Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Шуур, пайдоиш ва мохияти он

Масъалаи шуур яке аз муаммоҳои хеле мураккаб ва баҳсталаби фалсафа мебошад. Тӯли ҳазорсолаҳо баҳсу мунозира атрофи ин масъала хомӯш намешавад.Мафҳумҳои асосӣ: шуур, инъикос, дараҷаҳои инъикос, ҳиссиёт, инъикоси психикӣ, мағзи сари инсон, системаи марказии асаб, архитектоникаи ҳуҷайраҳои мағзи сар, идрок, рефлекси шартӣ ва ғайришартӣ, системаи сигнали якӯм ва дуюм, модда, идеализм, ғояпарастӣ, моддагароӣ, дуализм (санавият), тафаккур, забон, меҳнат.

Нақша

Мафҳуми шуур ва моҳияти он.
Майна ва шуур. Моҳияти иҷтимоию таърихии шуур
Инъикос – хосияти кулли модда. Навъҳо ва дараҷаҳои инъикос
Нақши меҳнат ва забон дар ташаккул ва инкишофи шуур

1.Мафҳуми шуур ва моҳияти он. Масъалаи шуур дар
таърихи фалсафа

Масъалаи шуур яке аз муаммоҳои хеле мураккаб ва баҳсталаби фалсафа мебошад. Тӯли ҳазорсолаҳо баҳсу мунозира атрофи ин масъала хомӯш намешавад. Баръакс, имрӯз ки тафаккури инсон ба қишрҳои ҳоло номаълуми ҳастии олам роҳ ёфта, қудрати он аз дирӯза дида боз ҳам боло рафтааст, баҳсу мунозираҳо дар атрофи он шадидтар мегардад. Рушди илм, хоса илми табиатшиносӣ, сабаб гаштааст, ки атрофи масъалаи шуур фикру андешаҳои гуногун ва ҳатто истиснокунандаю муқобили якдигар изҳор гарданд. Бинобарон, ин андешарониҳо атрофи проблемаи шуур то ҳол дар доираи равияҳои анъанавии ҷаҳонбинӣ сурат мегиранд.
Фалсафаи динӣ иборат будани ҳастии инсонро аз ду ҷавҳар: ҷон (рӯҳ) ва тан (модда) эътироф менамояд. Тибқи ин ақида ҷон-нерӯи эҳсосманд ва муҳаррикест, ки дар ҳар ҷондоре ҳаст ва хоси ҳамаи мавҷудоти зинда мебошад, вале фарқи инсон аз дигар намудҳои биологӣ бархурдорӣ аз рӯҳ низ буда, он аз ҷониби қувваи махсуси мовароуттабиӣ, яъне Худо эҳдо шудааст.
Файласуфони зеҳнгаро (ғояпараст) асли рӯҳонии инсонро сарчашмаи шуур ва ақли ӯ медонанд. Онҳо алоқамандии шуурро аз воқеияти айнӣ барканда, онро аввал ҳисобида, кулли ашёву падидаҳоро маҳсули вай меҳисобанд.
Фалсафаи моддагароён бошад, шуурро маҳсули моддаи олитараққӣ – майна, ё мағзи сари инсон мешуморанд.
Бояд эътироф кард, ки шуур (рӯҳ) аз нуқтаи назари фалсафӣ яке аз мушкилтарин мавзӯъҳо буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Дар таърихи фалсафа мо аввалин тасаввуротро дар бораи шуур дар таълимоти мутафаккирони Шарқ: Ҳинду Чин, Миср ва Эрон вомехӯрем. Файласуфи бузурги фаронсавӣ Вольтер дини ҳиндуияро сарчашмаи таълимоти фалсафии шуур ҳисобидааст ва анъанаи намирандагии рӯҳ ва интиқоли он аз як тан ба тани дигар пас аз марг, аввал дар фалсафаи Пифагор, баъдан дар фалсафаи Афлотуну Гегел инъикоси худро ёфтаанд. Тахмин меравад, ки дар фалсафаи Аврупо мафҳуми шуурро аввалин бор Рене Декарт ворид намудааст. Шуур фақат дар фалсафаи классикии Олмон ва марксистӣ ба сифати мақула шинохта шудааст.
Дар таълимоти марксистӣ масъалаи асосии фалсафа муносибати шуур ба модда эътироф гаштааст. Вобаста ба ин дар фалсафаи асри ХХ ва ибтидои асри XXI проблемаи шуур яке аз масъалаҳои марказии фалсафа ба ҳисоб меравад. Дар кулли адабиёти дастраси ин давра эътироф гаштааст, ки ҳастӣ шуурро муайян менамояд, шуур образи субъективии олами объективӣ, яъне инъикоси ҳастӣ мебошад.
Шуур шакли олии инъикос, инъикоси мақсадноку маънавии воқеият мебошад. Агар ба ҳамин фикр такя намоем, пас метавонем ба шуур чунин таъриф диҳем: шуур шакли олии таҷрибаи ботинӣ, инъикоси ҳадафноку маънавии воқеият ва идроки моҳияти ҷавҳарию зотии инсон аст.
Се унсури асосӣ: нутқ, ақл, фаъолияти эҷодӣ инсонро аз дигар намудҳои биологӣ дар тафовут мегузорад.
Агар назарияҳои маъруфи мавҷударо оид ба шуур хулоса кунем, натиҷаҳои зеринро бардоштан мумкин:
– аз лиҳози ҳастишиносӣ шуур маҳсули моддаи олитараққӣ – мағзи сари инсон ва фаъолияти асабии он мебошад;
– аз лиҳози маърифатшиносӣ мӯҳтавои шуурро инъикоси олами воқеии айнӣ ташкил мекунад;
– аз лиҳози сарчашмаи пайдоиш он натиҷаи такомули шаклҳои биологӣ ва иҷтимоии модда аст;
– аз лиҳози вазифаю таъинот шуур – омили ҳидояти рафтору фаъолиятҳои амалии инсон ва заминаву шароити лозима барои ташаккули шаклҳои тафаккури мантиқӣ мебошад.
Баробари ин, бояд зикр намуд, ки дар китобҳои дарсии солҳои охир ақидае ҷой дорад, ки аз лиҳози ҳастишиносӣ шуур билқувва ҳамеша хоси ҳаюло (нахустмодда) ва иллати ғайриҳастӣ мебошад. Танҳо дар марҳилаи зуҳури инсон ва ташаккулу такомули моддаи олитараққӣ, яъне мағз (ё майна)-и сари инсон аз қувва ба феъл меояд. Дар ин ҷо кулли файласуфҳо бар он ақидаанд, ки то пайдоиши инсон ва ташаккули майнаи сар (мағзи сар)-и инсон ҳастӣ фақат имконияти пайдоиши шуурро дар худ дошт ва бо пайдоиши инсон ин имконият ба воқеият табдил ёфт.

2. Майна ва шуур. Моҳияти иҷтимоию таърихии шуур

Дар бораи маҳсул ва хосияти моддаи олиташкил – мағзи сари инсон будани шуур дар доираи саволи аввал ишора рафт. Дарвоқеъ ҳам суоли чӣ тавр аз моддаи ғайризинда моддаи зинда ва шуур ҳамчун маҳсули ин моддаи олиташкил пайдо шудааст, суолест хеле мураккаб ва шавқангез.
Шакке нест, ки бе фаъолияти асаб ҳеҷ гуна шуур, ягон шакли тафаккур вуҷуд надорад, вале аз ин ҳаргиз хулоса намебарояд, ки омӯхтани кори системаи асаб ва ба ҳамдигар таъсир расонидани нейронҳои мағзи сар барои шарҳ додани моҳияти шуур басанда бошад. Аслан шуур ва он ҷараёнҳои физиологие, ки дар майнаи сар ба амал меоянд, як нест. Касе бо мушоҳидаҳои бевосита ё бавосита дар косахонаи сари инсон шуурро дарёфт карда наметавонад.
Майна узви моддии шуур, дастгоҳи анатомию физиологии тафаккур – фаъолияти маънавӣ мебошад. Натиҷаи ин фаъолияти махсус маънавиёт (идеалиёт) аст, ки аз тағйироти моддии дар дохили майна ҳосилшаванда моҳиятан фарқ мекунад. Фаъолияти майнаи сар ҷараёни биологию физиологӣ мебошад, падидаи шуур натиҷаи таъсири олами беруна ба системаи асаби инсон буда, ҳамеша ба чизе ё ҳодисае нисбат дошта, онро инъикос менамояд.
Дар таърихи фалсафа равандҳои фалсафие низ буданд, ки ҷараёни ҳосил гаштани шуурро ба алоқамандии ҷигару заҳра ё гурдаю пешоб шабоҳат медоданд. Ба ин мисол шуда метавонад, ақидаҳои намояндагони моддигароёни дағал (вулгарӣ): К.Фохт, Я.Молешот, Л.Бюхнер, П.Кабанис ва дигарон. Баъзан нодуруст таъкид мегардад, ки гӯё онҳо шуурро моддӣ меҳисобида бошанд, ки ин фикр дуруст нест. Сухан дар бораи он, ки онҳо таъкид менамоянд, ки гӯё дар байни майна ва тафаккур, мисли ҷигару заҳра робитаи узвӣ вуҷуд дошта бошад, яъне шуур гуё дар сиришти майна ҷой дошта бошад. Лекин тавре ишора шуд, шуури инсон, психикаи ӯро чӣ дар функсияи генҳо, чӣ дар функсияи нейронҳо ёфтан муҳол аст. Ҷараёнҳое, ки дар майнаи сар сурат мегирад, зотан равишҳои физиологӣ, моддианд, аммо шуур падидаи соф маънавӣ, руҳӣ мебошад.
Майнаи сари кӯдаки навзод ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз ҷиҳати функсияаш барои дарҳол чун майнаи одам кор кардан омода нест. Дар ин марҳила он ҳоло ҳамчун узви шуур ихтисос пайдо накардааст. Ҳатто аз шаш панҷ қисми майна ҳаҷман пас аз таваллуд рушду такомул меёбад. Вақти таваллуди одам рушду нумӯъи майнаи сари вай ҳам аз ҷиҳати релефи чину шиканҷ, ҳам аз рӯи архитектоникаи ҳуҷайраҳои мағзи сар қариб расида бошад ҳам, дар ҷараёни тамоми зиндагии минбаъдаи раванди инкишофи нейронҳо, идома меёбад.
Тағйироте, ки дар сохту ҳаҷми майна пас аз таваллуд рӯй медиҳад, ба тариқи зайл аст: агар мағзи сари тифли навзод 340 грамм бошад, пас аз шаш моҳ он ба 750, пас аз 2 сол ба 1150, баъд аз нӯҳ сол ба 1300, пас аз гузаштани 20 сол ба 1400 грамм мерасидааст. Далелҳои илми равоншиносӣ ва физиология собит месозанд, ки ин тағйиротҳо на фақат ба дигаргуниҳои биологие, ки дар узвҳои инсон ба амал меоянд, балки ба таъсири омилҳои иҷтимоӣ низ вобастаанд.
Аз анҷоми антропогенез то имрӯз майнаи инсони болиғ аз ҷиҳати сохт асосан тағйир наёфтааст, чунки одам аз итоати қонунҳои эволютсионӣ баромада, ба роҳи инкишофи таърихӣ дохил шудааст. Вале ин чунин маъно надорад, ки майнаи одами имрӯза аз майнаи одами, даҳҳо ҳазор сол аз ин пеш мезиста, сифатан фарқ намекарда бошад. Чунин тафовути сифатӣ бешубҳа ҳаст, лекин он на дар сохти майна, на дар тағйироти аломатҳои нейродинамикии он, балки дар қоидаву тартиби кори вай мебошад.
Ҳатто бо назардошти тағйироти қоидаҳои кори майнаи сар ҳам он қобилияти мустақилона ба вуҷуд овардани шуурро надорад, зеро барои пайдоиши он ба доираи низоми муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ дохил шудани инсон одам, бо одамони дигар робита пайдо кардани вай, хулоса дар муҳими иҷтимоӣ зистани ӯ лозим аст. Одам аз ҷамъияти инсонӣ ҷудо зиста нишонаҳои навъии (биологӣ) худро нигоҳ хоҳад дошт, лекин аломатҳои иҷтимоӣ, нишонаҳоеро, ки ӯро одами оқил гардонидаанд, абадан гум хоҳад кард. Дар таърихи халқҳо мисолҳои зиёде ҷой доранд, ки шуури инсон маҳз зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ-таърихӣ ташаккул меёбад. Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки масъалаи омилҳои барангезандагони шуур яке аз масъалаҳои баҳсталаб буда, байни олимону файласуфон қазоват карда мешавад. Ба комёбиҳои илми муосир такя намуда, таъкид намудан ҷоиз аст, ки инсон маҷмӯи робитаи тарафайни омилҳои биологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Пас, ҷараёни маърифати таъриху моҳияти шуури ӯ низ ба ҳамин омилҳо вобастагии ногусастанӣ дорад.

3. Инъикос хосияти кулли модда. Навъҳо ва дараҷаҳои инъикос

Инъикос–дар ҳамаи дараҷаҳои модда натиҷаи баҳамтаъсиррасонии низомҳои гуногуни олами воқеист. Инъикос хосияти кулли модда аст. Маҳз дар заминаи ҳамин хосияти модда минбаъд тадриҷан шаклҳои инъикоси мураккабтар: мутаасиршавӣ, ҳассосият, эҳсос, психика, ки дар табиати зинда мушоҳида мешаванд, пайдо шудаанд. Дар байни хосияти ба эҳсос монанд – хосияти инъикос, ки ба тамоми модда, аз ҷумла ба моддаи ғайриорганикӣ хос аст ва эҳсос, ки шакли оддитарини инъикоси психикӣ мебошад, роҳи дуру дарози инкишофро тай намудааст.
Инъикос ҳамчун мақулаи фалсафӣ хосияти кулли модда буда, дар дараҷаҳои гуногун зуҳур менамояд.
Дар илми муосир дараҷаҳои зерини инъикос баррасӣ гаштаанд: инъикос дар табиати ғайризинда, инъикос дар табиати зинда, инъикос дар олами инсон.
Дар табиати ғайризинда – таъсири объекти таъсиркунанда барои самт гирифтани мавқеи объекти таъсиргиранда ягон нақше намебозад. Шарти зарурии инъикос дар ин маврид мавҷудияти робитаи моддӣ дар байни инъикоскунандаю инъикосёбанда мебошад.
Дар табиати зинда, низомҳои биологӣ таъсири берунаро, ки барои онҳо муфид аст, мепазиранд, ё аз чизи зараровар мегурезанд. Ин гуна инъикосро ахборӣ меноманд.
Олимони рус И.П.Павлов, И.М.Сеченов дар асоси таҷрибаҳо оид ба фаъолияти психикаи инсон рефлексҳои шартию ғайришартиро кор карда баромадаанд. Дар асоси рефлексҳои шартӣ дар майнаи сар образҳои психикӣ – эҳсос, идрок, тасаввурот пайдо мешаванд. И.П. Павлов маҷмӯи рефлексҳои шартии дар майна пайдошударо системаи сигнали якум номидааст.
Инъикоси психикӣ тадриҷан тағйир ёфтаю мураккаб гардида, дар дараҷаи инсон ба шакли сифатан нав – шакли шуур табдил меёбад.
Дар инъикоси олами инсон роли ҳалкунандаро системаи дуюми сигналӣ мебозад, ки усули ба ин системаи сигналӣ хосбудаи инъикос аз инъикоскунии ҳатто олитари ҳайвонот ҳам фарқи куллӣ дорад. Механизми физиологиро, ки одам ба воситаи он бо калима, нутқ ҷавоб мегардонад, системаи дуюми сигналӣ меноманд. Инсон на фақат ба муҳит мувофиқат мекунад, балки ба вай таъсир мерасонад, дар асоси донишҳои ҳосилкардааш онро дигаргун месозад.

4. Нақши меҳнат ва забон дар ташаккул ва инкишофи шуур

Шуур дар раванди антропогенез аз заминаҳои биологӣ бо таъсири муносибатҳои ташаккулёфтаистодаи иҷтимоӣ ва дараҷаи нави фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд омадааст. Дар марҳилаи аввали антропогенез қонунҳои биологӣ таъсири бештар доштанд, дар зинаҳои болотар бошад, амали онҳо маҳдуд мегардад. Мутақобилшавӣ акнун на бо таъсири омилҳои таҳаввулӣ, балки ба воситаи меҳнат – фаъолияти офарандагӣ ва дигаргунсозандаи одам сурат мегирад. Акнун инсон аз табиат на фақат чизҳо, ашёҳои тайёрро истифода мебурд, барои қонеъгардонии талаботҳои хеш инчунин истеҳсол мекард ва ин фаъолияти ӯ хусусияти иҷтимоӣ дошт. Инсони ташаккулёбанда оламро на аз ҷиҳати талаботи биологии худ, балки аз мавқеи талаботи махсуси ҷамъиятӣ дарк мекардагӣ мешавад. Сохтани олотҳои соддатарини меҳнат ва минбаъд такомул додани онҳо омили хеле пурқуввати таккондиҳандаи ташаккул ва рушди шуур гаштааст.
Ҷонибдорони назарияи меҳнат дар пайдоиши инсон, маҳз меҳнатро яке аз омилҳои муҳими пайдоиш ва такомули шуур медонанд. Маҳз дар ҷараёни меҳнат инсон таҷриба ҳаётӣ ва амалӣ андӯхта, онро ба насли оянда ирсол медорад. Агар яке аз роҳҳои имконпазири ба наслҳои оянда додани таҷриба мерос мондани олот ва омӯзонидани тарзи истифодаи онҳо бошад, воситаи дигари он ташаккул ва инкишофи нутқу забон аст. Ташаккулу такомул қобилияти нутқ ва дар забон сабт гардидани таҷриба баробари пайдоиши шуур сурат гирифтааст. Пайдоиши шуур ва нутқу забон раванди ягонаест, ки дар навбати худ бо фаъолияти меҳнатӣ робитаи бевосита дорад.
Нутқ ифодаи моддии фикр аст, маҳз ба туфайли забон ва нутқ раванди тафаккур имконпазир мегардад. Ҳар қадар нутқ, забон тараққӣ намояд, ҳамон андоза тафаккур, андеша мукаммал мегардад.
Забон ва нутқ як нестанд. Нутқ забони дар вазъияти мушаххаси гуфтугӯи амалкунанда, фаъолияти муошират ва натиҷаи сабт гардидан аст. Лекин забон ягонагии таркиби луғавию сохти грамматикӣ ба тарзи муайян ташаккулёфта мебошад, ки дар қоидаю қонуниятҳои махсуси сохтани ҷумлаҳо ва таносуби калимаҳо дар он, ифода меёбад.
Ҳамин тариқ, меҳнат, нутқ ва забон омилҳои муҳими пайдоиш ва тараққиёти шуур ва тафаккур мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.