Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Маркетинги таъмини мутахассисон

Нақша:
1. Мафҳуми бозори меҳнат ва намудҳои он;
2. Вазифаҳои асосӣ ва консепсияи маркетинги таъмини мутахассисон;
3. Таъмини иттилоотӣ ва тадқиқоти маркетинг дар бозорҳои меҳнат;
4. Идоракуни маркетинги қувваи корӣ.

1. Мафҳуми бозори меҳнат ва намудҳои он
Дар фаъолияти ҳар як корхона кормандон ва мутахасиссоне, ки равандҳои истеҳсолиро идора мекунанд, нақши асосиро мебозанд.
Бозори меҳнат механизми бисёромила буда, вобаста аз омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил меёбанд. Дар бозори меҳнат муносибати муомилоти кормандон (қуваи корӣ) бо кор таъминкунандагон (соҳибони воситаҳои истеҳсолот) ба вуҷуд меояд, ки як тараф ҳамчун фурӯшандаи қуваи корӣ ба дигар тараф харидори қувваи корӣ иштирок мекунанд.
Бозори меҳнат ба бозори ҳудудӣ, бозори соҳавӣ, бозори тахасусӣ, бозори мехнатии корхона, бозори мехнатии байналхалқӣ тақсим мешавад:
Бозори ҳудудӣ – ба бозорҳои миллӣ (дар ҳудуди як давлат), минтақавӣ (дар ҳудуди вилоят, шаҳр, ноҳия) тақсим мешавад.
Бозори соҳавӣ – меҳнат вобаста аз талаботҳо ва пешниҳодҳои қувваи кории як соҳаи фаъолияти алоҳида ташкил меёбад.
Бозори тахассусӣ – вобаста ба ихтисосҳои алоҳидае, ки соҳаҳои гуногун ба онҳо эҳтиёҷ доранд, ташкил меёбад.
Бозори мехнат дар корхона – аз захираҳои қувваи кории худи корхона вобастагӣ дорад.
2. Вазифаҳои асосӣ ва консепсияи маркетинги таъмини мутахассисон
Маркетинги таъмини мутахассисон ҳамчун идоракунандаи зерсистемаи кормандон аз вазифаҳои зерин иборат аст:
1. Таҳлили бозори меҳнат ва пешгӯии вазъи бозор;
2. Алоқамандӣ бо манбаъҳои берунае, ки корхонаро бо қувваи корӣ таъмин мекунад;
3. Таҳлили мутахассисон ва дараҷаи дуруст истифода бурдани онҳо;
4. Тартиб додани стратегияи бозори идракунии кормандон;
5. Идоракунии равандҳои таъмини мутахассисон.
Нақши маркетинг дар сатҳи умумидавлатӣ аз рӯи таҳлилҳои пештара бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани масъалаҳои таъмини ҷойи кор ба аҳолӣ дар хадамоти шуғли аҳолӣ иборат аст.
Нақши маркетинг дар сатҳи минтақавӣ аз вазифаҳои зерин иборат аст:
А) ташкил кардани иқтидори қувваи корие, ки ба талаботҳои минтақа аз рӯи тавсифи микдор ва сифат ҷавобгӯ бошанд;
Б) таъмин кардани корхонаҳои минтақа бо мутахассисони зарурӣ аз дохили минтақа ва аз дигар минтақаҳо;
В) бо ихтисосхои нав омузондани аҳолӣ ва ба ҷои кор таъмин кардани онҳо;
Г) нигоҳ доштани вазъи муътадили таъмини мутахассисон, байни сохторҳои хадамоти шуғли аҳолӣ ва бозорҳои минтақавӣ, соҳавӣ ва тахассусӣ.
Нақши маркетинг дар корхона аз самаранок истифода бурдани қувваи корӣ иборат аст, яъне талаботҳоро ба танзим дароварда манбаъҳои қувваи кориро интихоб кардан лозим аст, ки ба талаботҳои истеҳсолии корхона ҷавобгӯ бошанд.
Консепсияи маркетинги таъмини мутахассисон:
1. Консепсияи маркетинги самаранок ташкил кардани қувваи корӣ;
2. Консепсияи маркетинги пешниҳоди қувваи корӣ;
3. Консепсияи маркетинги таъмини қувваи корӣ;
4. Консепсияи маркетинги нархгузори қувваи корӣ;
5. Консепсияи маркетинги иҷтимоӣ;
6. Консепсияи маркетинги шахсият.
3. Таъмини иттилоотӣ ва тадқиқоти маркетинг дар бозорҳои меҳнат
Чун дигар бозорҳо дар бозори мехнат низ рақобатнокӣ вуҷуд дорад. Аз хамин сабаб барои ба даст овардани мутахассисон ва қувваи кории лозимӣ иттилооти саҳеҳ ва саривақт барои ҳар як корхона ва ташкилотҳо ахамияти муҳим дорад. Вазифаи маркетинг аз муайян кардани манбаъҳои иттилоот, бозори меҳнат ва таҳлили он аст.
Манбаъҳои иттилооти бозори меҳнат:
1. Корҳои таҳлили хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва мигратсионӣ;
2. Таҳлил ва тадқиқоти корхонаҳои хусусӣ ва щиркатҳо;
3. Таҳлил ва тадқиқоти мактабҳои олӣ ва дигар муасисаҳои таълимӣ;
4. Иттифоқи касабаи корхона ва муасисаҳо;
5. Маълумотҳои шуъбаи кадрҳо.
Таҳлил ва тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки ба гурӯҳҳои зерини аҳолӣ таъмини ҷои кор мушкил аст:
1. Хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва дигар муасисаҳои таълимӣ;
2. Хатмкунандагони мактабҳои миёна;
3. Шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда;
4. Маъюбон;
5. Занҳое, ки кудаки синни томактабӣ дошта;
6. Шахсоне, ки аз маҳбас озод шудаанд;
7. Гурезаҳо.
4. Идоракуни маркетинги қувваи корӣ
Маркетинг дар бозори меҳнат ҳамчун системаи идорашаванда фаъолият мекунад. Субъектҳои асоси идоракунии маркетинг кормандони кироя, кортаъминкунандагон, хадамоти давлати ва ғайридавлатии шуғли аҳолӣ, мигратсионӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ, мактабҳои олӣ мебошанд.
Объектҳои идоракунии маркетинг қувваи корӣ ва ҷойҳои кор ба ҳисоб мераванд. Идоракуни маркетинг ин сохтани системаи ташкилии он ва гузаронидани чорабиниҳои маркетингӣ барои таъмини самаранокӣ ва кам кардани хароҷотҳои маркетингӣ мебошад.
Равандҳои идоракунии маркетинги қуваи корӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
1. Таҳлили имкониятҳои бозорҳое, ки пешбинӣ карда шудааст;
2. Интихоби бозорҳои мақсаднок;
3. Коркарди комплекси маркетингӣ;
4. Ба ҳаёт ҷори кардани чорабиниҳои маркетингӣ.
Ба ҳаёту фаъолияти корхона ширкат ва ташкилотҳо муҳити дохила ва беруна таъсири худро мерасонанд:
1. Муҳити дохила;
2. Муҳити демографӣ;
3. Муҳити илмӣ – техникӣ;
4. Муҳити сиёсӣ;
5. Муҳити экологӣ;
6. Муҳити фарҳангӣ;
7. Рақобатнокӣ ва ҳолати бозор.

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.