Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Ҳолатҳои низоӣ дар низоми идоракунӣ

Мафҳуми низоъ (аз калимаи лотинии «соnflictcs» гирифта шуда) маънои муҳолифат, норизоги ва зиддиятро нисбати ягон масъалаи иқтисоди, ичтимои, сиёси, идоракуни ва ҳар гуна фаъолияти инсонро дорад.Моҳият ва сабабҳои пайдоиши низоъ.
Накша:
1.Мохият ва сабабҳои пайдоиши низоъ
2.Намудҳои асосии низоъ
3.Идоракунии ҳолатҳои низоъ
Мафҳуми низоъ (аз калимаи лотинии «соnflictcs» гирифта шуда) маънои муҳолифат, норизоги ва зиддиятро нисбати ягон масъалаи иқтисоди, ичтимои, сиёси, идоракуни ва ҳар гуна фаъолияти инсонро дорад.
Дар адабиёти иқтисоди ва идоракуни таърифҳои гуногуни мафҳуми низоъ оварда шудаанд. Дар дастури таълимии «Асосҳои менеҷмент» (муаллифаш Радугин А.А.) низоъ ҳолати махсуси махсуси муносибат дар байни субъектҳои ташкилот, ки фикру ақидаи як тараф – шахси алоҳида ё гурӯҳи одамон бо амалиёти тарафи мукобил мувофиқ наомада иҷрои вазифаю супориш ва расидан ба мақсадҳои муайянро ғайриимкон мегардонад, таъриф дода шудааст. Ба ақидаи олимони дигар, масалан Виханский О.С. ва Наумов А.И. низоъ ин номувофиқии рафтори бошууронаи як тараф (шахс, гурӯҳ ё корҳона) бо манфиатҳои тарафи дигар аст.
ҳамин тавр, аз таърифҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки низоъ дар корҳона – бархўрди ақидаҳо ва рафтори байни субъектҳои корҳона, ки амали як тараф бар хилоф ё ба инобат нагирифтани манфиатҳои тарафи дигар аст.
Дар корҳонаҳое, ки низоъ сар мезанад, роҳбару менеҷерон одатан мувофиқи вазифа ва накши худ дар маркази он меистанд ва бояд онҳо онро бо истифода аз тамоми имкониятҳои дастрас дуруст ҳаллу фасл намоянд. Аз ин рў, идоракунии ҳолатҳои низои яке аз функсияҳои муҳими роҳбар ва менеҷерон ҳисоб меёбад.
Барои идоракунии самараноки ҳолатҳои низои донистани намудҳои низоъ, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои бартараф намудани онҳо бениҳоят зарур аст.
Сабабҳои пайдоиши низоъҳо одатан хеле гуногунанд. Дар байни онҳо, бахусус тақсимоти нодурусти захираҳои иқтисодии маҳдуд, ба инобат нагирифтани имконияти меҳнатии тобеон бо назардошти сатҳи дониш ва кобилияти кордониашон, аҳамият надодани роҳбар ба масъалаҳои ичтимои ва маиши, тафовути рафтор ва қабули қарори зиддиятнок дар фаъолият ва г. мавкеи ҳос доранд.
Сабабҳои пайдоиши низоъро ба ду гурӯҳ чудо мекунанд: якум, бо гуноҳи роҳбар ва дуюм – бо гуноҳи кормандон.
Сабабҳои асосии пайдоиши низоъ бо гуноҳи роҳбарон инҳоянд:

ташкили нодурусти кор бо шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамон аз тарафи роҳбар;
нокифоя будани иттилооти зарурӣ доир ба самтҳои фаъолияти корҳона;
набудани якдигарфаҳмӣ дар байни роҳбарон ва тобеон;
набудани бовари ба роҳбар ва тарзу услубҳои роҳбарии он;
мавҷудияти муҳити носолим дар корҳона;
мувофиқат накардани меҳнати пурмаҳсули корманд бо сатҳи ҳақиқии музди меҳнат;
сўиистеъмол кардани роҳбар аз мансаб ва манфиати шахсиро боло гузоштан аз манфиатҳои корҳона ва ҷамъият.
Ба сабабҳои асосии пайдоиши низоъ бо гуноҳи тобеон дохил мешаванд:

ба эътибор нагирифтани мақсадҳои асосии корҳона;
тамоили рафтори худпарастии тобеон;
мақсадҳои шахсиро нисбат ба мақсадҳои корҳона боло гузоштан;
ҳис накардани масъулият аз ҷониби тобеон дар раванди иҷрои вазифаҳои умумӣ;
ба ҳокимият ва роҳбари майл кардани бархе аз тобеон.
ҳанўз Ф.Тейлор ва М.Вебер ақидаи шикаст хўрдани корҳонаро дар пайдо шудани ҳар гуна низоъҳо пешгўикарда буданд. Ӯ дар таълимоти худ зарурати то ҳадди имкон аз байн бурдани сабабҳои низоъ ва умуман идора кардани онҳоро асоснок намудааст.
Илми идоракунии муосир низ низоъ ва ҳалли саривақтии онро яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарону менеҷерон арзёби мекунад.
15.2. Намудҳои асосии низоъ
Дар корҳонаву ташкилотҳо низоъҳоро ба намудҳои зерин тасниф мекунанд:

дохилишахси;
байнишахси;
байни шахс ва гурӯҳ;
байнигурӯҳи;
Низои дохилишахсӣдар ботини шахс ба амал меояд ва табиатан ифодаи мақсадҳо ва ё ақидаҳо мебошад. Вай ҳамон ҳолат пайдо мешавад, ки дар ботини инсон мақсадҳои ҳамдигарро истиснокунанда мавҷуд бошанд. ҳалли ин гуна низоъҳо бо зиёд шудани мақсадҳои гуногун душвор мегардад ва шахс тарафҳои мусбат ва манфии онро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонад. Масалан, яке аз муовинони роҳбари корҳонаи истеҳсоли ба мудири амбори маҳсулоти тайёр супориш медиҳад, ки маҳсулотро ба ниёзмандон дар бозори дохилии шаҳри муайян фурўшад. Аммо муовини дигари корҳона қатъи талаб менамояд, ки ин маҳсулот бояд ба як ширкати ҳориҷӣ интиқол дода шавад. Дар натиҷаи ин фикру амали ҳархела мудири амбор дар ҳолати ноҳинҷор мемонад ва дар ботини ў низои дохилишахси сар мезанад. Албатта, дар ин бобат мисолҳои зиёд мавҷуданд.
Низои дохилишахсӣҳамон вақт хусусияти низои ақидаҳоро мегирад, ки шахс беасос будани мақсадҳои хеш, мавқеъ ё рафтори худро дарк намояд.
Низои байнишахсӣ. Ин намуди низоъ яке аз паҳншудатарин ба ҳисоб меравад. Низои байнишахси одатан байни шахсоне ба амал меояд, ки барои ҳалли масъалаи мушаххас ақидаҳо ва мавкеи гуногунро доранд.
Низои байни шахс ва гурӯҳ. Ин намуди низоъ дар он ҳолат рух медиҳад, ки шахс мавқееро ишғол мекунад, ки он хилофи мавқеи гурӯҳ аст. Масалан, ҳангоми муҳокимаи масъалаи дар оянда зиёд намудани ҳаҷми фурўш, бисёриҳо чунин мешуморанд, ки он бо роҳи паст намудани нарх ба даст оварда шавад. Вале, танҳо як шахс ба ин ақида рози намешавад, зеро ў чунин мешуморад, ки ин роҳ боиси кам шудани фоида мегардад.
Низои байнигурӯҳӣ (дохилиташкилотӣ)ин муҳолифати ду ва ё зиёда гурӯҳ дар корҳона мебошад. Чунин муҳолифат асосҳои касби-истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва ҳиссӣ доранд.
15.3. Роҳҳои бартарафнамоӣ ва ҳалли низоъ.
Яке аз вазифаҳои мушкилтарине, ки дар амалия назди роҳбарон меистад ин ҳалли низоъ мебошад, ки ин донишмандӣ, санъат ва таҷрибаи ҳосаро аз роҳбар талаб менамояд.
Барои ҳалли бомуваффақияти муноқиша роҳбар бояд пеш аз ҳама ҳолати муноқишавиро ба таври ҳақиқӣ баҳо диҳад, ки омӯзиши ин ҳолат талаб менамояд:

Муайян кардани сабабҳои бавуҷудоии низоъ;
Муайян намудани воситаи бархурди ақидаҳо (муносибатҳои тарафаҳои ба ҳам зид);
Муайян кардани сабаҳои ҳавасмандии одамоне, ки ба муноқиша ворид шуданд. Барои ин бояд роҳи ҳаётии кормандон, назари онҳо ба ташкилот, талаботҳои онҳо ва ғайра;
Муайян кардани самти таъсироти иштирокчиёни низоъ, яъне воситае, ки тарафҳо дар рафти муноқиша истифода менамоянд;
ҳалли низоъ бо чор роҳ ҳаллу фасл мегардад:

Гуфтушнид- тарзи ҳалли низоъ бо роҳи муҳокимаи якҷояи тарафҳо ва тақсими манфиатҳо бо роҳи мусолиҳаи тарафайн.
КОМПРОМИСС (аз забони лотинии compқomissғm) –ҳаллинизоъдар асоси даст кашидани яке аз тарафҳо аз манфиати хеш.
Бо роҳи миёнравӣ- иштироки фаъоли тарафи сеюмро дар назар дорад. Тарафи сеюм ҳар ду ҷонибро гӯш мекунад ва роҳҳои ҳалли низоъро пешниҳод мекунад. Лекин ин пешниҳодот барои тарафҳо ҳатмӣ нест.
Арбитраҷӣ(аз калимаи фаронсавии. aқӣitқagӯ) тарзи ҳалли низоест, ки тарафҳо барои ҳалли муноқиша ба арбитр (шахси сеюм суд) муроҷиат мекунанд. Шахси сеюм ё бо розигии тарафайн ва ё дар асоси қонунҳои амалкунанда низоъро ҳал менамояд. Қароре, ки шахси сеюм (суд) мебарорад барои тарафҳо ҳатмӣ буда қувваи ҳуқуқӣ дорад.
Идоракунии низоъ ин усули байнишахсӣ буда дар асоси ба эътибор гирифтани ҳиссиёт ва руҳияи иштирокдорони низоъ ташхис ва бартараф намуда мешавад. Ин бо роҳи сӯҳбат, гуфтушуниди махсус, боварӣ ҳосил кунонидан, машқи рӯҳӣ (псиҳотренинг)
Пас аз омӯзиши ҳолат ва рӯҳияи иштирокдорони низоъ роҳбар метавонад якчанд роҳҳои ҳалли низоъро интиҳоб намояд. Вале низоъ бояд мақсаднок ҳалли худро ёбад, яне манфиатҳо дуруст ва оқилона тақсим карда шаванд. Вагарна пас аз чанд муддат боз сарчашма гирифта низоъ сар мезанад.

Саволҳо барои худсанҷишӣ:

Мафҳуми низоъ аз кадом калима гирифта шудааст?
Сабабҳои пайдоиши низоъро шарҳ диҳед.
Сабабҳои пайдоиши низоъро ба чанд гурӯҳ чудо мекунанд:
Намудҳои асосии низоъро номбар кунед.
Роҳҳои бартарафнамоӣ ва ҳалли низоъ чи гуна мешаванд?.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.