Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Услубҳои идоракунӣ

ҳар як роҳбар дар фаъолияти идоракунии худ уҳдадориҳои худро дар як услуби муйян иҷро менамояд. Услуби идоракунӣ гуфта тарзу усули таъсир расонидан ба рафтори тобеъон дар рафти иҷрои кор меноманд.Накша:

Услубҳои рохбари ва шархи онҳо
Гурӯҳбандии услубҳои идоракунӣ
ҳар як роҳбар дар фаъолияти идоракунии худ уҳдадориҳои худро дар як услуби муйян иҷро менамояд. Услуби идоракунӣ гуфта тарзу усули таъсир расонидан ба рафтори тобеъон дар рафти иҷрои кор меноманд.
Ин таъсиррасониҳо аз омилҳои зерин вобастагӣ дорад:

Вазъи сиёсӣ;
Хислати фаъолияти ташкилот, сохтор ва маданияти он;
Вазъи роҳбар дар зинаи идоракунӣ;
Вазъияти роҳбарияти олӣ;
Хислати рӯҳии коллективи меҳнатӣ, муносибат байни онҳо;
Сифати шахсии роҳбар, тарзи рафтор ва муносибат бо коллективи меҳнатӣ;
Cифатҳои шахсии тобеъон, сатҳи касбӣ, рушд ва омодагӣ ба ҳамкорӣ бо роҳбар;
Хусусияти ҳолати мавҷуда;
ҳар як инсон ягона аст, бинобар ин ҳар як роҳбар услуби роҳбарикунии ба худ ҳос дорад. Вале вобаста ба рафтори роҳбарон дар фаъолияти идоракунӣ, хусусиятҳои муайяни фарқкунанда ба ин ё он гурӯҳи услуби идоракунӣ алоқамандӣ дорад. Ин гурӯҳбандӣ имкон медиҳад, ки роҳбаронро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо намоем.
Бори аввал тарзи рафтори роҳбар бо тобеонро дар китоби «Самти инсонии корҳона»-и Дуглас Макгрегор навишта шудааст. Чуноне, ки нуқтаи назари Макгрегор дар менеҷмент бо номи «Назарияи Х» ва «Назарияи У» машҳур гаштааст роҳбарони услуби автократӣ ва демократӣрафтори кормандонро ҳар гуна тасаввур мекунанд ва читавр бояд онҳоро идора намуд.
Нигоҳи авторитарӣ дар идоракунии бевосита буда назорати қатъиро талаб менамояд. Услуби демократи бошад тақсимоти вазифа ва ӯҳдадориҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

«Назарияи Х»

«Назарияи У»

Одамон аз аввал меҳнат карданро дӯст намедоранд ва дар ҳама ҳолат коргурезанд

Меҳнат- раванди табии. Агар шароит мусоид бошад пас онҳо худашон ҳавасманд ҳастанд, ки барои меҳнат кардан ӯҳдадор бошанд.

Дар ин гуна инсонҳо шӯҳратпарастӣ нест, аз ӯҳдадорӣметарсанд ва чунон мешуморанд, ки онҳоро роҳбарӣнамоянд.

Агар ба онҳо мақсадашонро муайян созӣ пас онҳо худашон худидоракунӣ ва худназоратиро истифода менамоянд.
Башарте, ки мукофотдиҳӣ низ бо мақсад алоқаманд бошад.

Барои он, ки онҳоро барои меҳнат кардан маҷбур созӣ, назорати қатъи ва таҳдид кардан лозим аст.

Имконияти ба таври эҷодӣ ҳал намудани муаммо кам ба назар мерасад, вале ба таври зеҳнӣ зиёдтар аст.

Ба таври ҳақиқӣ ва ё «тоза» мо наметавонем, ки услуби корбарии ин ё он роҳбарро авторитарӣ ва демократӣ гӯем. Мо танҳо аз ҷиҳати зиёдтар майл доштан ба ин ё он услуб аз ҷиҳати хусусият, сифати корбарӣ ва ё қобилият шабеҳият доштанашро гуфта метавонему халос.
14.2. Гурӯҳбандии услубҳои идоракунӣ
Қариб ним аср шудааст, дар боби иҷтимоӣ- равонии менеҷмент барои омӯзиши услуби роҳбарӣ мавод ва назарияҳои хело зиёд ҷамъ омадаст, ки ҳар яке қарина ва асосҳои гуногуни услуби идоракунӣдоранд.
Яке аз аввалин тадқиқоҳои услуби роҳбарикуниро Курт Левин гузаронида буд. Тадқиқоти ӯ ин услуби индивидуалии роҳбар буд, ки солҳои 30-уми асри гузашта коркард шудааст ва то ҳол маъмултарин ба ҳисоб меравад.
К Левин тамоми услубҳои роҳбариро ба се гурӯҳҷудо менамояд, ки инҳо услуби авторитарӣ, услуби демократӣ ва услуби либералӣ (саҳлангор)

Услуби авторитарӣ ( аз калимаи лотинии aғctoқitas –ҳокимият) – услуби идоракуниест, ки яккаҳукмрониро мепарастад. Автократ «ҳама чиро худам медонам» ва ба эътирози дигарон тоқат надорад. Дар бораи тобеъон маълумоти мукаммал надорад. Ба ҳеҷкас боварӣ надорад, фармонҳои кориро ба таври кӯтоҳ, тез ва бо таҳдид месупорад. Эҳсосоти тобеон ва коллективро ба инобат намегирад. Кор бо коллектив ба таври фаври ва бо миқдори зиёд бе муайян кардани мақсади аниқи ҳар як корманд сурат мегирад. Овози роҳбар ҳалкунанда буда аз коллектив ҷудо мебошад.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки услуби авторитарӣдар ду ҳолат пурра амалӣ мегардад: а) дар шароити истеҳсолот. б) ҳодим агар ба услуби авторитарии роҳбар розӣ бошад.
Лекин дар ҳама гунна ҳолат услуби авторитарӣ метавонад муваффақбошад:

Таъминоти аниқ ва фаврии идоракунӣ;
Фароҳам овардани таъсироти ягонаи роҳбарикунӣ барои расидан ба мақсади асосӣ;
Кам кардани мӯҳлати қабули қарор, ва дар ташкилотҳои хурд таккон барои дигар кардани шароити берунӣ;
Захираҳои махсусро талаб намекунад;
Вале дар баробари афзалиятҳо боз камбудиҳои худро дорад:

Истифода накардани истъдод ва эҷодкории тобеон;
Мавҷуд набудани ҳавасмандии меҳнат;
Вазнин будани системаи назорат;
Ғайриқаноатбахш будани иҷрокунандагон аз меҳнати худ;
Вобастагии зиёди тобеон аз шиканҷаи роҳбар ва ғайра.
Услубидемократӣ(азкалимаигрекии. dӯmos – халқва …kқatӯ – ҳокимият)– инуслубест, ки ҳокимияттақсимкардашудааст, бинобаринӯҳдадориҳоба ҳаряккормандтақсимкардашудааст.Услубидемократӣсуханипучуҳолӣнабудадаршакликоллективона – бобаинобатгирифтанификриколлективсуратмегирад. Мавқеи роҳбар дар ин услуб байни гурӯҳ мебошад, яъне роҳбар худро ҳамчун аъзои гурӯҳ меҳисобад. ҳар як аъзои коллектив метавонад ба ӯ оид ба ҳама гунна масъала озодона фикрашро баён намояд. Оид ба назорат бошад демократ танҳо натиҷаро интизор мешавад. Чунин шароит барои худинкишофдиҳии кормандон хело имконпазир буда бамақсадрасиро наздик менамояд.
Ин услуб низ афзалиятҳои ба худ ҳос дорад, ки таври зайланд:

ҳавасманд гардонидани кормандон ва истифодаи васеи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кормандон.
Самаранок истифода бурдани шартномавӣ-модии ҳавасмангардонии кормандон;
Бедор кардани механизми рӯҳии ҳавасмандгардонии кормандон;
Баланд бардоштани қаноатмандии кормандон аз меҳнат;
Ташкили муҳити хуби корӣ
Лекин услуби демократӣдар ҳама гуна шароит қабул карда намешавад. Чун қоида ин услуб натиҷаҳои хуб медиҳад агар:

Коллективи мустаҳкам ва таъғирнопазир бошад;
Кормандони баландихтисос;
Мавҷудияти кормандони фаъол, эҷодкор ва бомасъулият;
Шароити хуби истеҳсолӣ ва ғайра.
Чунин шароит ҳама вақт вуҷуд дошта наметавонад, илова бар ин барои сохтани чунин шароит ва интиҳоби услуби демократӣ танҳо эҳтимолан имконпазир аст. Пиёда кардани чунин имконият дар амалия– ин кори осон нест.
Аҷибаш дар он, ки дар тадқиқоти нимасра омадаст, ки ҳоҳ услуби авторитарӣ бошад ва ё ҳоҳ демократӣ алоқамандии кори самаранокӣ гурӯҳ дар ин усулубҳо муайян карда нашудааст. ҳар ду услуб тақрибан нишондиҳандаҳои якхела доранд.

Дар услуби либералӣ бошад тобеон дар коркарди қарор қариб, ки пурра озодиро ба даст меоваранд ва худтанзимкуниро интиҳоб менамоянд. Дар ҳалли масъалаҳо роҳбар кам иштирок мекунад ва амалан ягон супориш намедиҳад. Услуби либералӣ ин набудани обрӯву эътибори роҳбар буда мавқеи роҳбарро тобеон муайян месозанд.Аксаран услуби либералиро саҳлангорона меноманд.
Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Услуби идоракунӣчист?
Бори аввал тарзи рафтори роҳбар бо тобеондар кадом китоб ва аз ҷониби кӣнавишта шудааст?
Нуқтаи назари Макгрегор дар менеҷмент чи гуна буд?.
Аввалин тадқиқоҳои услуби роҳбарикуниро кадом олим гузаронида буд
Услуби авторитарӣ чист?
Услуби демократӣчист?


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.