Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


Рӯзи иди Рамазон муборак!

   Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
   З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
   Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.
   Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
   Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Моҳи шарифи Рамазон яке аз ҳама моҳҳои муқаддастарин барои мусалмонони дунё буда, дар ин моҳ пораҳои аввалини китоби муқаддаси «Қуръон» нозил шудааст.

Иди саиди Фитр – идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид се рӯз идома меёбад ва ҳамчун яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ оид ба муносибати иди Фитр қайд карда буданд: 

Моҳи шарифи Рамазон –  айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.

Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ – аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

Тамоми истифодабарандагони сомона ва ҳамватанонамонро бо Иди саиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятҳои некро аз даргоҳи Худованди мутаол таманно дорам ва боз хушбахтӣ, тансиҳатӣ, файзу баракат ва рӯзгори босаодату ризқу рузии фаровон хоҳонам. 

Бори дигар рӯзи иди Рамазон муборак бошад, истифодабарандагони сомона ва ҳамватанони азиз!


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.