Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Мафхум ва вазифаҳои фанни менеҷменти стратеги.

Асоси сохтори муосири идоракунии ташкилот, ин талабот ба идоракунии самараноки иқтисоди ва илм буда, шаклҳои моликият метавонанд ҳархела бошанд.Нақша:

Мафхуми менеҷменти стратеги.
Вазифаҳои менеҷменти стратеги.
Мавқеи менеҷменти стратеги дар фаъолияти корҳонаҳо.
1.. Асоси сохтори муосири идоракунии ташкилот, ин талабот ба идоракунии самараноки иқтисоди ва илм буда, шаклҳои моликият метавонанд ҳархела бошанд. Тағйир ёфтани шаклҳои моликият ба пайдошавии ҷамъиятҳои сахҳомй, консернҳо, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои хусуси дар Тоҷикистони имруза оварда расонидааст. Махз чунин як тагйирот дар 30 соли охир хукмронии бевоситаро дар истехсолот моликияте ,ки дар дасти технократҳо буд ба менеҷерон додаст.
Максади асосии фанни мазкур ин омузиши сохтори муосири идоракуни, мафхуми стратегия, мохияти стратегия, менеҷменти стратеги, намудҳои менеҷменти стратеги ва амалисозии Нақшаҳои стратеги дар фаъолияти корҳонаҳо мебошад.
Менеҷменти стратегӣ гуфта кулли Нақшаҳои стратегӣ ва қарорҳои ташкилиеро ки барои ояндаи дур ҳисоб карда шуда бо мақсади таъмин намудани миссия ва вазифаҳои корҳона ба таври мушаххас ин фаъолият ҳисоб карда шудааст меноманд.
Диққати махсус додан ба ахбор гирифтани ахбор коркард ва ҷорӣ намудани он ҳамоҳангсозии истифодабарии тамоми усулҳои идоракунӣ, ояндабинӣ, банақшагирӣ ва оптималӣ будани қарорҳо бефосилагии раванду идоракуниро аз рўи вақт яъне менеҷменти стратегӣ на фақат дар доираи барномасозӣ ва ояндабинӣ балки дар ҷараёни иҷрои чорабиниҳо ва дар танзими доимии онҳо иштирок мекунад. Алоқаи бевосита ба идоракунии оҷилона менеҷменти стратегӣ дар роҳбарии ҷории корҳона дар ҳалли масъалаҳои стратегӣ иштирок мекунад.
Менеҷменти стратегӣ аз менеҷменти ҷории корҳона ба он фарқ мекунад, ки дар он ҳолати ҳақиқии корҳона не балки ҳолати фикркардашудаи нақшаи 5-10 сола ки корҳона бояд иҷро намояд нишондиҳандаҳои инкишоф мебошанд.
Аз ин нуқтаи назар дар муқоисаи ҳолати ояндабинӣ ва ҳақиқии имрўзаи корҳона қарори стратегӣ пайдо мегардад.
Мазмуни коркарди стратегӣ дорои чунин хусусиятҳост:
Навоварӣ (тағиироти куллӣ) дар техника ва технология сиёсати молиявии корҳона ташкил ва идоракунии корҳона :
истеҳсоли сифатан нави молҳо ва хизматрасонӣ:
Ба даст овардани бозори нав танг карда баровардани рақибон эълонҳои калони корҳона.
Лоиҳаи сармоявӣ реконструксияи васеи корҳона.
Фаъолияти калони молиявӣ фаъолият аз рўи фондҳои асосии мўҳлати зиёди истифодабари дошта.
Пурра дигаргун кардани корҳона.
2.. Таҷрибаи менеҷменти стратегӣ нишон медиҳад ки асосан се қоидаи иҷрои он фарқ карда мешаванд:
1.Мақсаднокӣ. Стратегияро шахсиятҳои серғаирати мақсадноке ташаккул медиҳанд, ки асосан моликиятдор ё менеҷери корҳонаанд. Дар ин ҳолат ў аз рўи қобилияти фаҳмиши шахсии худ ва имконоти корҳона мувофиқи миссия ва мақсади корҳона амал менамояд. Тамоми захираҳои корҳона барои инкишофи худи он равона карда мешавад.
2.Таҳавуллот. Инкишоф оҳиста- оҳиста аз рўи мақсадҳои дар ҷараён бадастомада сурат мегирад.
Фикрҳои стратегӣ бо роҳи ҷамъшудани нишондиҳандаҳои миқдории тағийрот вобаста аз фаҳмиши роҳбар ва ҳайати корҳона амалӣ мегардад. Дар ин ҷо банақшагирӣ аҳамияти калон дорад.
3.Табадуллот. Инкишоф бо роҳи ҷаҳиши калони мубодила ба вуҷуд меояд. Мақоми асосӣ ба навоварӣ дода мешавад.
Вуҷуд доштани ин се қоидаи аълои менеҷменти стратегӣ мазмуни асосии зиддияти менеҷменти стратегиро ташкил медиҳад. Яъне аз як тараф равона кардани ҳамаи захираҳо барои иҷрои вазифаҳои ҷории корҳона аз тарафи дигар фикр карда баромадани ояндаи корҳона равона сохтани ин захираҳои маҳдуд якбора боз барои иҷроиши масъалаҳои стратегӣ норозигӣ ва баъзе зиддиятҳоро ба миён меорад. Бинобар ин яке аз вазифаҳои асосии коркарди стратегии тараққиёти корҳона ин нигоҳ доштани баробарии оптималии тақсимоти захираҳо барои имрўзу фардои корҳона мебошад.
Ҷараёни коркарди стратегии тараққиёти корҳона вобаста аз вақти иҷроиши он ба чор давраи калон ҷудо карда мешавад:
1.Асосноккунии мақсад.
2.Таҳлили стратегӣ.
3.Коркарди стратегия.
4.Амалигардонии стратегия.
Асоснокунии мақсад. Дар ин давра миссия мақсад ва муҳокимаи вазифаҳои корҳона дар ҳудуди банақшагирии стратегӣ амалӣ мегардад.
Таҳлили стратегӣ. Дар ин давра дурнамои ҳолатҳои бозор вобаста аз мақсад ва вазифаҳои корҳона масоили тақсимоти захираҳо сохтори бозор рақобати он омўхта мешавад.
Коркарди стратегия. Дар ин давра якчанд вариантҳои карори стратегӣ пешниҳод карда мешавад ҳисобҳо ва имконотҳо муқоисаи онҳо ба натоиҷи қарор кор карда мешаванд.
Вобаста ба равияҳои умумӣ 3 шакли менеҷменти стратегӣ фарқ карда мешавад:
1.Стратегияи мунтазам.
2.Стратегияи инкишоф.
3.Стратегияи муҳофизат.
1.Стратегияи мунтазами менеҷмент-бо мақсади устувории инкишофи корҳона ва муқовиматнокии он дар шароити бўҳрони иқтисодӣ мебошад.
Равандҳои асосии стратегияи мунтазамӣ ин сари вақт баргардонидани қарзҳои корҳона корҳои ташхисии касодшавии корҳона фоидаи доимӣ ва баланди саҳмияҳоро доро будан инчунин кам кардани таваккали чорабиниҳои корҳона мебошад.
2.Стратегияи инкишофи менеҷмент –барои васеъшавии истеҳсолот зиёд намудани ҳаҷми фурўши мол аз худ кардани бозори фурўши мол мебошад.
Равияҳои асосӣ дар ин ҳолат сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва муқовимати корҳона лоиҳаи сармоя инкишофи истеҳсолот ва сохтори бозории корҳона ба фаъолиятҳое, ки таваккали баландро талаб мекунад.
3.Стратегияи муҳофизати бо мақсади нигоҳ доштани корҳона дар шароити вазнини молиявию ҳоҷагидорӣ амал мекунад.
Амалигардонии стратегӣ дар тартиб додани нақшаҳои ояндадори молиявӣ-ҳоҷагидории корҳона ҳисобҳои буҷавӣ коркарди фоида ва зарари корҳона инчунин назорати иҷроиши он амалӣ мегардад.
ҳамин тариқ стратегияи инкишофи менеҷменти зинаи миёна ва поёнии идоракунӣ тактикаи кўтоҳмуддат қабул карда мешавад.
Тактика -гуфта интиҳоби варианти беҳтарини амалигардонии стратегияи корҳона дар шароити ҳақиқии мавҷуда ва ҳолатҳои номаълумро меноманд.
3.. Стратегия ба инкишофи корҳона таъсири дарозмуддат расонида равандҳои ташаккул ва инкишофи дараҷаи асосии корҳонаро муайян сохта диққатро ба мақсади асосӣ равона сохта қисмҳо ва фаъолиятҳои зиёдатиро аз байн мебардорад. Бинобар ин стратегияи тараққиёти корҳона бояд ҳақиқӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок буда мақсаднокӣ ва мустаҳкамии корҳона инчунин ба меъёрҳои ахлоқ мувофиқат намояд.
Вазифаҳои фанни мазкур дар равванди омузиш ин муайян намудани Нақшаҳои стратегии фаъолият ва усули менеҷменти стратеги, рохҳои тахлили фаъолият дар раванди менеҷменти стратеги, баНақшагирии буҷави, баНақшагирии маркетинги, пешгуикуни ва менеҷменти стратеги дар сатхи давлат ва гайра мебошад.
Коркарди сиёсати иқтисодии корҳона (ташкилот) муайян кардани мақсад стратегияи инкишоф дар ояндаи наздик ва дур вобаста аз имконоти корҳона ва захираҳо мебошад.
Дурнямоии корҳона – консепсияи инкишоф ва равияҳои асосии фаъолияти активии кории корҳонаро мақсади корҳона меноманд.
Стратегия — коркардабаромаданичорабиниҳоиасоснокванақшаибамақсадрасидан, кидарониқтидориилмиютехникӣ ваистеҳсолиюмаишиикорҳонабаба ҳисобгирифташудааст.
Мақсад — ҳолатиояндаианиқикорҳонаиалоҳидароменоманд, кикорҳонабароиноилгаштанион ҳоҳишдорадваазтарафидигарин ҷараёниидоракунӣ мебошад.
Дар системаи идоракунии корҳонаҳо максад як қатор функсияҳои зеринро фаро мегирад:

коркарди фалсафаи фаъолияти корҳона, консепсия, хислат ва хусусиятҳои ҳоси фаъолияти он;
номаълумиро дар фаъолияти корҳона ва ҳар як коргар аз байн мебарад, барои корҳона ҳамчун роҳнамо хизмат карда, коллектив барои ба мақсад расидан ҳаракат мекунанд;
унсури асосии муайян кардани критерияҳои инкишофи корҳона, қабули
қарори идоракунӣ ва назорати идоравӣ ва ҳавасмандӣ;
новобаста ба он, ки он воқеӣ мебошад, ё не дар атрофи худ ихтирокоронро гирд оварда, барои иҷрои вазифа ҳаракат мекунанд;
ҳисобот аз иҷрои вазифа боиси дар боварии коллектив ва мардум даромадани корҳона мегардад.
Самаранокии функсиҳои мақсади корҳона ҳамон вақт таъмин мегардад, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

мақсадҳо бояд аниқ бошад, яъне чӣ бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва чӣ бо нишондиҳандаҳои сифати. Дар чунин як ҳолат, мақсад аз тарафи коллектив хуб қабул мешавад ва агар камбудиҳо бошад, ислоҳ карда шуда, ба иҷрои он амал мекунанд;
мақсадҳо бояд, ки воқеӣ бошад, вагарна ки иҷрои мақсад ғайриимкон мебошад:
мақсадҳо бояд, ки чандирӣ дошта, вобаста 6а ҳолату вазъиятӣ ба амал омада, мувофик, гардонида шаванд. Дар ҳолати дигар агар мо надониста, ба пеш ҳаракат кунем, он гоҳ ба вартае афтидан мумкин аст, ки баромадан амри маҳол аст;
мақсадҳо асосан дар натиҷаи фаъолияти якҷояи одамон иҷро мегарданд, дар вақти масъалагузорӣ мо бояд қоидаи кушодавӣ ва демократии мақсадро дошта бошем;
мақсадҳо бояд тафтишшаванда ва таҳлилшаванда бошанд, ки баҳо
додани иҷрои он коргаронро ҳавасманд гардонад;

мақсадҳо бояд, ки бо якдигар алоқаманд буда, якдигарро пурра кунанд, ҳам дар муҳити вақт ва ҳам дар доираи фаъолият.
Риояи талаботи дар боло номбаршуда мақсади корҳонаро ҳарактери системавӣ дода, гурӯҳбандй ва иҷроиши онро осон мегардонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.