Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Мафхум, мақсад ва вазифаҳои менеҷмент

Аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз олимони зиёде оиди илми менеҷмент акидаҳои хешро иброз намуда ба таври худ маънидод намуданд.Нақша:
1.Мохият ва мазмуни менеҷмент
2.Конуният ва принсипҳои фаъолияти идоракуни
Аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз олимони зиёде оиди илми менеҷмент акидаҳои хешро иброз намуда ба таври худ маънидод намуданд.
Аз гуфтаи бархе азонҳо бармеояд, ки менеҷмент калимаи ангилиси буда маънояш рохбарият, дирексия, идоракуни мебошад. (ниг. Виханский О.С., Наумов А.И. Менеджмент: Учебник. М., 2002) Виханский О.С., Наумов А.И. Практикум по курсу «Менеджмент». М., 2002., Мескон М., Алберт М., Хедоури Ф. Основы менеджмента. М., 2002., Кравченко А.И. История менеджмента: Учебное пособие для студентов вузов.– М.: Академический проект, 2000).
Ё худ дар « Луғати поягии забони ангисии Оксфорд» менеҷмент чунин маънидод карда мешавад:

Тарз ва рафтори муносибат бо одамон
Санъати идоракунӣ
Қобилият ва услуби идоракунӣ
Органи идоракунӣ, воҳиди маъмурӣ
Дар маънии томаш «менеҷмент»ба забони тоҷикӣ ҳамчун илм дар бораи санъати идоракунӣ яъне иборат аз присипҳо, тарзу усул ва шаклҳои идоракунӣ бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда тарҷума мешавад.
ҳамчун санъат дар он ифода меёбад, ки роҳбар, яъне менеҷер дар ҷараёни идоракунӣ мебояд дорои қобилияти сухангӯӣ, ташкилотчигӣ, бомаҳорат, донишманд ва маҳорати дарки ҳама гуна муаммоҳои марбут ба идоракуниро дошта бошад. Зеро дар раванди идоракунӣ менеҷер на ин, ки таҷҳизот, техника ва ё ягон предмети алоҳидаро идора менамояд, балки бо инсон сару кор дорад ва қобилиятнокии менеҷер низ дар муносибат бо одамон инъикос меёбад.
Менеҷер- ин мутаххасиси касбии махсус омодашудаест, ки дар ташкилот ҳамчун идоракунанда фаъолият намуда назарияҳои илми менеҷментро дар амалия татбиқ месозад.
1.2. Мақсад ва вазифаҳои менеҷмент.
Вазифаҳои менеҷмент ҳамчун илм – ин коркард намудан, гузаронидани тафтишҳои эксперименталӣ ва дар амал истифодабарии муносибатҳои илмӣ, принсип ва методҳое, ки кори боэътимоду самаранок, устувор ва дурнамои хуб доштаи гурӯҳро бо роҳи истеҳсоли моли рақобатпазир таъмин менамояд.
Мақсади ниҳоии менеҷмент ҳамчун амалия ин таъмини фаъолияти мақсаднок ва дурнамои фирма бо роҳи банакшагирӣ, ташкилӣ, мотиватсия, назорат ва қабули қарори идоракунӣмебошад.
Вазифаи муҳимтарини менеҷмент ин ташкили истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ бо назардошти талаботи истеъмолгарон дар асоси захираи мавҷуда мебошад. Илова бар ин ба вазифаҳаи менеҷмент дохил мешаванд:

ҳавасмандгардонии кормандон бо роҳи муҳайё намудани шароити хуб ва системаи пардохти музди меҳнат;
муайянкунии захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои таъминнамоии он;
коркарди стратегияи ташкилот ва баамалбарории он;
муайян намоии мақсадҳои ташкилот;
тартиб додани системаи чорабиниҳо баҳри ноилшавии мақсад;
ҷустуҷӯи доимӣ ва омӯзиши бозорҳои нав;
бурдани назорат аз болои самаранокии фаъолияти ташкилот ва мақсадҳои пешгузоштаи он.
2.Конуният ва принсипҳои фаъолияти идоракуни
Конунҳои таракиёти иктисоди мохият ва мазмуни объективи доранд, зеро онҳо новобаста аз майлй ҳохиши одамон амал мекунанд. Дар ин ҳолат, вазифа аз он иборат аст, ки талаботи объективонаи онҳоро бошуурона ва хамачониба ба эътибор гирифта, дар фаъолияти рузмарраи худашон, ки бо истехсолот ва максади асосии он – баланд бардоштани сатхи зиндагони дар асоси истифодаи пурсамари сарватҳои махдуди иктисоди, аз чумла неруи кори истифода баранд. Идоракуни бошад яке аз воситаҳои асосии истифодаи конунҳои умуми ва махсуси иктисодиёт мебошад, ки фаъолияти кормандонро барои ноил шудан ба сатхи баланди самаранокии истехсолот ва хадафҳои ниҳоии фаъолияти иктисоди хидоят мекунад.Идоракуни чор конунияти ҳоси худро дорад, ки мухимтаринашон инҳоянд:

ягонагии низоми идоракуни;
мунтаносибии истехсолот ва идоракуни;
марказонидан ва идоракунии гайримаркази;
мутобик кардан ва хамохангсозии низомҳои идоракунанда ва идорашаванда.
Саволҳо барои худсанҷишӣ:
1.Мафҳуми менеҷмент чиро ифода менамояд?
2.Вазифаҳои фанни менеҷмент аз чӣ иборат аст?
3.Алоқамандии фанни менеҷмент бо дигар фанҳои ҷамъиятӣ.
4.Предмети омӯзиши фанни менеҷмент.
5.Конуният ва принсипҳои фаъолияти идоракуни чист?
6.Конунияти ягонагии низоми идоракуни чист?
7.Конунияти мунтаносиби истехсолот ва идоракуни
8.Конунияти марказонидан ва идоракунии гайримаркази чист?
9.Мутобик кардан ва хамохангсозии низомҳои идоракунанда ва идорашаванда чист?
10.Принсипҳои идоракуниро шарх дихед?

Масъалаи ҳолати
Шумо дар ҷаласа баромад намудед, нуқтаи назари Шумо ба муаммоҳои алоҳида аз тарафи кормандон танқидӣ қабул шуданд. Шумо чи гуна рафтор менамоед.? Масалан: – ором мемонед, вале нуқтаи назар ва самти рафтори худро тағйир намедиҳед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.