал.лот.-ном) ва воқеъгароён (реализм – кал.лот.-шайӣ) буданд. Номгароён мафҳумҳои куллиро танҳо номи ашъёҳои ҷузъӣ ва ашёҳоро аввал ва номҳоро дуюмин медонистанд. Воқеъгароён, баръакс мафҳуми куллӣ-универсалҳоро воқеӣ, новобаста аз ашё вуҷуддошта мешумориданд. Дар асл номгароён идомаи мавқеи Арасту ва воқеъгароён пайрави Афлотун буданд.
Дар тӯли ҳазор сол дини насронӣ дар Аврупо дар сари қудрат буд ва боиси таназзули илму фалсафа гардид. Вале бо пайдоиши ислом дар Шарқ зарфи қариб ҳаштсад сол аз асри ҳашти мелодӣ то садаи XVI илму фарҳанг нашъунамо ёфт ва тамаддуни ҷаҳониро бо беҳтарин афкори илмию фалсафӣ ва динию мазҳабӣ ғанӣ гардонид. Олимону файласуфони тоҷику форс ва араб, на танҳо мероси гаронбаҳои тамаддунҳои гузашта, аз он ҷумла фалсафаи оламшумули юнониро маҳфуз доштанд, инчунин онро ба пояи баланде расониданд. Бо ин барои ташаккули фарҳангу фалсафаи давраи Эҳёи Аврупо заминаи заруриву муфиде фароҳам оварданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.