Контактная информация

Нақша:
1. Объектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф;
2. Субъектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф;
3. Мазмун ва вазифаҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф;
4. Муҳити атрофи маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф.

1. Объектҳои маркетинг дар соoаи хизматрасонии маориф
Объектҳои маркетинг дар сощаи хизматрасони маориф ҳамаи талаботҳое, ки дар бозорҳо вуҷуд доранд, ба ҳисоб мераванд. Самти асосии онҳо илмҳои иқтисодӣ, тиҷорат, молия, ҳуқуқ, маркетинг ва менеҷментро дар бар мегирад.
Объектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасони маориф маҳсулоти ғайриматериалӣ буда, то ба даст овардани он намоён аст. Барои бовари кардан ва намоён шудани хизматрасонии соҳаи маориф амалҳои зерини маркетингиро иҷро кардан лозим меояд:
а) тартиб додани нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ;
б) дар бораи усулҳо, шакл ва шароитҳои хизматрасонӣ иттилоот додан;
в) сертификат, литсензия, диплом.
Объектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф аз субъектҳои он ҷудонопазир аст. Яъне агар омӯзгор иваз карда шавад, мазмуни лексия дигар шуданаш мумкан аст.
Объектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасони маориф, устодон дарсҳоро якхела гузашта наметавонанд.
Объектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф. Яъне:
а) донишҳо доимо куҳна мешаванд;
б) хусусиятҳои табии инсон – ин фаромуш кардани иттилоот.
2. Субъектҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф
Ин иштирокчиёни бозори маркетингӣ муасисаҳои таълимӣ (донишгоҳ, донишкада, коллеҷҳо, мактабҳо), истеъмолгарон (шахсони алоҳида, ташкилотҳо, корхонҳо, ширкатҳо), миёнаравҳо (биржаи меҳнат, маркази шуғли аҳолӣ), давлат мебошанд.
Вазифаҳои онҳо.
Яке аз субъектҳои асосии маркетинги ин соҳа, донишҷуён мебошанд, ки маҳз онхо ихтисос, донишгоҳ, ҷои таҳсил, шакли пардохти маблағро итихоб мекунанд.
Субъектҳои дуююм – ширкатҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо мебошанд, ки аз руи фаъолияташон талаботҳоро муайян мекунанд.
Субъектҳои сеюми ин соҳа муасисаҳои таълимӣ (донишгоҳ, донишкада, коллеҷҳо мактабҳо) мебошанд, ки вазифахои онҳо аз:
а) омузондани донишҷуён;
б) тарбияи донишҷуён;
в) хазматрасони миёнаравӣ.
Субъектҳои чорум – биржаи меҳнат ва хадамоти шуғли меҳнат мебошанд, ки вазифаҳояшон аз таҳлил, каркард ва фуруши иттилоот дар бозори хизматрасонӣ мебошад.
Субъекти панҷум – давлат ва ташкилотҳои давлатӣ мебошад, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
а) баланд бардоштани нуфузи соҳаи маориф дар байни аҳолӣ ва корхонаҳо;
б) додани имтиёзҳои андоз ба муасисаҳои таълимӣ;
в) муққарар кардани номгӯи ихтисосҳо;
г) таъмини стандартҳои соҳаи маориф;
д) тайёр кардани мутахасисони низоми таълимӣ.
3. Мазмун ва вазифаҳои маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф
Масъалаҳои асосие, ки барои ҳалли он чорабиниҳои маркетингӣ гузаронида мешавад:
1) Киро омузондан лозим? (интихоби довталабон):
а) довталабоне, ки имконияти хуби пардохти маблағ доранд;
б) довталабоне, ки омузондани онҳо осон аст (х/т: техникум, коллеҷ);
в) довталабоне, ки аълохон ҳастанд.
2) Ки донишҷӯйро меомузад? (интихоби устод);
3) Чӣ ва бо ёрии чӣ омухтан лозим? (интихоби тахассус);
4) Мӯҳлати таҳсил;
5) Дар куҷо бояд таҳсил кард?
6) Шакли таҳсил.
4. Муҳити атрофи маркетинг дар соҳаи хизматрасонии маориф
Инҳоянд:
1) Муҳити сиёсӣ;
2) Муҳити иқтисодӣ;
3) Муҳити демографӣ;
4) Муҳити иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва маънавӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.