Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Технологияи кабули карор (карордоди стратеги).

Стратегияи корҳона, ё фирма – системаи чорабиниҳо мебошад, ки дар оянда барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад. Моҳияти коркард ва ҷорӣ кардани чорабиниҳои стратеги дар он зоҳир мегардадНақша:

Мафхум ва мохияти карори идоракуни.
Мафхуми карордоди стратеги.
Системаи стратегии идоракунии корҳона
Стратегияи корҳона, ё фирма – системаи чорабиниҳо мебошад, ки дар оянда барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад. Моҳияти коркард ва ҷорӣ кардани чорабиниҳои стратеги дар он зоҳир мегардад, ки аз вариантҳои гуногуни равандҳои инкишоф интиҳоб намудани раванди самараноке, ки барои фаъолияти истеҳсолию ҳоҷагидорӣ равона карда мешавад. Системаи стратегии идоракунии корҳона дар шароити имруза вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
– ҷудо кардани захираҳо барои мақсадҳои стратеги новобаста аз сохтори мавҷудаи идоракунии корҳона;
– ташкил намудани марказҳои роҳбарӣ барои ҳар як мақсадҳои стратеги;
– баҳодиҳӣ ва ҳавасманкунонии сохторҳои таркибии истеҳсолӣ ва роҳбарони он вобаста аз иҷрои мақсадҳои стратеги.
Коркарди стратегияи корҳона дар зинаҳои болоии идоракунӣ сурат гирифта, барои иҷрои вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
– коркарди мақсадҳои стратеги;
– баҳо додани имконотҳо ва захираҳои корҳона;
– таҳлили тағиротҳо дар фаъолияти маркетингии корҳона;
– муайян кардани стратегияи ояндаи корҳона;
– тайёр кардан ва кор карда баромадани нақшаҳои оҷилии фаъолияти корҳона барои буҷети корҳона;
– баҳо додани фаъолияти корҳона вобаста аз вазифа ва мақсадҳои оянда. Вобаста аз зарурияти ҳалли масҳалаҳои стратегии корҳона вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд.
– баҳо додани қудрати истеҳсолию захиравии корҳона ва имконоти он
барои иҷрои мақсад;
– тахлили омилҳои дохила ва беруна, ки пешравии корҳона ва устувории фаъолияти онро аз ҷиҳати тиҷоратӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ таъмин менамояд;
– чорабиниҳое, ки барои аз вазъияти ногувор баромадани корҳона таъсир мерасонанд;
– баҳои равияҳои интиҳобии корҳона;
– интиҳоби вариантҳои оптималии инкишофи корҳона;
– қабули қ.арори идоракунй оиди кор карда баромадани на&шаи
дарозмуддати инкишоф ва фаъолияти корҳона.
Дар вакти кор карда баромадани стратегияи инкишофи корҳона дар асоси тахлили нишондихандаҳо фикрҳои сгратегие пайдо мешаванд, ки бо аппарати идоракунии корҳона мутобиқ кунонида мешаванд. Равияҳои нави истеҳсолӣ, идеяи истеҳсоли молҳои нави талаботи замонавӣ пайдо мешаванд, инчунин ҳар гуна лоиҳаҳо ва мақсадҳои роҳвор пайдо мегарданд.
Вобаста аэ вазъияти баамаломада тағйир додани стратегияи инкишофи корҳона бояд дар системам гуруҳбандӣ истифода карда шавад, ки қисматҳои зеринро дар бар мегирад:
– назорати доимии омилҳои беруна ва тахлили онҳо (омилҳои бозор, илмию техники, умумииқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ);
– расонидани натиҷаи таҳлил ба диққати роҳбарон ва баҳо додани онҳо
– ҷудо кардани проблемаҳои мураккаб, ки ҳалли фаврӣ талаб мекунанд; -масъалаҳои дуюмдараҷае, ки дар давраи оянда хал кардан мумкин аст; – — вазифаҳое, ки назорати доими талаб мекунанд;
– вазифаҳое, ки диққат талаб намекунанд ва нолозим мебошанд.
Идоракунии стратеги муайян месозад, ки корҳона барои оянда мавқеи худро доир ба ҳар як намуди фаъолият муайян месозад:
Асосан намудҳои зерини стратегияи корҳона дида мешавад:

Стратегияи бозорӣ ва маҳсулотӣ – барои муайян кардани намуди аниқи
маҳсулот ва технологияе, ки корҳона истеҳсол мекунад, шаклу усули
фуруш, роҳҳои баланд бардоштани тоб овардан 6а рақобати баланд.
Стратегияи маркетингии корҳона – бо мақсади мустаҳкам кардани
фаъолияти корҳона дар бозор вобаста аз мавқеи мол, дараҷаи ҳароҷот барои омузиши бозор, чорабиниҳо оид ба васеъ кардани фаъолияти маркетингии корҳона, интиҳоби бозор фаъолият бурдан аст.
Стратегияи ракқобатии корҳона – бо мақсади кам кардани ҳароҷотҳои
истеҳсолӣ, ягонагӣ ва баландбардории сифати моли корҳона, муайян
кардани унсурҳои нави фаъолият дар бозорҳои алоҳида аст.
Стратегияи идоракунин соҳавӣ – дар асоси идоракунии роҳбарияти болоӣ ба назорати худ гирифтани як соҳаи корҳонаро, ё моли алоҳидаро пурра бо мақсади диверсификатсияи фаъолият дар асоси пайдоиши соҳаи нав, ё аз байн бурдани соҳаҳои ҷудогонаи корҳона, ки бо мақсад мувофиқ нест.
Стратегияи навоварӣ – дар худ сиёсати инкишофи технологи, сиёсати
маблағгузории капиталӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нав ва маҳсулоти навро дарбар мегирад. Асосан, ин раванди стратеги объекти алоҳидаи тадқиқотиро дар бар мегирад, ки бо ёрдами он корҳона бо таври мунтазам дар ҷустуҷуи навоварӣ мебошад.
Стратегияи маблағгузории капиталӣ – ин муайян кардани самтҳои
асосии маблағгузории капиталии корҳона, доир ба ҳар моли алоҳида ва равияи фаъолияти алоҳида, инчунин умуман корҳонаро муайян месозад.Таҳлили дараҷаи маблағгузорӣ дар корҳонаҳои рақиб, иҷроиши нақшаи маблағгузорӣ ва имконоти корҳона оиди маблағгузорӣ дароянда амсоли ин дар самти маблағгузории сармояи муҳим аст.
Стратегияи инкишоф – ин равия бо мақсади таъмин намудани инкишофи
устувори корҳона ва шуъбаҳои он мебошад. Стратегияи инкишофро аз руи унсурҳои зайл, ба монанди шакли нави мол, баланд бардоштани қобилияти ракобати мол дар бозор, зиёд кардани экспорт, сохтани корҳонаи нав, зиёд кардани маблағгузории ҳориҷй дар бар мегирад.
Стратегияи азхудкуни (фурӯбари) – ин равия бо мақсади ба даст
даровардани саҳмияҳои корҳонаҳои дигар, таъмин намудан ва ба дастовардани суръати баланди прогрессии илмию техники бо роҳи дохил шудан ба бозори дигар соҳаҳои иқтисоди мебошад.
Стратегияи маблағгузории ҳориҷӣ – ба сохтани корҳонаи истеҳсолии худ, дар қисматҳои алоҳидаи раванди истеҳсолӣ аст, ба монанди коркарди ашёи ҳом, ё ҷобоҷо кардани деталҳои алоҳидаи машинаю таҷхизот ва амсоли ин.
Стратегияи васеъ кардани фаъолияти содиротии корҳона – кор карда
баромадани чорабиниҳое, ки васеъ намудани экспорти корҳонаро таъмин менамоянд ва дараҷаи таваккалро паст мекунанд.
11.Стратегияи густариши ҳориҷии иқтисодй — экспансия, яъне оиди ҳамаи намуди моли худ, ки дар ҳориҷа истеҳсол мешавад, литсензияи он давлатҳоро гирифтан.
Равияҳои стратегие, ки дар боло номбар карда шуданд, ин ҳолати кории корҳона мебошад. Акнун дар шароити имрузаи иқтисодӣ ва рақобати прогрессии илмию техники корҳонаҳо маҷбур мебошанд, ки усулҳои стратегии вазъиятиро истифода кунанд.
1.Стратегияи афзоиш – корҳона дар асоси маблағгузории худи истехсолотро васеъ намуда, меҳоҳад, ки ба бозори нави мол барояд ва ё бо роҳи ташкили корҳонаи муштарак меҳоҳад, ки бозори дигар давлатро дар назоратихуд гирад.
Мисол, соли 1966 дар синни 27-солаги Лоран Бедайн вазифаи ичрокунандаи директори компанияи Ӣomtaқdiӯz-po ба ӯхда дошт, хачми солонаи фуруши мол — асосан мототсикли барфгарди «Ski-Doo» ҳамагӣ 15 млн.$-ро ташкил медод. Ҳоло бошад у ширкати ҷаҳониро идора мекунад, ки се соҳаи иттиҳодияро дошта, ҳаҷми солонаи фуруши молаш зиёда аз 3 млрд. доллари амрикоӣ мебошад Сабаби асосии ин муваффақият қарори стратегии Л. Бедайн буд, ки як катор ширкатҳои муфлисшавандаро ҳарида гирифта, ба як ширкати бокуввати истеҳсолӣ мубаддал гардонид.
2. Стратегияи мувозинатй — қаноат кардан ба худуди истеҳсолие, ки
корҳона дорад, бо роҳи инкишофи мунтазами корҳона, ки назоратшаванда мебошад, онро васеъ кардан асосан чунин ҳолат дар корҳона баъди инкишофи баланд мешавад, ки корҳона беандоза афзоиш ефта, назоратнашаванда мешавад.
3. Стратегияи сарфакорӣ – ин стратегияро корҳона дар ҳолати пеш
мегирад, ки агар давраи бухрон, пастшави иқтисодӣ ва бой додани бозори моли корҳона бошад. Дар ин ҳолати стратеги роҳбарияти корҳона қисмати зиёди коргаронро кам мекунад, шуъба ё сехҳои алоҳидаро мефурушад бо мақсади кам намудани ҳароҷотҳои корҳона. Мисол, барон он ки авиакомпанияи «Continӯntal»-ро аз карахтӣ бароранд, директор Гордон Бетюн аз кор 5000 коргарро озод намуда, фармон дод, ки ҳамаги 41 самолётро монанду халос ва дигар самолёти нав нагиранд. Чунин мисолҳо дар ҳаёти соҳибкории корҳонаҳо бисер мебошанд.

4. Стратегияи глобалӣ – дар корҳона ҳолате пайдо мегардад, ки моли он новобаста аз корҳонаҳо ва давлатҳо мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ин равияи идоракунӣ дар асоси талаботу таклифоти бозори ягонаи байналхалқӣ сурат гирифта, оиди молҳои талаботи мардум, ё саноатӣ ташкил карда мешавад. Мисол, мувофиқи ин нуқтаи назар имрӯзҳо дар ҳама давлатҳои ҷаҳонӣ моли ширкатҳои «Coca-Cola», ё ширкати Philips ҳаридори худро дорад. Стратегияи глобалии корҳона имконият медиҳад, ки ҳароҷотҳоро барои истехсоли воҳиди мол хело кам намоем. Вобаста ба зинаи стратегияи менеҷмент се дараҷаи он муайян карда мешавад:

Стратегияи корпоративӣ.
Стратегияи соҳибкорӣ, ё бизнеси алоҳида.
Стратегияи функсионалӣ.
Стратегияи корпоративии менеҷменти корҳона – корҳонаро куллан дар бар гирифта, оиди фаъолияти пурраи корҳона маълумот дода, оиди соҳибкории нав, сохтани сехи нав, е заводи алоҳида, ё корҳонаҳои муштарак мебошад. Қоидаи асосии чунин як равияи стратеги дар он аст, ки корҳона бояд аз он стратегияе, ки солҳои тулонӣ фоида наоварданд ва сабаби пастравии корҳона гаштаанд, даст кашад. Бо мақсади аз қарзҳои тулонӣ халос шудан ва дар қатори корҳонаҳои пешқадам ҷойгир шудан.
Стратегияи бизнеси алоҳида — роҳи инкишофе мебошад, ки дар як сех сохторҳои таркибии истеҳсолӣ, ё истеҳсоли моли алоҳида сурат гирифта, poҳ ва усулҳои пешқадамро қабул менамоянд.
Стратегияи дараҷаи функсионалӣ – дараҷаи идоракунӣ бояд ба саволи он, ки мо то чӣ андоза соҳибкорӣ ва нақшаҳои стратегии корҳонаро тарафдорӣ менамоем, яъне инчунин сохторҳои таркибии корҳона ба монанди шуъбаи молия, истеҳсолот, маркетинг ва шуъбаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва навоварӣ дар пешрафти онҳо дар идоракунӣ ҷавоби худро ёбад.
Таҳлили идоракунӣ дар менеҷмент
Дар баробари кор карда баромадани стратегияи инкишофи корҳона, менеҷерон бояд на фақат муҳити берунаро таҳлил кунанд, балки дигаргуниҳо ва дохили корҳона, тарафҳои мусбату манфии корҳона, тарафҳои заифӣ ва устувории корҳонаро таҳлил карда тавонанд, инчунин баҳо дода тавонистани он, ки ин омилҳо ба кори корҳона то чӣ андоза таъсир мерасонанд. Барои ноил гаштан ба ин мақсад таҳлили идоракунӣ мегузаронанд.
Таҳлили идоракуни – ҷараёни 6аҳои комплекси додани захираҳои дохили ва имконоти корҳонаро меноманд, ки барои баҳо додани ҳолати ҷории бизнес соҳибкорӣ, тарафҳои суст ва боқуввати он ва муайян кардани проблемаҳои стратеги истяфода карда мешавад.
Мақсади ниҳоии тахлили идоракунӣ – пешниҳод намудани ахбор 6а менеҷерон ва дигар шахсони масъули корҳона барои кабули қарори стратеги, интиҳоби мақсад ва вазифагузории дуруст, ки ба ояндаи корҳона кӯмак мерасонад.
Дар адабиёти имрӯзаи иқтисодӣ шумо як қатор мафхумҳои тахдили иқтисодиро аз қабили «таҳлили фаъолияти корҳона», «таҳлили дохилӣ», «худтахлилкунӣ», «бизнес-ташхис» ва ғайра дучор мешавед, ки дар маҷмуъ ҳамаи онҳо таҳлили захираҳои дохилии корҳонаро дар бар мегиранд.
Таҳлили идоракуни – қисми таркибии менеҷменти стратегии корҳона буда, барои муайян намудани равияҳо ва аспектҳои зарурии стратегияи инкишофи корҳона равона карда шудааст. Дар ҷараёни чунин тахлил захираҳои дохила ва имкониятҳои корҳона барои ҳалли проблемаҳои стратеги муайян карда мешаванд, ки метавонанд мавқеи корҳонаро дар рақобати озоди бозор нигоҳ доранд. Инчунин таҳлили чуқури захираҳои дохиларо дида баромада, таҳлили идоракунӣ ба захираҳои беруна низ равандҳои худро муаиян месозад. Зарурияти таҳлили идоракуниро як қатор омилҳо ба миён гузоштаанд:

Дар вақти коркарди стратегия корҳона ва ҷорӣ намудани фаъолияти самараноки менечмент таҳлили яке аз унсурҳои асосии идоракунӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун қисми таркибии фаъолияти идоравӣ мебошад.
Зарурияти таҳлили идоракунӣ дар вақти баҳо додани корҳона, аз нуктаи назари молиягузории ҳориҷӣ, муайян кардани мавқеи корҳона дар бозори милли ва байналхалқи мебошад.
Таҳлили идоракунӣ имкон медиҳад, ки захираҳо ва имконотҳои корҳона муаиян карда шаванд ва дар шароити дигаргуншавии ҳолати беруна истифода карда шаванд.
Яке аз раванди асоси таҳлили идоракунӣ, таҳлили муҳити корҳона ба ҳисоб меравад.
Таҳлили муҳити корҳона асоси муайян кардани мақсад ва миссияи корҳона ба ҳисоб рафта, барои иҷрои вазифаҳо стратегияи иҷроиши он, инчунин назорати идорави хизмат мерасонад.
Дар чунин як ҳолати имрузаи корҳонаҳои Тоҷикистон, ки имконоти дастрасии захираҳои беруна хело ҳам кам мебошад, пайдо кардани захираҳои дохилии инкишофи корҳона хело самаранок буда, бояд мавқеи марказӣ дошта бошанд.
Таҳлили муҳити дохиларо дар пайдарпайии зерин ичро мекунанд:
1. Таҳлили макромуҳиги корҳона
2. Таҳлили микромуҳити корҳона.
3.Таҳлили муҳит дохилаи корҳона.
Дар муайян намудани стратегияи корҳона маркетинг мақоми калон мебозад. Бинобар ин дар вақти муайян кардани мавқеи маркетинг дар фаъолияти корҳона, аксари олимон фаъолияти маркетингии корҳонаҳо ба ҳайати фаъолияти идоракунии стратеги дохил менамоянд.
Стратегияи маркетинг бошад, дар асоси мақсадҳои маркетинг ва таҳлили стратегии идоракунӣ муайян карда мешавад. ҳамин тариқ як алоқамандии дутарафаи байни таҳлили идоракунӣ, интиҳоби стратегияи маркетинг, истифода ва назорати он, инчунин идоракунии стратегии корҳона дида мешавад, ки онро мантиқаи чунин нишон додан мумкин мебошад


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.