Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Таркиб именеҷменти стратеги:

Таҳлили стратегӣ дар асоси таҳлили иқтисодӣ ва ҳолатҳои сиёсӣ аз тадқиқоти бозор, омўзиши имконоти корҳона вобастагӣ дорад. Дар рақобати интиҳоби истеъмолкунанда муайян кардани сиёсати молии корҳона ҷорӣ мегардад.Нақша:

Ба Нақшагирии буҷави.
Ба Нақшагирии маркетинги.
1..Таҳлили стратегӣ дар асоси таҳлили иқтисодӣ ва ҳолатҳои сиёсӣ аз тадқиқоти бозор, омўзиши имконоти корҳона вобастагӣ дорад. Дар рақобати интиҳоби истеъмолкунанда муайян кардани сиёсати молии корҳона ҷорӣ мегардад.
1.Таҳлили ҳолатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ талаб мекунад, ки ба суолҳои зерин ҷавобгў бошад:
* Дараҷаи даҳолати давлатӣ.
* Мавҷудият ва раванди беқурбшавӣ
* Вазъияти экологӣ (ҳаракатҳои мардумӣ, қонуниятҳо)
* Имконоти таъминоти корҳона бо ашёи ҳом ва энергия (кафолати таъминот, доимияти нархҳо, мавҷудияти маводи нав)
2. Омўзиши стратегияи бозор аз рўи ду нишондиҳандаҳои асосӣ гузаронида мешавад:
* Диққатҷалбкунанда будани истеъмолкунанда барои корҳона.
* Бартарияти корҳона барои истеъмолкунандаи худӣ нисбат ба корҳонаҳои рақиб.
Дар ин маврид ҳамчун ченакҳои асосии диққатҷалбкунандагии истеъмолкунанда нишондиҳандаҳои зайл муайян карда мешаванд:
А) ҳаҷм ва имконоти васеъшавии бозор,
Б) Сифати бозор
В) Даромаднокии соҳа
Г) Давраи гардиши мол
Д) Имконоти нархгузор
Е) Имконоти нигоҳдории сирри тичорати
Ё) Имконоти маблағгузории сармоявӣ
Ҷ) Имконоти миқдории ҳаҷми фурўш
З) Имконоти баромадан аз бозор
И) Хатари пайдоиши моли ивазкунанда.
3. Таҳлили имконоти корҳона дар муборизаи рақобати бозор
Аз рўи равияҳои зайл гузаронида мешавад:
1. Мавқеи корҳона дар бозор:

ҳиссаи бозор ва раванди тағйирёбии он
Имконоти моливии корҳона
Инкишофи корҳона
Даромаднокии корҳона
Имиҷи корҳона
Дараҷаи истеҳсолот:
Имконоти нигоҳдории ҳиссаи худ дар бозор
Ивазшавии технологӣ, таъминот ва вобаста ба ин ҳароҷот
Имконоти дараҷавии инкишофи истеҳсолӣ
Бартарияти мавқеъи ҷуғрофӣ
Тавсифи молтаъминкунандагон, кор бо истеъмолкунандагон.
Имконоти пешрафти илму техникӣ:
Мавҷудияти навоварӣ
Нишондиҳандаҳои литсензионӣ
2.. Дар вақти таҳлил стратегии маркетингии корҳонаи фармоишдиҳанда омилҳои зеринро бояд дар назар дошта бошад:

ҳолати моливӣ, қобилияти қарзии он, шароитҳои ҳисоббаробаркунӣ ва ғайра;
ҳаҷми талабот ва маҳсулоти корҳона;
Гардиши даврӣ ва пурраи солонаи ҳариду фурўши моли корҳона;
Сохтори ташкилӣ-идоракунии корҳона. Системаи идоракуни он, мувофиқати он бо корҳонаҳо, замонавӣ будани сохтори идораи он;
Сиёсати нархии корҳона, нархе, ки корҳона тайёр аст молро ҳаридорӣ намояд, таносуби ин нарх бо нархи бозор ва ғайра;
Таҳлили бартарияти корҳона дар рақобати бозор, дорои чунин хусусиятҳост:
Корҳона нисбат ба корҳонаҳои рақиб чӣ хел дида мешавад, ҳаҷми таъминоти моли корҳона дар бозорро моли алоҳида чӣ гуна аст;
Тараққиёти ояндаи корҳона, доир ба истеҳсоли моли дар бозор будаи худ;
ҳиссаи корҳона дар гардиши даврии молӣ корҳонаи фармоишдиҳанда;
Кадом сифатҳои корҳона, ки ба рақибони ў дастнорас будан, тарафҳои сифатӣ ва диққатҷалбкунандагии онро нишон медиҳанд;
Сифатҳои мусбии мол, ки қисман рақибон низ доранд.;
Хизматрасони иловагӣ;
ҳиссаи фармоишдиҳанда дар пўшонидани ҳароҷоти корҳона.
Дар вақти таҳлили стратегии корҳона фармоишдиҳанда оид ба ҳисаи ҳар як омилҳои дар боло ишорашуда усули муқоисаиро истифода кардан мумкин аст.

Р-т
Омилҳо

Коэффисенти ҳиссавӣ

1

ҳолати умумии корҳои шаркатӣ

10

2

ҳолати молиявии ширкат

15

3

ҳаҷми талаботи ширкат

20

4

ҳаҷми умумии гардиши мол

15

5

Сохтори ташкилии ширкат

10

6

Сиёсати нархи ширкат

30

ҳамагӣ

100

Таҳлили стратегии сиёсати молии корҳона аз рўи ду равия муайян карда мешавад:
* Тақсимоти молҳо дар бозор
* Тақсимоти молҳо аз рўйи номгўйи онҳо
Барои интиҳоби стратегияи тақсимоти молҳо дар бозор системаи зерин тартиб дода мешавад:
Суръати афзоиши бозори молҳои алоҳида, ки ба гурўҳи муайяни корҳонаҳои таалуқ доранд:

таҳлили ҳиссаи корҳонаҳо дар бозори молҳои алоҳида аз рўи номгў ва ассортимент
Равандҳои инкишофи бозори молҳои алоҳида дар оянда
Умуман чор нақшаи қолабии стратегияи бозорро дидан мумкин аст:
1. Навовар- пешво будан дар бозор ё навовар дар дохили корҳона бештар мустаҳкам кардани ҳолати корҳона
2. Такроркунанда- яъне аввал дар ҳона тайёр кардани мавқеъ, мавқеъи дохилиро мустаҳкам мекунанд, то лаҳзае, ки касе бо ин мол ба майдон барояд. Баъд онҳо ғалатҳо ва камбудии шахсии якумро омўхта ислоҳ карда, ҳамчун шахси дуввум баромад мекунанд, ки бештар бурд ҳоҳанд кард.
3. таваккалкори- яъне корҳонаҳе, ки якбора фаъолиятро аз мавқеъи ситораҳо оғоз бахшида, бозорро бой дода аз майдон мебароянд.
4. Думболарав- яъне стратегияи корҳонаи дигарро интиҳоб карда якбора ба касодӣ дучор мегарданд.
Аз рўи ақидаи рўҳшиноси бузурги олмонии асри ХХ К. Левин ба корҳонаҳо қувваҳое таъсир мерасонанд, ки корҳонаро ба дигаргунсозӣ маҷбур месозад. Ин яъне кам шудани ҳаҷми фурўши молҳо паст шудани сифати мол зиёд шудани ҳароҷотҳо малакаи касби надоштани менеҷерон мавҷуд набудани ҳавасмандӣ ва косташавии ҳокимияти роҳбарии корҳона.
1. Дигаргунсозиҳо мешаванд нақшавӣ ва ғаӣринақшавӣ. Дар шароити нақшави дигаргунсозӣ дар нақшаҳои дарозмуддат ва кўтоҳмуддат нишон дода шуда, оҳиста-оҳиста ба амал бароварда мешаванд.
2. Дигаргунсозӣ вобаста аз дараҷаи инкишофи самараноки рушдкунанда ва инқилоби мешавад. Аксар маврид роҳи инқилоби ба тамоман набуд шудани корҳона ва ҳолати парокандагӣ меорад.
3. Вобаста аз дараҷаи таъсири дигаргунсозиҳо куллан якмаротибавӣ ва бисёрзинагӣ мешавад.
4. Вобаста аз мақсадҳо дигаргурсозиҳо мешаванд стратегӣ ва тактикӣ. Аз рўи равияшон мешаванд пешраванда ва пастраванда.
Омилҳои асосии муваффақиятҳои дигаргунсозиҳо аз нигоҳи тадқиқотчиёни ғарби инҳо мебошанд:

Масъалагузории аниқ.
Стратегия ва тактикаи мувофиқ.
Ҷадвали аниқ ва иштироки коргарон.
Дастгирии гурўҳҳои таъсиррасон.
Истифодаи таҷрибаи дигарон.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.