Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Тақвими моҳи шарифи Рамазони соли 2019

Моҳи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.
Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи ин­соният кушо­да гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он су­рат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маъ­нои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шу­дааст.
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд).
Паёмбар (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст ва мефармояд:
«Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам …».Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.
Имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳудуди Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми май рост меояд.
Эй мӯъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни Шумо фарз шуда буд, бошад, ки Шумо парҳезгор шавед. (Сураи “Бақара”-183)
Ҳар кӣ дар Рамазон аз рӯи имону ихлос рӯза бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешавад. (Ҳадиси мутффақ)

Нияти рӯза:

Ба тоҷикӣ: Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.
Ба арабӣ: Ва лисавми ғадин мин шаҳри рамазоналлазӣ фаризатан навайту.

Дуъои ифтор:

Ба тоҷикӣ: Парвардигоро! Барои ризои Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба ту таваккал дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.
Ба арабӣ: Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқиқа афтарту, бираҳматика ё арҳамар роҳимин.

Тақвим мувофиқ ба шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Эзоҳ:

  • шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти Душанбе аст:

  • шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти Душанбе аст:

Тақвим аз тарафи Раёсати Шӯрои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27.04.2019 №04 тасдиқ гардидааст.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард:

  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 000 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 500 сомонӣ закот пардохт мешавад;
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ;
  3. Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (Шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд. Барои як рӯз 10 сомонӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.