Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Коммуникатсия ва мақоми он дар менеҷменти муосир.

Коммуникатсия шарти нахустини мавҷудияти ташкилот ба ҳисоб меравад.
Бе коммуникатсия, бе фиристодан ва қабул намудани ахбор аз субъекти идоракунӣ ба объети идоракунӣ ва ё баръаксМафҳум, мохият ва ҷараёни коммуникатсионӣ.
Накша:
1.Хадаф ва вазифаҳои иртибот
2.Намудҳои асосии иртибот
3.Унсурҳо ва мархилаҳои асосии чараёни иртибот
Ахбор бо воситаи раванде қабул ва фиристода мешавад, ки коммуникатсия номида мешавад.
Коммуникатсия шарти нахустини мавҷудияти ташкилот ба ҳисоб меравад.
Бе коммуникатсия, бе фиристодан ва қабул намудани ахбор аз субъекти идоракунӣ ба объети идоракунӣ ва ё баръакс, сарфаҳм нарафтан ба мазмун ва моҳияти ахбори фиристода шуда ва ё қабул меградида фаъолияти идоракуни ягон мазмуне надорад.
Дар асоси раванди коммуникатсионӣ роҳбар барои қабули қарори идоракунӣ ахбори заруриро дастрас менамояд ва ё тавассути коммуникатсия иҷроиқарори қабулгардидаро амалӣ месозад.
Коммуникатсия гуфта ин ҷараёни ахбордиҳӣ аз як объект ба объекти дигарро меноманд.Субъекти коммуникатсия метавонад, ки шахсони алоҳида, гуруҳҳо ва корҳонаю ташкилот бошанд.
Мақсади асосии Ҷараёни коммуникатсия ин таъминоти мазмуни ахборе, ки предмети мубодила мебошад .Маълум аст,ки худи ҳолати мубодилаи ахбор хануз самаранокии гуфтушунидро таъмин намекунад.Барои амик омухтани чараёри мубодилаи ахбор ва шартҳои самаранокии он мо бояд ҳолатҳо ва сабабҳои пайдоиш, инчунин давраҳои онро донем.
Дар Ҷараёни мубодилаи ахбор чор унсури авваларо мушохида кардан мумкин аст.

равонкунандаи ахбор- шахсе,ки сарчашмаи чунин фикр мебошад,ахборро чамъ карда ба дигар объект медихад.
маълумот- ахбори махсус, ки бо воситаи рамзҳо мустахкам карда шудааст;
бахши ахбор- воситае, ки тавассути он ахбор дода мешавад;
4.кабулкунанда- шахсе, ки ахбор ба у равон карда шудааст, ё у ба дигар шахс мерасонад.
Хангоми мубодила ахбордиханда ва кабулкунанда аз якчанд мархилаҳо мегузаранд. Вазифаи онҳо ташкил намудани ахбор ва истифодаи бахш бо мақсади расонидани ахборе, ки харду мефахманд ва кабул мекунанд.Ин вазифа мушкил мебошад, чунки хар як давра метавонад,мазмуни ахбор тагйир ёбад, ё тамоман дигар шавад.
Давраҳои алокамандии коммуникатсия чунин мебошанд:

пайдоиши ақида;
интиҳоби бахш ва рамзгузорӣ;
мубодилаи ахбор;
декодировка.
1.. пайдоиши ақида – мубодилаи ахбор аз пайдоиш ва интиҳоби ақида сурат гирифта, ахбордиҳандаро водор месозад, ки пеш аз мубодилаи ахбор чигуна ахборро мавриди мубодила қарор диҳад. Яъне пеш аз расонидани ахбор бояд мазмун ва маънии дурусти ахбор пурра гардида бошад. Дар ин бора олими соҳаи идоракунӣ Кит Девис менависад «то он даврае, ки фикр накардаед сухан нагуед». Бинобар ин ахбордиҳанда пеш аз он, ки консепсияи пешниҳоди ахборро интиҳоб намояд вай бояд, якчанд омилҳоро ба инобат гирад. Мисол вақте, ки роҳбар меҳоҳад дар бораи фаъолияти кори корҳона сӯҳбат гузаронад, вай бояд, пеш аз ҳама дар шакли конкрети нишондиҳандаҳои инкишофро ва ҳамчунин шахсоне, ки дар иҷрои ин кор саҳми арзанда доранд номбар карда тавонад.Вагарна дар ҳолати баръакс роҳбар ба ҷои ахбори асоси суханҳои рӯяки ва бемазмунро мерасонад, ки ин ҳам ба ҷараёни коммуникатсия ва ҳам ба фаъолияти коргарон таъсири манфӣ мерасонад.
Қайд кардан зарур мебошад, ки менеҷер аз 50 то 30% вақти худашро барои коммуникатсия сарф мекунанд. Ин мумкин дар навбати аввал шубҳанок бошад.Валекин менеҷер бо мақсади ҷори намудани фикру ақидаи худ ва иҷрои вазифа мачбур аст,ки бо одамон мубодилаи ахбор дошта бошад. Аз тарафи дигар функсияи ташкилӣ, банакшагирӣ, идоравии корҳона, мотиватсия ва назоратӣ бе муносибати байни одамон ғайриимкон мебошад.Аз ин ҷост,ки коммуникатсия ҳамчун звенои пайвасткунандаи менеҷмент хизмат менамояд.
Бо мақсади он, ки роҳбар вазифа ва функсияи худро дар корҳона иҷро намояд, бояд мақсад ва вазифаи корҳонаро гуфта тавонад ва дар асоси мубодилаи ахбор мустахкам намояд.Ӯ метавонад, факат дар асоси ташкили самараноки коммуникатсия ба мақсади худ расад.
Маълум аст, ки коммуникатсия моҳияти калон барои муваффақиятҳои корҳона дорад, аммо роҳбарон-75% америкоиҳо,63% ангилисҳо ва 85% чопонҳо хисоб мекунанд, ки коммуникатсия ба кори онҳо халал мерасонад.Мувофиқи дигар тадқиқоти сотсиологӣ 250 ҳазор коргарон аз 2000 корҳонаҳои калон хисоб мекунанд, ки коммуникатсия яке аз масъалаҳои мураккаби корҳона мебошад. Ин маълумотҳо нишонаи он мебошанд, ки коммуникатсияи ғайрисамаранок – яке аз соҳаи асосии пайдоиши проблемаҳо мебошанд.Аз ин ҳотир мо бояд унсурҳои коммуникатсияро дар дараҷаи шахсҳои алоҳида ва ташкилот чуқур омӯхта, кори менеҷерро самаранок ба роҳ монем. Асосан, роҳбари самаранок ва хуб кор мекардагӣҳамон роҳбаре мебошад, ки дар коммуникатсия самаранок аст. Ин шахсон мазмуни ҷараёни комуникатсияро хуб медонанд,муомилаи даҳони ва хаттиро хеле нагз аз худ карданд ва медонанд,ки чи тавр ин ба мубодилаи ахбор таъсири худро мерасонад.

КОММУНИКАТСИЯ
(аз поён ба боло)

муаммо ва суолҳо:
пешнизодҳо;
ҳисобот оид ба фаъолият;
шикоят ва баҳсҳо;
ахбори молиявӣ ва муҳосибӣ;
муттаҳидсозӣ
КОММУНИКАТСИЯ
(уфуқӣ)

ҳалли масъалаҳо дар дохили шӯъба;
ҳамоҳангсозии шӯъбаҳо;
Пешниҳоди қаррҳои шӯъбаҳо;
КОММУНИКАТСИЯ
(аз боло ба.поён)

ҷорӣ кардани мақсад ва стратегия;
дастурамали вазифавӣ ва фармонҳо;
тартибот ва қоидаҳои дохилӣ;
мубдилаи ахбор;
аrидаҳои беруна;
таъсиррасонӣ;
Чуноне, ки дар расми 2 оварда шудааст, сохтори ташкили коммуникатсия аз поён ба боло дар натиҷаи аз ҷониби итоаткунандагон пайдо гаштани эътироз, пешниҳод, ҳисобот оиди иҷрои вазифа, ҳисоботи молиявӣ ва ғайра сурат мегирад.
Коммуникатсияи воридшаванда (аз боло ба поён) дар ҷараёни ҷори намудани стратегия ва мақсадҳои ташкилот, фармонҳо ва дастурамалҳо, нишондодҳо ва ғайра сурат мегирад.
Коммуникатсияи уфуқи бошад – ин муносибати байни шӯъбаҳои алоҳида дар раванди иҷроиши мақсадҳои ташкилот мебошад.
ҳамин тариқ, мубодилаи коммуникатсионӣ ҳамон вақт самаранок ва иҷрошаванда мегардад, ки агар дар бахшҳои коммуникатсионӣхеле хуб ҷойгузорӣ карда шуда бошад.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Коммуникатсия чист?
Ҷараёни коммуникатсиониро шарҳ диҳед.
коммуникатсияи воридшаванда чи гуна мешавад?
Тафовути ахбор ва коммуникатсия дар чист?
Давраҳои алоқамандии коммуникатсия чи гуна мешаванд?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.