Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Асосхои методологии менечмент

1. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун илм ва фанни таълимӣ;
2. Предмети омузиш, мақсад ва вазифаҳои асосии фанни менеҷмент;
3. Услуби омузиши фанни менеҷмент ва алоқамандии он ба дигар фанҳои иқтисодӣ;
4. Функсияҳои асосии менеҷмент ва хусусиятҳои хоси он;
5. Қонуниятҳо ва қоидаҳои асосии омузиши менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ;

1. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун илм ва фанни таълимӣ
Пайдоиш ва инкишофи менеҷмент ҳамчун илм паҳлуҳои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад,  аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иқтисодию географӣ низ дорад, ки вобаста ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, шаклу усули хоҷагидорӣ ва урфу одати одамон ва мавқеи географии ҷойгиршавии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи инкишоф ёфтааст.
Рушди иқтисодиёт одамонро маҷбур месозад, ки оиди ҳар чи хубтар зиндагӣ намудан, бисёртар манфиат ба даст овардан, инчунин соҳибдорӣ намудани қисми муайяни захираҳо фаҳмиш ва андешаи густурдаю амиқ дошта бошанд. Аз ин нуқтаи назар менеҷментро ҳамчун фаъолияти касбӣ ва мақсаднок барои истифодаи дурусти захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ бо усулҳои иқтисодии идоракуни равонашудаи одамон муайян кардан мумкин аст.  Менеҷмент ҳамчун мафҳуми илмию амалӣ дар илми иқтисоди ҳануз аз аввалҳои асри XX ба миён омадааст. Ин фаҳмиш аввалан дар ШМА ва баъдан  ба дигар кишварҳо паҳн гаштааст.
Менеҷмент калимаи англисӣ (management) буда, якчанд мафҳумро ифода мекунад: – идоракунӣ; роҳбарият; дирексия, уҳдабароии кор, ё идораи воситаҳо.
Менеҷмент ҳамчун илм идоракунӣ, роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот,қоидаҳо  ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ва манфиат равона карда шудааст. Дар давоми инкишофи худ менеҷмент аз системаи илмию амалии дониш ба як илми алоҳидаи касбӣ табдил гаштааст, ки аз аввалҳои асри XX cap карда, дар аксари мактабҳои давлатҳои тараққикарда, ҳамчун илми алоҳида омухта ва  таълим дода мешавад.
Дар солҳои охир асосан мафҳуми менеҷментро панҷ-шаш раванд баҳо медиҳанд:
1. Менеҷмент ҳамчун илми идоравӣ.
2. Санъати идоракунӣ ва ҳукмронӣ.
3. Қобилияти кордонӣ ва фикрронӣ.                                                                                                                4. Усулҳои самаранокии муомила бо одамон.

5. Ҳамчун ифодагари мафҳуми органи роҳбарикунанда.
6. Муносибати касбии ҳамкории байни одамон барои ба мақсад расидан.
Аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки менеҷмент, асосан ба меҳнати касбӣ ва кордонии кормандон равона карда шудааст. Аз ин нуқтаи назар мувофиқи  мақсад аст, ки менеҷментро ҳамчун фанни алоҳида барои мунтазам тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва роҳбарй мавриди омузиш ва тадрису таълим қарор диҳем.
Аввалҳои асри XX олимон оид ба ривоҷу равнақ додани илми менеҷмент ва фанни менеҷмент корҳои зиёди тадқиқотию илмиро иҷро намудаанд, ки онҳоро асосан ба 4 гуруҳи калон ҷудо мекунанд:
1. Мактаби классикии менеҷмент — Тейлор (1911), Гилберт (1911), Черч(1914), Файол (1916), Дервис (1935) ва дигарон.
2. Мактаби рафтори идоравӣ — Ротлисберг (1939), Мейо (1945), Бернард (1938), Друкер (1954), Мак Грегор (1960).
3. Мактаби идоракунӣ — Черчмен (1957), Марч ва Саймон (1958), Форрстер (1961), Райфа (1968).
4. Мактаби ҳолатӣ (ситуатсионӣ) — Бернс ва Сталнер, (1961), Вудворд, (1965), Томпсон (1967), Лоуренс ва Орш (1967).
Ҳар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта, барои инкишофи илми менеҷмент саҳми муайянеро гузоштаанд. Асосан, олимони қариб аксари мактабҳо инкишофи илми менеҷментро баробар ба инкишофу тағйиротҳо дар бизнес баҳо медиҳанд. Бинобар ин илми менеҷмент ҳамчун фанни илмию амалӣ руз аз руз мунтазам мураккаб мешавад.
Зеро илми менеҷмент на танҳо ба қонунҳои иқтисодӣ, балки ба қонунияти  махсуси идоракунӣ ва психологи низ такя мекунад. Агар мо ба инкишофи илми менеҷмент вобаста ба инкишофи иқтисодиёт  дар   садсолаи  гузашта назар намоем, он гоҳ муайян мегардад, ки баробари “пешрафтии иқтисодиёт услуби ташкилию идоракунӣ низ тағйир меёбад.                         Аз нигоҳи мутахассисон ин тағйирёбиро ба 5 давраи калон ҷудо кардан мумкин аст:
1. Давраи якум (1900-1930). Пайдоиши мактабҳои маъмурии идоракунӣ, ташкили корхонаҳои калони истеҳсолии саноатӣ, ташаккули сохтори зинабандии менеҷмент.
2. Давраи дуввум (1931-1960). Пайдоиши зарурияти афзунгардонии истеҳсоли маҳсулот, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргарон. Менеҷмент ҳамчун омузиши рафтори одамон ва муносибатҳои башарӣ.
3. Давраи сеюм (1961-1990). Пайдоиши талаботи идоравӣ дар ҳама системаи пайдарпаии истеҳсолоту истеъмолот, сохтани моделҳо ва системаҳои иқтисодии инкишофи ҷамъиятӣ, банақшагирии стратеги, пайдо намудани мавқеъ дар бозори иқтисодӣ, ташаккули маданияти идоракунӣ ва пайдоиши менеҷменти навоварӣ, услуби ҳолатии менеҷмент.
4. Давраи чорум (1991-2000). Пайдоиши услуби нави роҳбарӣ барои ҳарчи зиёд истифода намудани имкониятҳо, омузиши муҳити иҷтимоию психологии корхонаҳо, маркетинг ва миллатҳою  халқҳои алоҳида, зарурияти пешвоӣ дар тамоми ячейкаҳои идоравӣ, услуби куллан қабулшудаи иҷтимоию психологии менеҷмент.
5. Давраи панҷум (асри XXI). Пайдоиши глобализатсияи иқтисодию иҷтимоӣ ва психологию сиёсӣ, зарурияти интихоби қобилияти фикронии баланд, омузиш ва мутобиқрардонӣ вобаста аз вазъият, менеҷмент мактаби профессионалии олии кордонӣ ва пешвоӣ дар асри XXI.
Чихеле, ки аз давраҳои инкишофи илми менеҷмент маълум мегардад, дар ҳазорсолаи нав зарурияти менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ барои роҳбарони касбии оянда мақоми аввалиндараҷа дорад.
Дар ин давра аллакай менеҷментро ҳамчун шаклу усули роҳбарӣ дар корхонаҳои ғайридавлатӣ гуфтан нодуруст аст. Қариб аксари олимон дар солҳои охир менеҷментро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:
1. Менеҷменти ҳукуматӣ — яъне сохтори идоравии ҳукуматӣ, тарзу усули роҳбарӣ бояд ба талаботи менеҷмент мутобиқат намояд.
2. Менеҷменти давлатӣ – ташкили менеҷмент дар корхонаҳои давлатӣ.                                           3. Менеҷменти ҳарбӣ — сохтори идоравию ташкилии қувваҳои муссаллаҳи мамлакат.
4. Менеҷменти соҳибкорӣ — шакли махсуси бизнес-менеҷмент буда, дар он хусусиятҳои хоси давлатдорӣ, урфу одати мардум, омилҳои иҷтимоию психологи ба инобат гирифта мешавад. 
Услуби фарқкунандаи бизнес-менеҷмент аз дигар намуди менеҷмент дар он мебошад, ки дар он раванди асосӣ ба даст овардани пул ба воситаи пул мебошад.
Муайян карда шудааст, ки самаранокии идоравии менеҷмент бояд ба ду унсури асоси такя намояд:
1. Дараҷаи баланди касбӣ доштан.
2. Истифода намудани вазъиятнои соҳибкорӣ, яьне омузиш ва таҳлили васеи маркетинг.
Мураккабии менеҷмент дар шароити системаи иқтисоди бозорӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ба бозори озоди иқтисодӣ, моликияти хусусӣ  ва таъмини пурраи ҳуқуқу озодии башарӣ равона карда шудааст. Аз тарафи дигар маҳдудияти захираҳои табиию истеҳсолӣ ва зиёдшавии бемайлони аҳолии кураи замин талаботро нисбат ба фаъолияти менеҷмент боз мураккаб месозад.
Ҳамин тариқ, менеҷмент шаклу усул ва тарзи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад, ки имруз чун илм ва фанни мустақил мавриди таҳқиқ ва тадриси ҳатмию ногузир барои мутахассисони coҳа қарор гирифтааст.
Мақсади асосии менеҷмент — ҳарчи хубтар таъмин намудани талаботи воқеии одамон бо механизми бозории талабот, таклифот ва фоида.
Барои ба мақсад расидан усули асосии истифодаи менеҷмент ташкил ва таъмин намудани ҳавасмандии иқтисодии коргарон аз натиҷаи меҳнат мебошад. Расидан ба чунин мақсад ва иҷрои вазифаи муҳим зарурияти ба кор ҷалб намудани мутахассисеро, ки дороӣ қобилияти баланди фикронӣ, тахассусӣ ва кордонию роҳбарӣ доранд пайдо мегардонад, ки он номи «менеҷер»-ро ба худ гирифтааст.
Менеҷер — мутахассиси касбии махсус омодашуда аст, ки дар асоси шартномаи кироя барои соҳибмулк дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ва идоракунии ташкилот (корхона) фаъолият бурда, ба корхона фоида меорад. Имрӯз дар ҷаҳон маоши менеҷер аз дигар мутахассисон баланд мебошад. Чунон, ки яке аз роҳбарони номдори бизнеси америкоӣ Ли Янока қайд мекунад, директори генералии компанияи «Форд» дар як сол аз президенти ИМА зиёдтар маош мегирад. Музди меҳнати менеҷерро дар асоси зиёдшавии фоидаи корхона  медиҳанд. Дар 5 компанияи калонтарини Англия имруз менеҷерон бо миқдори зиёда аз 1 млн. доллари америкои маоши солона доранд.».
Ҳамин тариқ, зарурияти менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ дар асоси инкишофи ҷамъияти демократии инсонӣ, ки ба иқтисоди бозорӣ равона карда шудааст, пайдо мегардад. Сарчашмаи асосии ин илмро ҳамчун фан ба се қисм ҷудо кардан мумкин мебошад:
1. Илмҳои ҷамъиятию иқтисодӣ – назарияи иқтисодӣ, фалсафа, психология, сотсиология, этика ва эстетика, маданиятшиносӣ.
2. Илмҳои моделсозӣ ва кибернетика – математика, ояндабинии иқтисодӣ, моделсозӣ, назарияи системаи мураккаб, кибернетика ва информатика.
3. Илмҳои назариявӣ идоракунӣ – назарияи идоракунӣ, системаи автоматии идоракунӣ (САН), назарияи танзими макроиқтисодӣ, компютерикунонӣ ва автоматиконии идоракунӣ.
Дар асоси илмҳои номбаркардашуда илми менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ мақсад, вазифаҳо ва услуби омузиши худро доро мебошад.                                                                                                             2. Предмети омӯзиш, мақсад ва вазифаҳои асосии фанни менеҷмент                                   Предмети менеҷмент ҳамчун илм дар миёнаи асри XX муайян гардидааст. Аммо менеҷмент асосҳои илмии худро дар натиҷаи фаъолияти роҳбарии якчанд  давраҳои таърихи инсонӣ ба даст даровардааст. Аз очеркҳои таърихӣ маълум  мегардад, ки тоҷикон асосҳои идоракунии давлатиро ҳануз зиёда аз 1100 сол пеш дар замони Сомониён хело ҳам хуб омухта ба роҳ мондаанд.
Классикони файласуфи Юнони Қадим – Суқрот, Арасту, Афлотун, Эпикур, Лукретсий, классикони форсу тоҷик чун Абуабдуллои Рудакӣ, Абуали ибин Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Низоммулмулк ва дигарон дар бораи пешвоӣ ва санъати идоракунӣ андешаҳои арзишманд гуфтаанд. Дар баробари инкишофи иқдисодӣ мазмуни менеҷмент низ васеъ шуда, аз давраҳои ғуломдорӣ то давраи давлатҳои ҳуқуқбунёди дунявии демократӣ  давраҳои инкишофи таърихии худро дорад.
Менеҷмент илми мустақил буда, объект ва предмети омузиши худро дорад.                                         Объекти омӯзиши фанни менеҷмент – одамон, техника ва технология, корхона ва ташкилот.
Субъекти идоракунӣ — шахсиятҳо ва корхона, ҳамчун доираи фаъолияти  менеҷер.
Асосҳои методологии менеҷмент ҳамчун илм қисматҳои зеринро дар бар  мегирад:
– асосҳои методологии менеҷмент;
– таърихи пайдоиш ва инкишофи менеҷмент;
– консепсияи нави менеҷмент вобаста ба инкишофи иқтисодӣ;
– технологияи менеҷмент;
– таъминоти ахбории менеҷмент;
– навоварӣ ва таваккали менеҷмент;
– иртибот дар менеҷмент;
Менеҷмент ҳамчун санъату таҷрибаи идоракунӣ ва муносибатҳои башарӣ пурра ҷараёни ташкилии корхона, истеҳсолот, истеъмолотро дар бар гирифта аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
– корхона ҳамчун субъекти асосии менеҷмент;
– ҷараёни идоракунӣ ва қарордоди идоракунӣ;
– менеҷменти стратегии корхона;
– мотиватсия ва ҳавасмандии фаъолияти одамон;
– талаботи кормандии менеҷмент;
– менеҷер – субъекти асосии менеҷмент;
– коллективҳои меҳнатӣ ва иқтидори кормандон;                                                                                          – системаи идоракунии корхона;
– идоракунии истеҳсолот;
– банақшагирии стратегӣ;
– ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;
– идоракунии захираҳои инсонӣ;
– идоракунии маркетинг;
– танзими андоз ва менеҷменти баҳисобгирии бухгалтерӣ;
– менеҷменти молиявию қарзӣ;
– менеҷменти иҷтимоӣ ва экология;
– усулҳои навтарини менеҷменти ҳазорсолаи сеюм.
Равандхое, ки дар боло номбар намудем, предмети омузиши фанни менеҷмент буда, барномаҳои таълимиро пурра дар бар мегиранд. Ҳамин тариқ предмети менеҷмент ҳамчун илми идоракунӣ қонуниятҳоеро дар бар мегирад, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи байни ташкилот ва одамон дар ҷараёни идоракунӣ ба миён меоянд.
Мақсади асосии омузиши фанни менеҷмент ин омузиши усулҳо ва роҳҳои таъмин намудани фоиданокии корхона бо роҳи ташкили дурусти ҷараёни истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ, инчунин истифодаи иқтидори кормандии корхона мебошад. Фоиданокии корхона чун омили асосӣ кафолати фаъолияти онро дар шароити рақобати бозорӣ озод таъмин карда метавонад.
Ҳолати бозор бошад доимо дар тағйирот буда, мутобиқи шарту шароит ва талаботу таклифот дигаргун мешаванд. Бинобар ин доимо барои менеҷмент – таваккал кардан ва навоварӣ услуби асосии корӣ мегардад. Аз тарафи дигар дар шароити рақобати бозор танҳо мавҷудияти маблағҳои захиравӣ ва имконоти навоварӣ фаъолияти озоди корхонаро таъмин карда метавонаду халос. Асоси муваффақият бошад, аз усули идораву корбарӣ вобастагӣ дорад.
Вазифаи асосии омузиши фанни менеҷмент ин омӯзиши роҳҳои самараноки ташкили истеҳсоли молҳо ва хизматҳо мувофиқи талаботу таклифоти бозор, дар асоси захираҳои моддӣ ва инсонии корхона, инчунин таъмин намудани вазъияти мувозинати устувори он дар бозор мебошад. Вобаста аз гуфтаи боло ба вазифаҳои менеҷменти корхона дохил мешаванд:
– таъмини ташкили дурусти истеҳсолот бо роҳи интихоби касб ва ҷобаҷогузории оқилонаи кормандони баландихтисос;
– ташкили ҳавасмандкунии коргарон бо роҳи пайдо намудани шароити хуби меҳнатӣ ва музди меҳнати баланд;
– назорати доимии фаъолияти корхона бо роҳи мугобиқкунии сохторҳои таркибии он;
– ҷустуҷу ва ҷорӣ намудани навоварӣ оид ба фаъолияти истеҳсолӣ ва  бозорӣ истеъмолии корхона;
– кор карда баромадани равандҳои асосӣ ва мақсадҳои ояндабинии корхона, пайдарпай будани иҷроиши мақсадхо;
– кор карда баромадани маҷмӯи чорабиниҳо барои ба мақсад расидан  дар давраҳои муайяни корӣ;
– муайян намудан ва пайдо намудани сарчашмаҳои захиравӣ барои ба мақсад расидан;
– назорати иҷроиши мақсадҳо.                                                                                                                                 3. Услуби омузиши фанни менеҷмент ва алоқамандии он ба дигар фанҳои иқтисодӣ Услуби асосии омузиши фанни менеҷмент ба монанди дигар фанҳои иқтисодӣ услуби диалектики мебошад, ки проблемаҳои идоракуниро дар алоқамандии доими, ҳаракат ва инкишоф меомузад. Яъне ҳодисаҳои аз оддӣ ба мураккаб, аз поён то боло» аз мушаххас то абстракт меомузад. Хусусияти хоси услуби фанни менеҷмент дар он мебошад, ки дар маркази омузиш «Одам» қapop дорад, ки ҳамчун роҳбар ва ё ҳамчун коргар фаъолияти корӣ дорад.
Натиҷагирии фаъолияти пурраи корхона, ташкилот аз он вобаста аст, ки ҳар як «одам» аз коргари оддӣ cap карда, то роҳбари болоӣ то чӣ андоза фаҳмишу дониш дошта, қобилияти иҷроиши кор ва вазифаро дорад. Аз ин рӯ, услуби менеҷмент — ин таҳлили илмии рафтори одамон дар корхона, инчунин омузиши алоқамандӣ ва бо ҳам таъсирра- сонии одамон ва фаъолияти корхона мебошад. Махсусан услуби таҳлили системавӣ ва статистики дар менеҷмент мавқеи назаррас дорад. Дар солҳои охир бо роҳи моделсозии риёзӣ самаранокӣ ва интихоби оптималии фаъолияти корхона муайян карда мешавад. Ин услуби омузиш низ дар менеҷмент ҳаматарафа истифода карда мешавад.
Услуби дигари омузиши назариявӣ ва таҷрибавии менеҷмент ин услуби эксперименталӣ мебошад.
Услубҳои дар боло номбаршуда дар омузиши ҳамаи фанҳои иқтисодӣ истифода карда мешаванд.
Фанни менеҷмент ҳамчун фанни иқтисодӣ бо фанҳои назарияи иқтисод, таҳлили фаъолияти корхона, риёзӣ, моделсозӣ, кибернетика, фалсафа педагогика, психология, назарияи эҳтимолият, географияи иқтисодӣ, демография, иқтисоди корхонаҳо ва ташкили истехҳсолот алоқаманд буда, дар омузишу таҳқиқ аз онҳо истифода менамояд.  Дар навбати худ фанни менеҷмент ба омузиши дигар фанҳо кумаки худро  мерасонад.                                                                  4. Функсияҳои асосии менеҷмент ва хусусиятҳои хоси он                                                              Мафҳуми функсия аз калимаи лотини «Functio»- уҳдадорӣ буда, доираи фаъолият ва ё мавқеъро мефаҳмонад. Ин мафҳум қариб дар омузиши ҳамаи фанхо истифода карда мешавад.
Функсия ҳамчун категорияи менеҷмент намуди беҳтарини фаъолияти идоракунии алоқамандии байни одамон мебошад. Менеҷмент ҳамчун илми идоракунии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ функсияеро иҷро менамояд, ки барои фаъолгардонии амалиёти одамон дар соҳаи идоракунӣ барои ба мақсади ниҳоӣ расидан кумак мерасонад.
Функсияҳои асосии менеҷмент — ин ташкили илмии сохтори идоракунӣ, пайдарпайии идоракунӣ дар ҳама зинаҳои роҳбариро дар бар гирифта, асосан ба 12-гуруҳи калон ҷудо карда мешаванд.

1. Мақсаднокии менеҷмент — муайян намудани талабот, миссия ва мақсади корхона, захираҳо, ахбор ва натиҷагирии ахбор.
2. Стратегияи менеҷмент — муайян кардани стратегияи корхона, тактика ва усули менеҷмент, ташкил ва иқтидори захираҳо, ахбор.
3. Банақшагирии менеҷмент — коркарди консепсия, пешгуӣ, барномасозӣ, нақша ва ахбор.
4. Батанзимдарории менеҷмент — риояи қонун, регламент, стандарт, меъёр, андоз, ҷарима, литсензия, ахбор.
5. Ҳавасмандкунонии менеҷмент — усули ҳавасмандгардонӣ, механизмҳо, вазифа ва тақсимоти кормандҳо, музди меҳнат, муқаррарии ахбор.
6. Ташкилии менеҷмент — сохтори идоравӣ, технологияи ташкилӣ, система, коммуникатсия ва услуби идоракунӣ, ахбор.
7. Хирадмандонии менеҷмент — маълумотнокӣ, маданият, урфу одат, профессионализм, этика, ахбор.
8. Ҳамоҳангсозии менеҷмент — мутобиқкунонӣ, балансӣ, мувозинатӣ, захиравӣ, идорашавандагӣ, коммуникатсия ва ахбор.
9. Мотиватсия ва фаъолгардонӣ — талабот, услуб, манфиат, ҳукмронӣ, вазифа ва мартаба, масъалагузорӣ, ахбор.
10. Иттиҳодиявӣ — муҳити корхона, пешво, обруву эътибор, иртибот, ахбор.
11. Назорат — меъёр, қоида ва тартибот, технология, таҳлили ахбор.
12. Баҳодиҳӣ — нишондихандаҳои сифатӣ, экспертиза, тартибот, ахбор.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳар як функсияи менеҷмент вазифаҳои хоси худро доранд. Аммо дар маҷмӯъ ин функсияҳо стратегияи ягонаи менеҷментро ташкил медиҳанд, ки барои ба мақсади асосии стратегӣ расидан кумак мерасонанд.
Стратегияи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд омили пурқуввате бошад, ки корхона бо воситаи он ба рақобати озоди бозор тоб оварда тавонад. Асосан стратегияи идоракунӣ бояд ба саволҳои зерин ҷавоб гардонад:
– Кадом намуди маҳсулот бояд истеҳсол кард?
– Барои кӣ  ва дар куҷо бояд тиҷорат намоем?
– Кадом технологияро бояд истифода кард?    

– Чӣ тавр ба рақобати бозор тоб оварем?
Консепсияи идоракунии корхона бояд назария, фикру ақоид ва услуб, тарзи идоракуниеро пешбинӣ намояд, ки барои ба мақсад расидан кумак расонад.
Мақоми қарордоди идоракунӣ дар коркард ва амали гардонидани фаъолияти идоравӣ зоҳир гашта, аз рӯи натоиҷи охирон баҳо дода мешавад.
Қисмати зиёди масоили соҳибкориро менеҷерон дар натиҷаи омузиш, асосноккунӣ муайян карда, барои иҷроиш ба ҳайати корхона пешниҳод менамоянд. Вазифаи функсионалии аъзоёни коллективи корхона иҷрои масъалаҳои гузоштаи менеҷери корхона мебошад. Коркард ва амалӣ гардонидани
қарордоди идоракунӣ хислати хоси функсияи менеҷмент буда, бояд хусусияти муттасилӣ, 0ҷилӣ, иҷтимоӣ ва алтернативиро дошта бошад.
Ҳар як функсияҳои дар боло номбаршудаи менеҷмент ахбори махсуси худро доранд. Бинобар ин дар 12 функсияи менеҷмент ахбор қисми таркибиро ташкил медиҳад. Хулосаи асосии менеҷмент дар иҷроиши ин ё он функсия дар  асоси ахбори функсияи мувофиқ омухта мешавад.
Гуруҳбандии функсияҳои менеҷмент вобаста аз хусусияти хоси истеҳсолии корхона дар ҳар як соҳа фарқ мекунад. Яъне вобаста аз соҳа ин, ё он функсияи менеҷмент метавонад мақоми хоси худро дошта бошад, инчунин шаклҳои гуногунро бо худ гирад.
Вобаста аз системаи идоравӣ ва аломатҳои алоқаманди шаклҳои зерини функсияҳои менеҷмент ҷудо карда мешаванд:
I. Идоракунии корхонаҳо:
1. Вобаста аз шакл ва системаи менеҷмент.
♦ идоракунии корхонаи мустақил;
♦ ҷамъияти саҳҳомӣ;
♦ иттиҳодияҳо;
♦ ширкатҳо, ҳамкор, филиалҳо ва ғайpa.
2. Вобаста аз хусусияти истеҳсолӣ.
♦ идоракунии маркетинг;
♦ коркарди лоиҳаи илмӣ ва истеҳсолӣ;
♦ идораи фуруши моли корхона;                                                                                                                            ♦ хизматрасонӣ.
3. Вобаста аз омилҳои истеҳсолӣ.
♦ идоракунии захираҳои инсонӣ;
♦ идоракунии захираҳои ахборӣ ва материалҳо;
♦ идоракунии истеҳсоли маҳсулот;
♦ идоракунии молиявӣ.
II. Идоракунии соҳа ва системҳои байнисоҳавӣ:
1. Мавқеи соҳа дар такрористеҳсоли васеи иқтисодӣ.
♦ идоракунии навоварӣ;
♦ идоракунии сармоягузорӣ;
♦ идоракунии бахши иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
♦ идоракунии системаи молиявию қарзӣ;
Ш. Идоракунии инкишофи системаи менеҷмент: – стратегияи инкишоф.
♦ идоракунии зидди буҳрон ва инкишофи иқтисодӣ;
♦ интегратсия;
♦ глобализатсия;
♦ экология;
IV . Функсияи касбигардонии менеҷмент ба 2 гуруҳ, ҷудо мешаванд:
1. Функсияи касбигардонии фаъолият навоварӣ;
♦ менталитет;
♦ масъулиятнокӣ ва таваккалкорӣ;
♦ натиҷагирӣ ва самаранокӣ;
♦ пешвоӣ;
♦ идорашавандагӣ ва таъҷилӣ (оперативӣ)
2. Функсияи касбияти менеҷерон;
♦ зеҳнӣ;
♦ арзандагӣ;
♦ дониши ҳуқуқӣ доштан;
♦ мақсаднокӣ;
♦ ғайратнокӣ;                                                                                                                                                                ♦ ташкилотчигӣ;
♦ маданӣ ва рафтори этикӣ.
Ду функсияе, ки дар охир номбар карда шуд, ҳамчун звенои пайвасткунандаи функсияҳои дигари менеҷмент ба ҳисоб рафта, барои тадқиқоти методологии фаъолияти идоракунӣ мақоми аввалиндараҷа доранд.                                                                                                                                               5. Қонуниятҳо ва қоидаҳои асосии омузиши менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ            Самаранокӣ ва сифати идоракунӣ дар асоси усулҳо, қонуниятҳо ва зинаҳои методологии ҳалли қарордодҳо муайян мегарданд. Дар асоси тадқиқот аксари олимон 13 усули фаъолияти менеҷментро пешниҳод менамоянд:
1. Усули сиетемавӣ — объекти идоракуни ҳамчун ҷамъи унсурҳои бо ҳам алоқаманд омухта шуда, дар асоси қоидаҳои зерин ташкил карда мешавад.
– ҷараёни қабули қарордоди идоракунӣ бояд аз муайян кардани мақсади аниқ cap шавад;
– масоил бояд, ки яклухт омухта шуда, ҳамаи паҳлуҳои он муайян карда шавад;
– коркард ва пешниҳоди варианти алтернативии ҳалли масъала;
– мақсади тамоми система бояд ягона бошанд ва набояд ба моҷарои дигар система мубаддал гардад;
– аз абстракт ба мушаххас гузаштан;
– таҳлили мантиқӣ  ва таърихи фаъолият;
– муайян кардани омилҳои муҳити беруна.
2. Усули комплекс — дар вақти истифодаи ин усул дар омузиши менеҷмент мо бояд равандҳои техникӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, психологӣ, инчунин сиёсию демографиро дар алоқамандии якдигар омузем.
3. Усули интегратсионӣ — бо мақсади тадқиқот ва алоқамандии байнӣ:                                         

– унсурҳои системаи менеҷмент;
– давраҳои ҳаётӣ ва объекти идоракунӣ;
– дараҷаи идоракунии бар ва қад.                                                                                                                          Усули интегратсионӣ имконоти ҳамкории байни субъектҳои алоҳидаи менеҷментро пайдо месозад. Яъне ҳамкории системаи ахборӣ дар маркетинг, сифат ва миқдори хароҷот, корҳои тадқиқотию илмӣ, ташкилию технологӣ, истеҳсоли маҳсулот, навоварӣ дар бозорро дар бар мегирад. Инчунин ҳамкорӣ байни субъектҳои алоҳидаи идоракунӣ аз руи усули интегратсионӣ имконоти бартарияти рақобати фирмаҳо дар бозор, беҳтар кардани системаи менеҷментро пайдо месозад.
4. Усули маркетингӣ — нишонагирии объекти идоравӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои истеъмолӣ. Дар вақти истифодаи ин усул бисёртар ба аломатҳои зерин диққат дода мешавад:
– баланд бардоштани сифати мол, ё хизматрасонӣ вобаста ба талаботи истеъмолкунанда;
– масрафи захираҳо аз ҳисоби баланд бардоштани сифати мол;
– масрафи захираҳо аз ҳисоби истифодаи ҷараёни илмию техникӣ, инчунин системаи нави менеҷмент.
5. Усули функсионалӣ — талабот ҳамчун кулли функсияҳое қабул карда мешавад, ки бояд иҷро карда шаванд. Баъд аз муайян намудани чунин як объект ҳамон моле интихоб карда мешавад, ки дар муҳлати тез бо хароҷоти камтарин истеҳсол карда шавад.
6. Усули диалектикӣ — объекти идоракуни дар асоси таҳлили иқтисодии 5- 10 соли охир гирифта шуда, боз барномаи пешгуӣ тартиб дода мешавад.
7. Усули такрористеҳсолӣ – чунин як усуле мебошад, ки барои доимо таъмин гардонидани истеҳсоли мол барои бозорӣ мавҷудбудаи корхона бо назардошти хароҷоти камтарин нигаронида шудааст.
8. Усули пайдарпайи — объекти идоракуни ҳамчун як ҷараёни пайдарпай муттасил омухта шуда, барои бетанаффус иҷро шудани он кушиш карда мешавад.
9. Усули меъёрӣ — ин усул дар ҳамаи системаи идоракунии менеҷмент истифода шуда, меъёрҳои зеринро бояд дошта бошад:
– мақсаднокӣ — нишондиҳандаҳои сифатӣ ва камхарҷии мол, дараҷаи ташкилию техникӣ, инкишофи иҷтимоии коллектив, муҳофизати муҳити зист;                                                                         – функсионалӣ — меъёрҳои сифати нақша, ташкили системаи менеҷмент, сифати баҳисобгирӣ ва назорат, меъёри ҳавасмандии меҳнат;
– таъминкунанда — меъёрҳои ба коргарон таъмин будани ҳамаи сохторҳои таркибии корхона, шароити хуби корӣ барои иҷрои мақсадҳои корхона, меъёрҳои истифодабарии тамоми захираҳои корхона, меъёрҳои таъминкунандаи самаранокии истифодабарии вақт,
фондҳо ва дараҷаи автоматикунонӣ.
10. Усули миқдорӣ — омузиши нишондиҳандаҳои гузариш аз микдор ба сифатӣ ва аз сифат ба миқдор бо роҳҳои риёзӣ, оморӣ, ҳисобҳои муҳандисӣ, холдиҳӣ ва монанди ин.
11. Усули маъмурӣ — бо роҳи муайян кардани функсияҳо, вазифа ва уҳдадориҳо,  меъёрҳои сифатӣ, хароҷот, муҳлатгузорӣ, фармон, фармоишҳо, инструксия, стандарту дастурамалҳо иҷро карда мешавад.
12. Усули рафтори роҳбарӣ — мақсади чунин як усул барои кумак расонидан ба коргарон барои фаҳмидани имконоти худ, қобилият ва ҳунарҳои шахсии ҳар як коргар равона карда шудааст. Ин усул бо роҳи ташкил намудани кружокҳо, курсҳои махсуси илмӣ, ташкили клубҳо ба роҳ, монда мешавад.  Мақсади ин усул баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби захираҳои дохилии меҳнатӣ мебошад.
13. Усули ҳолатӣ — вобаста ба ҳолате, ки дар кори менеҷмент пайдо мегардад, бояд ҳамон усул истифода карда шавад. Дар ҷараёни идоракунӣ якчанд омилҳои дохилӣ ва беруна мебошад, ки таъсири худро мерасонанд, бинобар ин усули ягонаи идоравӣ вуҷуд надорад.   Хуб мешавад, ки вобаста ба ҳолати пайдошуда, усули мувофиқро истифода намоем.
Қонуниятҳои инкишофи истеҳсолот объективӣ буда, идоракуни ҳамчун воситаи истифодаи ин қонунҳо дар ҷараёни фаъолияти кории одамон иштирок менамоянд.
Идоракунӣ як шакли махсуси фаъолияти одамон мебошад, ки дар вақти тақсимоти меҳнат ҷудо карда мешавад. Бинобар ин ғайp аз қонуниятҳои умумии меҳнатӣ, идоракунӣ як қатор қонуниятҳои махсуси худро дорад, ки барои риояи он дониши касбӣ ва маълумот шарт ва зарур мебошад. Дар назарияи илми идоракунӣ як қатор қонуниятҳо ва қонунҳое вуҷуд дорад, ки дар менеҷмент ҳатман бояд риоя шавад. Ин қонуниятҳо хам моҳияти назариявӣ ва ҳам моҳияти амали доранд. Мисол барои менеҷмент донистани он, ки қувваи коргарӣ баъди 8 соати корӣ бояд аз нав барқарор шавад ва бояд барои ин истироҳати коргар зарур мебошад, нуқтаи муҳим аст ва ё қонунияти физики вуҷуд дорад, ки баъди 4-5 соати корӣ, коргар бояд хурок хурад. Иҷр0 ва риояи чунин қонуниятҳо аз тарафи роҳбар шарт ва зарур мебошад.

Донистан ва риоя кардани қонуниятҳои идоракунӣ дар асоси таҳлили назариявӣ ва таҷрибаи корӣ чунин имконият медиҳад:
♦ таҳлили амиқи системаи идоракунӣ гузаронида, имконот муайян карда мешаванд;
♦ омили вақт ба инобат гирифта мешавад, дар ҳолати беҳтар кардани системаи идоракунӣ;
♦ ба инобат гирифтани омилҳои субъективии идоракунӣ;
♦ ҷорӣ намудани усули системавии идоракунӣ.
Асосан чор қонунияти менеҷмент ҷудо карда мешавад:
1. Ягонагии системаи идоракунии истеҳсолот — алоқаи босуботи системаи менеҷмент дар ҳолати таъсири омилҳои беруна буда, дар кори амалии менеҷмент ин қонуният чунин амалӣ мегардад:
♦ ягонагии қоидахои идоракунӣ барои ҳамаи звеноҳо, дараҷаҳо ва системаҳои идоракунӣ;
♦ ягонагии системаи ташкилии идоракунӣ;
♦ ягонагии услуби идоракунӣ барои иҷрои проблемаҳои гуногуни идоравӣ;
♦ ягонагии системаи идоракунӣ, ки пайдарпайӣ ва мунтазамии корро таъмин месозад.
2. Мувозинатии истеҳсолот ва идоракунӣ — чунин як қонунияте мебошад, ки на фақат барои корхона, балки барои тамоми иқтисоди мамлакат зарур мебошад.
Яъне идоракунӣ набояд аз ҳақиқати истеҳсолот дур бошад. Ҳар як системаи идоракунӣ бояд ҳам миқдоран ва ҳам аз ҷихати техникӣ имконоти иҷрои вазифаҳои худро дошта бошанд.                     3. Марказонидан ва ғайримарказонии идоракунӣ. Варианти оптималии мувозинати марказонӣ ва ғайримарказонӣ – ин тақсимоти вазифа, функсия ва ҳуқуқ додан мебошад. Дараҷаи марказонида шудани идоракунӣ вобаста аз дараҷаи инкишофи истеҳсолот тағйир меёбад. Баробари афзоиши истеҳсолот дараҷаи марказонидан кам мешавад.
4. Таносуби дурусти байни сардор ва идораи корхона, яъне таносуби байни субъект ва объекти корхона аст, ки фактори асосии ин таносуб омили ташкилию иқтисоди мебошад.
Вобаста аз инкишофи и^тисодй арзиши мех,нати идоравй меафзояд.
Мураккабшавии ҷараёни истеҳсолот ба он овардааст, ки дар идоракунии корхонаҳо психолог, сотсиолог ва барномасозу мутахассисони соҳаи электроника бояд иштирок намоянд. Чунин як пешравии кори идоракунӣ ин қонунияти инкишофи системаи идоракунӣ ва объекти идоракунӣ мебошад.
Қоидаҳои менеҷмент — гуфта, қонуниятҳоеро меноманд, ки дар доираи он алоқамандии системаи идоракунӣ амалӣ  мегардад.
Аз дигар тараф қоидаи менеҷмент гуфта, қоида, меъёрҳои ҳуқуқи ва рафториеро меноманд,  ки роҳбарон дар фаъолияти кории худ истифода мекунанд. Қоидаҳои асосии менеҷментро чунин ҷудо кардан мумкин аст:
♦ қоидаи илмии идоракунӣ;                                                                                                                                    ♦ қоидаи бо ҳам мувофиқ будани идоракунии марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда;
♦ қоидаи ягонагии роҳбарии сиёсӣ ва хоҷагӣ;
♦ қоидаи хоҷагии нақшавӣ;
♦ қоидаи ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ;
♦ қоидаи ҷавобгарии идоракунӣ;
♦ қоидаи интихоб ва ҷобаҷогузории кормандҳо;
♦ қоидаи самаранокии иқтисодӣ;
♦ қоидаи бо ҳам мувофиқ, будани идоракунии соҳавӣ ва территориявӣ;
♦ қоидаи бартарияти қарордоди хоҷагӣ.
Қоидаҳои идоракунӣ бояд асосҳои ҳуқуқӣ, меъёрӣ, қонунии худро дошта бошанд ва дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ дарҷ гардида бошанд.            

Добавить комментарий


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.