Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Дастгирии инфраструктураи мухимтарин

Баланд бардоштани сифати инфраструктура бо назардошти махдудияти воситахои мавчудаи давлати ва зарурати барпо кардани база барои фаъолияти босуботи ояндаи корхонахои инфраструктура, аз руи имкон бо рохи чалби инвеститсияхои хусуси, максади асосии мархилаи гузариш дар ин сектор мебошад.Хадафхои мархилаи гузариш
Баланд бардоштани сифати инфраструктура бо назардошти махдудияти воситахои мавчудаи давлати ва зарурати барпо кардани база барои фаъолияти босуботи ояндаи корхонахои инфраструктура, аз руи имкон бо рохи чалби инвеститсияхои хусуси, максади асосии мархилаи гузариш дар ин сектор мебошад. Тавре ки дар банди 2.3.3 зикр шуда буд, дар дахсолаи охир холати инфрастуктура аз сабаби сатхи пасти хадамоти техники ва норасоии инвеститсияхои нав хеле бад шуд. БААР ба он кушиш менамояд, ки бо назардошти имкониятхои махдуди карзии кишвар ба инвеститсияхои нав интихобан мусоидат намояд. Чонибдории худро ба сиёсати таъиноти тичоратидошта, ки омезиши инвеститсияхоро барои азнавсози ва чохозони бо ислохоти системаи тарифи ва базаи меъёри дар назар дорад, изхор намуда, БААР мусоидатро ба кам кардани касри квазифискали дар сектори давлати (бахусус дар энергетика) ва озодкунии воситахоро барои молиякунии сохахои мухимтарини сектори ичтимои максади худ карор медихад. БААР бо назардошти лоихахои афзалиятноки интихобкардаи хукумат дар чахорчубаи барномаи инвеститсияхои давлати фаъолият намуда, аз руи имкон маблагхои донорхо, инвесторхои хусуси ва дигар ММБ-ро ба максади таксимоти мусоидтари хатархои лоихави ва ба даст овардани самари бештар дар масъалаи таъсири он ба мархилаи гузариш чалб менамояд.
Самтхои асосии фаъолият
Наклиёти хавои чун пештара самти асосии фаъолияти БААР дар Точикистон мебошад. Барои кишвар бинобар дурии чугрофии он ва надоштани робитахои хочаги бо кишвархои дигари минтака ва олам ин соха ахамияти хаётан мухим дорад. Лоихахои наклиёти хавои бинобар афзоиши хачми гардиши бору мусофир барои ислохот дар иктисоди кишвар дар сохаи тичорат, мутаххаррикии кувваи кори, информатика ва алока мусоидат менамоянд. Хачми мусофиркашони хеле зиёд гашт, вале хавопаймохои мавчудаи ШДХ талаботи рузафзунро конеъ гардонда наметавонанд. Азбакси кудрати карзгирии хукумат имконоти онро барои додани кафолати давлати махдуд месозад, БААР кушиш ба он мекунад, ки бо ШДХ чун корхонаи тичорати бе кафолати давлати ва дар асоси даромадхои он кор барад. БААР барои муайян кардани самаранокии лоиха асосноккунии техникию иктисодии онро маблаггузори менамояд.
Самти дигари афзалиятноки фаъолияти чи БААР ва чи хукумат бо инфраструктураи махалли ва экологи алокаманд аст. Сухан дар бобати он меравад, ки БААР чунин сохахоро мисли ХОК ва наклиёти шахри дар шахрхои асоси, ки дар онхо ахоли аз сатхи пасти хизматрасони сахт ранч мекашад, дастгири менамояд. Дар доираи чахорчубаи сахти кунунии дастрасии нарххо барои истеъмолкунандагон (кобилияти харидории ахоли) амал намуда, БААР татбики услуби тичоратиро аз тарафи корхонахои махалли барои баланд бардоштани сифати хизматрасони ва кам кардани харочот дар якчояги бо тадричан кабул кардани тарифхое, ки чуброни харочотхоро таъмин мекунанд ва баланд бардоштани хачми пардохти хакки хизмат бо максади он, ки корхонахои махалли тадричан дар дурнамои миёнамухлат тавонанд ба пешниходи хизматрасонии аз чихати молияви устувор гузаранд, дастгири менамояд. Барои ин гузаронидани азнавсозии сохтории калонмикёс дар шароите, ки хокимияти махалли бояд дар сатхи корхонахо ва вохидхои махалли имконоти лозимаро барои ичрои лоихахо ва назоратро аз рафти ичроиши онхо таъмин намоянд, зарур аст, то ки имконоти истифодаи инвеститсияхои нав пайдо гардад.
Барои маблаггузори ба ин лоихахо бо назардошти кобилияти харидории истеъмолкунандагони Точикистон зарурати гирифтани грантхо ба максади маблаггузории муштарак пеш меояд. Гайр аз ин, чунин грантхо низ хамчун чузъи молиякунии имтиёнок барои карзгирии ташкилотхои давлати ва таъмини мувофикати хачми чунин карзгири бо меъёри баландшавии карзи давлати ва маблаггузории харсола барои хизматрасонии карзи беруна, ки миёни хукумат ва ХБА хамоханг шудааст, ахамияти калон доранд. Барои якчоякунии сармоягузорихое, ки аз хисоби карзхо ва кредитхои беподоши БААР маблаггузори карда мешаванд, бояд ба донорхо барои чалби маблагхои онхо ба максади маблаггузории муштарак ва воситахои хамкории техники мурочиат намуд.
Нисбати лоихахои дигари инфраструктури БААР ба услуби дар боло ишорашудаи тичорати дар масъалаи интихоби лоихахое, ки устувории молиявии корхонахоро таъмин менамоянд, такя мекунад. Бо назардошти боигарии нерухои обию баркии кишвар, БААР метавонад имконоти татбики лоихахои энергетикии хурдмикёсро мавриди омузиш карор дихад. БААР бояд услуби навовариро дар коркарди накшаи чунин лоихахо ба кор барад ва чузъи мухими самаранокии онхоро метавонад чалби грантхо ташкил дихад. Муколамаи сиёси
Дар давоми мухлати амали стратегияи мазкур БААР минбаъд низ муколамаи сиёсиро бо хукумати кишвар бо максади бехдошти фазои инвеститсиони ва мусоидат ба фаъолияти ислохотии он идома медихад. Барои баланд бардоштани самаранокии муколамаи сиёси БААР фаъолияти худро бо дигар ММБ ва доирахои сохибкори, аз чумла дар чахорчубаи рушди БСМК зич хамоханг менамояд.
Самараи экологии стратегияи БААР
Дар стратегия барои Точикистон татбики як катор лоихахое пешбини мешавад, ки аксари онхо самараи экологи доранд. Инвеститсияхо ба корхонахои хеле хурд ва КХМ метавонанд ба рушди устувор мусоидат намоянд ва лоихахо дар сохаи инфраструктураи махалли ва экологи, аз чумла бо об таъминкуни ва наклиёти шахри метавонанд барои ба даст овардани самараи экологи имконот фарохам оранд. Лоихахои наклиёти хавои ба баланд шудани бехатарии парвозхо дар минтака мусоидат мекунанд.
Дар тафовут аз лоихахое, ки максади онхо ба даст овардани самараи экологи ё баланд бардоштани техникаи бехатари мебошад, БААР бояд дар масъалаи интихоби лоихахо дар сохахои захирахои табии ё истехсоли пахта дакиккорона рафтор намояд. Ин амал барои хачми хурди маблаггузорие, ки дар онхо иштироки сарчашмахои берунаи маблаггузори метавонад начандон васеъ бошад, ахамияти махсус дорад. Азбаски обёрии бо истехсоли пахта дар кишвархои Осиёи Маркази алокаманд ба камшавии захирахои оби бахри Арал ва сар задани проблемахои дигари бо ин робитадошта оварда расонид, хама гуна лоихахои дар ин соха пешниходшаванда бояд дар масъалаи мувофикати онхо ба талаботхои директивии БААР мавриди тахкики чидди карор гиранд. Лоихахо дар сохаи истехсоли пахта, эхтимол бояд бо чунин чорабинихои институтсионали ба мисли расонидани кумаки техники дар истифодаи самараноки захирахои табии, захирахои об, дар барномаи комплексии мубориза бо зараррасонандагон ва халли дигар масоили принсипиали мутобик гардонда шаванд.
Санадхои директивии соли 2003 кабулнамудаи БААР “Сиёсат дар масъалаи хифзи мухити атроф” ва “Принсипхои иттилоърасонии чамъият” низ барои баланд бардоштани шаффофият хангоми ичрои лоихахои БААР мусоидат хоханд намуд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.