Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


25-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон муборак

Истиқлолият – неъмати бузургест ва соҳиби макону манзалат ва дар қатори халқҳои ҷаҳон ҳаққи баробарӣ доштани миллатро дар кишвари обод ва озод нишон медиҳад. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ин аст, ки соҳиб, нигоҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошем.
Хештаншиносӣ аз худшиносӣ аз омилҳои асосии пешрафту таҳкими Истиқлолият маҳсуб меёбанд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ эҳсоси ифтихор аз Ватанро дар дили ҳар як пиру ҷавон парвариш месозад.

Дар дили мо сулҳу истиқбол ёрон ҷо бувад,
Ваҳдати мо шоҳроҳи зиндагии мо бувад.
Ҳамчу хуршеди саҳар бувад ливои дустӣ,
Аз фазои Тоҷикистон ҷилвагар, боло бувад.

Мо бояд мазмун ва моҳияти Ватан, рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Истиқлолият, забони модарӣ, Сарқонун, пойтахт ва дигар муқаддасоти Тоҷикистонро дарк намоем ва онҳоро эҳтиром созем.
Бо шарофати эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 дар ҷаҳон давлати соҳибистиқлолу мустақил арзи вуҷуд кард.

Ҳар кӣ ҷасур аст, Ватан ҷои ӯст,
Шаъну шараф ошиқи шайдои ӯст.
Ҳар кӣ далер аст, нагардад ғулом,
Зиндаю озод бимонад, мудом.

Ин аст, ки соли 1992 дар Иҷлосияи 16- уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум дар шаҳри бостонии шаҳри Хуҷанд – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Дар хоҷагии ба номи С.Урунхӯҷаев дар яке аз қасрҳои калонтарин – қасри Арбоб иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, оши оштӣ дода шуд.
Аз он рӯзе, ки давлати мо соҳибистиқлол шуд, роҳи моро ба сӯи фардо ҳамвортар ва осонтар гардонид, зеро давлати мо барои сулҳу осоиштагӣ, бунёдкориву созандагӣ ва ободонӣ корҳои назаррасро ба субот расонид. Аз ин рӯй ҳар як фардро зарур аст, ки ба қадри муқаддасоти Тоҷикистон бирасад ва чун гавҳараки чашм ватанро ҳифз намояд.
Ҳамаи Шумоёнро бо муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯем. Истиқлолияти Тоҷикистон поянда бод!

Хушбахт касе, ки ном бар ном орад,
Дар иди ватан ҷону дил инъом орад.
Монанди қулвори қосид ҳар субҳ,
Холӣ шаваду ба халқ инъом орад.


Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.