Суббота, Август 17Вместе создадим светлое будущее!


Менеджмент

Рефератҳо, китобҳо ва маълумотҳо дар соҳаи менеҷмент комилан ройгон

Технологияи менеҷмент

Менеджмент
1.Интихоби мақсад ва стратегияи инкишофи корхона; 2.Масъалагузорӣ ва стратегияи иҷроиши мақсадҳои менеҷмент; 3.Таъсири муҳити беруна ва дохила ба фаъолияти менеҷмент; 4.Системаи стратегии идоракунии корхона. 1.Интихоби мақсад ва стратегияи инкишофи корхона Коркарди сиёсати иқтисодии корхона (ташкилот) муайян кардани мақсад ва стратегияи инкишоф дар ояндаи наздик ва дур вобаста аз имконоти корхона ва захираҳо мебошад. Дурнамои корхона - консепсияи инкишоф ва равияҳои асосии фаъолияти активии кории корхонаро мақсади корхона меноманд. Стратегия - кор карда баромадани чорабиниҳои асоснок ва нақшаи ба мақсад расидан, ки дар он иқтидори илмию техникӣ ва истеҳсолию маишии корхона ба қисоб гирифта шудааст. Мақсад - ҳолати ояндаи аниқи корхонаи алоҳидаро меноманд, ки корхона барои ноил гашт
Консепсияи нави менеҷмент ва инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ

Консепсияи нави менеҷмент ва инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ

Менеджмент
1.Равандҳои асосии консепсияи нави менеҷмент; 2.Хусусияти хоси консепсияи нави менеҷмент; 3.Мактаби муносибатҳои башарӣ ва таъсири рафтори одамон; 4.Асосҳои иҷтимоию иқтисодии менеҷмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ; 5.Алоқамандии инкишофи идоракунии давлатӣ ва менеҷмент. 1. Равандҳои асосии консепсияи нави менеҷмент Дар аввали асри XXI дар истеҳсолоти ҷаҳони пешравиҳои калоне ба вуҷуд омадаанд. Дар навбати аввал корхонаҳои калони саноатие пайдо гаштаанд,дap якчанд давлатҳо, корхонаҳо ва филиалҳои худро дошта, дар онҳо даҳҳо ҳазop коргарон ва муҳандисон кор карда, техника ва технологияи мураккаберо истифода мекунанд. Дар баробари ин таркиби коргарон низ дигар мешавад, яъне фаҳмиши коргари оддии бе маълумот қариб аз байн рафта истодааст, акнун аксари коргарон маълумотдор ва касб
Таърихи пайдоиш ва мактабҳои классикии инкишофи менеҷмент

Таърихи пайдоиш ва мактабҳои классикии инкишофи менеҷмент

Менеджмент
1.Давраҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи менеҷмент; 2.Мактабҳои классикии менеҷмент ва инкишофи фикру ақоиди идоракунӣ; 3.Алоқамандии инкишофи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва менеҷмент; 4.Шаклҳои таърихии пайдоиши моликият ва инкишофи менеҷмент; 5.Маданияти миллӣ ва инкишофи менеҷмент. 1.Давраҳои таърихии пайдоиш ва инкишофи менеҷмент Дар Юнони Қадим калимаи «менеҷмент» истифода намешуд. Ба ин мазмун монанд калимаи «master» бо мазмуни шахси «кобанда», «ҷусҷуҷӯкунанда» истифода мешуд. Санъати идоракунии одамон дар забони юнонӣ «демагогия», яъне «demos - халқ, ago - мебарам» дар забони тоҷикӣ маънои «роҳбарии халқ»-ро дорад. Баъдтар реҷаи давлатдоронро «despoteia» яъне ҳукмронии беандозаи шахсони алоҳида аз болои мардум меномиданд. Аммо дар навбати аввал «деспот» маънои соҳибхона, соҳибмулк,
Асосҳои методологии менеҷмент

Асосҳои методологии менеҷмент

Менеджмент
1. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун илм ва фанни таълимӣ; 2. Предмети омузиш, мақсад ва вазифаҳои асосии фанни менеҷмент; 3. Услуби омузиши фанни менеҷмент ва алоқамандии он ба дигар фанҳои иқтисодӣ; 4. Функсияҳои асосии менеҷмент ва хусусиятҳои хоси он; 5. Қонуниятҳо ва қоидаҳои асосии омузиши менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ; 1. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун илм ва фанни таълимӣ Пайдоиш ва инкишофи менеҷмент ҳамчун илм паҳлуҳои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад,  аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иқтисодию географӣ низ дорад, ки вобаста ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, шаклу усули хоҷагидорӣ ва урфу одати одамон ва мавқеи географии ҷойгиршавии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи инкишоф ёфтааст. Рушди иқтисодиёт одамонро маҷбур месозад, ки ои

Сохторҳои ташкилӣ дар идоракунии ташкилот

Менеджмент
Нақша: 1. Мафҳумҳои системаи менеҷменти ташкилот; 2. Марҳилаҳо ва усулҳои ба лоиҳагирии сохторҳои ташкилии корхонаҳо; 3. Принсипҳои ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилот; 4. Сохтани сохтори ташкилӣ дар идоракунӣ. 1. Мафҳумҳои системаи менеҷменти ташкилот Мафҳуми системаи менеҷменти ташкилот - вазифаҳои махсуси роҳбарӣ ва идоракунии кормандони гурӯҳи меҳнатӣ доир ба фаъолияти қонеъ гардонидани талаботи харидорон ба молҳои истеъмолӣ. Системаи менеҷменти ташкилот - ҷамъи унсурҳои системаи бутуни ба тартиб даровардашуда, бо ҳам алоқаманд, муносибати устувор доштаи сохтори корхона, ки фаъолиятгузаронӣ ва рушди онро таъмин менамояд. Сохтори ташкилии корхона - системаи махсуси бутун, ки гурӯҳи меҳнатӣ бо воситаи он ба мақсади гузошташуда мерасанд. Сохтори идоракунии корхона - алоқаҳ

Қонунҳои идоракунӣ

Менеджмент
Нақша: 1. Қонунҳои аосии идоракунӣ; 2. Менеҷмент ва менталитет; 3. Хусусиятҳои менталитет; Қонун ин ҳақиқати устувори объективӣ мебошад. Идоракунии истеҳсолот танҳо дар он сурат бомуваффақият хоҳад буд, ки агар он бо истифодабарии бошуурона қонунҳои объективӣ асоснок шуда бошад. 1. Қонунҳои аосии удоракунӣ Қонунҳои асосии идоракунӣ инҳо мебошанд: 1. Қонуни мувофиқати идоракунӣ ба хусусияти муносибатҳои истеҳсолӣ. Мақсади идоракунӣ, мазмун, шакл ва усулҳои он аз шаклҳои моликият ба воситаҳои истеҳсолӣ вобастаанд. 2. Қонуни мутамарказонии идоракунӣ робитаи доимӣ амалкунандаи байни ҳамаи қисмҳои иқтисодиётро дар назар дорад - аз корхона сар карда, то мақомоти марказии идоракунӣ. 3. Қонуни ягонагии низоми идоракунӣ. Ягонагӣ андозаи робитаҳои дохилии унсурҳои корхонаро, ташкилотро инъи

Моҳият ва нақши менеҷменти молиявӣ дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ

Менеджмент
Менеҷменти молиявӣ ё худ идорасозии молиёт (financial management) харидан (ба даст овардан), молия кунонидан ва идора сохтани активҳоро ифода менамояд, ки ин амалиётҳо барои ноил гаштан ба мақсади муайян равона шудаанд. Ҳамин тавр, қарорҳои идорасозӣ дар соҳаи менеҷменти молиявӣ ба се шакли амалиётҳо бо активҳо ҷудо мешаванд: инвеститсияҳо, молиякунонӣ ва идора сохтани онҳо. (далее…)

Таҳаввулоти назария ва амалияи менеҷмент.

Менеджмент
Ба ақидаи муаллифони энсиклопедияи менеҷменти касбии амрикоӣ нуқтаи ибтидоии рушди менеҷменти муосир ин соли 1886 мебошад, ҳамон сол соҳибкор Г. Таун дар ҷамъомади ҷамъиятии муҳандисон-механиқон бо маърӯзаи «Муҳандис ҳамчун иқтисодчӣ» баромад намуд (далее…)

Функсия ва принсипҳои асосии менеҷмент.

Менеджмент
Фаъолияти мақсаднокеро, ки бо ёрии он дар корҳонаву ташкилотҳои гуногун менеҷерон ба объекти идорашаванда – истеҳсолот ва кормандон дар иртибот бо қорорҳои дахлдор ба самти фаъолият таъсир мерасонанд, функсияҳои менеҷмент меноманд. (далее…)