Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Системаи стратегии идоракунии корҳона.

Стратегияи тараққиёт- аслан ба корҳонаи нав тааллуқ дошта новобаста аз соҳаи фаҳолият онҳо ҳаракат мекунанд, ки дар муддати кўтоҳ мавқеи аввалро дар бозор бадаст оваранд.Нақша:

Намудҳои стратегияи корҳона.
Стратегияи корпоративӣ.
Стратегияи соҳибкорӣ, ё бизнеси алоҳида.
Стратегияи функсионалӣ.
Дар шароити феҳли чор шакли стратегияи тараққиётро ҷудо мекунанд:

Стратегияи тараққиёт.
Стратегияи тараққиёти мунтазам.
Стратегияи камкунӣ.
Стратегияи омехта.
1. Стратегияи тараққиёт- аслан ба корҳонаи нав тааллуқ дошта новобаста аз соҳаи фаҳолият онҳо ҳаракат мекунанд, ки дар муддати кўтоҳ мавқеи аввалро дар бозор бадаст оваранд. Ин стратегияи тараққиёт ба васеҳ кардани ҳаҷми фаҳолияти корҳона мусоидат намуда тамоми захираҳо ба он сафарбар карда мешаванд.
Чунин шакли стратегия имкон медиҳад, ки корҳона аз пешрафти илму техника истифода бурда имконотҳои худро васеҳ намояд ва дар бозор мавқеи пешвоиро ба даст орад. Масалан ширкати «Micқosoft», ки бо коркарди барномаҳои компютерӣ машғул аст, чандин сол боз дар сафи пеш қарор дорад.
2.Стратегияи тараққиёти мунтазам – чунин шакли стратегия ба корҳонае мувофиқ аст, ки аллакай пурра ҷои худро дар бозор ёфтааст ва дар соҳаи муайяни иқтисодӣ мавқеъ дорад. Дар ин корҳонаҳо низ пешравии иқтисодӣ дида шавад ҳам дар сатҳи ночиз қарор дорад. Дар ин корҳонаҳо таваккали зиёд ҳам кардан зарурият надорад.
3. Дар ҳолати тағироти муҳити беруна- чунин корҳонаҳо барои аз муфлисшави баромадан ба мушкилиҳо рубару мегардад. Бинобар ин дар аксар маврид чунин корҳонаҳо стратегияи «камкунии ҳаҷми истеҳсол»-ро пеш мегиранд. Бо ин роҳ аз технологияи кўҳна аз табақаҳои истеҳсолии барзиёд даст мекашад.
4. Дар таҷрибаи корҳонаҳои калон баштар стратегияи омехта истифода карда мешавад.
Мувофиқи ин стратегия як қисми фаъолияти корҳона ё ҷузъҳои он стратегияи тараққиёт дар дигар мунтазами ва дар қисми сеюм камкуниро истифода мебаранд.Чунин шакли стратегия ба инъикоси ҳақиқии фаъолияти корҳона мувофиқат менамояд.
Стратегияи тараққиёти корҳонаро дар се шакл сурат мегирад:
– пешраванда;
– пешравандаю муҳофизатӣ;
– муҳофизатӣ.
1.Стратегияи пешравандаи истеҳсоли бештар дар асоси навоварии истеҳсоли кооператсия ва интенсифиикатсия амалӣ
Интенсификатсияи бозор –гуфта инкишофи истеҳсоли мол васеъ кардани ҷуғрофияи он ва ё номгўи моли корҳонаро меноманд.
2. Стратегияи пешравандаю муҳофизаткунанда аслан дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ дида мешавад.Дар ин шароит корҳона бо роҳи истифода аз захираҳо фаъолият карда соҳаҳои ғаӣрисамараноки худро муфурўшад якбора модернизатсияи истеҳсолӣ мегузаронад истеҳсолотро васеъ намуда сифати моли истеҳсолиашро беҳтар мекунонад.
3. Стратегияи муҳофизатӣ- ислоҳоти тамоми соҳаҳои фаъолияти корҳонаро дар асоси системаи боқуввати идоракунии марказонидашуда дар назар дорад.
Синергизм -дар ҳолате пайдо мешавад, ки агар фаъолияти якҷояи фирма нисбат ба истеҳсоли алоҳидаи дигар гурўҳҳои истеҳсолӣ зиёдтар фоида оранд. Аз дигар тараф марказонидан ё якҷоя кардан мумкин аст, ки боиси кам кардани ҳароҷоти иловагӣ гардад. Дар ин ҳолат стратегияи корҳона аз рўйи қоидаи системаи функсионалии ҳаракати мол сурат гирифта, то ба истеъмолкунанда бурда расонидани мол хидмат менамояд. Яке аз роҳҳои ба ҳадаф расидани синергизм беҳбуд бахшидани алоқамандии байни ҳаридорон ва мол таъминкунандагон маҳсуб мешавад.
Стратегияи молҳои қимматнок.
Ташкили стратегияи шаклҳои марказӣ ва синергизм имкон медиҳад, ки корҳона барои истеъмолкунандаи алоҳидаи худ, молҳои қимматнок мебарорад. Қиматнокӣ ё худ арзишнокӣ на маънои иқтисодӣ бадки ба маънои муҳимияти мол пайдо мешавад.

Зинаи корпоратевии стратегӣ
Зинаи бизнес воҳиди стратегӣ
Зинаи функсионалии стратегӣ
Корпоратсия

Стратегияи зинаи корпоративии
Кадом бизнесро пеш гирем?

Стратегияи бизнес-воҳид.
Мо чӣ тавр рақобат мебарем?

Истеҳсолоти
нассоҷӣ

истеҳсолоти
кимёвӣ

истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи автомобил

Стратегияи зинаи функсионалӣ.
Мо коркарди стратегияи тараққиёти
корҳонаро чӣ тавр дастгирӣ мекунем?

Се зинаи коркарди стратегии тараққиёти корҳона:
1. Зинаи корпоративии стратегия корҳонаро пурра дар бар гирифта, тамоми сохторҳои он ба суоли «Кадом бизнесро мо пеш гирем?» ҷавобгў аст. Фаъолияти стратегии корпоративӣ ба пайдо кардани шакли нави тиҷорат васеъ кардан ё кам кардани тиҷорати мавҷуда, барҳам додан завод, ё хатти алоҳидаи он. Ташкили корҳонаи муштарак ва ғайра равона карда шуданд.
2. Зинаи бизнес-воҳиди стратегия ба ҳар як хатти истеҳсолӣ ё соҳаи тиҷорат вобаста буда, роҳҳо ва усулҳои аз худ намудани бозор ва ҳаридоронро дар бар гирифта, ба суоли «Мо чӣ тавр рақобат мебарем?» ҷавобгў буда тавонад. Дар ин зинаи стратегӣ мо бояд масълаҳои ҳароҷот эълонҳо, истеҳсоли маҳсулоти нав васеъшавӣ ва ё кам кардани хатти итеҳсолӣ ё ин ки сохтмони истеҳсолиро пеш мегиранд. Бештар мо мебинем, ки хидматгузориҳое, ки барои ҳамон маҳал ва ё худ давра лозим нестанд кам кард мешаванд.

Стратегияи функсионалии менеҷмент
бояд ба суоли «Мо коркарди стратегияи тараққиёти корҳонаро чӣ тавр дастгирӣ мекунем?» ҷавбогўй бошад. Ин стратегия бевосита ба вазифаи ҳаррўзаи кории корҳона вобаста мебошад. Яъне шўъбаҳои молия, тадқиқотӣ, маркетинг истеҳсолотро фаро мегирад. Мисол стратегияи функсионалии шўъбаи маркетингӣ хизматрасонии меҳмонҳонаҳоро дар назар дорад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.