Пятница, Июль 19Вместе создадим светлое будущее!


Санаи 16 – уми ноябри соли 2018 – барои кулли мардуми Тоҷикистон рӯзи таърихист!

Президенти мо – ифтихори мост!

Дар доираи амали сохтани Стратегияи миллии рушди Тоҷикистони азизамон барои давраи то соли 2030, Ҳукумати мамлакат даҳсолаи наздик ният дорад, ки иқтидорҳои саноатиро инкишоф дода, кишварро ба давлати индустриалӣ – аграрии рушдёфта табдил диҳад ва барои ин доштани сарчашмаҳои иловагии энергия зарур аст.

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон

Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 16 – уми ноябр, ки ҳамасола ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ватани азизу маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рузи таърихӣ кишвари биҳиштосои мо бо ташаббусҳои наҷиб ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби боз як иншооти бузурги аср – Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” гардид ва агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он Тоҷикистони азизамонро боз ҳам равшантару дурахшонтар мегардонад.

Ободии Ватан қарзи шаҳрвандии мост. Тоҷикистон бо ғурури Рустамонаи фарзандонаш Кохи нури Роғунро бунёд карда, тоҷи заррини рўшноиро истиқбол хоҳад намуд, дилу дидаи Ватанро нури Роғун боз ҳам равшантар мекунад. Оре:
Кохи нури Тоҷикистон Роғун аст,
Манбаи ганҷи фаровон Роғун аст.

Мо умед бар он дорем, ки ин иншооти бузурги аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад. Минбаъд кишвари мо метавонад дар Осиёи Миёна ба мулки доро табдил ёбад.

Бо як ҷаҳон эҳтиром, ҳамаи истифодабарандагони сомона ва тамоми мардуми тоҷикро бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чунин рӯзи таърихӣ самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат, зиндагии осудаву сарсабзӣ ва ба кишвари азизамон фазои орому осоиштаро таманно дорам!

Бо эҳтироми бепоён, Администратори сомона – САРФАРОЗ А.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.