Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Самтхои асосии фаъолият

БААР корхонахои хеле хурд ва хурдро бо рохи ифтитоти хати кредити ба онхо тавассути бонкхои махаллии интихобкардааш дастгири менамояд. Барнома додани карзхои хурдро асосан ба мухлати кутох ба доираи васеи сохибкорон, аз чумла дар сохахои истехсолот, тичорат ва хизматрасони пешбини менамояд.Тараккиёти сохибкори
БААР корхонахои хеле хурд ва хурдро бо рохи ифтитоти хати кредити ба онхо тавассути бонкхои махаллии интихобкардааш дастгири менамояд. Барнома додани карзхои хурдро асосан ба мухлати кутох ба доираи васеи сохибкорон, аз чумла дар сохахои истехсолот, тичорат ва хизматрасони пешбини менамояд. БААР бо ду бонки Точикистон, ки иштирокчиёни нахустини ин барнома хоханд шуд музокирот гузаронда истодааст ва дигар бонкхо ба он дар давоми мухлати амали стратегияи мазкур чалб карда мешаванд, ба шарте ки онхо ба талаботхои мукарраршуда чавобгу бошанд. Карзхо баробар бо расонидани кумаки хаматарафаи техники ба бонкхои иштирокчи сурат мегирад. БААР фаъолона ба интихоби лоихахои хурдмикёси инвеститсиони бо иштироки сохибкорони махалли тавассути механизми инвеститсияхои бевосита машгул аст. Хангоми интихоби онхо БААР тачрибаи ичрои лоихахои хусусии амалкунандаро ба назар гирифта, хатман ташхиси лоихахо, тахлили талаботи бозор ва назорати лоихаро ба рох мемонад. БААР хамчунин имконияти истифордаи ХМТХОМ-ро ба максади таксими хатархои лоихави барраси менамояд, агар лоихахои дахлдор барои мархилаи гузариш таъсири калон расонида тавонанд.
Мусоидат ба инкишофи тичорат
БААР имконияти таъсиси механизми БМИТ-ро барои додани кафолат аз руи аккредитивхои бонкхои махалли барои воридкунандагон ва содиркунандагони Точикистон барраси хохад кард. Ин барнома имкон медихад, ки корхонахои Точикистон ба бозорхои байналхалки ва минтакави бароянд ва робитахои Точикистон бо бозорхои байналхалки мустахкам гарданд. Барои татбики ин барнома БААР интихоби бонкхои дахлдори махаллиро мегузаронад ва ба онхо кумаки хамачонибаи техники дар тайёр кардани мутахассисон дар сохаи карздихи ба карордодхои тичорати мерасонад. Гайр аз БМИТ-и стандарти, БААР дурнамои маблагчудокунии содиротиро ба сектори кишоварзи, масалан барои максади бо маблагтаъминкунии воситахои истехсолот ва ичораи техникаи кишоварзи барои пахтакорон дар хамкори бо бонкхои тичоратии дар минтака амалкунанда меомузад. Дастгирии ИБХ, хусусигардони ва азнавсозии сохтори Бинобар шароити вазнин барои фаъолият сармоягузорони хоричи чун пештара ба Точикистон таваччухи калон зохир намекунанд ва хачми начандон калони сармояро ба сохахои саноати сабук ва коркард, инчунин КАС мегузоранд. Баробари ин, БААР сохахои КАС ва истехсоли пахта, ки татбики лоихахо дар онхо ба баландшавии сатхи зиндагии ахолии дехот таъсири мусби мерасонад, инчунин сохаи коркарди захирахои табии, бахусус истихрочи металлхои кимматбахоро ояндадор мехисобад. БААР имконоти афзоиши чалби инвеститсияхои хоричиро ба ин сохахо меомузад. Дар саноати коркарди маъданхои кухи, бо назардошти шароити душвор ва натичахои гуногуни фаъолияти дигар муассисахои молияви, амалиёти БААР бо расонидани кумак ба корхонахои муштараки муътадил фаъолияткунанда бо иштироки сарпарастони босалохияти хоричи махдуд мегардад. Гайр аз ин, БААР имконоти татбики чунин механизмхоро мисли ичораи тачхизот ё молиякунонии содироти меомузад. Нисбати лоихахо дар сектори хусуси ба самаранокии молиявии лоихахои ба накша гирифташуда, инчунин ба нишондихандахои сифатии системаи идоракуни ва сарпарастон таваччухи махсус зохир карда мешавад. Дар фаъолияти худ БААР минбаъд хам диккати асосиро ба лоихахои хурдмикёси хусуси дода, баробари ин барои дастгирии хусусигардони ва азнавсозии сохтории корхонахои калони давлати кушиш ба харч хохад дод. БААР минбаъд низ бо БЧ ва КБМ дар масъалаи азнавсози ва хусусигардонии ширкати давлатии алюминии КАТ хамкори менамояд. Ба чумлаи масъалахои мухимтарине, ки хангоми азнавсозии КАТ бояд ба назар гирифта шаванд, инхо мансубанд:
а) саранокии корхона дар сурате, ки ба нархи сарчашмахои энергетики хамаи харочотхо ворид карда шаванд (тадкикоти аз тарафи КБМ маблаггузоришуда имкон медихад хулоса баровард, ки дар ин маврид КАТ фоидаовар мегардад);
б) холати молиявии ширкат бо назардошти хачми баланди карзхо дар баланси он ва
в) идоракунии корпоративии ширкат ва накши интиколкунандаи хозираи ашёи хом ва харидори махсулот дар азнавсози ва хусусигардонии ояндаи
КАТ. БААР накшаи амалии БЧ-ро, ки хамчун чораи аввал интишори аудити пурраи молиявии ширкатро пешбини менамояд, чонибдори мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.