Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Амалигардонии стратегияи корҳона.

Стратегияи корҳона гуфта, асосан нақшаи амалиётҳоеро меноманд, ки барои ба мақсад расидан кумак мерасонад, вобаста аз захирҳое, ки дар корҳона мавҷуд мебошаНақша:

Давраҳои инкишофи стратегия дар корҳона.
Бахшҳои асосии максадгузори.
Идоракунии стратеги.
1.. Стратегияи корҳона гуфта, асосан нақшаи амалиётҳоеро меноманд, ки барои ба мақсад расидан кумак мерасонад, вобаста аз захирҳое, ки дар корҳона мавҷуд мебошанд.
Дар вакти кор карда баромадани коркарди Нақшаи стратегияи корҳона, пеш аз ҳама омилҳои мухити беруна, вазъияти сиёсию иқтисодӣ, инчунин захираҳои дохилаи корҳона низ 6а ҳисоб гирифта мешаванд.
ҳамин тарик, ташаккулёбии стратегияи инкишофи корҳонаро ба 4 давра ҷудо кардан мумкин аст:
Давраи 1-ум – муайян кардани мақсад:
– аниқкуни ва ба соҳаҳо ҷудо кардани он.
– пешгӯии фаъолияти оянда вобаста аз ҳолати имруза ва мақсади оянда.
Давраи 2-юм – тахлили масоил:
– масоили муҳити беруна;
– масоили мухити дохила;
– баҳои бартарияти рақибон.
Давраи 3-юм – муайян намудани ташаккули стратегия:
– кор карда баромадани вариантҳои инкишоф;
– баҳо додани вариантҳо;
– эхтимолияти натиҷагирй;
– қабули қарори стратеги.
Давраи 4-ум – амали гардодидани стратегия:
– тартиб додани план ва буҷети корҳона;
– мушоҳида ва назорат.
ҳамин тариқ, як аз давраи мухими равандҳои стратегии менеҷмент барои ба мақсад расидан ин интиҳоби мақсадҳои дарозмуддат ва кутохмуддати корҳона мебошад. Барои муайян кардани мақсади худ корҳона бояд 8 бахши зеринро ба инобат гирад:
1. Вазъият дар бозори корҳона –
2. Навоварӣ
3. Ҳосилнокӣ
4. Захира –
5. Фоиданокӣ
6. Равандҳои идоравӣ.
7. ҳайати корҳона
8. Ҷавобгарии иҷтимоӣ. Дар шароити имрӯза аксари иҷтисодчиёни ғарбӣ дар чунин ақида мебошанд, ки корҳонаҳо бояд на фақат барои гирифтани доидаи зиёд, балки барои пайдо кардани эътибор худ дар байни эамъият кӯшиш кунанд. ҳавасманди коргарон, фарҳам овардани шароити хуби муҳити зист барои ҷамъият ва фароғати одамон дастгири мардуми камбизоат ва ғайраро ташкил намоянд.
2.. Аз гуфтаҳои боло маълум гашт ки мақсади корҳона якчанд бахшҳои муҳимро дар бар мегирад. Мураккабии интиҳоби мақсад дар он аст ,ки менеҷмент бояд пайдарпай ва самаранок иҷроишавии онҳоро таъмин крда тавонад. Барои иҷрои ин мақсад муҳити дохила ва берунаи корҳона, инфраструктураи менеҷмент моҳияти калон дорад.
Дар вакти масъалагузории иҷроиши мақсадҳои корҳона бояд чор коидаҳои асоси риоя карда шаванд:
1.Муҳокимаи мақсадҳо. Мақсадҳо ҳамон вақт иҷрошаванда ва самаранок мебошанд, ки агар дар вақти масъалагузорӣ иҷрокунандагони онҳо иштирок дошта бошанд ва муҳокимаронӣ намоянд. Мақсадҳо асосан дар асоси таҳлили натиҷаи фаъолиятҳо, бурду бохт ва эахираҳои корҳона сурат мегирад. Муҳокимаи он дар байни иҷрокунандагон имкон медиҳад, ки боз захираҳо ва имконотҳои нав, фикру ақидаи касбие пайдо шаванд, ки барои иҷрои мақсад кумак расонанд. Аз тарафи дигар иштироки онҳо дар муҳокимаронии маъсулиятнокии кор иҷрокунандагонро баланд мебардорад.
Муҳокимаи усул ва роҳҳои иҷроиши мақсад, инчунин мӯхлати иҷроиши онҳо дар гурӯҳҳои муносибати байни сохторҳои таркибии истеҳсолиро осон менамояд.
2. Муайян кардани равандҳои асосӣ. Дар назди корҳонаҳо ва менеҷерони онҳо як катор мақсадҳо гузошта мешаванд. Бинобар ин менеҷерони таҷрибадори касбӣ ва зираку донишманд аз байни онҳо мақсадҳои аввалиндараҷаашро ҷудо карда онҳоро гурухбандӣ менамояд.
3.Таъмин намудани алоқаи ҳмоботӣ. Тадқиқот нишон медиҳад, ки корҳона ба нишондиҳандаҳои калон ҳамон вақт ноил мегардад, ки агар дар ҳар як зинаи муайяни иҷрои мақсад натиҷагирӣ намояд. Псиҳологияи коргарӣ чунин одат кардааст, ки ӯ ҳавасманд мебошад, ки дар як давраи муайян кори у таҷлил карда, баҳо дода шавад. Баъди ин хулосабарорӣ ӯ ҳаракат мекунад, ки барои ба мақсад расидан кӯшиши зиёд намуда, камбудиҳоро ислоҳ намояд.
4. Алоқамандии мақсадгузорӣ ба системаи ҳавасмандкунӣ.
Самаранокии мақсадгузорӣ ҳамон вақт меафзояд, ки агар вай ба системаи хавасмандкунӣ ва баҳодихӣ пайваста бошад. Чунин як система пайдоиши мақсадҳои дутарафаро пайдо мекунад. Яъне коргар, ё роҳбари табақаи идоракуни ҳаракат мекунад, ки мукофот гирад, ё ба вазифа боло равад ва якбора мақсади корҳона, вазифаҳои дар пеши у гузоштаи корҳонаро иҷро мекунад.
Барои ба мақсад расидан ва иҷрои вазифаҳо дар назди менеҷменти корҳона интиҳоби стратегия ва тактикаи идоракунӣ пайдо мешавад, ки кори хеле мураккаб буда, аз интиҳоби рохи дурусти он такдири фаъолияти корҳона дар оянда вобаста мебошад.

3.. Стратегияи идоракунӣ – гуфта, ин консепсияи қабулшудаи фаъолияти корҳона мебошад, ки дар он барномаи умумии фаъолият, тақсимоти дурусти захираҳо барои ба максад расидан нишон дода шудааст.
Стратегия — ин интиҳоби максадҳои асосӣ ва чорабиниҳои ҳаматарафае, ки дар он мақсади пурраи имруза ва фардои корҳона нишон дода шудааст.
Профессори донишгоҳи Гарвард Мишел Портер се равияи умумии стратегии корҳонаро ҷудо мекунад:
1. Истеҳсоли маҳсулот бо ҳароҷоти камтарин.
2. Рушди мукаммалии равияҳои гуногун.
3. Нишонагирӣ барои мавзеи худро дар бозор ёфтан.
Менеҷере, ки роҳҳои ба максад расиданро интиҳоб менамояд, вай набояд фақат стратегияро пешниҳод намояд, балки вай бояд тах,лили ҳаматафараи стратегияро дода тавонад. Яъне вобаста аз хусусияти ҳоси бозори имруза услуби ситуатсионӣ бояд мақоми аввал дошта бошад. Барои ин менеҷер чунин услуби кориро истифода намояд:
– тахлили амиқи нигоҳи рақибон;
– таҳлили дарачаи таваккалкорӣ;
– мувофиқгардонии стратегияи нави корҳона ба суннати пешинаи он;
– мувофиқкунонӣ 6о муҳити берунаи корҳона;
– баҳодии иҷрошавандагии максади корҳона.
Тамоми нақшаи стратегии корҳона бояд, бо назардошти фаъолияти корҳонаҳои рақобатии Шумо кор карда шаванд, чунки аз рафтори ракиб дараҷаи таваккали корҳонаи Шумо вобастагии калон дорад.
Омилхри зерини таваккали стратегияи корҳона ч,удо карда мешаванд:
– маҳсулоти бозори – махсусгардонии хурд, нишонагирии корҳона ба микдори ками бозорҳо.
молияви – яъне мавҷуд набудани фоидаи захиравии корҳона, нокифоягии системаи молиявии корҳона, номаълумии гирифтани даромадҳо дар ояндаи наэдик ва дур;
идоравӣ — яъне мавчуд набудани таъмини кафолати дастгирӣ аз тарафи рохбариятҳои болоӣ ва худи корҳона;
истеҳсолӣ – норасогии кобилиятнокии истеҳсолии корҳона барон амалӣ
гаштани стратегия.
Ба амалӣ гардонидани стратегия фақат ҳамон вақт cap кардан зарур аст, ки агар даромадҳои оянда, имконотҳои таваккалро пӯшонанд. Дар ин ҳолат менечменти корҳона карордоди стратеги кабул мекунад.
Карордоди стратеги – қарори идоракуниеро меноманд, ки дар навбати аввал ба ояндаи корҳона равона карда шуда, барои қабули карорҳои оперативӣ ҳамчун пойдевор хизмат мерасонад. Дуввум дорои як катор мураккабиҳо мебошад, чунки омилҳои берунаи сохибкориро низ ба хисоб мегирад, ки ба фаъолияти корҳона таъсири худро мерасонанд. Сеюм ин, ки захираҳои калоне зарур мебошад, ки дар ҳолати ичро намудан ба корҳона зарари калонеро оварданаш мумкин аст.
Як қатор хусусиятҳои ҳоси карори стратеги ҷудо карда мешаванд:
– карори стратеги ин худ як шакли навоварӣ мебошад. Одамон ва корҳона объекти амалӣ гаштани қарори стратеги мебошанд, бинобар ин чорабиниҳои махсусе зарур мебошад, ки одамонро барои навоварӣ маҷбур созад. Яъне боваркунонии одамон, омузондани онҳо, ба ичрои мақсад ҷалб кардани онҳо раванди хеле мушкил мебошад;
– қарори стратегии идоракунӣ барои ба даст даровардани максадҳои ояндаи корҳона равона шуда, ба оянда нигаронида шудаанд, бинобар ин на барои
ҳамагон маълум ва равшан мебошад ва бинобар ин на ҳама бовар мекунанд;
– иҷроиши карори стратеги бо худ якқатор талабот дорад, яъне дониши
мукаммали касбӣ доштан ва тайёр будан ба таваккал;
– карори стратегии идоракунӣ асосан ҳарактери субъективӣ дошта, ба он яку якбора баҳои объективӣ дода намешавад. Гузашти вакт баҳои объективии худро ба қарори стратегии идоракунӣ медиҳад. Давраи дигари стратегияи иҷроиши максадҳои менеҷмент, ин кор карда баромадани стратегияи корҳона, ки бевосита бояд ба мақсад ва миссияи корҳона мувофиқат намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.