Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Фалсафа аз нимаи дуюми асри XIX то ибтидои асри XXI

Асрҳои XIX, XX ва ибтидои асри XXI давраҳои хеле мураккабу пурталотум, пуртаззод буда, чӣ дар ҷабҳаи илму фарҳанг ва чӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои бузург ва куллие ба вуҷуд омаданд.Нақша

Аз ақлнобоварӣ то фалсафаи ҳаёт
Позитивизм ва фалсафаи марксистӣ
Прагматизм ва экзистенсиализм
Фалсафаи рус ва тоҷик аз нимаи дуюми асри XIX то ибтидои асри XXI

Аз ақлнобоварӣ то фалсафаи ҳаёт

Асрҳои XIX, XX ва ибтидои асри XXI давраҳои хеле мураккабу пурталотум, пуртаззод буда, чӣ дар ҷабҳаи илму фарҳанг ва чӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои бузург ва куллие ба вуҷуд омаданд. Ин ҳама таҳаввулоти назарраси таърихӣ ба тафаккури ҷамъиятии он замонҳо таъсири калон гузошта, ақидаву таълимот ва мактабу равияҳои нави фалсафӣ пайдо гаштанд.
Нимаи дуюми асри XIX оғози давраи ғайриклассикии фалсафа аст, ки аз ҷиҳати равишу мактабҳои фалсафӣ хеле гуногуну мухталиф, инъикоскунандаи комёбиҳои илм, тараққиёти моддӣ ва маънавии он давра мебошад.
Аз ҷумлаи баъзе таълимот ва намояндагонашон инҳоанд: мактаби фалсафии ирратсионализм (А.Шопенҳауэр), фалсафаи ҳаёт (С.Къеркегор, Ф.Нитше, А.Бергсон), позитивизм ва неопозитивизм (О.Конт, Б.Рассел, Л.Витенштейн), фалсафаи вуҷуд – экзистенсиализм (М.Хайдегер., К.Ясперс, Ж.П.Сартр), марксизм ва неомарксизм (К.Маркс, Ф.Энгельс, Г.В.Плеханов, В.И.Ленин, Г.Маркузе, В.Райх, Хабермас), прагматизм (Ч.Пирс, У.Ҷеймс,Ҷ.Дюӣ), инсоншиносии фалсафӣ (М.Шелер, П.Тейяр де Шарден), падидашиносӣ – феноменология (Э.Гуссерл), структурализм (К.Леви Строс), ратсионализми интиқодӣ (К.Поппер).
Онҳоро асосан ба ду равия ҷудо намудан мумкин аст, яке равияи ирратсионалистӣ – ақлнобоварӣ, дигаре ратсионалистӣ.
Фалсафаи баъдиклассикии Аврупо бо фалсафаи ақлнобовари (иратсионализм)-и Артур Шопэнҳауэр (1788-1860) оғоз ёфтааст. Ақлнобоварӣ равияи фалсафӣ аст, ки хилофи ратсионализм мебошад. Он на танҳо ақлро ҳамчун омили асосӣ ва ҳалкунанда дар маърифат инкор мекунад, балки амалу рафтори одамон, ҷараёни таърих, ташаккули ҷаҳонбиниро низ нооқилона ҳисобида, баръакс дар ин амр нақши ғариза, гумон, имону эътиқод, фаросатро асосӣ мешуморад. Шопенҳауэр ба муқобили ақлгароёни ифротӣ бархоста, иродаро ба ҷойгоҳи ақл нишонда, онро асоси ҳастӣ эълон кардааст.
Асари маъруфтарини ӯ «Ҷаҳон ҳамчун ирода ва тасаввур» мебошад. Назарияи фалсафии Шопенҳауэр асосан зидди моддагароӣ буда, ба худшиносии ботинӣ – рефлективии инсон асос меёбад. Ба ақидаи ӯ шинохти ҳастӣ ва мовароуттабииро мо бояд аз чизе шурӯъ кунем, ки онро мустақиман ва ҳузуран дарк мекунем, яъне аз нафси худамон. Агар тавонистем, табиати ниҳоии зеҳнии худро кашф кунем, шояд кашфи ҷаҳони хориҷро низ аз ин тариқ ба даст оварем. Шуур фақат дар сатҳи зоҳирии зеҳни мо қарор дорад, мо аз дарун – ботини зеҳн хабар надорем, ҳамчунон ки аз курраи замин фақат қишри зоҳири онро мебинем.
Сёрен Къеркегор (1813-1855) яке аз намояндагони фалсафаи ҳаёт мебошад. Таълимоти Сёрен яке аз кӯшишҳои коркарди фалсафаи инсонгароӣ мебошад. Вай ба инсон чун мақсуд ва маънии таҳаввули ҷаҳон муносибат намуда, файласуфони пешина, қабл аз ҳама Гегелро барои муносибати ниҳоят таҷридӣ ба инсон танқид намудааст. Файласуфон, мегуфт Сёрен, болотар аз ҳама куллиёт, рӯҳ, модда, Худо, рушд, ҳақиқатро меҷӯяд ва бо ҳамин усулҳои умумӣ мекӯшанд инсони воқеиро ба ҳастии берун аз фардияти ӯ тобеъ кунанд. Инсон бебаҳо ва олимақом аст, вале ӯ дар ин олами нопайдоканор тани танҳо ва бечора аст. Ин танҳоӣ ва бечорагии инсон дар фалсафаи ӯ бо дохил гардидани Худо ҷуброн мешавад.
Фридрих Нитше (1844-1904) яке аз дигар намояндагони маъруфи фалсафаи ҳаёт ва ирратсионализм аст. Нитше дар масъалаи маърифат пайрави Шопенҳауэр мебошад. Вай низ ирода ба қудратталабиро асоси ҳастии олам мешуморид. Маъруфтарин осори фалсафии ӯ «Чунин гуфт Зардушт», «Иродаи рӯй ба қудрат». «Фаросӯи Худо ва шайтон» мебошанд. Дар афкори Нитше таъсири фалсафаи зардуштия мушоҳида мешавад.
Ғояи ниҳоии ӯ «абармард» (супермен) мебошад, ки ниҳояти ҳадаф ва мақсадаш касби ирода ба қудрат аст. Танқиди Нитше аз фалсафа ва хосатан аз дини масеҳӣ ва ахлоқи он вобаста ба рӯҳияи таълимоти ахлоқии ӯст. Вай ахлоқи масеҳиятро ахлоқи ғуломон меҳисобад. Аммо ӯ баръакси лаззатгароён (гедонистҳо) ва эпикуриён дар ахлоқ мухолифи ҳаргуна асли ахлоқиёт аст, ки инсонро ба нармӣ ва нозпарварӣ одат мекунонад. Ахлоқи нитшеанӣ мушкилписанд аст ва мисли спартаҳои румӣ ба риёзатталабӣ устувор мебошад. Вай мақсади ҳастӣ ва фалсафаро дар зуҳури абармард мебинад. Аммо мавриди хилофи гуманизми вай он аст, ки ӯ ин даъвати худро танҳо ба гурӯҳи маҳдуди ашроф, ки лозимаи ҳукмронӣ аз болои аксарияти нолоиқро доранд, нигаронидааст.

2.Позитивизм ва фалсафаи марксизм

Позитивизм (кал. лот.- мусбат) ҷараёни фалсафиест, ки солҳои 30-юми асри XIX дар Фаронса ташаккул ёфта, берун аз он паҳн гаштааст. Дар маркази диққати позитивистон масъалаи муносибати фалсафа ва илм қарор дошт. Тибқи таълимоти онҳо дониши мусбии равшан оид ба воқеият ҳамчун натоиҷи илмҳои махсус, ё таркиби таҳлили онҳо метавон ба даст овард.
Фалсафа чун илми алоҳида муддаъӣ ба таҳқиқи соҳаи махсуси воқеият, ҳаққу ҳуқуқи мавҷудият надорад. Бино ба ақидаи позитивистон вазифаи илм он нест, ки моҳият ва сабаби ашё – чизҳо ва ҳаводиси воқеиро ошкор намояд, балки вазифаи асосии вай ин ки робитаи ҳодисаҳои гуногунро дар заминаи мафҳумҳои умумӣ дарёбад. Илм бояд, на ба саволи «барои чӣ?», балки ба саволи «чӣ тавр?» ҷавоб диҳад.
Асосгузори позитивизм файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ Огюст Конт (1798-1857) буд. О.Конт дар асари худ «Давраи фалсафаи мусбат» менависад, ки инсоният дар сайри таърихии маънавии худ се давраро аз сар гузаронидааст: якум давраи тафаккури динӣ, дуюм метафизикӣ ва сеюм тафаккури илмӣ. Хусусияти давраи аввал иборат аз инъикоси ҳодисаҳои табиат ва вобаста кардани онҳо ба иродаи фақуттабиӣ мебошад. Хусусияти давраи дуюм ҷустуҷӯи моҳияти мутлақи ашё ва ҷавҳари ҳастӣ мебошад. Дар давраи сеюм инсоният табиат ва ҳодисаҳои онро бо худи табиат ва падидаҳои дигари он шарҳу эзоҳ мекунад.
Марксизм яке аз мактабҳоест, ки аз дохили фалсафаи классикии олмон баромадааст. Асосгузорони он Карл Маркс (1818-1883) ва Фридрих Энгелс (1820-1895) буданд.
Сарчашмаҳои асосии назарияи марксизм пеш аз ҳама материализми Фейербах, диалектикаи Ҳегел, таълимоти сотсиалистони хаёлии франсавӣ: Сен-Симон, Фуре, Оуэн ва иқтисоди сиёсии англис Адам Смит ва Давид Риккардо мебошанд. Муҳимтарин осори фалсафии Маркс ва Энгелс «Мафкураи олмонӣ», «Қашшоқии фалсафа», «Дастнависи иқтисодӣ – фалсафӣ», «Оид ба танқиди фалсафаи ҳуқуқи ҳегелӣ», «Капитал» (Сармоя), «Людвиг Фейербах ва хотимаи фалсафаи классикии олмонӣ», «Диалектикаи табиат», «Анти-Дюринг», «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» мебошанд.
Маркс дар «Тезисҳо оид ба Фейербах» мавқеи худро нисбат ба материализми гузашта муайян намуда, фарқи материализми диалектикию таърихиро аз метариализми томарксистӣ нишон додааст. Маркс вазифаи асосии фалсафаи худро дар дигаргунсозии олам мебинад ва ӯ мегӯяд: «Файласуфон (собиқ) танҳо дар шаклҳои гуногун оламро эзоҳ медоданд (маънидод мекарданд), аммо ҳақиқати амр дар он аст, ки вайро дигаргун бояд кард».
Ҷавҳари таълимоти фалсафии марксизмро омӯзиши қонунияти диалектикии такомули таърих, боварии хушбинона ба детерминизми ҷабрии таърих, яъне қонунияти тағйирнопазир ва ҳатмии рушди таърих ба самти муайян ташкил мекунад, ки он вобаста аз сатҳи ҳастии моддии ҷомеа: қувваҳо, воситаҳо ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад. Асоси амалии марксизм бошад, таълимоти сиёсию иҷтимоии ӯст, ки ба пояи назарияи инқилоби иҷтимоӣ – синфӣ устувор аст.

3.Прагматизм ва экзистенсиализм

Прагматизм (кал.юнонӣ прагма – кор, амал) ё фалсафаи амал дар Амрико ба вуҷуд омада, асосгузорони он Вилям Ҷеймс ва Ҷон Дюӣ(1842-1910) мебошанд. Тибқи ин таълимот асоси ҳақиқат на мувофиқати он бо воқеияти объективӣ, балки муфид ва фоидаовар будани он аст. Ин фалсафаи манфиатҷӯӣ дар воқеъ инъикоси рӯҳияи мардуми сармоядори Амрико мебошад. Дар ин таълимот муфид будан албатта маънии васеъ дорад, яъне ҳар чӣ дар зиндагии мо ба маънои васеи он муфид бошад, ҳақиқат аст.
Дар ҷаҳоншиносӣ прагматистҳо ба назарияи такомули доимии олам такя доранд.
Экзистенсиализм (кал.лот. – экзистен – вуҷуд) ба маънии фалсафаи вуҷудӣ аст. Асоси ин мактабро муқаддамияти вуҷуд бар моҳият, озодӣ ва фардият ташкил мекунад.
Ин таълимот аз навъи фалсафаи инсонгароӣ мебошад. Дар он ҳастишиносӣ аз инсоншиносӣ оғоз меёбад. Масъалаҳое, ки дар бораи муқаддамии вуҷуд бар моҳият гуфта мешавад, вобаста ба инсон аст. Фаъолиятҳои инсон, фикр кардани вай ҳама бунёд бар як асл доранд, ки он мавҷудияти мавҷуде ҳаст, ки аз вуҷуди худ огоҳ аст. Бинобар ин одамӣ муқаддам, ибтидо аст ва он гоҳ моҳияташро худаш эҷод мекунад. Сохта шудани одамӣ дар зимни мубориза ва таҳаммули сахтӣ ва машаққат ба дасти худ сурат мегирад. Инсон бар хилофи махлуқоти дигар ҳамеша дар ҳоли шудан аст. «Ман» ибтидои мавҷуд аст ва то «Ман» набошад, фикр кардан воқеӣ намегардад. Бинобар ин вуҷуд, яъне (Ман) муқаддам бар ҳар гуна фаъолияте аст ва ин моҳияти инсон аст, ки бар вуҷуд асос менамояд.
Таълимоти экзистенсиалӣ инсонро озод мепиндорад. Фард дар миёни чизҳои дигар шахсияти худро аз даст намедиҳад ва низ фард аз ҳастии хештан огоҳ аст. Вай нисбат ба таъйини моҳияти худ тасмим мегирад. Ба туфайли ин одамӣ аз озодии мутлақ бархурдор аст ва баробар бо ин озодӣ масъулият низ вуҷуд дорад.
Одамияти инсон он гоҳ маҳфуз мемонад, ки фардияти худро аз даст надиҳад. Инсон мавҷуди ҳастӣ ва ҷузъе аз ҳастии ин ҷаҳон аст. Вай истиқлол ва фардияти худро дар ҷомеа аз даст намедиҳад.

4.Фалсафаи рус ва тоҷик аз нимаи дуюми асри XIX то ибтидои асри XXI

Давраи пайдоиши фалсафа ба маънои имрӯзаи он дар Руссия ба ибтидои асри XIX тааллуқ дорад. Дар ин давра дар Москва маҳфилҳои фалсафӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар он мутафаккироне чун Н.Ф.Одевский, П.Я. Чаадаев иштирок доштанд. Ҳамчунин дар ин давра як мубоҳисаи ғарбгароён ва славяндӯстҳо (славянофилҳо – А.С.Хомяков, И.В.Киреевский, К.С. ва И.С.Аксаковҳо) авҷ мегирад. Як гурӯҳ мутафаккирони рус Н.В.Станкевич, М.А.Бакунин, В.Г.Белинский ба омӯзиш ва татбиқи фалсафаи гегелӣ ба шароити Руссия камар баста буданд.
Дар ин давра А.И.Герцен ва дар зери таъсири позитивизм ва марксизм як гурӯҳи демократҳои сиёсӣ-инқилобӣ чун Н.Г.Чернишевский, П.Л.Лавров, Н.К.Михайловский ба майдон омаданд.
Ибтидои асри XX бо зуҳури фалсафаи муназзам, системанок фарқ мекунад. Русҳо бар риояи фалсафаи классикӣ наздик шуда, муҳимтарин мавзӯъҳои метафизикӣ: маърифатшиносӣ, инсоншиносӣ ва зебоиписандиро мавриди тадқиқ қарор доданд. Дар ин самт саҳми Вл.Соловев ва М.Ф.Федоров бузург аст. Дар ин аср ҳамчунин фалсафаи динӣ, экзистенсиалистӣ, навкантчигӣ ва ғайра равнақ доштанд.
Хизмати В.И.Вернадский ва И.И.Мечников дар коркарди баъзе масъалаҳои позитивизм ва алалхусус, мақулаҳои биосфера ва ноосфера хеле калон аст. Дар ҳамаи давраи асри XX яке аз равишҳои асосии фалсафаи Руссия пайравӣ аз марксизм (Г.В.Плеханов, А.А.Богданов, В.И.Ленин ва дигарон) буд. Баъд аз инқилоб дар Руссия марксизм фалсафаи яккаҳоким гашта, он асосан ба тафсиру шарҳи марксизм шуғл меварзид. Бо вуҷуди ин дар он давра бисёр масъалаҳои наву тозаи назариявӣ гузошта шуданд ва фалсафа мақоми хеле баландеро дар доираи илмҳо ишғол карда буд.
Охирин намояндаи фалсафаи классики тоҷик дар охири асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш буд. Аз маъруфтарин осори ӯ «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Нақз-ул-адён» мебошад. Дониш аввалин мутафаккири маорифпарвар ва ислоҳотчӣ (реформатор)-и шуури миллию мазҳабии мардуми Осиёи Марказӣ, хосатан аморати Бухоро буд. Доираи масъалаҳои фалсафии Аҳмади Донишро пеш аз ҳама мавзӯи доғи он рӯз – ҷустуҷӯи роҳҳои берун кашидани мардум аз ақибмондагӣ ва ҷаҳолат, ташкил медиҳад.
Давраи баъдии рушди фалсафа дар Тоҷикистон ба замони шӯравӣ рост меояд. Ташаккули фалсафаи муосир дар Тоҷикистон аз солҳои 40-50 оғоз гардида буд. Аввалин симои намоёни фалсафаи тоҷик Баҳоваддинов А.М. (1911-1970) мебошад. Аз осори бунёдии фалсафии ӯ «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» аст, ки дар он пайдоиш, таҳаввул ва такомул, бархурдҳои мафкуравии равишҳо ва мактабҳои гуногун ва намояндагони бузурги он тадқиқ шудааст. Муҳимтарин соҳаҳои илмҳои фалсафӣ, ки дар солҳои 60-80-ӯми асри XX мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд, таърихи фалсафа ва мантиқ маҳсуб меёфт.
Нимаи дуюми асри XX як қатор тадқиқотҳои ҷолибе доир ба масъалаҳои фалсафаи табиатшиносии муосир аз ҷониби донишмандон С.Умаров, М.Осимӣ, А.Турсунов, С.Б.Морочник анҷом дода шуданд.
Дар ин солҳо ҳамчунин амиқтар омӯхтани таърихи фалсафаи тоҷик, равия ва мактабҳои он, аз ҷумла, тасаввуф, машшоия, исмоилия калом, ишроқия ҳамчунин проблемаҳои гуногун ва мубрами фалсафа онтология, гносеология, инсоншиносӣ, ахлоқ, эстетика, исломшиносӣ, диншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ сурат гирифт.
Файласуфони намоёни нимаи дуюми асри XX ва оғози асри XXI -ӯми тоҷик А.М.Баҳоваддинов М.Осимӣ, А.Турсунов, М.Диноршоев, Х.Додхудоев мебошанд. Хусусан, асарҳои Акбар Турсунов доир ба фалсафаи фарҳанги аҷам ва фалсафаи кайҳон беназир аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.