Четверг, Ноябрь 14Вместе создадим светлое будущее!


Таҳаввулоти назария ва амалияи менеҷмент.

Ба ақидаи муаллифони энсиклопедияи менеҷменти касбии амрикоӣ нуқтаи ибтидоии рушди менеҷменти муосир ин соли 1886 мебошад, ҳамон сол соҳибкор Г. Таун дар ҷамъомади ҷамъиятии муҳандисон-механиқон бо маърӯзаи «Муҳандис ҳамчун иқтисодчӣ» баромад намудНакша:
1.Назарияи классики менечмент
2.Назарияҳои навклассикии менечмент
3.Назарияҳои муосири менечмент
Ба ақидаи муаллифони энсиклопедияи менеҷменти касбии амрикоӣ нуқтаи ибтидоии рушди менеҷменти муосир ин соли 1886 мебошад, ҳамон сол соҳибкор Г. Таун дар ҷамъомади ҷамъиятии муҳандисон-механиқон бо маърӯзаи «Муҳандис ҳамчун иқтисодчӣ» баромад намуд, ки ин маърӯза, нахустин бор зарурияти менеҷментро ҳамчун ихтисос ва фанни илмӣ замина гузошт. Ин маъруза ба Фредерик Тейлор таассуроти баланд бахшида ӯро ба навиштани назарияи «менеҷменти илмӣ» ҳавасманд намуд.
Дар солҳои 1880 муҳандис-худомӯзи амрикоӣ омӯзиши системавии равандҳои меҳнатиро оғоз намуд. Баъди менеҷери корҳонаи «Миндвейл Стил Воркс»-и Филаделфия шудан вай аз бесарусомонии дар ташкилоти саноатӣ буда ба ҳайрат афтод. Байни менеҷерон ва коргарон ягон хел ҳамкорӣ набуд. Форигболӣ ва беътибори нисбати вазифа ҳукмрон гардида буд. Коркарди маҳсулот бисёр ҳам кам буда, кӯҳна будани таҷҳизотҳо ва курсаводии коргарон ба боис гардида буд. Фаъолияти худро дар «Миндвейл Стил Воркс» Тейлор бо ҷоринамудани мубориза бо ҳароҷотҳои меҳнати исорфкорона ва вақтгузаронии ғайрисамаранок, ченкунии сарфаи вақтро барои корҳо (хронометраҷ) оғоз намуд, ки дар натиҷа ба системаи «менеҷменти илмӣ»-и вай дохил шуданд.
Соли 1895 Тейлор мақолаи аввалини менеҷментии худро нашр намуд. Соли 1903 китоби «Менеҷменти сехӣ» ва соли 1911 « Принсип ва методҳои менеҷменти илмӣ»- и Тейлор нашр гардид. Баъди баромад дар назди комитети синфии намояндагон оид ба омӯзиши системаи сехии менеҷмент, Тейлор шӯҳрати баландро соҳиб шуд. Дар «Мидвейл» ва баъдан дар «Бетхем Стил» Тейлор менеҷментро дар чаҳор параметр тақиқот намуд: ба меъёрдарорӣ, омили вақту вазифа, ҷудокунии систематикӣ ва омӯзиш, омилҳои пулӣ.
Тейлор асосгузори менеҷменти муосир буда ба сифати поягузори илми мазкур Файол, Эмерсон, Форд ва дигар олимон сахми арзандаи хешро гузоштанд.
Пайрав ва шогирдони намоёни мактаби илмии Тейлор мухандиси амрикои Генри Лоуренс Ганнт (солҳои 1861-1919) мебошад, ки тадкикотҳояшро на ба омузиши амалиёти алохида, балки ба масоили менечменти истехсоли равона кардааст.
Максади асосии Ганнт такмили механизми тараккиёти иктисодиёти корҳона бор охи азнавсозии системаи ташаккули вазифаҳо ва таксими мукофот ва кадркунии мехнат мебошад. У системаи музди корро асоснок намуд, ки аз шакли вактбайъ ва корбайъ таркиб ёфтааст.
Ба назарияи идоракунии илми зану шавхар Френк ва Лилиан Гилбертҳо сахми арзанда гузоштаанд.Тадкикоти онҳо зимни чустчуи рохҳои бехтарини ичрои кор бор охи истифода аз амалҳои одди сурат гирифтааст.
Гилбертҳо ба хулосае омаданд, ки дар самаранокии мехнати коргар, ташкили илмии мехнат ахмияти калон дорад. Баъди вафоти Френк хамсари у – Лилиан тадкикотро андаке бо тарзи нав давом дода, ба омили инсони дар истехсолот диккати махсус додаст.
Пайравони дигари мактаби илмии идоракунии Тейлор олими намоёни амрикои Гарринтон Эмирсон (солҳои 1853-1931) мебошад. У аз руи ихтисосаш лингвист буда, дар сини бисту сесолагиаш рохбарии илмии шуъбаи лингвистикаи Донишгохи штати Небраскаро ба ухда дошт. Вале дере нагузашта Эмирсон аз кори илмии худ даст кашида, ба амалиёти бонкию тичорати машгул мешавад ва баъдтар хисобкуниҳои мухандисию иктисодиро барои рохи охан ичро намудааст. Соли 1900 китоби у «Ҳосилноки чу насоси идоракуни ва музди кор» ва соли 1912 асари дигари у бо номи «Дувоздах принсипи ҳосилноки» нашр гардид.
Генри Форд (солҳои 1863-1947) – асосгузори саноати автомобилсозии Амрико буда, хамзамон яке аз намояндагони назарияи идоракунии илми, муаллифи маъруфи «фалсафаи тачриба» мебошад. Вай назарияеро дар илми менечмент тахрези намуд, к ибо равияи «фордизм» дар солҳои баъдина машхур гашт ва мохияту мазмуни он дар китобҳои у «Хаёти манн, дастовардҳои ман», «Имруз ва фардо» гирд оварда шудааснд. Мазмуни асосии назарияи Г.Форд мухтасаран ин тавр аст:
*музди баланди мехнат барои хар як коргар, вале назорати катъи ба фаълияти 48 соатаи онҳо дар як хафта;
* таъмини ҳолати бехтарини мошинҳо, эхтиром нисбати худ ва дигарон
Максади асосии фаъолияти сохибкориашро Форд танҳо дар хизмати халол ва манфиатдор барои чамъият мешуморид. Соли 1914 у дар заводи худ барои кормандон музди мехнати баландтаринро чори намуд.
Сахми бузурги Ф.Тейлор, Г.Гант, Ф. ва Л.Гилбертҳо, Г.Форд ва дигарон намояндагони шинохтаи мактаби идоракунии илми дар он аст, ки онҳо аз чумла принсипҳои зерини илмии идоракуниро тахрези ва асоснок намуданд.
Мактаби маъмурии идоракуни низ ба мактаби классики менечмент шомил буда дар ташаккули он сахми калон гузоштанд.Намояндагони мактаби идоракунии имлии (Тейлор, Форд, Гилбертҳо) тадкикоти худро асосан ба халли масоили мухими ташкили илмии мехнат бахшидаанд.Вале, бо сабаби гузаштани вакт, раванди идоракуни дар натичаи тавсия ва пешниҳодҳои чолиби мактаби илмии идоракуни мавкеи ва ахмияти мустакил пайдо намуд ва он дар дар ташаккули фикру андешаҳои нав дар менечмент ё ин ки назарияи маъмури сабаб гардид.
Пайдоиши назарияи маъмурии идоракуни асосан бо номи олими фаронсави Анри Файол алокаманд аст.Файол дар тулии 30 сол (1888-1918) рохбарии ширкати бузурги истихрочи фаронсави-«Комамбол»-ро ба ухда дошт. Собикаи кори у дар ин корҳона хеле тулонист. Хангоми ба вазифаи директории генералии ширкат таъин шуданаш, ин корҳона вокеан дар ҳолати муфлисшави карор дошт.Тачрибаи бисерсолаи худро хулоса намуда, А.Файол «назарияи маъмури»-ро тархрези намуд.Маколаи аввалинаш бахшида ба гояҳо ин таълимот дар сохаи идоракуни соли 1900 навишта шудааст.Соли 1916 асари вай бо номи «Идоракуни умуми ва саноат» аз чоп баромад.
Дар катори А.Файол сахми назаррасро дар инкишофи назарияи идоракунии маъмури олимони дигар Л.Урвик ва Д.Муни гузоштанд.
Назарияи навклассики менечмент
Дар адабиёти сохаи менечмент ин назарияҳо асосан бо номи мактаби «Муносибатҳои инсони ва илмҳои рафтори» шинохта шудааст.
Дар солҳои 30-50-уми асри ХХ дар мамолики Гарб гояҳои мактаби нав- «назарияҳои навклклассики» бо номҳои «Муносибатҳои инсони» ва «Илмҳои рафтории идоракуни» васеъ пахн шуд.Сабаби пайдоиши ин таълимот дар он аст, ки назарияҳои классики идоракуни омили инсониро хамчун унсури асосии самаранокии ташкилот танҳо то як андозаи муайян ба инобат мегирифтанд.
Хусусияти фаркунандаи назарияи «Муносибатҳои инсони» ин зохир намудани диккати махсус ва бештар ба омили инсони аст. Вокеан, дар хар корҳона чараёни идоракуни махз аз танзими фаҳолияти одамон огоз мегардад, ки ин дар хакикат яке аз масъалаҳои марказии менечмент мебошад.
Намояндаи дигари назарияи «Муносибатҳои инсони» пажухишгари амрикои Мэри Пракет Фоллетт (1868-1933) мебошад, ки тадкикотҳояшро ба омузиши муносибатҳои ичтимои-рухии гурухҳои хурди мехнати бахшидаст.Асраи илмиаш бо номи Давдали мехнати (1920) уро дар чаҳон андешаҳои бизнес ва идоракунии давлати машхур гардонидасст.
Ба ташкили назарияи ва тачрибаи муносибатҳои инсони сахми равоншиноси намоён ва яке аз асосгузорони назарияи навклассики менечмент Элтон Мейо (1880-1949) хеле бузург аст. Вай як катор озмоишҳои максаднок гузаронидасст, ки бо номи «Озмоишҳои ҳотиромон» маълум аст.
О.Шелдон (1894-1951) ба сифати яке аз ухдадориҳои ичтимои ба коргарон актидаи эхтиромона муносибат кардани шарти мухими фаъолияти инсон донистааст.Вай исбот намуд, ки дар катори самарнок истехсол намудани махсулоту ташкили хуб ва муттасили хизматрасони, сохибкор бояд дар назди истеъсолгарон чавобгарии ичтимоию ахлоки дошта бошад. Аз ин ру нишондоди Шелдон чори намудани техникаю техналогияи нав на танҳо бо максади баланд бардоштани ҳосилнокии мехнат, балки барои бехтар намудани бехбудии аъзои чамъият хам равона карда мешавад.
Ч.Бернард (1886-1961) назарияеро ба миён гузошт, ки тибки он хадафи ташкили бизнес бояд ба ниёзи иштирокчиёни бевоситаи он мутобикат кунад.
Намояндагони машхури ин мактаб Ренсис Лайкерт, Дуглас Мак Грегор ва Абрахам Маслоу мебошанд. Дар тадкикоти доманадори хеш онҳо тарафҳои гуногуни системаи хавасмандкуни, хусусияти ҳокимияти ва нуфуз, сохтори ташкили, иртибот дар ташкилот, сарвари ва гайраро мавриди омузиши чидди карор доданд.Тадкикоти онҳо дар солҳои 60-ум ба пайдоиши навъи махсуси идоракуни-менечменти кормандон сабаб гаштааст.

Назарияҳои муосири менечмент
Дар нимаи дуюми асри ХХ дар назарияи менечмент се нуктаи назар ташаккул ёфтанд: чараёни (аз охири солҳои 50-ум), системави (аз нимаи солҳои 70-ум) ва ҳолати (солҳои 80-ум).
Аз руи нуктаи назари чараёни дар ташкилот идоракуни чун раванди ягонагию доимии хамкори хисобида мешавад.Менечер бояд дар хамбастии хеле зич функсияҳои накшагири, ташкил, мотиватсия ва назоратро амали гардонад.
Дар замони муосир нуктаи назари системавиро метавон методологияи унверсиалии менечмент хисобид, зеро он хамаи раванд ва зухуроти мухити дохиливу берунаро дар ягонаги ва хамоханги тахлил мекунад.
Нуктаи назари ҳолати дар мактаби бизнеси Гарвард тахрези шудааст ва ба менечерон халли фаврии масъалаҳоро дар ҳолатҳои мушаххас пешниҳод мекунад.

2.2.Мактабҳои илмии менеҷмент
Аз ибтидои асри ХХ олимон оид ба ривоҷу равнақ додани илми менеҷменти муосир корҳои зиёди тадқиқотию илмиро иҷро намудаанд, ки онҳоро ба 4 гурӯҳи калон қисмат мекунанд:

Мактаби классикии менеҷмент Бейлор (1911), Гилберт (1911), Черч (1914), Файол (1916) Девис (1935).
Мактаби рафтори идоравӣ – Ротлисберг (1939) Мейо (1945) Бернард (1938) Друкер (1954) Мак Грегор (1960).
Мактаби идоракунӣ – Черчмен (1957) Марч ва Саймон (1958) Форстейр (1961) Дайфа (1968).
Мактаби ҳолатӣ (ситуатсионӣ) Берис ва Сталнер (1961) Фудворд (1965) Томпсон (1967) Лоуренс ва Орш 1967.
ҳар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта барои инкишофи илми менеҷмент саҳми муаӣянеро гузоштаанд.
Саволҳо барои худсанҷишӣ:
1.Таърихи пайдиши илми менеҷмент?
2.Мактаби рафтори идоравӣ чиро меомӯзад?
3.Асосгузорони илми менеҷмент кистанд?
4.Зарурияти мактабҳои илмии менеҷментро дар чӣ мебинед?
МАСЪАЛА

Корҳонаи нонпазӣ одатан бо муаммоҳои саривақт таъмин намуда фармоишҳои саҳарии шабакаи савдо дучор мешавад. Бисёр мағозаҳо меҳоҳанд, ки маҳсулоти нониро бо ассортименти васеъ дар лаҳзаи кушодашавии мағоза дастрас намоянд. Дар натиҷаи ин танурҳои нонпазӣ дар давоми шабонарӯз номунтазам кор формуда шуда дар соатҳои саҳарӣ ҷадвали дастраси маҳсулоти наву гарм вайрон мешавад. Дар вазъияти ба амал омада Шумо чӣ пешниҳод карда метавонед.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.