Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Панду андарзҳо

Панду андарзҳо

100 панди ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷмандашон

Панду андарзҳо
Дар сад панде, ки ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷмандашон намудаанд, чунин омадааст: 1. Эй ҷони падар, Худои азза ва ҷалларо бишинос; 2. Ҳарчӣ аз панду насиҳат гӯӣ аввал худ ба он амал кун; 3. Сухан ба андозаи хеш гӯй; 4. Қадри мардумро бидон; 5. Ҳаққи ҳама касро бишинос; 6. Рози худро нигоҳ дор; 7. Ёрро ба вақти сухан биозмой; 8. Дӯстро бо суду зиён имтиҳон кун; 9. Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез; 10. Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намоӣ; 11. Дар корҳо таъҷил макун; 12. Тадбир бо мардуми муслиҳу доно кун; 13. Дӯсти зираку доно гузин; 14. Сухан ба ҳуҷҷат гӯй; 15. Ҷавониро ғанимат дон; 16. Ба ҳангоми ҷавонӣ кори ду ҷаҳонӣ рост кун; 17. Ёрону дӯстонро азиз дор; 18. Бо дӯсту душман абрӯ кушода дор; 19. Падару модарро ғанимат дон; 20. Устозро беҳтарин падар шумор; 21. Харҷ